(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt Ба истиқболи Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Гиромӣ доштани мероси маънавии гузаштагон: фарҳангу ҳунар, таъриху адабиёт, дину мазҳаб ва ҳувияти миллӣ аз рисолатҳои муҳими ворисони ҳар қавму миллат аст. Бино ба гуф таи адабиётшинос Тўрақул Зеҳнӣ «имрўз ҳар қавм ва ҳар миллате, ки зиндаву бедор аст, ба мозии худ менозад ва ба таърихи хеш меболад ва бузургони гузаштаи худро ба хубӣ ёд мекунад. Ба муносибати пур шудани ҳар як қарну аср юбилей мекунад, ҷашне тартиб медиҳад, ҳайкал (муҷассама)-и эшонро мешинонад, ба номашон боғҳо ташкил менамояд ва ба шарофати эшон рисола, лавҳаҳо табъу нашр месозад».

Ин мулоҳизаи устод Зеҳнӣ бидуни баҳс қабул аст ва яке аз хонадонҳое,ки даҳҳо нави- сандагону шоирон, орифону зоҳидон ва муҳаддисону фақеҳонро дар канори худ парваридааст, дудмони Хуҷандиёни Исфаҳон ба шумор меравад. Таърихшинос Луқмон Бойматов дар ин бобат чунин гўяд: «Таърихи Исфаҳон худ гувоҳ аст, ки чи қадар ин хонадон (Оли Хуҷанд.-С.М.) дар кори сиёсат ва давлатдорӣ дурандеш ва борикбин будаанд ва низ устод дар сиёсат ва ҳикмату ирфон, ҳомии фазлу дониш, посдори зироату иморат ва, ҳамчунин, хислатҳои наҷиби Оли Хуҷандиён боис шуда, ки дар тўли беш аз 500 сол руасои шаҳре, ки дар гузашта нисфи ҷаҳон будааст, дар кафи ҳамин хонадони маърифатпарвар қарор дошта бошад. Хонадони Хуҷандиён дар равнақу ҳимояи меҳани дуюми хеш, яъне Исфаҳон ҷидду ҷаҳд ба харҷ дода ва бидуни шак, бо аъмоли фазилатдўстӣ ва раиятпарварӣ номи неки худро дар таърихи Эрон ҷовидона кардаанд»

Аммо, мутаассифона, корномаи илмӣ ва адабии шахсиятҳои ин хонадон ба таври шоиста таҳқиқ нашудааст, ба истиснои чанд мақолаи ҷудогонаи донишмандони эронӣ, ки на ҳамаи навиштаҳои эшон дар ин замина қобили пазириш мебошанд. Бинобар ин, ҷойгоҳ ва мақоми Оли Хуҷанди Исфаҳон дар фарҳангу таммаддун ва таърихи Эрон яке аз мавзўоти муҳим ва муфиди илми таърихшиносӣ буда, таҳқиқи он аз рисолати аслии таърихшиносон мебошад. Аҳволу осор, ҷаҳоншиносӣ ва ҳунари адабии Оли Хуҷанди Исфаҳон низ китобе ҷудогонаеро дархўр аст ва бо нигориши чанд сафҳа мавзўи онон шинохта нашавад. Аз ин рў, ҳадафи мо дар ин навишта танҳо таъйини теъдоди ашхоси маъруфи ин хонадон, пайванд ва муносибати Оли Хуҷанд бо Оли Туркаи Хуҷанди Исфаҳон иборат хоҳад буд.

Роҷеъ ба таъйини ашхоси маъруфи хонадони Хуҷандӣ аҳли таҳқиқ мулоҳизаҳои мухталиф иброз доштаанд. Аллома Қазвинӣ дар таълиқоти «Лубоб-ул-албоб» ба муносибати номе, ки Авфӣ аз Садруддини Хуҷандӣ ба миён оварда, феҳристи ҳашт нафар аз ин хонадонро барои аввалин бор муаррифӣ кардааст. Садри Ҳошимӣ дар мақолааш «Хонадони Хуҷандӣ дар Исфаҳон» перомуни 9 нафари шахсиятҳои маъруфи ин хона- дон матолиби арзишманде навишта, дар муқаддима чунин зикр ҳам кардааст: «Ин хонадон муддати як қарну ним раёсати мазҳабӣ ва балдии Исфаҳонро дошта». Ҳамзамон аз китобхонаи хуҷандиён дар Исфаҳон ва мақбараи онон ёд кардааст.

Пас аз дарҷи қисмати асосии мақолаи Садри Ҳошимӣ масъулони маҷаллаи «Ёдгор» барои такмили он ду нафари дигарро аз ин хонадон шиносонида, дар ин замина феҳристи хонадони Хуҷандиёни Исфаҳонро 11 нафар шуморида, чунин таъкид ҳам кардаанд, ки дар натиҷаи ҷустуҷўҳои илмӣ имкон дорад, афроди дигаре ҳам аз ин хонадон ба даст ояд.

Тибқи навиштаҳои Муслиҳиддини Маҳдавӣ дар китоби “Донишмандон ва бузургони Исфаҳон”ашхоси барўманди ин хонадон 13 нафар будаанд. Сайидалӣ Довуд, дар такя ба навиштаҳои аллома Қазвинӣ, Садри Ҳошимӣ ва Муслиҳиддини Маҳдавӣ 14 тан аз шахсиятҳои маъруфи хонадони Хуҷандиёни Исфаҳонро муаррифӣ кардааст, ки номҳои эшон ба тариқи зер аст:

1. Абўбакр Муҳаммад ибни Собити Хуҷандӣ (ваф.483ҳ./1090м.)

