(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Ба истиқболи Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Моҳи сентябри соли 2014 аз рўи барномаи ДААД (барномаи Ҷумҳурии федеративии Олмон) муддати як моҳ дар Китобхонаи давлатии шаҳри Берлин давраи мутолиотӣ анҷом додам.

Чун мақсади ман омўзиши дастхатҳои маҳфуз дар захираи Шуъбаи дастнависҳои шарқии китобхонаи мазкур мансуб ба қалами суханварони форсисарои Ҳинд буд, дар ҷустуҷўи нусхаҳои осори Ҷамолии Деҳлавӣ гаштам. Ба қалами ин суханвари мумтози Ҳиндустон, ки рўзгор ва эҷоди ў ба поёни қарни ХV ва нимаи аввали асри ХVI рост меояд, маснавиҳои “Миръот-ул-маонӣ”ва “Меҳру Моҳ”, Девони ашъор ва тазкираи “Сияр-ул-орифин” мутааллиқ мебошад. Маълум гардид, ки дар захираи Шуъбаи дастнависҳои шарқии Китобхонаи шаҳри Берлин аз осори бозмондаи Ҷамолии Деҳлавӣ нусхаи қаламии тазкираи “Сияр- ул-орифин” таҳти №590 нигаҳдорӣ мешавад.

“Сияр-ул-орифин” мутобиқ бар шеваи таълифи тазкираҳои ирфонӣ дар баёни саргузашт ва каромоту мақомоти 13 тан аз авлиёи киром - машойихи маъруфи кишвари Ҳинд ба қалам омадааст, ки ҳамагӣ шайхони маъруфи тариқати чиштия мебошанд.

Ҷамолии Деҳлавӣ тазкираро ба номи Ҳумоюн-подшоҳ унвон кардааст.

Азбаски вафоти Ҷамолӣ дар соли 942/1535 иттифоқ афтодааст, бинобар ин, таълифи китоб бояд байни солҳои 938/1530 (ба сари тахт нишастани Ҳумоюн-подшоҳ) ва 941/1534 сурат гирифта бошад. Ҷамолӣ дар ҷараёни таълифи тазкира на танҳо аз “Таърихи Фирўзшоҳӣ”-и Зиёиддини Баранӣ, “Фавоид-ул-фуод”-и Ҳасани Сиҷзӣ, “Хайр-ул-маҷолис”-и Насириддин Чароғи Деҳлавӣ, “Тараб-ул-маҷолис”-и Амир Ҳусайни Содот, “Тазкират- ул-авлиё”-и Саййид Хурд Мубораки Кирмонӣ, “Хизонаи Ҷалолӣ” ва “Манобеи қутбӣ”-и Ҷаҳонгашт истифода бурда, ба сарчашмаҳои асосии таълифи тазкираи мазкур будани ин кутуб таъкид меварзад, балки маълумоти зиёде бар асоси иттилоот ва мушоҳидоту таҷриботи шахсии худ аз сафарҳояш ба мавзеоти гуногуни сарзамини Ҳинд, Руму Шом, Ироқи Аҷам, Озарбойҷону Гелон ва Мозандарону Хуросон ба қалам овардааст, ки арзиши сарчашмавии асарро афзун мегардонад. Аз ҷумла, Ҷамолӣ дар тўли мусофирати худ ба кишварҳои мазкур чандин мақбараро зиёрат намуда ва бо чандин нафар аз машоҳири уламо ва машойихи маъруфи шаҳрҳои мухталиф мулоқот карда ва дар бораи онҳо назари хешро изҳор намудааст, ки барои тасвири вазъи илмӣ ва иҷтимоии он давра ёрӣ мерасонад. Саййид Ҳусомиддини Рошидӣ арзиши муҳимми илмию адабии “Сияр-ул-орифин”-ро таъкид намуда, навиштааст, ки “шуҳрати Ҷамолӣ дар Ҳинд бештар ба иллати ҳамин тазкира (Сияр-ул-орифин-З.F.) мебошад”.

