(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt ПЕШВОИ МИЛЛАТ – СИЁСАТМАДОРИ БАРҶАСТАИ АСРИ ХХI

Ба саодати мардуми тоҷик дар асри имрӯз тавассути сиёсати дурнигаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони азизи мо дар арсаи байналмилалӣ бо ташаббусҳои нав ба нав аз мақом ва ҷойгоҳи махсусе бархурдор гардид.

Истиқболи ташаббуси навбатии Пешвои миллат оид ба эълони Даҳсолаи навбатии “Об барои рушди устувор, барои солҳои 2018-2028” ва шуруи муваффақонаи он бори дигар собит намуд, ки Тоҷикистон тавассути тадбирҳои умумиинсонии хеш дар анҷумани кишварҳои ҷаҳон мавқеъ ва мақоми хосаи хешро пайдо намудааст. Дар баробари ин, яке аз аввалин ташаббускорони ташкили конфронси байналмилалӣ оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм эътироф гардидани Пешвои миллат ва шарҳу тафсири ин муаммои аср ва ҷустуҷуи роҳҳои мубориза бо он Тоҷикистонро ба унвони кишвари мизбони чунин ҳамоишҳои байналмилалӣ дар амри ҳаллу фасли муаммоҳои умумиҷаҳонӣ муаррифӣ намуд.

Тадбирҳои фарҳангии Пешвои миллат дар ҷодаи ҷаҳонишавии Наврӯз, ба феҳристи ёдгориҳои умумиҷонӣ ворид шудани чандин аз арзишҳои фарҳангии миллати мо низ барои эътирофи мақоми ва ҷойгоҳи Тоҷикистон дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ нақши муассир гузоштанд. Хушбахтона, ин тадбирҳо имрӯз низ давом доранд ва ҳамакнун ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат барои эҳёи ҷашну маросимҳои дигари миллии мо, чун Меҳгону Сада метавонад ба нақши сарвари давлатамон дар амри ҷаҳонигардонии ин суннатҳо ва оинҳои инсонсози миллии мо таъкид варзанд.

Дар баробари ин ташаббусҳои ҷаҳонӣ дар барномаҳои иқтисодиву иҷтимоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои муҳиме қарор гирифтанд, ки онҳо ҳамагӣ аҳамияти минтақавӣ доранд. Танҳо давоми 2 соли охир мо шоҳиди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани 2 агрегати Неругоҳи барқи обии “Роғун” будем, ки бо ҳузури Пешвои миллат ҷараён гирифтанд. Дар баробари ин, давоми Барномаи давлатии бунёди неругоҳҳои хурду бузург то соли 2020 амалӣ шуда истодааст, ки дар доираи он чандин нерӯгоҳи бузург ҳам мавриди баҳрабардорӣ ва таҷдиду тармим қарор гирифтад. Татбиқи амалии ин барномаи давлатӣ омил бар он шуд, ки Тоҷикистон дурнамои расидан ба истиқлолияти энергетикиро пурра таъмин намуда, кишвари моро ҳамчун сарчашмаи истеҳсоли нерӯи барқи тоза муаррифӣ намояд.

Ҳамакнун ба истифода дода шудани чунин иқтидорҳои истеҳсолии кишвар метавонад аҳамияти бунёди ин неругоҳҳои бузургро барои минтақа бозгӯӣ намуда, Тоҷикистонро ҳамчун сарчашмаи манбаи нур ва кишвари таъминкунандаи минтақа ба нерӯи барқ муаррифӣ созад. Аз ин нигоҳ аҳамияти байналмилалии барномаҳои иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,ки ҳамагӣ ба ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такя мекунанд, бегумон дар болоравии мақоми байналмилалии Тоҷикистон ва афзудани нуфузу эътибори Пешвои миллат ҳамчун сиёсатмадори барҷастаи асри имрӯз саҳми муносиб мегузоранд.

