(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Ба истиқболи Рӯзи шаҳри Хуҷанд

НАЗАРЕ БА РӮЗГОРИ БУЗУРГОНИ ХУҶАНД

Доир ба рўзгору осори бузургони илму адаби Хуҷанд солҳои охир муаррихон – Назирҷон Турсунов, Абдуллоҷон Мирбобоев, Ҷўрабек Исомаддинов, Луқмон Бойматов, Ҳамза Камол, адабиётшиносон – Абдуманнон Насриддинов, Эргашалӣ Шодиев, Ҳоҷӣ Ҳусайн Мўсозода, Фахриддин Насриддинов, Саидумрон Саидов ва дигарон пажўҳишҳои судманд ба анҷом расонидаанд, ки натиҷаи онҳо дар шакли рисолаву мақолаҳои илмӣ дастраси хонандагон гардидааст.

Нигорандаи ин сатрҳо дар тайи чанд соли пажўҳиш нусхаҳои хаттии «Маноқиби Шайх Маслаҳатдини Хуҷандӣ», насабномаҳо ва дигар санадҳоро ҷамъоварӣ кард. Маъ- лумоти нави илмӣ ҳангоми таҳлилу баррасии ин сарчашмаҳо рўйи кор омаданд, ки онҳоро ба қазовати хонандагон пешниҳод мекунем. Ҳадафи таълифи мақола ин аст, ки дар асоси маълумо- ти сарчашмаҳои зикршуда зиндагиномаи Шайх Маслаҳатдини Хуҷандӣ, Ҳазрати Бобои Хуҷандӣ, Бурҳонуддини Кабири Хуҷандӣ, Хоҷаи Моҳрўй, Хоҷа Абдуллоҳ Сабзпўши Хуҷандӣ ва Эшони Шайдои Хуҷандиро таҳлил ва баррасӣ намоем.

Шайх Маслаҳатдини Хуҷандӣ

Таҳқиқу таҳлили аҳволу осори Шайх Маслаҳатдини Хуҷандӣ, аз дидгоҳи илми мардумшиносӣ, ҳамчун яке аз шахсиятҳои машҳури таърихӣ дар эҳёи симои таъриху фарҳанги Хуҷанди бостон мавқеи махсуси худро дорад.

Шайх Маслаҳатдини Хуҷандӣ дар хонадони донишманду парҳезкор дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Аҷдоди ин бузургвор аз аҳли илм ва тақво будаанд ва ин омил дар тарбияву камоли маънавии Шайх бетаъсир набудааст. Далели гуфтаҳои мо ин аст, ки мардуми шаҳри Хуҷанд ва атрофу акнофи он 800 сол инҷониб эҳтироми Шайхро ҳамчун шахсияти машҳури таърихӣ ба ҷо меоранд. Аз замони туфулият ин бузургвор бо ақли расо, хўйи хуш ва амали некашон мавриди иззату эҳтироми атрофиёнашон будаанд, ки мо дар ривоятҳои марбут ба зиндагониашон исботи онро мушоҳида мекунем.

Сарчашмаи хаттии дасти аввал, ки дар он аз рўзгору осори Шайх Маслаҳатдини Хуҷандӣ маълумоти муҳим омадааст,“Маноқиби Шайх Маслаҳатдини Хуҷандӣ” мебо- шад (минбаъд: Маноқиб). Ин асарро Муҳаммадшариф ибни Шоҳбадал ибни Маликшоҳ байни солҳои 1820-1830 м. бо овардани маълумоти фаровон оиди зиндагиномаи машоих, воқеаҳои таърихӣ ва мавзеи ҷойгиршавии обидаҳои меъмории воҳаи таърихии шаҳри Хуҷанд таълиф намудааст. Муаллифи ин асар дар зикри аҷдоди Шайх Маслаҳатдин чунин меорад, ки: “Аммо бидон, ки обо ва аҷдоди ҳазрати Шайх Маслаҳатуддини Хуҷандӣ аз духтари Имом Муҳаммади Боқир143 будаанд, яъне аз аҳли байти паёмбари дини ислом Муҳаммад (с). Камина оиди ин масъала ба китоби “аш-Шаҷарат-ул-муборака фӣ ансоб-ит- толибиййа”-и Фахри Розӣ назар кардам, ки дар он чунин ома- дааст: “Ва ал-Боқир се духтар бад-ин ном дошта: Умми Салама завҷаи Муҳаммад ал-Арқат ибни Абдуллоҳ ал-Боҳир, ки аз онҳо Исмоил шуд ва дувум Зайнаб ва севум Умми Ҷаъфар, ки аз ин дуи охир насл намонд”.

Дар навбати худ насаби Муҳаммад ал-Арқат низ ба ин ваҷҳ ба Алӣ (р.т) мерасидааст, ки “Муҳаммад ал-Арқат ибни Абдуллоҳ ал-Боҳир ибни Зайнулобидин ибни Ҳусайн ибни Алӣ (р.т)”. Чи хеле ки қайд кардем, аз издивоҷи Муҳаммад ал-Арқат ибни Абдуллоҳ ал-Боҳир ва Салама бинти Муҳаммади Боқир танҳо як писар таваллуд шудааст, ки Исмоил ном мегузоранд. Агар навиштаи муаллифи “Маноқиб”, ки Шайх Маслаҳатдинро аз авлоди духтарии Имом Муҳаммади Боқир до- ниста аст, дуруст бошад, шояд насаби Шайх Маслаҳатдин низ ба воситаи Исмоил ибни Муҳаммад ал-Арқат ба домоди пайғамбари ислом Алӣ (р.т) пайваст мешудааст.

Дар сарчашмаи таърихии “Мулҳақот би-с-Суроҳ”-и Абул- фазл Муҳаммад ибни Умар ибни Холид, мулаққаб ба Ҷамоли Қаршӣ, ки навиштанаш дар даҳаи аввали асри XIV ба охир расидааст ва муаллифи он бевосита аз Хуҷанд ду маротиба дидан карда будааст, маълумоти муфид дар бораи бузургон ва сулолаҳои уламо ва вузарои Хуҷанд омадааст. Дар айни сафари аввалаш соли 670ҳ./1272м. ў аз бузургони Хуҷанд ба монанди: Имоми Хуҷанд Бурҳонуддини Муқрӣ; қозӣ ва имом – Садруддини Хуҷандӣ; қозӣ ва муфтӣ – Бурҳонуддин ал-Аъло; Имом – Ифтихоруддин Муқрӣ; Амир – Ҷамолуддин Малики Хуҷандӣ; саййиди олисанад, имоми кабир, амир, писари вазир – Мавлоно Наҷмуддин Садрии Соҳибӣ ва бародари ў вазир, писари вазир, пешвои дин, амири бузургвор – Маҷидуддин ёд мекунад, ки бо онҳо вохўрда будааст. Ҳангоми сафари дувумаш дар соли 688ҳ./1289м. дар мулозимати Имом Шамсуддин Деҳқони Ғозӣ ва Мавлоно Шайх Фахруддини Ҷаволиқӣ низ будааст. Дар мавриди Бурҳонуддини Муқрӣ чу- нин навиштааст, ки “Яке аз онҳо ас-саййид, ас-садр-ул-муаззам, меҳтари саййидон, санади саодат, гузидаи авлод ва ол, подшоҳи ислом, шукўҳи саййидон, садри Хуҷанд ва навоҳии атрофи он. Ман аввалин бор ўро дар Олмалиғ146 вохўрдам ва шайх-ул-имом ал-ҷалил Бурҳонуддин ат-Тавил ал-Музаккир ҳамроҳи ў буд. Ва ў ас-саййид, имоми Хуҷанд – Бурҳонуддин Муқрии Хуҷандӣ охирини онҳо (яъне уламои мотақаддам), ки баъдан мутаватти- ни Олмалиғ шуд. Баъд, ман бори дувум ба Хуҷанд ба наздаш рафтам ва хушбахтона давоми чанд моҳи соли 670ҳ./1272м. аз ў таълим гирифтам”. Ҳамин Бурҳонуддини Муқрӣ писари Бурҳонуддини Кабир будааст, ки муаллифи “Мулҳақот би-с- Суроҳ” васфашро дар боби “Шаҳри Хуҷанд” чунин баён мекунад: “... ва меҳтари онҳо ас-садр ал-аҷалл ал-аъазз, такядори саййидон, бузургтарини содот, ки мо тавсифашро ҳангоми васфи Олмалиғ ва шахсиятҳои мутаваттини он гуфта будем. Ва падари ў маликулислом – Бурҳонуддин ал-Кабир, раҳматуллоҳи таъоло, ки қитъае дар бораи пирӣ гуфта буд. Он дар мақбарае, ки дар лаби дарёи Сайҳун аз тарафи Мевағал ҷойгир аст, навишта шу- дааст. Ва ин номи кўҳест дар шимоли шаҳр”. (Матни қитъа дар бахши “Бурҳонуддини Кабири Хуҷандӣ”-и мақолаи мазкур оварда шудааст – С.У.).