Қобили зикр аст, ки соли 1311/1893 нашри ягонаи тазкираи “Сияр-ул-орифин” дар Матбааи Разавии Деҳлӣ ба эҳтимоми Саййид Ҳасан сурат гирифт (5). Таваҷҷуҳи аҳли таҳқиқ ба нашри тазкираи мазкур гувоҳ бар он аст, ки кўшиши таҳқиқу баррасии он ва ҷойгоҳаш дар тазкирависии ирфонӣ дар қаламрави Шибҳи Қора оғоз ёфтааст ва худ нашри китоби мазкур иқдоме шоён барои маърифати бештари арзиш ва ҷойгоҳи адабию ирфонии он ба шумор меояд.

Аз таҳлили қиёсии байни нусхаи қаламии маҳфуз дар Китобхонаи Берлин ва нусхаи банашррасида бармеояд, ки дар зикри маълумот роҷеъ ба машойих байни нусхаҳо тафовут вуҷуд дорад. Аз ҷумла, дар нусхаи қаламии мавҷуд дар Китобхонаи Берлин зикри 13 тан аз авлиёи киром ба тартиби зайл омада: 1). Ҳазрати Қутбиддин-ул-авлиё Хоҷа Муиниддин Ҳасани Сиҷзӣ ; 2). Ҳазрати шайхулмашойих Бадриддин Мўинадўзи Хуҷандӣ; 3). Ҳазрати шайхулмашойих Шайх Баҳоиддини Закариё, қуддиса сирруҳу; 4). Ҳазрати шайхулмашойих Хоҷа Қутбиддин Бахтёри Кокӣ ; 5). Ҳазрати шайхулмашойих Фаридиддин Масъуди Аҷудҳанӣ ; 6). Ҳазрати султонулмашойих шайх Садриддини Ориф ; 7). Ҳазрати султонулавлиё шайх Низомиддини Авлиё ; 8). Ҳазрати шайхулмашойих Шайх Рукниддини Абулфатҳ ; 9). Ҳазрати шайхулмашойих Ҳамидиддини Ногурӣ, қуддиса сир-руҳу; 10). Ҳазрати шайхулмашойих Наҷибид-дини Мутаваккил, қуддиса сирруҳу; 11). Ҳазрати шайхулмашойих Ҷалолиддин Абулқосими Табрезӣ, қуддиса сирруҳу ; 12). Ҳазрати шайхулмашойих шайх Насириддин Маҳмуди Удҳар ); 13). Ҳазрати шайхулмашойих Сайидҷалоли Бухорӣ алмаъруф ба Махдум Ҷаҳониён, қуддиса сирруҳу.

Аммо дар нусхаи дар Деҳлӣ банашррасида тафовут дар зикри аҳвол ва кашфу каромоти танҳо 1 нафар ба назар мерасад. Зикри машойих дар нусхаи мазкур ба тартиби зайл оварда шудааст: 1. Ҳазрати Шайх Муиниддини Чиштӣ; 2. Ҳазрати Шайх Баҳоуддини Закариё; 3. Ҳазрати Шайх Қутбиддин Бахтёри Кокӣ; 4. Ҳазрати Шайх Фаридиддини Ганҷшакар; 5. Ҳазрати Шайх Садриддини Ориф; 6. Ҳазрати Шайх Низомиддини Авлиё; 7. Ҳазрати Шайх Рукниддини Абулфатҳ; 8. Ҳазрати Шайх Наҷибиддини Мутаваккил; 9. Ҳазрати Шайх Ҳамидиддини Ногур; 10. Ҳазрати Шайх Ҷалолиддини Табрезӣ; 11. Ҳазрати Шайх Насириддин Маҳмуди Чароғ; 12. Ҳазрати Шайх Ҷалолиддин Махдуми Ҷаҳониён; 13. Ҳазрати Шайх Самоиддини Канбуҳ.

Чӣ тавре ки мебинем, дар радифи сездаҳ нафар машойихе, ки дар нусхаи банашррасидаи “Сияр-ул-орифин” зикрашон омадааст, номи Шайх Бадриддин Мўинадўзи Хуҷандӣ ба назар намерасад. Ба ҷои ў сухан аз Ҳазрати Шайх Самоиддини Канбуҳ меравад.

