(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Нотавонбинӣ то ба кай? Маргро афзалтар донед, агар нангу номус доред!


Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Фаронса муносибатҳои мутақобилаи судманд дошта, ҳамкориҳо байни ду давлат дар самтҳои гуногун хуб ба роҳ монда шудааст. Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса 3 марти соли 1992 барқарор шудаанд. 3 ноябри соли 2001 дар шаҳри Душанбе сафоратхонаи Ҷумҳурии Фаронса кушода шуд. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Париж соли 2013 ифтитоҳ ёфт. Муносибатҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса дар соҳаҳои иқтисодиёт, илму техника, фарҳанг ва ҳарбӣ ҷараён доранд. 28 ноябри соли 2012 дар ш. Париж дар бинои Сенати Фаронса Ассотсиатсияи дӯстии «Фаронса-Тоҷикистон» таъсис дода шуд, ки роҳбарии онро собиқ Сафири Фаронса дар Тоҷикистон Анри Зиппер де Фабиани ба душ дошт. Ҳамчунин дар шаҳри Парижи Фаронса Анҷумани форсизабонони ҷаҳон бо номи Рудакӣ фаъолият менамояд, ки роҳбарии онро шаҳрванди ин кишвар профессор Масъуд Миршоҳӣ ба уҳда дорад.  Қобили қайд аст, ки дар заминаи созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Фаронса (4 декабри соли 2002 дар ш. Париж имзо шуд) ҳамчунин дар ш. Душанбе Маркази фарҳангию-маорифии “Бохтар” (Centre Culturel Bactria) фаъолият менамояд, ки ҳамасола чорабиниҳои фарҳангию маорифӣ, аз ҷумла Ҳафтаи франкофония, намоиши филмҳои фаронсавӣ, намоишгоҳҳои китобу рассомон, озмунҳои забони фаронсавӣ ва ғайраро ташкил мекунад. Ҳамзамон, дар Маркази фарҳангии “Бохтар” курсҳои омӯзиши забони фаронсавӣ барои хоҳишмандон амал мекунанд.

Барои хоҳишмандони таҳсил кардан дар Фаронса аз моҳи сентябри соли 2016 дар Маркази фарҳангии “Бохтар” (ш.Душанбе) идораи барномаи Агентии таҳсилоти олии “Campus France” кушода шудааст, ки барои дарёфти бурсияҳои таҳсилотӣ дар донишгоҳҳои фаронсавӣ кумаку роҳнамоӣ мекунад.

Сафари дар пешистодаи Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи ноябри соли 2019 низ бо мақсади тақвият ва тавсеаи  ҳамкориҳои муштарак ва манфиатбахш нақшабандӣ карда шудааст.

Тибқи бархе аз расонаҳои ҳангоматалаб, пайравони оппозитсияи тоҷик, ки дар Аврупо зиндагӣ менамоянд, иддао доранд, ки ин сафари роҳбарияти давлати мо характери инфиродӣ ва пинҳонӣ дорад. Чуноне, ки барои ман ҳамчун як шаҳрванди оддӣ маълум гардид (агар сафар махфӣ мебуд, барои мо барин шахсон дарёфти маълумот дар ин ҷода мушкил мебуд) ҳангоми ин сафар роҳбарияти давлатро як қатор сарварони муассисаву ташкилоти ватанӣ, нафарони аввали вазорату идораҳои давлатӣ ҳамроҳӣ менамоянд. Дар ин замина ба имзо расонидани якчанд созишномаву шартномаҳои ҳамкорӣ бо муассисаву ташкилоти фаронсавӣ дар назар дошта шудааст. Ба ҳамагон маълум аст, ки қабл аз вуқӯи сафарҳои хориҷии Президенти кишвар ҳафтаҳову моҳҳои зиёде барои мувофиқа намудани он, тартиб додани чорабиниҳои ташрифотӣ, таҳияи раводид ва таъмини амнияти меҳмонони воломақом сарф мегарданд.

З-ин сабаб даъвои беасоси нотавонбинон, ки пешравии мамлакати моро, қабл аз ҳама ватани мо ва худи онҳоро дидан намехоҳанд, бе асосу бе мантиқ аст. Агар шумо ҳисси милливу ватандӯстӣ доред, чаро дар бораи корномаҳои варзишгарону мактаббачагони Тоҷикистон ки дар арсаҳои байналмилалӣ ҷойҳои намоёнро гирифтаанд, намегуеду васф намекунед, шодишарики мо нестед. Танҳо ба паст задани обрӯй ва нуфузи кишвар, халқу миллат ва давлати тоҷикон  машғулед. Маргро афзалтар донед, агар нангу номус доред!

 

Собири Камол

 

 

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...