Далели таъкиди мо ба аз аҳли байти Муҳаммад (с) будани Шайх Маслаҳатдини Хуҷандӣ он аст, ки он бузургвор бо Бурҳонуддини Кабир аз як авлод будаанд. Ба ин маънӣ дар матни насабномаи “Мирзо Тоҳири Хуҷандӣ” чунин ишора шудааст: “Амир Муҳаммади Заркўб ибни Шайх Мир Саййид Саъдуддин ибни Шайх Мир Саййид Шамсуддин ибни ҳазрати машоихулофоқ ва қутбулорифин, ал аънӣ Шайх Амир Саййид Бурҳонуддини Кабир ибни Шайх Мир Саййид Алоуддин ибни Шайх Мир Ҷалолуддин ибни Шайх Мир Заҳируддин ибни Шайх Мир Саййид Шамсуддини Бузург ибни Шайх Бадруддин” Дар матни “Маноқиб” чунин омадааст: “Аммо, писари хурди Шайх Шамсуддин (яъне, Мир Саййид Шамсуддини Бузург – С.У.), Шайх Бадруддин ва писари эшон Шайх Нуруддин ва писари эшон Шайх Маслаҳатуддин”. Ин маъниро бо тарзи ди- гар чунин овардан мумкин аст. Аз ин ҷо бо сабаби яке аз шогирдони Бурҳонуддин Муқрии Хуҷандӣ будани Ҷамоли Қаршӣ, албатта мо ба навиштаи ў, ки сиёдати Бурҳонуддини Муқрӣ писари Бурҳонуддини Кабири Хуҷандиро таъйид ме- кунад, эътимод мекунем.

Пас аз ин ваҷҳ, бо такя ба маълумоти насабномаи “Мирзо Тоҳири Хуҷандӣ” ва “Маноқиб”, ки аз як авлод будани Шайх Маслаҳатдин ва Бурҳонуддини Кабирро таъкид мекунанд, ба сиёдати Шайх Маслаҳатдин шубҳае намемонад. Дар баъзе китобҳои олимон, аз ҷумла, дар “Ҳазрати бузургвор”-и Ҳоҷӣ Ҳусайн Мўсозода номи аслии Шайх Маслаҳатдинро “Шамсуддин” гуфтаанд, ки ин бо мазмуни маълумоти пештар баррасишуда мувофиқ нест. Чи хеле ки аз мазмуни насабномаи “Мирзо Тоҳири Хуҷандӣ” ва иқтибоси насаби Шайх Маслаҳатдин аз “Маноқиб” маълум шуд, ҷадди аълои ҳар ду бузургвор Мир Саййид Шамсуддини Бузург будааст. Дар байни мардуми деҳаи Яғноб ривояте аст, ки гўё зодгоҳи Шайх Маслаҳатдин рустои Деҳкалони водии Яғноб будааст. Мувофиқи ривояти Ботуров Муллоҷон, сокини Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод, ки асли ў низ аз Деҳкалон аст: “Дар маҳаллаи Деҳкалони водии Яғноб чашмае аст, ки онро “Чашмаи Шамсӣ” мегўянд ва пайдоиши он асари зарбаи асои Шайх Маслаҳатдин будааст.” Агар ин ривоят асос дошта бошад, шояд ҳамин Шамсуддини Бузург, яъне ҷадди аълои Шайх Маслаҳатдин бо сабаби ноамнии замона ва ё дигар ҳаводиси рўзгор сокини ин ҷо гашта, номи чашма марбут ба номи ў шуда бошад.

Алъон, номи аслии Шайх Маслаҳатдин маълум набуда, дар сарчашмаҳои таърихӣ ва байни мардум чунин алқоби ифтихории эшон иштиҳор доранд: Бадеъуддини Нурӣ, Шайхи Маслаҳат, Маслаҳатдин, Маслаҳатуддин, Муслиҳуддин, Валиюллоҳ, Авлиё, Подшоҳмарди Валӣ. Перомуни алқоби ин бузургвор дар байни олимони улуми филология ва таърих баҳсу мунозираҳои тўлонӣ вуҷуд дорад.

Ба андешаи инҷониб лақаби аввалини эшон “Бадеъуддин” будааст. Дар фарҳангҳо дар шарҳи вожаи “бадеъ” чунин омадааст: “навойин, тоза, навофарин, навофаринанда”. Шояд наздикон ва атрофиёни эшон бинобар тозафикру покандеш буданаш ин лақабро ба Шайх муносиб дидаанд.

Муаллифи “Маноқиб” Шайхро инчунин бо лақаб ва ё нис- баи “Нурӣ” бо якҷоягӣ дар лақаби “Бадеъуддин”, яъне “Бадеъуддини Нурӣ” қайд кардааст. Агар мо ин вожаро чун лақаб қабул намоем, пас маънии он шояд аз чеҳраи нуронию ботароват доштани Шайх бошад, ки имрўз низ чеҳраи наводагонаш ин хусусиятро дорад. Дигар ин, ки ном ва ё лақаби падари Шайх Нуруддин будааст, шояд калимаи “нурӣ” ҳамчун нисба шакли ихтисоршудаи вожаи “нуруддин” аст.

Дар мавриди лақаби “Нурӣ” гирифтани эшон дар “Маноқиб” ду нақл вуҷуд дорад, ки яке аз онҳоро ин ҷо меорем: “Ҳазрати Шайх Наҷмуддини Кубро мефармоянд, ки “Рўзе дар даруни хонақоҳ дугона аз баҳри Ягона адо кардам. Ва дар муроқаба будам, ногоҳ маро зулмате пеш омад, ҳарчанд гиря ва нолаи бисёр кардам, он зулмат бардошта нашуд ва муолиҷаи ў натавонистам кардан. Охируламр ба рўҳи пурфутўҳи Расули оламиён мутаваҷҷеҳ шудам. Ногоҳ шаҳсавореро дидам, ки ҳар гоҳе ки маркаби худро маҳмез медод, дасти ў бар китфи авлиёи мотақаддам мерасид. Гуфтам: “Субҳоналлоҳ, ба ин шаҳсавор. Чӣ гуна шаҳсавор бошад, ки маркаби ҳиммати ў дар майдони мурувват ҷавлон мекунад, асари фазли Раҳмон дар ҷабини ў ҳувайдо аст. Илоҳо, ба ҳаққи ҳурмати ин шаҳсавор, ин зулмат аз ман бар- дор!” Дар ҳол он зулмат аз ман дур шуд. Баъд аз он он шаҳсавор пеши ман фуруд омад, ўро истифсор кардам, донистам, ки нури Бадеъуддини Нурӣ будааст. Ва сабаби “Бадеъуддини Нурӣ” гуфтан ин будааст”. Албатта, ин нақлро ихлосмандони Шайх ҷиҳати исботи бузургияш дар радифи машоихи дигар овар- даанд, ки шояд ин воқеа бо Шайх рўй дода бошад.