Вале мавҷудияти нусхаи қаламии “Сияр-ул-орифин”-и Ҷамолии Деҳлавӣ дар Шуъбаи дастнависҳои шарқии Китобхонаи шаҳри Берлин, ки дар он дар радифи сездаҳ нафар машойихи маъруфи Шибҳи Қораи Ҳинд зикри рўзгор ва хориқаҳои сўфиёнаи Шайх Бадриддин Мўинадўзи Хуҷандӣ омадааст, худ гувоҳ бар он аст, ки воқеан Шайх Бадриддин Мўинадўзи Хуҷандӣ яке аз орифони номвари асри худ буда ва қаблан дар мавриди шахсияти вай назароте ҷой доштааст. Аслан хонаводаи эшон аз Хуҷанди Мовароуннаҳр бархоста, ба Ҳинд сафар кардаанд. Ҳарчанд таърихи дақиқи мусофирати хонаводаи ин шайхони Хуҷандӣ маълум нест, аммо Ҷамолӣ худ бо меросбарони ў, ки ҳамоно тариқати сўфиёнаи падарашонро дар Ҳинд идома додаанд, мулоқот намудааст ва аз ҳолу ҳавои орифонаашон дар тазкира сухан кардааст. Ин матолиб аз ишороти муаллифи тазкира дар бахши роҷеъ ба аҳвол ва ақволи Бадриддин Мўинадўзи Хуҷандӣ бақаламомада низ равшан муқаррар мегардад. Аз ҷумла, мусоҳабати худро бо фарзандону пайвандони ин Шайхи маъруф дар зикри аҳволу ақволи ў дар тазкира чунин баён доштааст: “Дар айёме, ки ин фақири ҳақир (Ҷамолии Деҳлавӣ – З.F.) ба давлати зиёрати марқади пуртаҳорати ҳазрати эшон (Бадриддин Мўинадўзи Хуҷандӣ – З.F.) мушарраф гашт, аз фарзандони эшон ба саҷҷодаи шайхулмашойих Шайх Боязид буд, раҳматуллоҳи алайҳи ва ў шайхи калон ва азимушшаън буда, Саййид Шамсиддини Тоҳир, ки саду панҷоҳ сол умр дошт, хирқаи хилофат аз ҳазрати шайхулмашойих Шайх Боязид ёфта ва муриди шайхулмашойих Шайх Нур буд, ки дар Бангола осудааст” (4, 14а).

Аз нигоштаи мазкур равшан мешавад, ки замоне муаллифи тазкира ба дидори пайвандони Бадриддин Мўинадўзи Хуҷандӣ омада, дар саҷҷодаи Шайх Боязид ном аз муътабарони ирфони замони ў қарор доштааст. Касе аз ворисони Бадриддин бо номи Саййид Шамсиддин Тоҳир будааст, ки домани иродат ба Шайх Боязид доштааст.

Xамолии Деҳлавӣ дар идомаи иттилои хеш ҳамоно ба нукоти дигари рўзгори Шайх Бадриддин Мўинадўзи Хуҷандӣ таъкид меварзад, ки мақоми орифонаи ўро дар ин қаламрав шарҳу тавзеҳ медиҳанд. Ин ҷо низ сухан аз мақоми вориси Шайх Бадриддин Мўинадўзи Хуҷандӣ Шамсиддини Тоҳир меравад, ки ҳангоми зиёрати мазори Бадриддини Хуҷандӣ Ҷамолии Деҳлавиро ҳамроҳӣ намудааст: “Ва хидмат саййид, қуддиса сирруҳу, Шамсиддин, раҳматуллоҳи алайҳиро бо ҳазрати маликулмашойихи воло ва ниёи Баҳоиддин, қуддиса сирруҳу, эътиқоде беҳад ва иттиҳоде беад буд ва ба ин аҳқаруланом муҳаббате азим буд. Аз эшон истимоъ аст, ки ҳазрати зубдатулмашойих муинулҳақ ваддинро дар охирҳо тааҳҳул воқеъ шуд ва фарзандон мутаваллид шуданд. Фааммо ин ҳақир чун ба зиёрати равзаи мутабаррикаи ҳазрати зубдатулмашойих муинулҳақ ваддин, раҳматуллоҳи алайҳи, расид, ҳамроҳи ў ба иттифоқи маият хидмати пирзода бар ҷодаи шайхулмашойих насирулмиллати ваддин, раҳматуллоҳи алайҳи, буд ва неке ба зиёрати эшон ба ҳусул пайваст, дар он ҷо муҷовири азимулқадри Мавлоно Масъуд буд. Қариби ҳаштод сол умр дошт, чунончи падар, обо ва аҷдоди Мавлоно Шараф Аҳмад хидмати ҳузури ҳазрати шайхи мушорунилайҳ, қуддиса сирруҳу, ёфта буд”.

