(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Ба истиқболи Рӯзи шаҳри Хуҷанд

НАЗАРЕ БА РӮЗГОРИ БУЗУРГОНИ ХУҶАНД

Алъон дар кўчаи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд, дар паси бинои “Дармонгоҳи кўдакона”-и шаҳрӣ мақбарае вуҷуд дорад, ки онро мазори “Хоҷаи Моҳрўй” ном мебаранд. Тибқи навиштаи муаррих Абдуллоҷон Мирбобоев мазор соли 1075 м. таъсис шудааст.

Дар “Маноқиб” нисбати Хоҷаи Моҳрўй нақле омадааст, ки онро манзури шумо мекунем: “Нақл аст, ки Хоҷаи Моҳрўй рўзе бар дари хонаи худ чашми худро пўшида истода буданд. Хоҷаи Хизр, алайҳиссалом, даргузар буданд. Назари эшон ба Хоҷа афтода гуфтанд, ки: “Чун Моҳед”. Хоҷаи Хизр гуфтанд, ки: “Зоҳиран хуб аст, ботинан хубтар [бошад – С.У.]?!” Хоҷаи Моҳрўй гуфтаанд, ки: “Ассалому алайкум ё Хизри Набӣ!” Ва ҳазрати Хизр, алайҳиссалом, гуфтанд, ки: “Моро аз куҷо донистед?” Ҳазрати Хоҷаи Моҳрўй гуфтанд, ки: “Аз он вақт, ки ба хотири мубораки шумо расид, ки зоҳири ў хуб аст ва ботини ў чӣ гуна [бошад –С.У.]?” Ва низ ботин мисли зоҳир аст ... Ва қабри Хоҷаи Моҳрўй, дар миёни ҳазрати Шайх Маслаҳатуддин Авлиё ва Бобо Камол аст”. Ҳарчанд қисми аввали нақл як ривояти шифоҳӣ аст, аммо дар қисми дувум ба шахсияти Хоҷаи Моҳрўй ва ҷойи қабраш ишора шудааст, ки дуруст аст.

Айни замон дар шаҳри Хуҷанд ва атрофи он як авлоди бузурге зиндагӣ мекунанд, ки бо далел овардани насабномаҳои авлодӣ худро аз наводагони Саййид Абдуллоҳ, мулаққаб ба Хоҷаи Моҳрўй медонанд.

Нусхаҳои мутааддиди ин насабнома, ки дар замонаи пеш аз тарафи қозиёт ва муфтиёти вилояти Хуҷанд тасдиқ шудааст, вуҷуд доранд. Як нафар ҳамшаҳрии машҳури мо, шахсияти фарҳангӣ, шоир, нависанда ва рўзноманигор – Саййидамин Ҷило, ки аз ҳамин авлод ҳастанд, насабномаи худро барои камина пешниҳод карданд. Саййидамин Ҷило абераи шоир Саййид Усмонхони Ҳаҷрӣ (1853-1930м) ва набераи шоир Абўтуробхон (тав.1874) мебошанд. Ин насабномаро мо шартан насабномаи “Хоҷаи Моҳрўй” номгузорӣ кардем. Дар ин насабнома номи аслии Хоҷаи Моҳрўй, Саййид Абдуллоҳ омадааст ва котиб ўро домоди Исмоили Сомонӣ – асосгузори давлати Сомониён, қайд кардааст.

Матни ин насабномаро барои таҳлилу таҳқиқ бо баргардон аз ҳуруфоти арабиасос ҳозир мекунем:

“Бисмиллоҳи-р-раҳмони-р-раҳим!