Дар сарчашмаҳои хаттӣ ишора ба шахсияти Шайх Маслаҳатдин аввалин бор бо лақаби “Шайх Маслаҳат” дар асари “Машориқ-уд-дарорӣ”-и Саъидуддин Саъиди Фарғонӣ (в. 700ҳ./1301м.), ки ҳамчун шарҳ ба қасидаи “Тоъия”-и ориф ва шоири машҳури араб –Шарафуддин Умар ибни Алӣ, мулаққаб ба Ибни Фориз (ваф. 632ҳ./1235м.) навишта шудааст, дучор меояд. Иқтибос аз ин асарро, ки бо муқаддима ва таълиқоти Саййид Ҷалолуддини Оштёнӣ ба чоп расидааст, ин ҷо меорем: “Пас чун солик соҳибдил шавад ба он тариқ, ки гуфта шуд, “фатҳ”, ки ибо- рат аз зуҳури сирри вуҷудӣ аст, ҳосил шавад ва ин “фатҳ” бар се қисм аст: Яке ба ҳасби ҳукми маҳбубӣ ва дувум ба ҳасби ҳукми муҳиббӣ ва севум ба ҳасби иштирок.

Аммо аввал он аст, ки зоҳир лада-л-фатҳ, он сирри вуҷудӣ бошад, ки рўҳ ва нафси нотиқаи солик дорад дар олами арвоҳ. Ва ба ҳукми асари он ҳаракат ҳубби аслӣ ва зуҳури ў аз он ҳиссаи вуҷудӣ, ки зуҳураш ҷуз дар олами арвоҳ нест, ё ба маҳзи иноят ва собиқат бе муҷоҳида ва риёзати зиёдат ё ба воситаи қурби фароиз, ки тақрири он карда шавад, иншоаллоҳ, аҳком ва қувои рўҳонияш бар аҳкоми мизоҷу табиат ғолиб оянд ва эшон- ро мағлубу мақҳур гардонанд. Пас он сирри вуҷудӣ, ки ботини рўҳ аст ба ҳукми “ваҳдатуҳу ва итлоқуҳу” ин ақлро, ки омилу қаҳрамон аст ба аҳкоми таклифӣ ва қуюди шаръӣ дар вилояту мамлакати бадан ва муммайиз аст миёни ҳусну қубҳ ва хайру шарр ва нафъу зарр ва ба қуввати фикраташ хамирмояи зунун ва тахайюллотест, ки ҷумлаи аҳкоми он таъвиқоти мазкуранд, аз кор маъзул гардонад. Ва ин мутаҷҷалӣ лаҳуро “маҷзуб” ва “муваллаҳ” хонанд. Ва Қазб-ул-бон дар Мавсил ва фақеҳ Аҳмад дар Қуня166 ва Шайх Маслаҳат дар Хуҷанд аз асҳоби ин таҷаллӣ будаанд”.

Маънии иқтибоси мазкур он аст, ки Саъиддуддини Фарғонӣ аҳли дилро ба се гурўҳ ҷудо карда, Шайх Маслаҳатдинро аз муваллаҳону маҷзубон дониста аст. Аслан дар истилоҳи тасаввуф маҷзуб “Касе аст, ки Худо ўро ҷиҳати худ баргузида ва ба оби қудс пок карда ва чунин касе бе ҷаҳду ранҷ ба мақомот ва маротиби олӣ расад”. Маҷзуб ин ҷо ба маънии шах- си маҷзуби мутлақ, яъне бемории рўҳидошта нест, балки нафа- ре аст, ки Худованд ўро баргузида, дўсти худ медонад. Ин гуна ашхосро дар байни мардум “Валии модарзод” низ мегўянд, ки маротиби мақомот аз он ҷумла: тавба, вараъ, зўҳд, фақр, сабр, таваккул ва ризоро тай накарда, бо инояти Худованд ба Ҳақ расидаанд. Шайх Маслаҳатдини Хуҷандӣ низ аз ҳамин тоифа инсонҳои комил будааст, ки чунин орифу олим ба мисли Саъиддуддини Фарғонӣ – яке аз намояндагони барҷастаи мактаби Абўбакр Муҳаммад ибни Алӣ ибни Муҳаммад ибни Аҳмад ибни Абдуллоҳи Тоӣ, машҳур ба Ибни Арабӣ (560ҳ./1165м.), шореҳи нуктасанҷи таълимоти “ваҳдати вуҷуд”, шогирди Садруддини Қунавӣ (в.673ҳ./1275м.), шояд ҳамнишини Мавлоно Ҷалолуддини Балхии Румӣ (604ҳ./1207м.-672ҳ./1273м.) низ буда бошад, номаш- ро дар зумраи дигар машоихи машҳур ёд мекунад.

Шайх Камоли Хуҷандӣ низ худро аз зумраи баҳрабурдагони даргоҳи Шайх Маслаҳатдин дониста, соликони тариқат ва ҷўяндагони ҳақиқатро ба даргоҳи Шайх раҳнамоӣ кардааст, ки далели онро дар ин ғазал мушоҳида мекунем: Ошиқон, қиссаҳои нав шунавед, Ки шумо низ ошиқони навед! Мерасад аз Худо навиди наве, Мурдаед, аз насим зинда шавед! Болиғӣ нею даъвии пирон, Кишти худ норасида медаравед. Мо гуҳар ёфтем чанд, шумо Дар раҳи сангу хора чанд давед? Он гуҳар бо шумо бинафрўшем, То ба дуккону хона дар гаравед. Дар сафи сўфиёни пандпазир, Гар муридони маслаҳатшунавед, Доманафшон зи хонумон чу Камол, Бар дари Шайхи Маслаҳат бидавед.

Дар фарҳангҳо зайли калимаи арабии “маслаҳат” чунин маъно омадааст: “Он чӣ, ки салоҳ ва суди шахс ё гурўҳе дар он бошад. хайрандешӣ, кори нек” , “Он чӣ, ки боиси хайру салоҳ ва нафъу осоиши инсон бошад”.

Лақаби “Маслаҳатдин”, ки аз ду вожа “маслаҳат” ва “дин” сохта шудааст, аввалин бор дар асари “Зафарнома”-и муаррих Шарафуддин Алии Яздӣ (ваф. 858ҳ./1454м.) дар охири асри XIV ва аввали XV дарҷ шудааст. Тарзи дигари навишти он “Маслаҳатуддин” дар “Таърихи Муллозода”-и Аҳмад ибни Маҳмуд, дар аввали асри XVI қайд шудааст . Дар дари даромадгоҳи самти ғарбии мақбараи Шайх гунаи лақаби “Муслиҳуддин” бо тарзи катибаи барҷаста навишта шу- дааст, ки: Муслиҳуддин Шайхи ирфондастгоҳ, Аз китоби сияри асмоу сифот. Остонаш қиблагоҳи аҳли Ҳақ, Ҳар табақ дарвозаи ў [як] варақ. Соли сохташудани ин дари дутабақа 1322ҳ/1904м будааст, ки дар рўи табақи рости он дарҷ шудааст. Ин лақаб низ аз ду қисм “муслиҳ” ва “дин” иборат буда, дар фарҳангҳо калимаи “муслиҳ” ба маънии “ба салоҳ ва некўиоваранда, ислоҳкунанда ва оштидиҳанда, шоиста ва некўкор” омадааст.