Аз нигоштаи Ҷамолӣ инчунин равшан мешавад, ки чанде аз дигар муридону пайравони Бадриддини Хуҷандӣ низ дар он айём будаанд, ки ин нуктаро ў бар асоси иродати эшон ба Шайх Шамсиддини Тоҳир муқаррар намудааст. Ба таъкиди Ҷамолӣ онҳо Мавлоно Масъуд ва Мавлоно Аҳмад будаанд, ки аз ходимони Шайх будаанд. Ҷамолӣ аз забони онҳо низ нақлҳои роҷеъ ба Бадриддини Хуҷандиро фароҳам овардааст: “Мавлоно Масъуд аз Мавлоно Аҳмад, ки ходими ҳазрати Шайх буд, нақл мекард, ки дар ончи ҳазрати шайх дар Аҷмир аввалбор, ки ба Деҳлӣ рафт ва боз омад, эшонро тааҳҳул воқеъ шуд ва ончунон буд, ки Саййид Ваҷеҳиддин Муҳаммади Машҳадӣ, ки амми Саййид Ҳасани Машҳадӣ доруғаи хиттаи мазкур буд, духтаре дошт дар камоли исмату иффат ва ин аҷузаи мастура ба ҳадди булуғ расида буд, мехост, ки ба ҳиболаи бузургзодае дарорад ва ба ҳаволаи натиҷаи дудмони ашроф намояд. Ҳеч кас дархури камолу лоиқи ҳол намеёфт, ки бад-ў пайвандӣ фармояд. Аксар дар ин тааммул ва тафаккур мебуд. Ногоҳ шабе аз шабҳо ҳазрати Имом Ҷаъфари Содиқ, разияллоҳу анҳу, дар воқеъ дид, ки мефармояд фарзанди Ваҷеҳиддинро ба ишорат ба ҳазрати рисолатпаноҳ, саллаллоҳу алайҳи васаллам, ки ин аҷузаро ба шайх Муиниддини Сиҷзӣ биспорӣ ва дар ҳиболаи ў дарорӣ. Саййид Ваҷеҳиддин аз пайвастагони ҳазрати шайх буд, ин воқеаро ба ҳазрати Мулло Замони шайх изҳор намуд. Ҳазрати шайх фармуд, ки умри ман дар охир расидааст. Фааммо чун ишорати ҳазрати расул аст, қабул намудам ва ба ҳақиқат итминон сохтам” .

Аз ин нақл нуктаи дигаре дар мавриди издивоҷи Шайх Бадриддини Хуҷандӣ маълум мешавад, ки пайвандии ўро ба Сайиид Ваҷеҳиддин Муҳаммади Машҳадӣ собит мекунад. Аз сўи дигар, мурур ба ин бахши иттилои тазкира матлаберо равшан месозад, ки ин маълумотро Ҷамолӣ тавассути шогирдони Шайх Шамсиддини Тоҳир ба даст овардааст ва ҳамзамон дар фароварди суханаш таъкид мекунад, ки ҳамин фарзандон идомадиҳандаи корномаҳои ирфонӣ аз ҳамин ду дудмони бузурги соҳибкаромотанд: “Ин фарзандони покниҳод ва дурустэътиқод аз он дудмони карами хонадони изоманд. Ва ҳазрати шайх баъд аз тааҳҳул мавонаи ҳафт сол дар садади ҳаёт буд ва баъдаҳу ба ҷавори раҳмати Ҳақ пайваст ва солаш ба наваду ҳафт расида буд, ки аз футураи хок ба маъмураи афлок расида, раҳматуллоҳи алайҳи вал ғуфрон. Ва реҳлати эшон дар шашуми моҳи раҷаб, рўзи душанбе аст. Вассалом вал-икром”.

Аз иттилои ниҳоии муаллифи тазкира бармеояд, ки Шайх Бадриддини Хуҷандӣ наваду ҳафт сол умр дида ва дар рўзи шашуми моҳи раҷаб, ки рўзи душанбе будааст, ин оламро падруд гуфта.

