(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Ба истиқболи Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Кирмакпарварӣ таърихи қадима дошта, аз замонҳои бостонӣ мардуми Хуҷанд ба парвариши пилла машғул буданд ва ҳатто дар герби шаҳри Хуҷанд, ки онро ҳукумати подшоҳии Россия дар ибтидои асри бист тасдиқ карда буд, барги тут ва кирмак мавҷуд буд.

Ҳамин гуна нишона дар гербҳои Намангон ва Марғилони қадим низ ҷой дошт. Дар герби шаҳр ҷой гирифтани кирмак ва барги тут гувоҳи он аст, ки мардуми Хуҷанд анъанаи бостонии парвариши ин «мўъҷиза»-ро доштаанд ва дар фолклори мардум ривоят, урфу одат ва анъанаи хоси парваридани ин махлуқи мўъҷизаангез ҷой дорад.

Дар лаҳҷаи Хуҷанд кирмакпарварӣ, парвариши кирми абрешим бо калимаи «кирмакдорӣ» ифода мегардад. Дар гузаштаи начандон дур, то солҳои чилуму панҷоҳуми асри XX шахсоне буданд, ки кирмакро аз тухм дар шароити хона мебароварданд. Барои ин кор халтачаҳои тухми кирмакдоштаро зано- ни куҳансол ва он нафароне, ки шахсони покиза ҳисобида мешуданд, масалан бибиотунҳо, занони серфарзанд ва покдоман дар бағалашон то баромадани кирмак нигоҳ медоштанд. Дар замони ҳозира кирмак аз тухм дар муассисаҳои махсус бароварда меша- вад. Фолклори мардумӣ оид ба парвариши кирмак дар замони муосир аз лаҳзаи гирифта омадани кирмак аз нуқтаи тақсимоти он оғоз мегардад .

Мардум ба кирмак эҳтироми зиёд доранд ва онро «кирми бадани пайғамбар», «мўъҷиза» медонанд, барои парвариш ги- рифта овардани кирмак шодию нишоти фаровонеро ҳам дорад. Ҳамдигарро ҳангоми ба хона овардани қуттии кирмак бо ибораи «меҳмони нав муборак, Худо баракаашро диҳад» табрик меку нанд.

Бо баробари ба хона барои нигоҳубин гирифтани кирмак онро рўйи сандалӣ мегузоранд, пеш аз овардани кирмак бошад, хонаҳоро тоза мекунанд, барои роҳ наёфтани мўрчаҳо чора меандешанд. Дар марҳилаи аввал кирмакро бо барги маҳин нигоҳубин мекунанд. Ин навъи барги тутро «қайчибарг» ме- номанд. Қайчибаргро, бино бар анъанаи мардумӣ аз дарахти тут чида меоянд ва бо қайчиву корд 5 мм реза карда ба кирмак мехўронанд. Ҳангоми реза кардани барг хеле эҳтиёт мешаванд, ки мабодо ба барги резашуда хас ва ё навдачаҳо фарояд. Баъди мурури 3-4 рўз марҳилаи хоби аввали кирмак фаро мерасад, ки онро «хоби чумалӣ» меноманд. Ин аз он сабаб аст, ки дар ин марҳила кирмак хеле хурд аст ва баробари мўрча аст ва маънои чумалӣ мўрча мебошад. Баъди аз хоби чумалӣ хестани кирмак, яъне бори аввал пўст партофтани он, марҳилаи дуюми парвариш шурўъ ме- гардад. Пеш аз оғози марҳилаи дуюм кирмакро ғанг мекунанд. «Ғанг кардан» маънои ба ҷои нав кўчонидани кирмак аст.

Дар ин марҳилаи дуюм ба кирмак боз қайчибаргро реза карда медиҳанд, аммо акнун баргро калонтар 2-3 см карда мебуранд. Хоби дуюми кирмак «мошгурунҷ» ном дорад. Ин аз сабаби он аст, ки кирмак оҳиста-оҳиста ранги сиёҳашро ба сафед табдил медиҳад ва ба омехтаи мошу биринҷ монанд мегардад. Дар хобби «мошгурунҷ» марҳилаи дуюми пўстпартоии кирмак фаро мера- сад. Баъди аз мошгурунҷ хестани кирмак боз ғанг мекунанд. Ба рўйи суфраи кирмак барги тутро бо шохаҳояш мегузоранд, ки онро «пахтабарг» мегўянд ва кирмакҳои ба он часпидаро ба болои «сўкичак» мегиранд. Сўкичакро аз тахта, аз фанер ва ё дигар чиз месозанд. Дар гузаштаи дур барои сохтани сўкичак навдаҳои тут ва ходаҳои бедро истифода мекарданд.