Насабномаи Мавлоно соҳиб-ул-ансоб-ис-салоса Саййид Усмонхон ибни Шайх-ул-комил ал-мукаммал Мирзо Шоҳкалон ибни Мирзои Саййид Неъмат ибни Мирзои Саййид Қосим ибни Мирзои Шоҳ Абдулсамад ибни Саййид-ул-олим ал-комил ал-мукаммал, аънӣ Мир Шоҳ Ҳасан ибни қутбулақтобӣ Амир Фатҳуллоҳ ибни Амир Шоҳ Муҳаммад ибни Амир Шоҳ Қосим ибни Амир Саййид Имом ибни Амир Саййид Ҳусайн ибни Амир Саййид Ҳисомуддини Валӣ ибни Саййид Валиййуннос ибни Хонзода Ҷаъфар ибни Носируддин ибни Хонзода Ибодулмулк ибни Хонзода Алоулмулк ибни Хонзода Шамсуддин ибни Хонзодахон Султони Тирмизӣ ибни Хонзода Зиёъулмулк ибни Хонзода Носируддини Кабир ибни Хонзода Абулмаъонӣ ибни Хонзода Ҷаъфар ибни Хонзода Шамсуддин ибни Хонзода Зиёуддин ибни Хонзода Нуронӣ ибни Хонзода Ибодулмулк ибни Саййид Абдуллоҳ алмулаққаб ба Моҳрўй. Саййид Абдуллоҳ домоди Султон Исмоили Сомонӣ будаанд ва ҳува ибни Саййид Абулқосим ибни Саййид Носируддин ибни Саййид Ҳусайн ибни Амир Саййид Ҳасан ибни Амир Саййид Убайдуллоҳи Аъраҷ ибни Амир Саййид Ҳасан ал-асғар ибни Имом Зайнулобидин ибни Имом Ҳусайн ибни амирулмўъминин Алӣ, разияллоҳу анҳу”.

Намояндагони ин хонавода дар илми насабшиносӣ бо унвони “Содоти Тирмизӣ” машҳур ҳастанд. Дар мақолаи “Содоти Тирмиз” муаррихи ўзбекистонӣ Бахтиёр Бобоҷонов, ки дар китоби “Ислам на территории бывшей Российской империи” нашр шудааст, чунин мефармояд: “Содоти Тирмиз – авлоде аз наводагони Пайғамбар, ки насаби худро ба яке аз наберагони имоми чоруми шииён – Имом Зайнулобидин (дар шаҳри Мадина соли 710 ва ё 712 м. вафот кардааст), Убайдуллоҳи Аъраҷ мерасонанд. Набераи Убайдуллоҳи Аъраҷ ал-Ҳусайн Абўабдуллоҳ аввал ба Самарқанд, баъд ба Балх рафт, ки писари ягонаи ў ал-Ҳасан Абўмуҳаммад “нақиб” таъин шуд. Баъдан мансаби “нақиб” дар бисёр шаҳрҳои Осиёи Миёна (Балх, Тирмиз, Марв ва дигарҳо) ба наслҳои ояндаи ҳамин авлод дода мешуд. Вазифаи “нақиб” аз идоракунии умури “саййидзодагон”, таъини онҳо ба мансабҳои давлатӣ дар вилояту шаҳру навоҳӣ, тасдиқи насабномаҳо ва дар асоси он озод намудан аз пардохти андозҳо иборат буд.

Намояндагони ин авлод аз мавқеи махсуси хеш дар муносибатҳои сиёсии давлат истифода мекарданд. ал-Ҳасан Абўмуҳаммад, ки зикраш пештар гузашт, ба халифа ал-Мунтасир (861-862м) ҷиҳати мусо- идат ба супоридани мансаби давлатӣ ба аҷдоди Сомониён (875- 999м) – Аркук, ки ба ривояте аз наводагони Баҳроми Чўбина ва сарлашкари подшоҳони сосонӣ будааст, нома навиштааст. Ин хоҳишашро халифа қабул карда, Аркукро ҳокими Балх таъин мекунад.

Аркук бар ивази некии ал-Ҳасан Абўмуҳаммад ба ў ҳукумати Тирмизро месупорад, ки наводагонашро новобаста аз ҷойи истиқоматашон “Саййидони Тирмиз” мегуфтанд. Баъдан, вақте, ки Сомониён дар Мовароуннаҳр ҳукмрон шуданд, ба на- мояндагони авлоди мазкур хайрхоҳӣ менамуданд. Муносибатҳои дўстонаи ду хонавода бо издивоҷи духтари Исмоили Сомонӣ – Моҳсимо ва Саййид Абдуллоҳ Абўмуҳаммад боз ҳам мустаҳкам шуд. Минбаъд наслҳои аз ин издивоҷ пайдошуда, ба номи хеш унвони фахрии подшоҳони қадимаи Эрон – “худойвандзода”-ро насб мекарданд”.

Дар ҳамин мақола Бахтиёр Бобоҷонов насабномаи “Содо- ти Тирмиз”-ро овардааст, ки он дар лавҳаи сангини сари қабри Абулмаъолӣ (ваф. 1455м. дар Шаҳрисабз) сабт шуда будааст. Ин матн яке аз қадимитарин нусхаҳои боқимондаи насабномаи ин авлод аст.