Дар маълумоти мазкур баробар ба зикри нукоти марбут ба зиндагонии Шайх Бадриддин Мўинадўзи Хуҷандӣ ба аҳолии иродатманд барў ва муридону мухлисони эшон низ сухан рафтааст, ки боз ҳам ин матолиб авлавияти тазкираи “Сияр-ул-орифин”-ро дар таъйини мақоми орифонаи ин шайх ва муаррифии як чеҳраи барҷастаи маорифи исломӣ аз шаҳри Хуҷанд, ки то кунун роҷеъ ба он ҷои дигар иттилооти дақиқе дастрас набуд, нақши муассир мегузорад.

Барои дақиқ намудани шахсияти Бадриддини Хуҷандӣ ва андешаҳои муаллифи тазкира дар бораи вай руҷўъ ба чанд назари дигари донишмандон роҷеъ ба ин сўфии Хуҷандиюласл амри муҳим маҳсуб мешавад.

Лозим ба тазаккур аст, ки номи Мавлоно Ҳофиз Бадриддини Хуҷандиро устод Абдулманнони Насриддин (равонашон барои ҳамешагӣ шод бод!) дар китоби “Донишмандон ва сухансароёни Хуҷанд ёдовар шудаанд. Мавсуф дар китоби мазкур ва ҳамзамон дар нашри эронии “Тазкираи шоирони Хуҷанд” (Теҳрон: Интишороти вазорати корҳои хориҷӣ) дар радифи чандин нафар аз шуарову фузало ва донишмандони Хуҷанди бостонӣ, ба монанди Садриддини Хуҷандӣ, Ҷамолиддини Хуҷандӣ, Шиҳобии Хуҷандӣ, Камолулисломи Хуҷандӣ, Шайх Маслаҳатиддини Хуҷандӣ, Соиниддини Хуҷандӣ, Абдуллоҳ ибни Муҳаммади Хуҷандӣ, Зиёиддин Порсии Хуҷандӣ, Баҳоиддини Хуҷандӣ, Аҳмади Хуҷандӣ, Мири Хуҷандӣ, Шайдои Хуҷандӣ, Воқифи Хуҷандӣ, Равнақи Хуҷандӣ ва дигарон, ки “эшон бо таълифоти дилчасп ва бобаракоти худ ганҷинаҳои забон ва адаби форсиро ғанӣ кардаанд”, исми Бадриддини Хуҷандиро низ зикр намудаанд. Ба таъкиди устод А.Насриддинов Бадриддини Хуҷандӣ аз уламои мутабаҳҳири замони худ буда, дар шаҳри Акбарободи Ҳиндустон иқомат дошт ва бинобар ин, дар сарчашмаҳои илмӣ нисбаи “Акбарободӣ” ба номаш мулҳақ гардида. Аз сабаби дар ҷавонӣ ҳифз кардани Қуръони шариф ба номи ў унвони Ҳофизро афзудаанд. Ба қалами Ҳофиз Бадриддини Хуҷандӣ китоби “Бадр-уш-шурўҳ” дар шарҳу баёни мушкилоти Девони Ҳофиз мутааллиқ аст. Тибқи маълумоти ношири “Бадр- уш-шурўҳ” Бадриддини Хуҷандӣ ба ғайр аз китоби мазкур соҳиби чанд асари дигаре, ба монанди “Сифот-ул-имон”, “Шарҳи Сидрат-ул-ислом”, “Хулосат-ул-ҳикам”, “Айн-ул-маонӣ”, “Мабдаъ ва маод”, “Шарҳи “Гулистон” низ будааст ). Аммо ба назар мерасад, ки Бадриддини Хуҷандӣ - соҳиби “Бадр-уш- шурўҳ” дар асри дувоздаҳуми ҳиҷрӣ (асри ХVIII) зиндагӣ ба сар бурдааст ва ин дар ҳолест, ки Бадриддин Мўинадўзи Хуҷандие, ки зикраш дар “Сияр ул-орифин”-и Ҷамолии Деҳлавӣ омадааст, қабл аз қарни ХV умр ба сар бурда ва ҳамоно далели муътамад бар тасбити ин назари мо зикри мулоқоти Ҷамолӣ бо фарзандони ў дар сарзамини Ҳинд маҳсуб мешавад. Дар баробари ин, худи тазкираи “Сияр-ул-орифин” миёни солҳои 938-941/1532-1535 ба номи Ҳумоюн подшоҳ таълиф шудааст ва дар ин давра Бадриддин Мўинадўзи Хуҷандӣ аз олам чашм пўшида буд. Чунонки Ҷамолии Деҳлавӣ навиштааст: “Бадриддин Мўинадўзи Хуҷандӣ, ки алъон ба ҷавори равзаи пурнури ҳазрати султонулошиқин ва бурҳонулорифин Шайх Қутбиддин, наввараллоҳу марқадаҳу, осудааст” (4, 13б). Дар баробари ин, аз рўи мулоҳизоти Ҷамолӣ дар тазкира равшан мегардад, ки Бадриддин Мўинадўзи Хуҷандӣ муосири Ҳоҷӣ Қутбиддин будааст. Дар “Сияр-ул-орифин” Ҷамолии Деҳлавӣ зимни зикри Бадриддин Мўинадўзи Хуҷандӣ навиштааст: “...ағлаб дар мусоҳабати ҳазрати султонулмашойих Ҳоҷӣ Қутбиддин, қуддиса сирруҳу, мемондӣ” (4, 13б). Ба андешаи мо манзури Ҷамолӣ аз Ҳоҷӣ Қутбиддин ҳамоно бояд Шайх Қутбиддин Бахтёри Кокӣ (ваф.- 634/1236) бошад, ки ба дастури Хоҷа Муиниддини Чиштӣ маркази чиштияро дар Деҳлӣ таъсис додааст. Пас, агар Бадриддин Мўинадўзи Хуҷандӣ муосири Шайх Қутбиддин Бахтёри Кокӣ бошад, метавон гуфт, ки Бадриддин Мўинадўзи Хуҷандӣ дар охири садаи ХII ва нимаи аввали асри ХIII милодӣ зиндагӣ ба сар бурдааст.