Мақсади сохтани сўкичак васеъ паҳн кардани кирмак аст, зеро дар ин марҳила кирмак ба ҷойи васеътар ниёз пайдо менамояд. Ба зери пояҳои сўкичак барои роҳ наёфтани мўрчаҳо ба зарфе об мегузоранд ва ё мўйрезаҳо мебанданд. Дар ин марҳила кирмак сафед мегардад ва ба хоби сеюмаш омода мешавад, ки ин хобашро «даҳаи хурд» ва ё «даҳача» мегўянд. Баъди аз даҳаи хурд хестани кирмак тар- зи нигоҳубини он тағйир меёбад. Акнун ба кирмак «нўкчабарг» медиҳанд, ки аз пахтабарг фарқ дорад. Пахтабарг бо истифодаи корди калон, корди ош ва ё доскола (дар лаҳҷаи Хуҷанд онро доскалла мегўянд) аз навдаи тут тоза кардани баргаш аст. Нўкчабарг бошад, аз нўки навда ба андозаи 35-40 см буридани навда аст. Баъди аз даҳача хестани кирмак он боз ғанг карда мешавад. Сўкичак васеътар ва ба чанд хона паҳн карда мешавад. Дар марҳилаи то даҳаи хурд ба кирмак як маротиба нўкчабарг ва як маротиба пахтабарг медиҳанд. Даҳаи хурд марҳилаи нисбатан осонтари пиллапарварӣ аст.

Ба даҳаи хурд хоб рафтани кирмак маънои оғоз гардидани серкории кирмакпарвар ва даҳахуриро дорад. «Агар кирмак даҳахур шавад, кирмакчӣ ҳам даҳахур мешад»-мегўянд кирмак- парварони таҷрибадор. Яъне кирмакпарвар ҳам серкор ва ҳам сериштиҳо мегардад. Хоби чоруми кирмакро «даҳаи калон» мегўянд. Баъди хоби чорум маротибаи охирин кирмакро ғанг мекунанд. Талаботи кирмак ба барг хеле калон мешавад ва дар ин вақт гоҳо кирмак ба мори нафсбад ва ё аждаҳо монанд кар- да мешавад. «Фашшас када мор бойин мехурад, нафсаш аждаҳор шудагӣ, шабу рўз беором мехурад» суханони маъмулии кирмак- парварон аст. Баъди аз даҳаи калон хестан кирмак кирмакдорро даҳ рўз ором намегузорад. Лаҳзаҳое мешавад, ки ҳар ним соат нўкчабарги партофтаро пурра мехўрад ва ба ибораи мардумӣ «леста мемонад». То сер гардидани кирмак кирмакпарвар шабу рўз дар фикри таъмин намудани барги тут аст. Шохаҳои тут бо навдаҳо бурида оварда мешавад. Кирмакпарварон баъди салому- алейк аз ҳамдигар мепурсанд: «куҷова омад?», «чанд рўз шуд?» ва ба посух мегўянд: «се рўз» ё «ҳафт рўз», ки дар ин ҷо шумораи рўзҳои аз даҳаи калон хестани кирмак фаҳмида мешавад.