Алқоби “Подшоҳмарди Валӣ”, “Авлиё” ва “Валиюллоҳ” ишора ба аз аҳли тасаввуф ва пешвои тариқат будани Шайх ме- кунанд. Дар луғат маънии калимаи “Валӣ – бандаи муқарраби даргоҳи Бори таъоло” буда, шакли ҷамъашро “авлиё” мегўянд.

Аммо машҳуртарин лақаби Шайх “Маслаҳатдин” аст, ки дар байни ихлосмандонаш роиҷ аст ва сабаби насби он ба Шайх дар “Маноқиб” чунин омадааст: “Нақл аст, ки ҳазрати Шайх Маслаҳатдини Хуҷандӣ ба мазмуни ин ҳадис, ки “ар-Рийоу қантарат-ул-ихлос” дар ибтидои ҳол, дар Бухо- рои Шариф ба тақлид дар саҷҷодаи шайхӣ нишастанд. Моле аз ин ҷиҳат ҷамъ шуд, мехостанд, ки аз барои рафиқ тақсим кунанд. Аввал, сар дар ҷайби тафаккур фурў бурданд, аз ин кирдор пу- шаймон шуда буданд. Ҳотифе нидо дардод, ки “Маслаҳати мо дар ин буд”, бинобарин, номи эшон Шайх Маслаҳатдин шуд”. Бо гумони ғолиб Шайх дар шаҳри Бухоро таҳсили илм кардааст, зеро ки омадани донишманди маъруф Ҷамолуддини Сатоҷӣ аз Бухоро ба Хуҷанд, ки нақли онро баъдтар овардаем, ба назди эшон бесабаб нест. Шояд дар айёми таҳсил байни ин ду на- фар риштаи дўстӣ будааст. Бо расидани нидо аз ғайб мулҳақ шу- дани лақаби “Маслаҳатдин” мавриди боварӣ нест, аммо мазму- ни нақл ба саховатмандии Шайх ишора мекунад, ки он натиҷаи хайрандешӣ ва хирадмандиаш будааст.

Шайх Маслаҳатдин аз аҳли тасаввуф будаанд, ки ба ин маънӣ дар “Маноқиб” чунин омадааст: “Бидон, ки ҳазрати Шайх Маслаҳатдини Хуҷандӣ муриди ғавси самадонӣ – Сай- йид Абдулқодири Ҷелонианд” (14, с. 10 а). Абдулқодирӣ Ҷелонӣ (Гелонӣ– С.У.) аз орифон ва олимони машҳур аст, ки соли 1077м. таваллуд шуда, соли 1166 м. вафот кардааст. Дар байни аҳли тасаввуф бо лақаби “муҳиуддин” ва унвонҳои фахрии “ғавс-ул- аъзам” ва “пири дастгир” шинохта шудааст.

Яке аз нишонаҳои аҳли тасаввуф соҳибкаромот будан аст ва ба Шайх Маслаҳатдин низ дар матни “Маноқиб” каромоти зиёде нисбат дода шудааст, аз он ҷумла, зинда гардонидани мурда, гудохтани оҳан дар кафи даст, пешгўии ҳаводиси оянда, аз замири дили ҳамсўҳбат огоҳ будан ва дигарҳо. Дар сари ин масъала, ки оё Шайх Маслаҳатдини Хуҷандӣ муриди Абдулқодири Гелонӣ бошанд, мо ба ин китобҳо назар кардем: “Тўҳфат-ул-қодирия”-и Абулмаолӣ Хайруддин Аҳмадӣ, ки ба таҳқиқи аҳволу осори Шайх Абдулқодири Ҷелонӣ бахшида шудааст ва аз 21 боб иборат аст; “Маноқиби ҳазрати Ғавс-ул-аъзам”-и Шоҳ Сиддиқи Қодирӣ, ки номи дигараш рисолаи “Ғавсия” аст ва алфози Абдулқодири Ге- лониро дар бораи таълимоти тасаввуф дарбар мегирад ва “Макту- боти Абдулқодири Гелонӣ”, ки ба забони форсӣ буда, масъалаҳои таълимоти тасаввуф баррасӣ шудааст. Таҳқиқ маълум сохт, ки номи Шайх Маслаҳатдин дар ҳеҷ яке аз ин китобҳо дар сафи му- ридони Шайх Абдулқодири Гелонӣ наомадааст. Танҳо дар асари “Тўҳфат-ул-қодирия” дар мавриди то ба Мовароуннаҳр расида- ни шўҳрати Абдулқодири Гелонӣ чунин ишорае ҳаст: “Нақл аст ки аз Абўяъқуб, раҳматуллоҳи алайҳи: “Даромадам ба Бағдод дар санаи аҳада ва ишрина ситтумиа (621ҳ./1224м. – С.У.) ба зиёрати қозиюлқуззот Абўнасри Солеҳ. Рафтам дидам, ки дар мадрасаи ҷадди хеш нишастааст, ки гирд бар гирд ҷамъ. Ва яке пурсид аз қавли ҳазрати Абдулқодир, разияллоҳу таоъло анҳу: “Қадамӣ ҳозо ало рақаби кулли валиййиллоҳ”. Шунидам аз волиди худ ҳазрати Шайх Саййид Тоҷуддин Абдурраззоқ ва аъ- моми худ Абўмуҳаммад Саййид Абдурраҳмон ва ҳазрати Сай- йид Абдуваҳҳоб ва Саййид Абўмуҳаммад Исҳоқ, раҳумуллоҳи таъоло, фармуданд: “Мо ҳозир будем дар маҷлисе, ки падари мо, разияллоҳу таъоло анҳу, ин қавлро фармуданд ва дар ин маҷлис чанд шайх аз акобиру аъёни машоихи Ироқ ҳозир буданд, ҳама риқоб пеш кашиданд ва сар фуруд оварданд ва Шайх Алии Ҳошимӣ бархост ва қадами он ҳазрат бар гардани худ ниҳод. Ва расид хабар ба Мовароуннаҳр ва аз машоихони он вақт, ки дар атроф ва амсор буданд, ҳама аъён риқоби худро ба хушўъ паст карданд ва касе аз ин маънӣ инкор накард. Ва хабар карданд, ки дар ин замон Шайх Муҳиуддин Абдулқодир фармудааст: “Қадамӣ ҳозо ало рақаби кулли валиййиллоҳ”.

Агар ин маълумот саҳеҳ бошад, шояд Шайх Маслаҳатдин низ дар айёми ҷавонӣ, ки ба солҳои охири зиндагии Абдулқодири Гелонӣ рост меояд, дар сафи дигар машоихи Мовароуннаҳр ба зиёрати Абдулқодири Гелонӣ мушарраф шудаанд.

Сабаби дигари муриди Абдулқодири Гелонӣ дониста- ни Шайх Маслаҳатдин дар он аст, ки тариқати “Қодирия” аз асри XVI мелодӣ инҷониб, дар Мовароуннаҳр бисёр машҳур ва мақбули мардум будааст. Маҳз бо чунин далел муаллифи “Маноқиб” Шайх Маслаҳатдинро аз зумраи мутасаввифони тариқати “Қодирия” дониста аст.