Аз ин мулоҳизот бармеояд, ки Бадриддини Хуҷандӣ ва Бадриддин Мўинадўзи Хуҷандии мазкур дар тазкираи “Сияр-ул- орифин” набояд як шахсият дониста шаванд. Дар навбати аввал баробари номутобиқатии соли таваллуд ва марги ин ду нафар Бадриддини якум бештар дар заминаи шарҳу тафсири каломи Ҳофизи Шерозӣ маъруфият касб намудааст ва ончи аз рўи нигоштаи Ҷамолии Деҳлавӣ дар мавриди Бадриддин Мўинадўзи Хуҷандӣ маълум мешавад, ў асосан шайх ва муршиди комил буда, мақоми барҷастае дар ирфон доштааст. Аз ҷумла, бо ишорат ба каромоти Бадриддини Мўинадўз дар таъйиди хориқаҳои орифонааш Ҷамолии Деҳлавӣ ин нақлро оварда: “Ў низ марде бузург ва соҳиби кашфу каромат буд ва ағлаб дар мусоҳибати ҳазрати султонулмашойих Ҳоҷӣ Қутбиддин, қуддиса сирруҳу, мемондӣ. Нақл аст аз ҳазрати султонулмашойих Низомулмиллат ваддин Муҳаммад-муриди ў, қуддиса сирруҳу, ки ҳар киро барда мегурехтӣ, пеши ҳазрати Шайх Маҳмуди Мўинадўз меомадӣ ва сурати ҳоли гурехтани барда бар эшон маъруз доштӣ. Эшон баъд аз тааммул мефармуданд, бирав, дар фалон ҷо ё фалон вақт хоҳӣ ёфт. Фааммо чун бардаи гурехтаи худро биёбӣ, моро хабар кун, то моро ғам аз дил бурун ояд. Халқ низ ҳамчунон баъд аз ёфтан хабар мекарданд. Рўзе шахсе пеши эшон омада ва арз намуда: Маълум ғулом доштам, аз ман гурехтааст, яъне, фармоянд, то ёфта шавад. Ҳазрати шайхи мушорунилайҳ фармуданд, ки ба зудӣ фалон вақт хоҳӣ ёфт вар ончи ўро ёбӣ, ба ман хабар кун. Ў гуфт: Ҳамчунон кунам. Ба фармони Аллоҳ таоло ва ҳам дар он вақт, ки фармуда буданд, ғуломро ёфтанд.