Кирмаки аз барг сершуда дар рўзи ҳаштум нишона медиҳад, яъне як-то дуто кирмак ғов карда, барои пилла печидан омода мешавад. Дар ҳамин вақт маросими асосӣ ва талаботи асосии кирмакпарварӣ, тибқи андешаи мардумӣ, оғоз мегардад. Ба хонаи кирмакдор дар ин вақт даромадани шахсони бегона манъ аст. Фақат кирмакдор ва як-ду нафар аҳли оилаи ў ҳуқуқи дарома- дан ба кирмакхонаро доранду халос. Агар мард ба кирмакхона даромаданӣ шавад, вай бояд дар сар тоқӣ ва ба миёнаш рўймол бандад. Ин барои он аст, ки пилла мисли шахси миёнбаста тай- ёр шавад ва сари пилла сўрох нашавад. Баъди намудор гаштани лос ва ё ғов, яъне марҳилаи пилла танидани кирмак, ба атрофи сўкичак «қалоқ» мебанданд, ки он шабеҳ ба тавора ва ё панҷараи гирдогирди сўкичак аст. Қалоқро аз ғўзапояи нави кўракҳои хушкшудааш зиёд месозанд, ки ин навъи ғузапоя «шиқилоқдор» ва ё «чиқилдоқдор» номида мешавад. Қалоқ ба атрофи сўкичак баста мешавад. Дар бастани қалоқ пўсти навдаи тут вазифаи ресмонро ба ҷо меорад. Кирмакҳои ба пилларесӣ омодашуда худашонро ба қалоқ мезананд. Дар қалоқ барои пилларесӣ ҷой меёбанд, аммо кирмакҳои сернашуда ҳанўз барг мехўранд. Дар ин вақт ба кирмак додани қаламабарг – барги васеи ғафс, до- дани барги бе мева тавсия дода мешавад. Акнун аз истифодаи пахтабарг худдорӣ мекунанду фақат нўкчабарги «пошшохурак» медиҳанд. Дар замони ҳозира навъи тутҳои ҷопонӣ, ки ба лаҳчаи мардумӣ «японча» мегўянд, барои «пошшохурак» хеле мувофиқ аст. Додани навъи аълои барги тут ба хотири он аст, ки пилла доғдор нагардад. Дар рўзи нўҳум ва даҳум «дастамонӣ» оғоз мешавад. «Даста» як навъи растании биёбонӣ аст, ки онро саксавул ҳам мегўянд. «Шувоқ» ва «Риши қозӣ» ном рустаниҳо ҳам барои мондани даста қулай ҳастанд. Замони шўравӣ дастаро махсус бо нақлиёти боркашон ба биёбонҳои атроф рафта даравида меоварданд. Мардуми Хуҷанд дастаро асосан аз дашти Шўркўл ҷамъ мекарданд. Аммо чанд соли охир даравидани даста аз тара- фи идораҳои ҳифзи табиат ба хотири нигоҳ доштани ин навъи рустаниҳо манъ карда шудааст. Дар замони шўравӣ ба ҷойи даста истифода кардани панҷарачаҳои махсуси пластмасӣ пешниҳод гашта буд, вале он барои кирмак маъқул нагашт. Акнун кирмакпарварон аз бехи хушкидаи садарайҳон, саврак ва ғўзапоя барои дастабандӣ истифода мебаранд.

Дастабандӣ ва ё даста ба гулдаста монанд мешавад. Дар он як-ду дона ғузапояи шиқилоқдор, як шох саврак ва ё садарайҳон гузошта, бо пўсти навдаи тут мебанданд. Даста ҳам номи рустанӣ аст ва ҳам номи ҳамин бастаҳо. Дастаҳоро ба болои сўкичак мегузоранд. Кирмакҳое, ки «чил ишкам барг хўрдаанд» ба даста худро мезананд. Баъди ним соат дастаҳои пур аз кирмакро ба як ҷойи махсус бурда, болои ҳам мегузоранд ва дар байни дастаҳо пахол мепошанд. Аз рўйи пахол бошад, коғаз ва ё латтаҳоро партофта мемонанд. Ба болои сўкичак ҳам дастаҳоро мегузоранд ва як қабат пахол ва коғазу латта партофта, онро ба истилоҳ «гўр мекунанд». Гўр кардани кирмак давраи ба охир расидани кори баргзанӣ ва дастакуниии баргро мефаҳмонад. Дар ин вақт кирмакпарвар интизор мешавад, ки пилла хуб печаду заҳмати якмоҳааш барбод наравад. Баъди як ҳафтаи гўр кардани кирмак пиллачинон мекунанд.

Барои кирмакро ба воя пилла расонидан давраи баргзанӣ ҳалкунанда маҳсуб мешавад. Буридани навдаҳои тут қоида ва фолклори худашро дорад.

