(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Аз 2 то 5 октябри соли равон дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд 7-умин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон баргузор мешавад.

Мусобиқа бо иқдоми Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар вилояти Суғд ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд аз рӯи 7 категорияи вазнӣ миёни мардон: -60кг, -66кг, -73кг, -81кг, -90кг, -100кг, +100кг доир мегардад.

Дар мусобиқа иштироки беш аз 250 варзишгар аз ҷумҳуриҳои Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Федератсияи Руссия дар назар аст.

Ғолибону ҷоизадорон дар баробари медалу диплом соҳиби ҷоизаи пулӣ мегарданд: ба ғолибон 10000 сомонӣ, барои ҷои дуюм 5000 сомонӣ ва барои ду ҷои сеюм 2500 сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Ҷоиз ба зикр аст, ки мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон аз соли 2013 баргузор мешавад. Қаблан солҳои гуногун шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат мизбони мусобиқа буданд. 5 соли аввал қувваозмоиҳо дар вазнҳои мутлақ сурат мегирифт, вале соли дуюм мешавад, ки мусобиқа тибқи қоидаҳои Федератсияи байналмилалии дзюдо аз рӯи 7 категорияи вазнӣ миёни мардон доир мегардад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин г...