(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Парвиз Очилзода – хонандаи литсейи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии шаҳри Хуҷанд бо ҳамроҳии дигар узви даста Нафиса Қобилзода - хонандаи МТҒ «Ирфон»-и шаҳри Хуҷанд, Манучеҳр Набиев – хонандаи муассисаи таълимии «Мактаби Президентии шаҳри Бӯстон бо ҳайати дастаи хонандагони болаёқат аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят, таҳти роҳбарии Фирдавс Ашӯрматов - директори Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб дар озмуни байналмилалии «Роботтехника» иштирок намуда, бори аввал дар чунин озмуни ҷаҳонӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ғолибият ба даст оварданд.

Озмуни сатҳи ҷаҳонӣ бо иштироки намояндагони 197 кишвари олам таи 4 рӯз дар маҷмааи фарҳангӣ-варзишии «Фестивал Арена Дубай» давом кард. Озмуни ҷаҳонии «Роботтехника» аз рӯи шаш бахш баргузор гардида, дастаи хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахшҳои «Робот-инжинеринг» ва «Стратегия» ширкат варзида, роботи сохтаи худро, ки дорои 16 амалиёт мебошад, муаррифӣ намуданд. Дар ҷамъбасти озмун дастаи хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бахши «Стратегия» байни ҳарифони худ ба гирифтани мақоми дуюм сазовор гардид. Дар бахши «Робот - инжинеринг» даста бо Ифтихорномаи кумитаи тадорукоти озмун сарфароз гардонида шуд. Ин дастовард аввалин комёбии мактабиёни кишвар дар сатҳи ҷаҳонӣ оид ба ин ришта маҳсуб мегардад.

Муваффақияти дигари дастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ба узвияти комилҳуқуқи олимпиадаи ҷаҳонии «First global» шомил шудани он мебошад. Ин амр имкон медиҳад ҳамасола дастаи хонандагони болаёқати мо дар тамоми озмунҳои сатҳи ҷаҳонӣ, ки аз ҷониби ин созмони бонуфузи амрикоӣ созмон меёбад, бевосита иштирок намуда, шарафи кишварро ҳимоя намоянд.

Инчунин дар рӯзи ҷамъбасти озмун тамоми ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ дар маросими ҷамъбасти озмун даъват гардида, аз ҷониби намояндаи кишвари Тоҷикистон бо ширкатҳои бонуфузи сохтмонии дунё «Эмар»-и шаҳри Дубай ва «The first group»-и Британияи Кабир дар самти пешниҳоди лоиҳаҳои сохтмонии биноҳо қарордод ба тавсиб расид.

Минбаъд дар асоси ин қарордод хонандагони болаёқати вилояти Суғд намои тарҳи биноҳо ва лоиҳаҳои сохтмониро муаррифӣ менамоянд. Дар сурати мақбул дониста шудани лоиҳаҳои мазкур онҳо аз ҷониби ин ду ширкати бонуфуз харидорӣ хоҳанд шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...