Қоидаҳои буридани навдаҳои тут барои кирмак чунин аст: Ҳар нафаре, ки баргро мезанад, яъне шохаҳои барги тутро мебурад, аввал ғишшаро тоза карданаш зарур аст. «Ғишша» ба истилоҳи кирмакпарварон шохаҳои аз решааш баромадаи тут аст. Ғишшаро тоза накарда навдаҳои болои тутро задан беҳурматӣ нисбати ин дарахти наҷиб дониста мешавад. Ҳангоми буридани навдаҳои тут истифодаи доскола зарур аст. Бо арра ва ё табар буридани навдаҳои тут, бо дос даравидани навда мумкин нест. Вақте ки бо доскола навдаро касе мебурад, пих гузоштанаш мумкин нест, яъне навдаро аз наздикии танаи дарахт буридан даркор аст, то ин ки соли оянда ба баргзанӣ халал нарасонад. Агар да- рахти тут камшох бошад, аз кирмакпарвар талаб карда мешавад, ки дастак гузорад. «Дастак гузоштан» як ё ду навдаро дар танаи дарахти тут 20-30 см гузошта буридан аст, то ки соли оянда ба он навдаҳо баромада, дарахти тутро зананд ва ҳам ҳосилнокии он гум нашавад. Каллукҳои пўкро ҳангоми баргзанӣ буридан даркор аст. «Каллуки пўк» шохҳои миёнхолии тут аст, ки агар кас ба он пой гузорад, мешиканад.

Гандабур кардани тут мумкин нест. Яъне баргзанӣ қоидаҳои худашро дорад, як навдаро буридан ва навдаи дигарро набури- дан ба нобуд гаштани дарахти тут оварда мерасонад. Аз ин рў, гандабур кардан мумкин нест. Навдаҳои задашударо даста ва ҳамел карда банд бастан лозим аст. Барои бастани банд навдаҳои тут истифода мешавад. Ду ё се навдаи мулоимро гирифта, аз он «бойлуқ» месозанд. Бойлуқ аслан шакли вайроншудаи «пойлух» мебошад, лух рустаниест, ки дар соҳилҳои дарё мерўяд ва бо он барои нигаҳдории харбуза расани махсус мебофтанд, ки то ҳол ин кор ба назар мерасад. Пойлух маънои расани аз пояи лух бофташударо дорад ва минбаъд он маънои расану ресмонро ҳам гирифтааст. Як тарафи бойлуқро, ки аз навда иборат аст, мустаҳкам печу тоб дода, ба тарафи дигар мебанданд. Агар навдаҳои тут аз ҷойи дур кашонида мешуда бошад, онро аз ду ҷояш мустаҳкам карда мебанданд. Дастакунии барг маънои дар як ҳамел ҷамъ кардани навдаҳои тутро дорад.

Шохҳои аз барг тозакардашударо бо пўстлохи тут мебанданд. Бандҳоро дар ҷойи махсус мегузоранд ва минбаъд ҳамчун сўзишворӣ истифода мебаранд. Гоҳо аз ресмон ва дигар чизҳо ҳам барои банд кардани ҳезум истифода бурда мешавад. Навдаҳои дароз-дарози дар вақти баъди хоби «мошгурунҷ» пайдошуда «равзанак» ном дорад. Равзанакро барои рост кардани шохҳои помидор ва ё барои вассаи хонаи навбунёд истифода мебаранд.

Гоҳе чунин ҳам мешавад, ки дар майдонҳо навдаҳои дарахтони тутро як ё ду сол намебуранд, ки сабаби ин ё кам аз тухмӣ баровардани кирмак ва ё фаровонии барги тут мебошад. Он дарахтонеро ки «як ду-сол назадаанд» гандабур мегўянд. Вақте ки тут гандабур мешавад, сифати баргаш ҳам тағйир меёбад, ки барои кирмакпарварон писанд нест. Шохаҳои зиёд дорад, аммо баргаш кам аст. Қоидаи кирмакпарварӣ тоза кардани гандабурро пешаи наҷиб ва амали савоб медонад. Навдаҳои ғафси гандабурро ҳам «равзанак» меноманд. Аз равзанаки гандабур хода барои овехтани гўшти хомқавурдоқ, чангак, дасти тешаю пайтеша ва вассаи пилталампа сохтан мумкин аст. Равзанакҳоро гоҳо пиронсолон асо ҳам мекунанд. Тибби халқӣ тавсия медиҳад, ки агар равзанакро сўзонида, обе, ки ҳангоми сўхтан аз ақиби навда мебарояд, ҷамъ карда, ба пистони зане, ки синааш дарднок аст, моланд, шифо мебахшад.