Муҳим аз ҳама, дар китоби “аш-Шаҷарат-ул-муборака фӣ ансоб-ит-толибиййа”-и Фахри Розӣ, ки яке аз беҳтарин сарчашмаҳои таърихӣ дар илми насабшиносӣ дониста шудааст, оид ба насаби «Содоти Тирмиз» маълумоти бисёр омадааст. Ҷиҳати равшанӣ андохтан ба насаби Саййид Абдуллоҳ мухта- сар номи чанд фардеро аз бозмондагони Убайдуллоҳ Абўалӣ Ҷалобозиро, ки аз аҷдоди машҳури ўст, аз ин китоб иқтибос кардем: “Аз Убайдуллоҳ Абўалӣ Ҷалобозӣ як писар – Муҳаммад Абулҳасан аз-Зоҳид боқӣ монд, ки дар Балх, дар Сиққат-ул-муфтӣ мезиста. Аз ў ду писар – Алӣ Абулқосим, маъруф ба «Навдавлат» ва Убайдуллоҳ Абўалӣ, маъруф ба “Ёрхудой” боқӣ монданд. Аз Алӣ Абулқосим Навдавлат ду писар: ал-Ҳусайн Абўабдуллоҳ ва Муҳаммад Абўҷаъфар боқӣ монда. Аз ал-Ҳусайн Абўабдуллоҳ як писар – Муҳаммад Абулҳасан, нақибуннуқабои Балх, мулаққаб ба “Некрўй” боқӣ монда, ки аз ў даҳ писар боқӣ мондаанд ва онҳо: Муҳаммад Абулфатҳ, Тоҳир Абулҳусайн, Убайдуллоҳ Абўалӣ ал-Муҳарриҷ, Исмоил Абўиброҳим, Неъмат, ал-Ҳасан Абўалӣ, Аҳмад Абулбаракот (Абулбаракот ал-Ҳусайн низ мегўянд), Алӣ Абўмаҷд, Алӣ Абулқосим, Абўҷаъфар.

Инчунин дар ҳошияи насабномаи “Ҳазрати Бобо I” нусхаи дигари насабномаи Хоҷаи Моҳрўй омадааст.

Аз ин ҷо мо барои саҳеҳ муайян кардани насаби Саййид Абдуллоҳ, мулаққаб ба “Хоҷаи Моҳрўй” ин чаҳор сарчашмаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор медиҳем. Ҷиҳати осон шудани ин амал, силсилаи номҳои дар сарчашмаҳои мазкур омадаро дар намуди ҷадвал ҳозир сохтем. Аз муқоисаи матни насабномаҳои мазкур маълум аст, ки насаби Саййид Абдуллоҳ дар насабномаи “Абулмаолӣ” ба во- ситаи 7 пушт, дар насабномаи “Хоҷаи Моҳрўй” ба воситаи 4 пушт ва дар насабномаи “Ҳазрати Бобо I” ба воситаи 5 пушт ба Убайдуллоҳи Аъраҷ расидааст. Аз ҷиҳати пуррагии матн сил- силаи номҳои дар китоби “аш-Шаҷарат-ул-муборака фӣ ансоб- ит-толибиййа” ва насабномаи “Абулмаолӣ” омада комил ба назар мерасад. Дар матни китоби “аш-Шаҷарат-ул-муборакафӣ ансоб-ут-толибиййа” бошад, номи Саййид Абдуллоҳ вуҷуд надорад. Аммо, агар мо Саййид Абдуллоҳро аз ҳамин авлод ҳисоб намоем, ў бояд яке аз фарзандони Муҳаммад Абулҳасан, нақибуннуқабои Балх (сатри 27) бошад.