Дар ҷойи дигари “Маноқиб” чунин омадааст: “Ва низ ҳазрати Шайх Маслаҳатдини Авлиё муриди Шайх Басрии Саф- фор (Ҳасани Басрии Саффор – С.У.) ва эшон муриди ҳазрати Шайх Абдуллоҳи Саффор ва эшон муриди Шайх Масъуди Табрезӣ аст ва эшон муриди Шайх Басрӣ”170 (14, с. 9б). Ин ҷо ҳарчанд муаллиф асомии шахсони мазкурро ҳамчун пири тариқат қайд кардааст, аммо онҳо аз уламои мазҳабӣ ҳастанд. Ҷиҳати муайян намудани шахсият ва пайравии мазҳабии ашхоси мазкур ба якчанд сарчашмаҳо назар кардем. Дар китоби “ал-Вофӣ би-л-вафиййот”-и Салоҳуддин Халил Айбак ас-Сафадӣ дар мавриди Абдуллоҳи Саффор чунин маълу- мот омадааст, ки: Ибн ас-Саффор Абўсаъд Абдуллоҳ ибни Умар ибни Аҳмад ибни Мансур ибни Имом Муҳаммад ибни Қосим ибни Ҳабиб ал-аллома Абўсаъд ибн ас-Саффор ан-Нишопурӣ – имом ва олим дар усул буд ва фақеҳи сиққа мин байт-ил-илм. Ва- фот кард дар санаи 600ҳ (1204м–С.У.) ва таваллуд шуд дар санаи 508ҳ (1115м. – С.У.)”171 (26, ҷ. XX, с. 202). Инчунин дар пешгуф- тори китоби “ал-Фахрӣ фӣ ансоб-ит-толибин”-и Исмоил Марва- зии Азварқонӣ (572ҳ./1177м. - 614ҳ./1218м.), ки ба қалами Саййид Шиҳобуддин Маръашии Наҷафӣ тааллуқ дорад ва бо кўшиши Саййид Маҳдии Раҷоӣ ба чоп расидааст, номи Абдуллоҳи Саффор дар сафи устодони муаллифи ин асар ба гунаи: “Шайх Маҷдуддин Абўсаъд Абдуллоҳ ибни Умари Саффор” қайд шудааст (9, с 10). Пас шояд ҳамин олими номбурда, бинобар наздик будани замо- ни зиндагиаш бо Шайх Маслаҳатдин, ҳамон Абдуллоҳи Саффоре бошад, ки дар матни “Маноқиб” номаш зикр шудааст. Дар мавриди Ҳасани Басрӣ ва Ҳасани Басрии Саф- фор дар “Маҷмаъу-л-ансоб ва-л-ашҷор”-и Абдулқодир ибни Муҳаммадамин, ки солҳои 90-уми асри XIX таълиф шудааст, чу- нин омадааст: “Ҳазрати хайруттобеин Ҳасани Басрӣ, разияллоҳу анҳу, муриди ў Ҳасани Басрии Саффор, разияллоҳу анҳу ва му- риди ў ҳазрати Хоҷа Имоми Қаффол, разияллоҳу анҳу, ва писа- ру муриди ў – ҳазрати Шоҳ Камолуддин Ҷавонмард; муриди ў (Қаффоли Шошӣ– С.У.) Хоҷа Муҳаммад Номӣ, қуддисасирруҳу ва наввараллоҳу марқадаҳу” . Дар мавриди Ҳасани Басрӣ дар “Сафинат-ул-авлиё”-и Дорошукўҳи Қодирӣ чунин омадааст: “Абўсаъид Ҳасан ибни Абулҳасан ал-Басрӣ, аз кибори тобеин аст, вилодаташ дар соли бустуякуми ҳиҷрӣ (643м. – С.У.) ва муд- дати умраш ҳаштоду нўҳ сол буда, дар панҷуми раҷаби соли як- саду даҳуми ҳиҷрӣ (729м. – С.У.) вафот ёфта ва дар Басра мадфун аст”. Солҳои зиндагӣ ва ҷои таваллуду зисти Ҳасани Басрии Саффор маълум нашуд. Шояд бо далели шофеимазҳаб бу- дани шогирдаш – Хоҷа Имоми Қаффол (904-976м.), ки аз пешвоё- ни маъруфи мазҳаби шофеӣ дар Мовароуннаҳр будааст, аз ҳамин табақа бошад. Зикри Хоҷа Имоми Қаффол дар “ал-Вофӣ би-л- вафиййот” чунин омадааст: “Муҳаммад ибни Алӣ ибни Исмоил ал-Қаффол, ал-Шошӣ, ал-фақеҳ, аш-шофеӣ, имоми замонаш буд. Фақеҳу муҳаддис ва забоншиносу шоир буд. Мисли ў дар замонаш дар Мовароуннаҳр ҳеҷ як аз шофеие набуд” (26, ҷ. IV. с. 84). Алъон марқади Хоҷа Имом Қаффоли Шошӣ дар шаҳри Тош- канди Ҷумҳурии Ўзбекистон бо номи “Ҳазрати Имом” машҳур аст. Аз баррасии ин иқтибосҳо маълум мешавад, ки шояд Шайх Маслаҳатдин таълими улуми мазҳабиро аз олимони мазҳаби шофеӣ гирифтааст.

Обрўю эътибори Шайх Маслаҳатдини Хуҷандӣ ҳамчун муршиди комил дар замони зиндагиаш баланд будааст. Саромади тариқати “Кубравия” Аҳмад ибни Умар Хивақӣ (1145-1221м.), ки бо алқоби “Наҷмуддин”, “Шайхи Валитарош”, “Кубро” иштиҳор доштааст ҳамасри Шайх буда, ҳарду равобити маънавии мустаҳкам доштаанд. Доири ин мавзўъ дар “Маноқиб” чунин нақл омадааст: “Нақл аст, ки Шайх Наҷмӣ Кубро муриди худро назди ҳазрати Шайх Маслаҳатдин равона карданд, ки “Тарбияткунандаи ман кист? Зеро ки ҳар валиро як набӣ тарбият мекунад ва ҳар донишмандеро яке аз авлиё. Ва муриди Шайх Наҷмуддини Кубро ба хидмати Шайх Маслаҳатдин расид. Ҳазрати Шайх гуф- танд, ки “Эй сўфӣ, ҷуҳудак сиҳат ҳаст?” Сўфиро тоқати пурсидан нашуд, бозгашт, назди ҳазрати Наҷмуддин расид. Пурсиданд, ки “Ҳазрати Шайх чӣ гуфтанд?” Сўфи ҷавоб дод,ки “Ҷуҳудаки мо сиҳат ҳаст?” Ҳазрати Шайх Наҷмуддин гуфтанд, ки “Тарбияти мо аз ҳазрати Мўсо, алайҳиссалом, будааст”.

Дар таълимоти тасаввуф масъалаи робитаи пиру мурид матраҳ аст, ки тибқи он пири комил аз замири дили солик огоҳии тамом дорад. Ин ҷо каромоту фаросати Шайх Маслаҳатдин низ ҳувайдо шудааст, ки пеш аз шунидани савол ҷавобашро додаанд. Дар таълимоти тасаввуф масъалаи дар қалби яке аз анбиё ҷой до- штани қалби яке аз авлиёи уммати Муҳаммад (с) матраҳ аст, ки доири ин масъала дар китоби “Машориқ-уд-дарорӣ” чунин ома- дааст: “Пас мебояд, ки ба адади ҳар набӣ ва расуле, валие аз умма- ти Муҳаммадӣ бар қадами ў зоҳир шавад ва ҳамчунин яке аз му- тобеъонаш ба ҳаққи мутобаат ба қадами ў бирасад. Чунонки дар ҳадисе омадааст: “Инна лиллоҳи таъоло салосумиа қулубиҳим ало қалби Одам ва арбауна қулубуҳум ало қалби Мусо”.