Нўкчабаргеро, ки кирмак баргашро хўрдаасту дар навда шохчаю нартчаҳо мондааст, «ғанг» мегўянд. Тавсия дода мешавад, ки ҳезуми ғанг дар тобистон истифода карда, шавад ва дар зимистон бошад, барои оташдон навда истифода бурда шавад. Чунки ғанг зуд месўзад ва лахчаи зиёд надорад ва дар фасли зимистон фоидааш камтар аст. Навда бошад, лахчаи зиёдтар дорад ва истифодабарияш дар фасли зимистон қулай аст.

Дар фаҳлавиёт гуфта мешавад, ки дар зимистон агар пойи кирмакпарвар дард кунад, аз каллуки тут лахча тайёр карда ба сандалӣ резад, он ба дарди пой даво аст. Инчунин тавсия дода ме- шавад, ки лахчаи ҳезуми тут ва зардолуро ҳам истифода баранд (4). Гоҳо чунин ҳам мешавад, ки кирмак бемор мешавад, ё барг намехўрад ва ё ором меистад. Дар ин вақт чурғотро ба як сатил об омехта карда, бо нўки чорўб ва ё бо даст ба болои кирмак мепошанд. Ин роҳи қадимаи даво бахшидан ба кирмаки бемор аст. Агар бо ин ҳам нашавад, дар кирмакхона ҳазориспанд дуд мекунанд. Барои он ки кирмак дар айни хуриш касал нашавад, нўкчабаргу пахтабаргро доимо дар ҷойи тоза ва салқини аз нури офтоб дур нигоҳ доштан лозим аст.

Пиллачинон. Баъди аз «гўр гирифтан»-и даста ва қалоқ аз тариқи ғанг кардан ду навъи пилла ҷудо карда мешавад. Пиллаеро, ки аз даста ва қалоқ кашида мешавад, «хаспилла» ва пиллае ки аз сўкичак гирифта мешавад, «ғангпилла» меноманд. Маросими пиллачинон аз ҷудо кардани қалоқ ва чидани пиллаҳои рўйи ғанг оғоз мешавад. Пиллаҳои бо лос омехта ба тағора чида ме- шавад ва онро ба хирман бурда мерезанд. Барои хирман як хонаи махсусро ҷудо мекунанд.

Ғангпилларо ҷудо карда мешаванду ба ҷудо кардани «хаспилла» оғоз мекунанд. Пиллаҳоро аз даста ва қалоқ ҷудо карда, онро ҳам ба хирман мерезанд. Баъди дар хирман ҷамъ гаштани хаспилла ва ғангпилла кирмакдор хешу табор ва ҳамсоягону наздиконашро ба пиллачинӣ даъват мекунад. Дар болои кат, шипанг ва ё рўйиҳавлӣ ҷой мекунанд. Барои нафароне, ки ба пиллачинӣ омадаанд, шакарсеб омода мекунанд, чунки дар мавсими пиллачинӣ ин навъи себи маҳаллӣ пухта мерасад. Аз таомҳо мошбиринҷ, ҷуворӣ ва ё оши палав тайёр мекунанд.