Аз муқоисаи номҳои дар “аш-Шаҷарат-ул-муборака фӣ ансоб-ит-толибиййа” ва на- сабномаи “Абулмаолӣ” омада, маълум шуд, ки исми ду на- фар: Муҳаммад Абулҳасан аз-Зоҳид писари ягонаи Убайдуллоҳ Ҷалобозӣ (сатри 30) ва ал-Ҳусайн Абўабдуллоҳ (сатри 28) писа- ри якуми Алӣ Абулқосим, дар насабномаи “Абулмаолӣ” вуҷуд надорад. Азбаски Муҳаммад Абулҳасан аз-Зоҳид (сатри30) писари ягонаи Убайдуллоҳ Алӣ Ҷалобозӣ будааст, бояд номи ўро ба силсилаи номҳо ҳамроҳ кард, ки номаш шояд бо саҳви котибон дар насабномаи “Абулмаолӣ” наомадааст. ал-Ҳусайн Абўабдуллоҳ (сатри 28) писари аввали Алӣ Абулқосими Навдавлат ибни Муҳаммад Абулҳасан аз-Зоҳид буда, номи писари дувумаш Муҳаммад Абўҷаъфар аст. Азбаски номи Муҳаммад Абўҷаъфар ба силсилаи номҳои насабномаи “Абулмаолӣ” ҳеч робитае надорад, онро пайваст карда наметавонем. Аммо, номи писари ягонаи ал-Ҳусайн Абўабдуллоҳ, ки Муҳаммад Абулҳасан аст, мулаққаб ба “Некрўй”, яъне ҳаммонанди “Моҳрўй”, ба мат- лаби мо наздиктар аст. Аз ин ҷо эҳтимол ҳамин лақаби “Моҳрўй” низ ҳаммонанди “Некрўй”, ки ба Муҳаммад Абулҳасан мансуб буд, шояд ба писараш ва ё наберааш, Саййид Абдуллоҳ бо вуҷуди адами сабти номаш дар радифи 10-то писарҳояш, бинобар чеҳраи зебо доштанаш, илҳоқ шудааст.

Чи хеле ки пештар қайд кардем, дар шаҳрҳои мухталифи Хуросону Мовароуннаҳр вазифаи “нақиб” хоси авлоди “Содоти Тирмизӣ” будааст ва намояндагони онҳо зиёд паҳн шуда будаанд. Дар навоҳии вилояти Хоразм низ мазоре бо номи “Саййиди Моҳрўй” вуҷуд доштааст.

Таърихшинос Аширбек Мўъминов бо такя ба матни китоби “Хоразм таърифи ва ундаги зиёратгоҳ ҷойлар” – навиштаи рубъи аввали асри XIX, қайд мекунад, ки дар Урганҷи нав мазори “Саййиди Моҳрўй” вуҷуд дорад. Таърихнигор Ҳамза Камол дар зикри мазороти Панҷакент навиштааст, ки: “Дар наздикии шаҳри қадимаи Панҷакент мазорест бо номи Хоҷаи Моҳрўй. Ривоят мекунанд, ки он бузургвор симои бисёр башшош доштаанд, аз ин сабаб “Моҳрўй” тахаллус гирифтаанд”. Шояд ин бузургон низ аз авлоди “Содоти Тирмизӣ” бошанд. Дар насабномаи “Абулмаолӣ” куняи Саййид Абдуллоҳро Абўмуҳаммад овардаанд, ки ин маълумот дар насабномаҳои “Хоҷаи Моҳрўй” ва “Ҳазрати Бобо I” мавҷуд нест.

Дар насабномаи “Ҳазрати Бобо I” яке аз аҷдоди Саййид Абдуллоҳ Ҷаъфари Хуҷандӣ қайд шудааст, ки ин саҳви котиб буда, лақаби аслиаш дар насабномаи “Абулмаолӣ” “Ҳуҷҷа” омадааст. Дар мақолаи Бахтиёр Бобоҷонов ва Аширбек Мўъминов “ал-Аъраҷ” қайд шудааст, ки: “Ин лақабро аз лақаби фахрии “Ҳуҷҷатуллоҳ” ихтисор карданд ва ба ў ин лақабро бо сабаби тарафдорони махсуси худашро доштанаш, дода будаанд”.