Дар ҳақиқат мартабаи Шайх Маслаҳатдин дар замони ҳаёташ бисёр баланд будааст, зеро ки чанде аз бузургони он замон аз мулозимати ў баҳраҳо бардоштаанд. Яке аз онҳо Бурҳонуддин Қиличи Ўзгандӣ аст, ки то ҳол мардуми водии Фарғона номашро бо некӣ ёд мекунанд.

Муаллифи китоби “Маҷмаъ-ул-ансоб ва-л- ашҷор” дар силсилаи муридони Шайх Маслаҳатдин номашро чу- нинқайдкардааст:“Ҳазрати Шайх Маслаҳатуддин, раҳматуллоҳи алайҳ (ва муридони эшон:); ҳазрати Хоҷа Оҳангарони Хуҷандӣ175, раҳматуллоҳи таъоло; ҳазрати Султон Бурҳонуддини Қилич, раҳматуллоҳи таъоло; ҳазрати Шайх Муҳандил (дурусташ “Маҳдил” – С.У), раҳматуллоҳи таъоло”.

Ба ин маънӣ дар матни “Маноқиб” нақле омадааст, ки мувофиқи он Бурҳонуддини Қилич чанд замоне дар айёми ҷавонӣ ба сўҳбати Шайх Маслаҳатдин расида ва касби камолот карда будааст: “Ба ногоҳ ҷазабае аз ҷазаботи илоҳӣ, ҷалла ва аъло, ба эшон расида, Султон Иброҳимвор тахту тоҷи подшоҳӣ пуш- ти по задаанд. Ва ба мулозамати ҳазрати Шайх Маслаҳатдини Хуҷандӣ, ки қутби он замон буданд, меоянд ва дар мартабаи иродаи эшон медароянд” (14. с. 19а). Дар нақли мазкур матлаб аз Султон Иброҳим орифи машҳур Иброҳим Адҳами Балхӣ (718- 781м.) аст, ки аз тахти подшоҳии Балх баъди фавти падараш даст мекашад ва роҳи риёзату муҷоҳадаро пеш мегирад. Бурҳонуддини Қилич низ тибқи ривояти машҳур, ки дар “Маноқиб” омада- аст, аз наберагони подшоҳи сулолаи “қарохониҳо” Элик Мозӣ (ваф. 1012м.) будааст ва тарки ин аморат карда, ба назди Шайх Маслаҳатдин баҳри расидан ба Ҳақ омадааст.

Яке дигар аз мухлисону муридони Шайх Маслаҳатдин, олим ва орифи асримиёнагӣ – Мавлоно Ҷамолуддин ибни Сайфуддини Сатоҷии Бухороӣ будааст. Дар тавсифи ў Аҳмад ибни Маҳмуд муаллифи “Таърихи Муллозода”, ки дар зикри мазороти Бухоро таълиф шудааст, чунин меорад: “Ва дар пеши турбати эшон марқади фарзанди эшон Мавлоно Ҷамолуддини Сатоҷӣ аст, ки муқтадои ахёр ва пешвои аброр ва соҳибвилоят ва соҳибкаромат будаанд. Ва ҳафт ҳаҷ гузорида буд ва чандин кутуб тасниф карда, дар тафсир ва ҳадис ва баёни тариқа, ҳамчу “Зод-ул-музаккирин”, ки сад маҷлис аст, муштамил бар сад оят ва китоби “Такмилат- ул-латоиф ва ахоир-уз-захоир” ва “Одоб-ут-тасаввуф” ва “Аъша- рот” ва “Ишрин” ва “Арбаин” ва “Қиссаи Юсуф” ва “Малҷаъ ул-музаккирин” ва “Китоби ёдгор” ва “Девони арабӣ” ва “Дево- ни форсӣ”. Вафоти ў дар шаби душанбе ҳафтуми рабеъулаввали санаи арбаа ва арбауна ва ситтумиа (в. 644ҳ./1247м. – С.У.) буда ва муддати умри ў ҳафтодусе сол. Дар воқеаи Чингизхон дар санаи самона ашара ва ситтумиа (618ҳ./1221м. – С.У.) аз вилояти Ғазнин178 ба шаҳри Бухоро расид ва авлоду атбоъро дар Бухоро гузошт ва ба ҷониби Хуҷанд рафт, наздики қутбулавтод Шайх Маслаҳатуддин, раҳматуллоҳ. Ва гуфт: “Подшоҳи ин мамлакат ўст, бе иҷозати ў дар мамлакати ў натвон бошидан”. Чун ба наздики Шайх расид, Шайх фармуданд: “Дер омадӣ, моро дар ин- тизор доштӣ”. Се рўз дар сўҳбати Шайх буд. Намози дигари рўзи севум Шайх Маслаҳат, эшонро талаб карданд ва гуфтанд: “Моро интизорӣ дар ин манзил ба воситаи он буд, ки ин мамлакат холӣ буд аз соҳибдиле, чун ту омадӣ мамлакат ба ту супурдем”. Онгоҳ Шайх ин байт гуфтанд ва ҷон таслим карданд: Аз рахнаи даҳр ҳамчу дуздон ҷастам, Рахти сафари манзили дигар бастам. Бар лошах(в)арӣ вуҷуд будам, якчанд, Гург омаду хар дариду аз ҳам растам”.

Дар Бухоро намояндагони ин авлодро “Аиммаи Сатоҷия” ном мебаранд. Падари Мавлоно Ҷамолуддин – Мавлоно Сайфуддин, писаронаш – Амир Шамсуддин ва Мавлоно Камолуддин, набераю аберагонаш – Хованд Шарафуддин, Хованд Шоҳ Фахруддин, Хованд Тоҷуддин ва Хованд Садруддин аз бузургони замони хеш будаанд. Ба мулозамати Шайх расидани чунин бузургвор дар он замони муташанниҷ, ки шаҳрҳои Мовароуннаҳр зери таҳоҷуми лашкари Чингизхон монда буданд, аз ихлосмандию қадршиносии Мавлоно Ҷамолуддин нисбати шахсияти Шайх Маслаҳатдин ҳамчун муршиди комил гувоҳӣ медиҳад.

Бардошти дигар аз ин нақл он аст, ки соли вафоти Шайх Маслаҳатдин дар 618ҳ. мусодиф ба 1221м. будааст. Дар китоби “Ҳазрати бузугвор” Ҳоҷӣ Ҳусайн Мўсозода соли таваллуди Шайх Маслаҳатдинро “соли 1133 мелодӣ” овардаанд, ки агар ин маълумот саҳеҳ бошад, пас бузургвор қариб 90 сол умр дидаанд. Замони охири зиндагии Шайх ба аввали солҳои ис- тилои Мовароуннаҳр аз тарафи лашкари муғул рост меояд. Бинобар забт шудани шаҳри Хуҷанд дар охири соли 1220 ва аввали 1221м. Шайх Маслаҳатдин ҳамчун пешвои мардумӣ шоҳиди ҳуҷуми муғул буда, шояд дар масъалаи омодагии дифои шаҳр аз маслаҳатгарони Темурмалик низ будаанд.

Ҳини ҷустуҷўҳо бо насабномаи “Абдураҳмон-ато” (ниг.:20) шинос шуда, нусхабардорӣ кардем. Абдураҳмон-ато писари Исмоил-ато будааст ва ҳоло мадфани ин бузургвор дар ноҳияи Спитамен бо номи мазори “Лангар-ато” побарҷост. Исмоил-ато ибни Иброҳим-ато аз бузургони машоихи турк аст, ки дар шаҳри Сайрам, ҳозира Чимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон зиндагӣ кардааст.