Фааммо ба ҳазрати шайх хабар нарасонид, ки ёфтаам. Баъд аз ду-се рўз он ғулом боз гурехт. Соҳиби ғулом пеши ҳазрати шайх боз омад ва сурати ҳоли ёфтани ғулом ва боз гурехтани ўро арз намуд, шайх фармуд: Чун маро хабар накардӣ, ки ёфтаам, дигар ўро нахоҳӣ ёфт. Ҳамчунон шуд».

Аз ин ҷо низ равшан мешавад, ки Бадриддин Мўинадўзи Хуҷандӣ аз шайхони маъруфи замони хеш буда, рўзгори вай тибқи маълумоти овардаи муаллифи тазкира хеле қабл аз замони зиндагонии Ҷамолӣ сурат гирифта ва муаллифи тазкира бар пояи мулоқот бо фарзандону наберагони вай дақиқ намудааст, ки аҷдоди вай аз Хуҷанди Мовароуннаҳр бархостаанд. Ба ҳақиқат наздик будани асноди Ҷамолӣ аз он ҷиҳат ҳам қобили мулоҳиза аст, ки ў қабл аз нигориши ин тазкира худ мусофиратҳое бар манотиқи мухталифи сарзамини Хуросону Мовароуннаҳр ва Ҳинд анҷом додааст, ки таъкиди ин матлаб дар муқаддимаи “Сияр-ул-орифин” рафтааст: “... муътақиди аҳлуллоҳ Ҳомид ибни Фазлуллоҳ ар-Роҷӣ ҳазратулмутаолӣ алмаъруф ба Дарвеши Ҷамолӣ, ки яке аз покрўбони даргоҳи арбоби маърифат аст ва дарюзахоҳони асҳоби неъмат, ки чун аҳқаруланом баъд мар дар айём аз зиёрати пуртаҳорати Ҳарамайнушшарифайни Байтуллоҳ ва дар равзаи расулуссиқнин ва ҷамеи анбиё алайҳимуссалом ва замини муқарраб ва ямини банияти дунятулқудс ва Руму Шом ва сайри билхайри Ироқи Аҷам ва Озарбойҷону Гелон ва Мозандарону Хуросон ба тавфиқи Аллоҳи таоло муроҷиат шуд. Мағфирати дорулхилофати ҳиндӣ, яъне шаҳри пурнуру сурури Деҳлӣ- машҳадуллоҳи анбиё бунёд кард ва касри суконҳо, ки ҷои маъруф ва моварои маълуфи ин дарвеш аст, расида ва рўи зард курбатолуда кард ва ғурбат ба хоки пои фарҳатафзои ҳазрати султонулҳақиқин ва бурҳонулорифин Шайхуссамоъ валмиллати ваддин бибурд, шукри худ бибурд, қуддиса сирруҳу”.

Аз ин матлаб равшан ҳувайдост, ки ў барои дақиқ намудани матолиби тазкираи худ ба манотиқи мухталифе мусофират анҷом дода ва роҷеъ ба шахсиятҳои муътабари олами ирфон, бахусус, орифони тариқати чиштия маводи қобили мулоҳиза ҷамъоварӣ намудааст, ки аксари онон дар тазкираи вай ҷой гирифтаанд. Дар баробари ин, метавон ҳадс бар ин нукта ҳам зад, ки шояд ин нусхаи маҳфуз дар китобхонаи Берлин ягона нусхае аз кутуби ирфонӣ бошад, ки дар таъйини шахсияти ирфонии ин сўфии хуҷандиюласл барои хонанда иттилои кофӣ медиҳад ва ҳамоно номаи рўзгори вайро шарҳу тавзеҳ дода. Ҳаройина, аз мутолиа ва таҳқиқи нусхаи мазкури тазкираи “Сияр-ул-орифин”-и Ҷамолии Деҳлавӣ равшан мегардад, ки, пеш аз ҳама, шахсияти Шайх Бадриддин Мўинадўзи Хуҷандии мазкур даркитобиўкасест, ки дар кутуби дигари дастрас роҷеъ ба шахсият ва мақомоти маънавияш иттилое нарафта ва дар ин нусхаи китоб бори аввал аз вуҷуди мубораки вай дар қаламрави ирфони форсӣ сухан меравад. Ҳарчанд ки зикри ин орифи номвар танҳо дар як нусхаи ин тазкира рафтааст, аммо ҳамоно вуҷуд ва тазаккури он худ далел бар ҳастии мубораки он бузургвор дорад, ки бар пояи далелҳои қатъӣ аз каромоту мақомоти вай сухан рафтааст. Аз сўи дигар, зикри ақволу аҳволи Бадриддин Мўинадўзи Хуҷандӣ дар ин нусхаи тазкира моро бар ин нуктаи назар мерасонад, ки воқеан, дар қаламрави тасаввуфи исломии Ҳинд бар асоси ин нусха чеҳраи тозаи шахсияти ирфонӣ ва сўфимашрабе шинохта мешавад, ки хонадони вай аз шаҳри Хуҷанди Мовароуннаҳр бархоста, солҳои тўлонӣ дар ин қаламрав ба таблиғи ислому ирфон ва таҳаввули мақомоти маънавии орифон пардохтаанд.

