(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар Кохи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд бо иқдоми ташкилоти “Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон” дар доираи маъракаи “16 –Рўзи алайҳи хушунат нисбати занон” бо мақсади дар амал татбиқ намудани «Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зўроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014- 2023», мизи мудаввар таҳти унвони «Оила бе хушунат зебост» бо иштироки субектҳои пешигирикунандаи ин раванд, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, фаъолон ва ВАО баргузор гардид.

Фирўза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд ҳадаф аз ташкили мизи мудавварро шарҳ дода, аз ҷумла афзуд, ки дар ҷаҳони муосир зўроварӣ дар оила зуҳуроти паҳнгашта буда, бартараф намудани он масъалаи муҳими иҷтимоӣ арзёбӣ мегардад. Мушкилоти зўроварӣ дар оила яке аз мушкилоти мубрами ҷахонӣ имрўза мебошад. Зўроварӣ дар оила кирдори паҳншуда ва хавфноке дар муҳити оилавӣ ба шумор меравад, ки ҳуқуқу озодиҳои аъзои дигари оиларо дағалона вайрон намуда, дар баъзе мавридҳо ба барҳамхурии оилаҳо ва худкушии ҷабрдидагон оварда мерасонад. Ҳеҷ кас аз ин кирдор истисно набуда, ҷабрдидаи зўроварӣ дар оила метавонад зан, мард, кўдак ё аъзои дигари оила бошад. Зўроварӣ дар оила масъалаи шахсии байни аъзои оила набуда, вайронкунии ҳуқуқи инсон ва табъиз нисбати дигар аъзои оила, натиҷаи бевоситаи нобаробарии байни марду зан мебошад.

Таъкид шуд, ки оила ҳамчун унсури аввалини ҷомеа эътироф шуда, дар кишвари мо таҳти ҳимояи махсуси давлат қарор дорад. Заминаи мавҷудаи устувори меъёрии ҳуқуқӣ, шурўъ аз Қонуни асосӣ ба оила муносибати хосса дошта, тибқи моддаи 33-и Конститутсияи мамлакат давлат оиларо ҳамчун асоси ҷомеа ҳимоя мекунад ва ҳар фарди ҷомеа ҳуқуқи ташкили оиларо дорад.

Аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба нақши оила дар пешравии ҷомеа таваҷҷуҳ ва щамхории доимӣ зоҳир мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати талошу сиёсати пайгирона ва заковати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзу ҳимояи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқии оила, кӯдак ва волидайн қадамҳои устувор мегузорад.

Фирӯза Нуруллозода дар анҷоми маърӯзаи худ таъкид дошт, ки ҳадафи асосии мизи мудаввари имрӯза аз он иборат аст, ки мову шумо ҳамчун узви фаъоли ҷомеа, намояндагони сохторҳои маҳалливу қудратӣ ва ҷамъиятӣ баҳри дарёфт намудани роҳу усулҳои нави бартарафсозӣ зўроварӣ дар оила ва падидаҳои номатлуби ҷомеа аз тамоми имконоту васила истифода намоем.

Сипас, Дилрабо Шодиева, корманди “Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон” баромад карда, аз ҷумла зикр дошт, ки ташкилоти мазкур– ташкилоти ҷамъиятии ғайридавлатӣ ғайрисиёсӣ мебошад, ки барои рушди ислоҳоти демократӣ ва беҳтар гардонидани сифати зиндагии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути истифодаи самараноки иқтидори зиёиёни илмӣ – техникӣ ва пурзӯр намудани нақши бахши ғайритиҷоратӣ бо роҳи татбиқи барномаҳои иҷтимоӣ, иттилоотӣ, ҳамоҳангсозӣ, маърифатӣ ва машваратӣ мусоидат мекунад. Ташкилот якчанд лоиҳаро роҳандозӣ намудаааст, ки ҳадафи он мусоидат намудан дар баробарии гендерӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳимоя намудани ҳуқуқҳои худ ва дастрасии хизматрасониҳои давлатӣ, дастрасӣ ва таъсири омӯзиши ҷомеа ва машваратҳо дар соҳаҳои манзил, қонуни оилавӣ, шуғли аҳолӣ, моликият ва ҳуқуқи бақайдгирӣ дар бораи занон ва оилаҳои онҳо ва ғайра мебошад.

Мизи мудаввар бо баёни андеша ва музокироти судманд анҷом пазируфт.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин г...
Фирӯза Нуруллозода Фирӯза Нуруллозода Муовини Раиси шаҳрФирӯза Нуруллозода 9 феврали соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад...
Раҳматзода А.А. Раҳматзода А.А. Муовини Раиси шаҳрРаҳматзода Аюбҷон Алиҷон 7-уми августи соли 1974 шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1997  Д...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Сол...

Роҳбарони сохторҳо

Алимов У.С. Алимов У.С. Алимов Усмон Собирҷонович 20-уми майи соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1979 Донишгоҳи да...
Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Миркамолов М. Н. Миркамолов М. Н. Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10-уми ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳ...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...
Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода Мӯъмин Муҳаммад. 15-уми июни соли 1958  дарр   шаҳри Хуҷанд   таваллуд ёфтааст. Соли 1981 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми  августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи пол...
Самадов С.А. Самадов С.А. Самадов Сӯҳробҷон Абдусамадович 29-уми декабри соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1998 филиали ...
Собитова М. А. Собитова М. А. Собитова Мунзифа Аҳмадовна 14-уми  сентябри соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 1982 Донишгоҳи д...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдуқаҳоровна 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи да...
Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев Музаффар Анварович 8 августи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи да...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева Муҳайё Ҳалимовна 28 сентябри соли 1967 дар оилаи хизматчц ба дунё омадааст. Соли 1990 Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душан...
Мухбира Дониёрова Мухбира Дониёрова Тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз 30-юми июли соли равон мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр Мухбира Дони...
Солизода Раҳим Солизода Раҳим Солизода Раҳим Рашидӣ бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз моҳи июли соли 2017 ба вазифаи мудири бахши нақлиёт ва алоқа таъин гардид. Солизода Р...
Каримов Манучеҳр Каримов Манучеҳр Каримов Манучеҳр Мухторович бо фармоиши Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2018 бо тариқ...

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз530
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта3090
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта21646
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта27438
mod_vvisit_counterҲамин моҳ53024
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта108843
mod_vvisit_counterҲамагӣ2472085