Дар матни насабномаи мазкур нақле омадааст, ки мухтасари тарҷумаи тоҷикии он аз забони ўзбекӣ ин аст: “Дар ҳамон вақт дар Хуҷанд Шайх Маслаҳат, раҳматуллоҳи алайҳ, пири тариқат будаанд. Исмоил-ато ба Хуҷанд раҳсипор шуд. Шайх Маслаҳат бо чил нафар муридонашон якҷоя сўҳбат мекарданд. Пас ба ёронашон гуфтанд, ки “Эй дўстон бўйи тариқат аз куҷо меояд?” Ҳамзамон Исмоил-ато расида омаданд, салом дода ҷавобашро гирифтанд. Шайх Маслаҳатдин гуфтанд, ки “Аз авлоди кӣ мешавӣ?”

Исмоил-ато гуфтанд, ки “Аз Қозиқурт ҳастам, аз авлоди Иброҳим-ато”. Шайх Маслаҳат хуб нигоҳ карданд ва гуфтанд: “Пару болатон расонида овард.” Пас ҳолам хуш шуд. “Агар пару болатон намеовард, ман ба Бухоро ба наздатон мерафтам” гуфтанд. Исмоил-ато, раҳматуллоҳи алайҳ, гуфтанд, ки “Чил сол инҷониб як кафшу як асо дорам”. Исмоил-ато чил рўз бо Шайх Маслаҳатдин сўҳбат карданд. Як рўз Шайх Маслаҳатдин гуфтанд: “Эй Исмоилхоҷа, акнун ба ҷои падаратон равед!». Замони вафоти Исмоил-аторо, ки яке аз намояндаго- ни тариқати “Ясавия” аст, муаррихон Девин Ди Уис ва Аширбек Мўъминов дар китоби “Исламизация и сакральные родословные в Центральной Азии” соли 1314 м. ва ё 1334 м. қайд кардаанд. Аз ин ҷо ба мулозимати Шайх расидани ў зери шубҳа аст. Аммо мазмуни асосии нақл дар он аст, ки шахсияти Шайх Маслаҳатдини Хуҷандӣ, ҳамчун қутби замони хеш аз гўшаю канори Мовароуннаҳр ва берун аз он соликони роҳи тариқатро ба худ ҷалб мекардааст.

Дар тўли қарнҳо нафарони зиёде аз амирон, уламо ва урафо ба зиёрати мазори Шайх Маслаҳатдин расида будаанд. Муассиси давлати Темуриён – Амир Темур ба зиёрати мазори Шайх расида будааст, ки нақли он дар “Зафарнома”-и Шарафуддин Алии Яздӣ, дар боби “Гуфтор дар таваҷҷўҳ намудани Хидеви офоқ ба дашти Қипчоқ” чунин омадааст: “Ва дар он асно ройи маслаҳатнамояш зиёрати марқади тобонфарқади Шайх Маслаҳатдинро, қуддиса сирраҳу, аз муиддоти ҳусули мақосиди динӣ ва дунявӣ дониста ба он қасди инони таваҷҷўҳ ба савби маъмураи Хуҷанд маътуф гардонид. Ва аз сидқи нийат ва сафои тавийят маросими зиёрат ба тақдим расонида, даҳҳазор динори капекӣ аз ваҷҳе, ки тасдиқро шояд ба арбоби истеҳқоқ сарф фармуд.

Яке аз пешвоёни тариқати “Нақшбандия” Саййид Аҳмад ибни Саййид Ҷалолуддин, мулаққаб ба Махдуми Аъзам (1464 – 1542м.), муаллифи зиёда аз сӣ рисолаҳои ирфонию ахлоқӣ, ки бо номи “Маҷмаъ-ур-расоил” маъруф аст, ба зиёрати мазори Шайх расида будааст. Нақли зиёрати ў дар “Маноқиб” чунин омадааст: “Нақл аст, ки баъд аз чандин сол Махдуми Аъзам ба Хуҷанд расиданд ва дар мазори пуранвори ҳазрати Шайх Маслаҳатдини Хуҷандӣ се шабонарўз сокин гаштанд. Рўзи охир дар мазор даромаданд ва ду соати нуҷумӣ дар муроқиба шуданд. Баъд аз муроқиба Қуръон хонданд. Баъд аз он, бархостанд ва канори худро кушоданд ва шаш тан аз ёрони худро дар канор гирифтанд. Аз баракоти канори он Ҳазрат ва аз тобиши офтоби партави ҳазрати Шайх Маслаҳатдин Авлиё, баъзе аз инҳо ба мартабаи такмил ва иршод расиданд ва баъзе дигарон бимурданд. Баъдаҳу, фармуданд, ки “Ҳазрати Шайх дар камоли ҷазаба ва тасарруф буданд ва қутби замони худ буданд, ки ҳар боре, ки меоем, эшон илтифот ва инояти беҳад менамоянд”.

Ҳангоми ҷустуҷўҳо бо тазкираи “Музокираи дарвешон” дучор шудем, ки то ҳол ба доираи илмӣ ворид нашудааст. Асари мазкур навиштаи Халифа Абдулазизи Намангонӣ буда, маълумоти арзишмандеро оид ба зиндагиномаи аҳли тасаввуфи Осиёи Миёна, ки дар асри XVIII ва аввали асри XIX зиндагӣ кардаанд, дорад. Муаллифи асар якчанд маротиба аз шаҳри Хуҷанд дидан карда будааст. Ў аз шогирдони Домулло Мирзоэшон ва Домулло Зокир буда, он ҳарду аз шогирдони Домулло Азизони Хуҷандӣ будаанд ва Домулло Азизон аз муридони Мўсохоҷаи Даҳбедӣ.

Мўсохоҷа ибни Исохоҷаи Даҳбедӣ (ваф. 1775м.) – пешвои дигари тариқати “Нақшбандия”, ки аз фарзандзодагони Махдуми Аъзам будааст, ҳангоми сафараш аз Самарқанд ба Қўқанд аз шаҳри Хуҷанд дидан карда, ба зиёрати мазори Шайх Маслаҳатдин мушарраф шудааст. Исботи ин маъниро дар китоби “Музокираи дарвешон” Халифа Абдулазизи Намангонӣ чунин овардааст: “Ҳазрати Мўсохон ба тарафи Хўқанд омаданӣ шудан[д], чун ба Хуҷанд расиданд ба мазори хонақоҳи Шайх Маслаҳатуддин нузул карданд. Чун бегоҳ шуд, Эшони Шоҳ Дардо, яъне писари Эшони Шайдо ба ҳалқаи ҳазрат омада нишастанд. Баъд аз фароғи ҳалқа ҳазратро зиёрат карда, ба ҳавлиашон таклиф карданд. Ҳазрат қабул карда гуфтанд, ки “Шумо пештар равед, мо аз ақиб хоҳем рафт”. Чун ҳазрати Мўсохон ба хонаи Шоҳ Дардо рафтанд, Шоҳ Дардо зиёфати олӣ карда, Ҳазратро хурсанд карданд. Ҳавлии Шоҳ Дардо ба лаби дарё наздик будааст, аз ин ҷо баромада ба зиёрати Бобои Хуҷандӣ рафтанд, сониян ба мазори пуранвори Шайх Маслаҳатуддин омаданд хостанд, ки даромада зиёрат кунанд. Рўҳонияти Шайх итоб карданд, ки аввал ба хонақоҳи мо нузул кардӣ, боястӣ, ки маро зиёрат кунӣ, зеро ки Бобои Хуҷандӣ дар илми қол ва ҳам дар илми ҳол аз ман пастқадам буда. Ҳазрати Мўсохон арз карданд, ки “ал- мусофиру ка-л-аъмо”. Ҳазрати Шайх гуфтанд, ки: “Ту аҳли ботинӣ, аъмо нестӣ. Аввал кашфу тафриқа карда, баъд аз он иқдом ба зиёрат мекардӣ авло буд, акнун ба қабри ман наой ва бигард!” Мўсохонро аз биму ваҳшат изтироби тамом рўй дода, бисёр маъюс шуда, беруни дар нишастанд, гиряву зорӣ мекар- данд, то ин ки иҷозати зиёрат ёфтанд. Даромада зиёрат карданд. Баъд аз он риҷъату қаҳқаро намуда баромаданд. Яке аз ёрони ҳазрати Хон, ки Мирзо Фозили Бухорӣ буданд, ба кўчаҳои Хуҷанд маа Домулло Мирғоиби Хуҷандӣ саёҳат намуда рафта буданд. Иттифоқо, ба лаби ҷўе нишаста буданд, ки воқеаи итоби Шайх ҳазрати Мўсохонро кашф карданд ба Домулло Мирғоиби Хуҷандӣ гуфтанд, ки бихезед, ки ҳазрати Хонро дарёбем, ки чӣ воқеъ шуд. Дар роҳ мукошифоти эшон намуданд. Омаданд, ки ҳазрати Хон ба лаби ҳавзе, ки рўбарўи ҳазрати Шайх воқеъ аст нишастаанд. Аҳвол пурсиданд, биайниҳи ҳазрати Хон мувофиқи мо кашфи эшон тақрир карданд”.