Пиллачинӣ одатҳои аҷоиби худро дорад. Агар дастаи сер- пилларо касе бардошта ояд, ҳама «ин гулдаста шудааст»-гўён кир- макдорро табрик мекунанд. Вазифаи меҳмонони ба пиллачинӣ омада аз лос ва хас тоза кардани пилла аст. Ғангпилларо аввал ба мобайн рехта, онро аз ғову лос ва хас тоза мекунанд. Агар касе пиллаи калони дупилларо ёбад, вай пиллаи барака ҳисоб карда мешавад. Он шахс «мана, ман баракаша ёфтам» гуфта эълон ме- кунад ва кирмакдор ба ў аҳсану офарин мегўяд ва ё як миқдор пулро ҳамчун шодиёна медиҳад. Пиллачинҳо пилларо ба навъҳо ҷудо мекунанд: дукирма, сиёҳпачак, кирммурда (бўқапилла ҳам мегўянд) ва пиллаи муқаррарӣ. Пиллаи дукирма одатан калонтар буда, ду кирм як пилларо танидааст, сиёҳпачақ бошад, пиллаи як тарафаш маҷақшудаи доғдор аст, кирммурда пиллаи норасидаи кирмакаш мурда мебошад.

Барои осон шудани пиллачинӣ «хаспилларо» ба сабадҳо гузошта, сава мекунанд. Сава кардани хаспилла чунин аст: як миқдор хаспилларо ба болои сабад гузошта, як тарафи сабади нонро боло карда, касе онро бо дастонаш ба атрофи сабад мечархонад. Бо баробари ин чархиш лосу ғов ба ҳам мепечанду хасу хасрезаҳо ба поёни сабад мефарояд. Пиллаҳо дар ин ҳолат ба сари ангури хеле калон монанд мегардад. Савачӣ «мана ин ангура гиритону боғаша напурситон»-гуфта, онро назди пиллачинҳо мегузорад, ки тоза карданаш хеле осон мешавад. Ҳам ғангпилла ва ҳам хаспилла тоза карда шуда, ба хирман ҷой карда мешавад, сиёҳпачақ, дукирма ва кирммурда дар тағораҳои алоҳида гузош- та мешавад. Дар даврони шўравӣ баъди омода гаштани пилла барои супоридан ба давлат як нафар ба нуқтаи қабул хабар мерасонд, то ин ки масъулон омада ҳосилро гирифта баранд. Дар ин вақт рўйи шипанг ва ё дар хонаҳо ба нафарони ба пиллачинӣ омада дастархон кушода мешавад. Ҳангоми ба қуттиҳои калон рехтани пилла ба нақлиёти мошини қабул яке аз занони куҳансол даст бардошта «Худо баракаша тияд» гўён дуо мекунад. Худи кирмакпарвар ба нуқтаи қабул меравад ва то баргашта омадани ў пиллачинон ҳам аксар вақт мунтазир менишинанд, то ки чанд кило будани ҳосилро фаҳманд. Баъди баргашта омадани кирмак- дор ва шунидани миқдори пиллаи супоридашуда ҳама вайро боз муборакбод мегўянд.

Пиллачинон бо тоза кардани хонаи кирмакпарваришкарда ва баровардани ахлоти кирмак, лосу ғов ва ғанг ба поён мерасад. Ҳангоми ғангкунӣ баъзан даҳ-дувоздаҳ кирмаки напечида ва ё ба чил шикам барг сернашуда ҳам пайдо мешавад. Он кирмакҳоро ба рўйи сабад гузошта, барг медиҳанд ва то пилла печиданаш мунтазир мешаванд. Пиллаҳои ин кирмакҳоро ба халтачае гузошта, дар кодоки болохона мегузоранд. Ин пиллаҳо да- воми сол барои табобати дарди дандон ва кашидани газаки дандони варамкарда истифода бурда мешавад.

Фолклори кирмакпарварӣ дар Хуҷанд бою рангин буда, омўзиши мукаммали он маводи арзишманди фолклориро ба муҳаққиқ диҳад, аз ҷониби дигар метавонад, ки калимаҳои лаҳҷавии кирмакпарварӣ гирдоварӣ гардида, барои таҳияи луғати соҳаи кирмакпарварӣ мусоидат намояд. Солҳои охир бино бар он ки аз кирмакпарварӣ мардум фоидаи дилхоҳ ба даст намеоранд, муносибат ба ин соҳаи хоҷагии халқ коста гаштааст ва хатари тамоман аз байн рафтани он ҳам ҷой дорад. Аз ин рў, омўхтани фолклор истилоҳаш таъбироти соҳаи кирмакпарварӣ саривақтӣ буда, дорои аҳамият мебошад.

Исломҷон Раҳимов

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...