Далели муҳкам бар ин эътиқод боз ҳам ҳамон мулоқоти Ҷамолии Деҳлавӣ бо фарзандону пасовандони Бадриддин аст, ки дар тазкира омада. Пайдо шудани ин далел ва иттилои мазкур моро бар он мекашонад, ки пайи ҷусторҳои бештаре дар заминаи дастрасӣ ба нусхаҳои хаттии мавҷуд дар китобхонаҳои дигар аз осори адабию ирфонӣ роҷеъ ба шахсият ва мақоми Шайх Бадриддин Мўинадўзи Хуҷандӣ бошем, то бештар дар муаррифӣ ва шинохти манзилати ирфонӣ ва нуфузи ин шахсияти қаламрави ирфони форсӣ иқдом намуда, дар идомаи корномаҳои устоди равоншод Абдулманнони Насриддин дар амри ковишҳо ва такмилаи кори муаррифии суханварон ва донишмандони Хуҷанд қадаме дигар бигузорем.

Замира Fаффорова

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин г...
Фирӯза Нуруллозода Фирӯза Нуруллозода Муовини Раиси шаҳрФирӯза Нуруллозода 9 феврали соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад...
Раҳматзода А.А. Раҳматзода А.А. Муовини Раиси шаҳрРаҳматзода Аюбҷон Алиҷон 7-уми августи соли 1974 шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1997  Д...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Сол...

Роҳбарони сохторҳо

Алимов У.С. Алимов У.С. Алимов Усмон Собирҷонович 20-уми майи соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1979 Донишгоҳи да...
Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Миркамолов М. Н. Миркамолов М. Н. Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10-уми ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳ...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...
Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода Мӯъмин Муҳаммад. 15-уми июни соли 1958  дарр   шаҳри Хуҷанд   таваллуд ёфтааст. Соли 1981 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми  августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи пол...
Самадов С.А. Самадов С.А. Самадов Сӯҳробҷон Абдусамадович 29-уми декабри соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1998 филиали ...
Собитова М. А. Собитова М. А. Собитова Мунзифа Аҳмадовна 14-уми  сентябри соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 1982 Донишгоҳи д...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдуқаҳоровна 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи да...
Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев Музаффар Анварович 8 августи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи да...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева Муҳайё Ҳалимовна 28 сентябри соли 1967 дар оилаи хизматчц ба дунё омадааст. Соли 1990 Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душан...
Мухбира Дониёрова Мухбира Дониёрова Тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз 30-юми июли соли равон мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр Мухбира Дони...
Солизода Раҳим Солизода Раҳим Солизода Раҳим Рашидӣ бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз моҳи июли соли 2017 ба вазифаи мудири бахши нақлиёт ва алоқа таъин гардид. Солизода Р...
Каримов Манучеҳр Каримов Манучеҳр Каримов Манучеҳр Мухторович бо фармоиши Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2018 бо тариқ...

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз3428
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта3642
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта26518
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта29372
mod_vvisit_counterҲамин моҳ18547
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта110370
mod_vvisit_counterҲамагӣ3330656