Дар мавриди Домулло Мирғоиби Ҳуҷандӣ дар “Музокираи дарвешон” чунин омадааст: “Домулло Ниёз, ки ба Эшони Харсавор машҳуранд ҳазрати Мўсохонро хатиб будаанд, Домулло Мирғоиби мазкур имом будаанд. Домулло Ниёзи Харсавор маъмури ҷаҳрия будаанд, Домулло Мирғоиб маъмури хуфия буданд”. Абдулазизи Намангонӣ дар зикри ҷойи қабри Домулло Мирғоиби Хуҷандӣ чунин навиштааст: “Алҳол қабрашон дар Намангон дар наздикии масҷиди мазкур аст”. Муаллифи китоби “Музокираи дарвешон” худ низ ба зиёрати мазори Шайх Маслаҳатдин расида будааст, ки онро чунин ҳикоят мекунад: “Роқими ҳуруфро ба хотир хутур кард, ки аз мустанадони ҳазрати Мўсохон ҳастам, мабодо ба зиёрати ҳазрати Шайх Маслаҳатуддин, разияллоҳу таъоло анҳу, равам, аз ман истиғно кунанд. Вақте шуд, ки ба зиёрат рафтам дар беруни таҳти тоқ истода ба дуо машғул шудам. Дар кашфам маълум шуд, ки аз қабри ҳазрати Шайх касе қад рост карда мегўяд, ки “кел ўғлум, эчгари ҳуҷрага кир” ҳуҷра дарун ба дарун буд, ман дар беруни ҳуҷра будам, баъд аз ин воқеа ба остонаи ҳуҷраи дарун даромада зиёрат кардам”.

Аз мазмуни матни “Маноқиб” маълум аст, ки чанд нафари дигаре ҳам аз муридони Шайх Маслаҳатдин будаанд, аз он ҷумла, Шайх Низомуддин, ки қабраш дар маҳаллаи “Сари Баландӣ”-и шаҳри Хуҷанд то имрўз вуҷуд дорад ва ў аз дафтардорони авқофи Шайх будааст ва Бобои Ҳалвофурўш, ки аз ҳалвогарони Шайх буда ва қабраш дар таҳти гунбази Шайх Маслаҳатдин аст.

Дар китоби “Родословное дерево Мухтара Ауэзова”, ки натиҷаи таҳқиқоти муаррихи пуркории ўзбек Аширбек Мўъминов аст, бо такя ба матни китоби “Ҳадиқат-ул-орифин”-и яке аз бузургони машоихи турк дар асри XIV – Хоҷа Исҳоқ ибни Исмо- ил-ато ва насабномаи нависандаи машҳури қазоқ Мухтор Авезов чунин маълумот оиди ихлосмандони Шайх Маслаҳатдин омадааст: “Шайх Маслаҳатдини Хуҷандӣ ва Ёгоншайх пири қабилаи “Қатаған” будаанд” . Аз инҷо маълум мешавад, ки шояд аҷдоди қабилаи ўзбекони деҳаи Қатағани дар самти ҷанубу- шарқии шаҳри Хуҷанд, дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров вуҷуд дошта, аз ихлосмандони Шайх Маслаҳатдин будаанд.

Шайх Маслаҳатдин чун бисёре аз орифони бузург шеър ҳам месурудааст, ки намунаи онро бо истинод ба китоби “Таърихи Муллозода”-и Аҳмад ибни Маҳмуд устодон Садриддин Айнӣ дар китоби “Намунаи адабиёти тоҷик”, Эргашалӣ Шодиев дар асари “Тазкираи шоирони Хуҷанд”, Абдулманнон Насриддинов дар тазкираи “Донишмандон ва сухансароёни Хуҷанд”, Ҳоҷӣ Ҳусайн Мўсозода дар китоби “Ҳазрати бузургвор” овардаанд.

(Давом дорад) 

Содирхон Умаров

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин г...
Фирӯза Нуруллозода Фирӯза Нуруллозода Муовини Раиси шаҳрФирӯза Нуруллозода 9 феврали соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад...
Раҳматзода А.А. Раҳматзода А.А. Муовини Раиси шаҳрРаҳматзода Аюбҷон Алиҷон 7-уми августи соли 1974 шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1997  Д...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Сол...

Роҳбарони сохторҳо

Алимов У.С. Алимов У.С. Алимов Усмон Собирҷонович 20-уми майи соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1979 Донишгоҳи да...
Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Миркамолов М. Н. Миркамолов М. Н. Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10-уми ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳ...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...
Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода Мӯъмин Муҳаммад. 15-уми июни соли 1958  дарр   шаҳри Хуҷанд   таваллуд ёфтааст. Соли 1981 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми  августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи пол...
Самадов С.А. Самадов С.А. Самадов Сӯҳробҷон Абдусамадович 29-уми декабри соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1998 филиали ...
Собитова М. А. Собитова М. А. Собитова Мунзифа Аҳмадовна 14-уми  сентябри соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 1982 Донишгоҳи д...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдуқаҳоровна 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи да...
Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев Музаффар Анварович 8 августи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи да...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева Муҳайё Ҳалимовна 28 сентябри соли 1967 дар оилаи хизматчц ба дунё омадааст. Соли 1990 Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душан...
Мухбира Дониёрова Мухбира Дониёрова Тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз 30-юми июли соли равон мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр Мухбира Дони...
Солизода Раҳим Солизода Раҳим Солизода Раҳим Рашидӣ бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз моҳи июли соли 2017 ба вазифаи мудири бахши нақлиёт ва алоқа таъин гардид. Солизода Р...
Каримов Манучеҳр Каримов Манучеҳр Каримов Манучеҳр Мухторович бо фармоиши Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2018 бо тариқ...
Раҳмонзода Султон Раҳмонзода Султон Раҳмонзода Султон Раҳмон бо амри Раиси шаҳри Хуҷанд аз моҳи июли соли 2018 ба мансаби сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемолог...

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз3221
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта3478
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта10054
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта24015
mod_vvisit_counterҲамин моҳ97153
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта112362
mod_vvisit_counterҲамагӣ2628576