Соли 2018 дар сарзамин мо соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Ҷамъбаст ва натиҷагириҳои муассир аз ин сол нишон дод, ки воқеан дар давоми як сол имкониятҳои рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон ба таври зарурӣ муаррифӣ гардида, доираи васеи саёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда, ба имкониятҳои ҳамаҷонибаи кишвари мо баҳои баланд доданд. Дар натиҷа, барои боз ҳам бештар муаррифӣ намудани ин имкониятҳо, эҳёи обидаҳои таърихӣ ва тарғибу ташвиқи фарҳанги миллӣ ва падидаҳои он солҳои 2019-2021 солҳои рушди деҳот, ҳунарҳои миллӣ ва сайёҳӣ эълон гардид.

Мардуми шаҳри Хуҷанд сарфароз аз он ҳастанд, ки тавассути дастгириҳои Пешвои миллат дар фосилаи кутоҳ имкониятҳои бузурги ин шаҳри таърихӣ барои рушди сайёҳӣ босамар истифода шуда, дар натиҷа чандин маконҳои шоиста барои ҷалби сайёҳон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Бунёди Маҷмааи таърихии қалъаи Хуҷанд,мақбараи рамзии Шайх Камоли Хуҷандӣ ва хона ва боғи шоир, роҳи танобӣ, киштии рамзии “Темурмалик” ва меҳмонхонаи замонавии “Суғдиён”, бунёди маҷмаааи таърихии 20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон ҳамагӣ имкониятҳои ҷалби сайёҳонро ба шаҳри Хуҷанд тавсеа бахшиданд. Дар натиҷа давоми ду соли охир наздик ба ним миллон саёҳони хориҷӣ, меҳмонони кишварҳои ҳамҷавор аз ин макони таърихии шаҳри Хуҷанд боздид ба амал оварда, имкониятҳои сайёҳии ин шаҳри қадимаро дар кишвар ва давлатҳои хеш муаррифӣ намуданд.

Тадбирҳои инсонсолоронаи Пешвои миллат дар амри тақвияти дӯстии халқҳои минтақа, аз ҷумла бо Ҷумҳурии ҳамсояи мо самараҳои матлуб доранд. Баъд аз муддати тулонӣ робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистон бо Ҷумҳурии ҳамсояи Ӯзбекистон тавассути корномаҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиеёв натиҷаҳои шоён ҳосил намуданд. Дар натиҷаи таҳкими робитаҳои дӯстӣ муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии кишварҳо ру ба рушд оварда, мубодилоти молу ашё ва сафари шаҳрвандони ҳар ду кишвар бамаротиб афзун гардиданд.

Маҷмуи ин чорибиниҳои сиёсиву иқтисодӣ, маърифативу фарҳангӣ аз он дарак медиҳанд, ки воқеан мақоми Тоҷикистон тавассути ибтикороти сиёсии Пешвои миллат дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ ба маротиб боло меравад. Истиқболи самимонаи чеҳраҳои барҷастаи сиёсии олам ва давлатҳои ҷаҳон аз иқдомоти инсонгароёнаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он дарак медиҳад, ки воқеан симои сиёсии роҳбари давлати мо ҳамчун сиёсатмардори барҷастаи асри бистуяк эътироф гардида, имрӯз таҷрибаи давлатдории Тоҷикистон дар низоми муносибатҳои сиёсии байналмилалӣ ҳамчун намунаи барҷастаи сиёсати берунаи маъруф ба “сиёсати дарҳои боз” мавриди омӯзиш ва таҷрибаомӯзии давлатҳои олам татбиқ мешаванд. Ин дастоварди бузург маҳз ба таҷрибаҳои бузурги Пешвои миллат ва ғояву ормонҳои умуминсонии эшон такя мекунад, ки сарчашмаи омӯзанда, мояи ифтихор ва намунаи ормонӣ дар низоми давлатдории миллии мо ба шумор меравад ва моро бовар мекунонад, ки ин сиёсати дурнигарона раҳнамо ва раҳкушои мардуми мо то ба дуриҳои дур, то ба қуллаи мурод ва расидан ба ҳадафҳои бузург хоҳанд буд.

Маъруф Муҳаммадзода
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...