Дар мавриди солҳои зиндагии Саййид Абдуллоҳ мо ду хулосаро пешниҳод мекунем. Аввал, агар мо ба насабномаи дар ки- тоби “аш-Шаҷарат-ул-муборака фӣ ансоб-ит-толибиййа” омада такя кунем, бо назардошти санаи вафоти ал-Ҳасан Абўмуҳаммад ибни Ҷаъфар ал-Ҳуҷҷа (ваф. 835 м.), бародари ал-Ҳусайн Абўабдуллоҳ – ҷадди 7-уми Саййид Абдуллоҳ, яъне Хоҷаи Моҳрўй ва мўҳлати ҷойивазкунии наслҳо, ки 30 сол аст, замони зиндагии Саййид Абдуллоҳ ба охирҳои асри X ва аввали асри XI рост меояд (30*7=210, 210+835=1045). Аз ин ҷо домоди Исмоили Сомонӣ будани Саййид Абдуллоҳ бо назардошти солҳои зиндагии Исмоили Сомонӣ, ки байни 849 ва 907м аст, шубҳанок менамояд. Дувум ин аст, ки агар ба матни насабномаи “Абулмаолӣ” такя намоем, пас маълум мешавад, ки солҳои зиндагии Сай- йид Абдуллоҳ бо сабаби домоди Исмоили Сомонӣ буданаш ба рубъи охири асри IX ва нимаи аввали асри X бояд рост ояд. Пас издивоҷи Саййид Абдуллоҳ ва Моҳсимо дар муқоиса бо соли та- валлуди Исмоили Сомонӣ, бояд баъди солҳои 90-ум асри IX су- рат гирифта бошад.

Хулоса ин аст, ки беҳуда дар насабномаҳо ба номи намояндагони авлоди саййидзодагони Тирмиз нисбаи “Худовандзода” шакли дигаршудааш “Хонзода” илҳоқ нашуда- аст ва он далел ба хешовандии авлоди саййидони тирмиз ва суло- лаи сомониён аст. Аслан лақаби “Худовандзода” ба подшоҳони қадимаи Эрон тааллуқ доштааст, ки подшоҳони сомонӣ ба во- ситаи ҷадди аълояшон Баҳроми Чўбина бо онҳо қаробати хунӣ доштаанд.

Бо такя ба мақолаи “ал-Аъраҷ”, ки зикраш пештар гузашт, бисёре аз намояндагони “Содоти Термиз”, аз ҷумла, наводаго- ни Ҷаъфар ал-Ҳуҷҷа, дар шаҳрҳои мухталифи Мовароуннаҳру Хуросон дар мансаби “нақиб” адои вазифа намудаанд. Шояд баъди издивоҷ ва аз тарафи халифаи Аббосӣ – Мўътазид волии Мовароуннаҳр таъин шудани Исмоили Сомонӣ Саййид Абдуллоҳ ҳамчун саййидзодаи Тирмизӣ дар шаҳри Хуҷанд вазифаи нақибиро иҷро кардааст. Чӣ хеле ки пештар қайд кардем, тибқи маълумотҳои бойгонӣ замони таъсиси мазори “Хоҷаи Моҳрўй” дар шаҳри Хуҷанд ба соли 1075 м. рост меояд, ки ба замони давлатдории Сомониён наздик аст. Аммо аз рўи мазму- ни насабномаҳои “Абулмаолӣ”, “Хоҷаи Моҳрўй” ва “Ҳазрати Бобо I” маълум мешавад, ки наводагони Саййид Абдуллоҳ дар шаҳри Хуҷанд аз охири асри XIV ва аввали асри XV инҷониб зиндагӣ кардаанд.

Далелаш ин аст, ки дар ҳар се насабномаҳо: “Абулмаолӣ”, “Хоҷаи Моҳрўй” ва “Ҳазрати Бобо I” то номи Абулмакорим Алоулмулк I ибни Шамсуддин силсилаи номҳо ҳарчанд пешу қафо омадааст, аммо якдигарро такрор мекунанд. Дар мақолаи “Содоти Тирмиз” Бахтиёр Бобоҷонов бо такя ба китоби “Таърихи Ҷаҳонгушой” қайд мекунад, ки: “Алоуддин Муҳаммад Хоразмшоҳ ҳангоми тезутунд шудани муносибаташ бо халифаи аббосӣ ан-Носир (1180-1225 м.) амр медиҳад, ки мин- баъд “хутба” ба номи халифаи нав – Абулмакорим Алоулмулк I хонда шавад. Минбаъд тақдири Алоулмулк I маълум нест, ки чӣ шуд, фақат дар насабномаҳои баъдина бо лақаби “аш-шаҳид” қайд шудааст”. Шояд баъди ин ҳодиса нафаре аз ин силсила ба шаҳри Хуҷанд бозгашта бошад, ки алъон авлоди “Хоҷаи Моҳрўй” аз ў паҳн шудаанд.

Содирхон Умаров

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...