2. Абулмузаффар ибни Муҳаммад ибни Собит (ваф. 496ҳ./1103м.)

З. Абдулатиф ибни Муҳаммад ибни Собит (ваф.523ҳ./ 1123м.)

4. Абусаид Аҳмад ибни Муҳаммад (443-531ҳ./ 1051-1137)

5. Абулқосим Масъуд ибни Муҳаммад (зинда то 494ҳ./1101м.)

6. Садруддин Абубакр Муҳаммад ибни Абдулатиф (ваф. 551ҳ./1157м.)

7. Ҷамолиддин Маҳмуд ибни Абдулатиф ибни Муҳаммад (543ҳ./1148м.)

8. Садруддин Абулқосим Абдулатиф ибни Муҳаммад(553- 580ҳ./1141-1174м.)

9. Абўиброҳим Убайдуллоҳ ибни Муҳаммад (584ҳ./1188м.)

10. Садриддин Муҳаммад ибни Абдулатиф (592ҳ./1196м.)

11. Садриддин Умари Хуҷандӣ(асри VIIҳ./ҶIIIм.)

12. Шаҳобиддини Хуҷандӣ (633ҳ./1236м.)

13. Имодулислом Азудуддини Хуҷандӣ (635х./1237.)

14. Абусаид Алоуддин Собит ибни Муҳаммад (548- 637ҳ./1153-1239м.)

Донишманди таърихшинос Луқмон Бойматов бидуни 14 нафари шахсиятҳои ин хонадон, ки дар боло исмашонро овар- дем, боз 5 нафарро дар такя ба маълумоти «Доиратулмаорифи бузурги исломӣ» зери унвони «Хуҷандиёне, ки тахаллуси туркаи Хуҷандии Исфаҳонӣ доштаанд», ба таври алоҳида чунин муаррифӣ кардааст.

1. Садриддин Абўҳомид Муҳаммад (зинда то соли 1318 м.).

2. Соинуддин Алӣ ибни Муҳаммад (тавалллуд дар нимаи қарни ҳаштум (14м.) - вафот 836ҳ. (1433м.).

3. Афзалиддин Муҳаммад ибни Садриддин (вафот 850ҳ./ 1449м.).

4. Афзалиддин Муҳаммад ибни Ҳабибуллоҳ (991ҳ./ 1583м.).

5. Афзалиддин Муҳаммад (Мушир Муҳаммад ибни Абўҳомид Туркаи Хуҷандӣ – вафот маълум нест) .

Хонум Ҷудии Неъматӣ илова бар ин панҷ нафар боз роҷеъ ба се тан аз афроди дигари хонадони «Турка»:Ҷалолиддин Муҳаммад, Зиёуддин Алӣ ва Мулло Музаффар ба таври мухтасар иттилоъ дода, аз Мулло Музаффар, ки шоири замони Аббосӣ буд, як рубоиро овардааст: Разми ҳинду теғи иқболи туро рўшангар аст, Оре-оре сайқали оина аз хокистар аст. Баҳри дафъи чашмзахми найири ҷоҳат ба чарх, Душманатро ахтари толеъ сипанди миҷмар аст

Дар ин сурат шахсиятҳои номовари хонадони Хуҷанди Исфаҳон ба 22 нафар мерасад, аммо иҷмои муҳаққиқони мазкур тавзеҳ надодаанд, ки аз ин теъдод ба кадом иллат танҳо 8 нафар, нисбаи «турка» ба худ гирифтаанд. Бинобар ин, чунин суол ҳам ҷойи омадан дошта метавонад, ки оё хонадони «Оли Хуҷанди Исфаҳон» ва «Оли Туркаи Хуҷанди Исфаҳон» ба як реша пайванд аст ё хайр? Баҳри посухи ин суол муносиб аст, ки иҷмолӣ аз таърихи ҳар ду хонавода ба баён ояд, то монандӣ ва пайвандмиёни онҳо ошкор гардад.

Мутобиқи ахбору асноди сарчашмаҳои дасти аввал Хоҷа Низомулмулки Тўсӣ(1017-1092) вазири Маликшоҳи Салҷуқӣ ба нияти гузоридани намози ҷумъа ва ҷиҳати густариши мазҳаби Шофеӣ ба масҷиди ҷомеъи шаҳри Марв ворид мешавад, ки дар он замон нахуст фарди маъруфи ин хонадон Имом Абўбакр Муҳаммад ибни Собити Хуҷандӣ (ваф.483ҳ./1090м.) мардумро мавъиза менамудааст. Хоҷа Низомулмулк «дар он маҷлис шефтаи фазлу фиросати Абўбакри Хуҷандӣ шуда, аз ў хост, ки ҳамроҳи вай ба Исфаҳон биравад ва раёсати шофеиён ва сарпарастии Ни- зомияи онҷоро бар ўҳда гирад». Абўбакри Хуҷандӣ ин даъватро пазируфта, ҳамроҳи ў ба Исфаҳон омад ва раёсати Шо- феиён ва масъулияти мадрасаи Низомияи ин шаҳрро ба зимма гирифт.

Ин мадрасаро минбаъд ба муносибати лақаби Абубакри Хуҷандӣ - Садриддин, «Садрия» номиданд. Ҳанўз ҳам ин мадраса дар Исфаҳон бо номи «Садрия» маъру- фият дорад, ки дар шафати «Нақши ҷаҳон» воқеъ аст ва ҳамарўза мардумони олам аз он ҷо дидан мекунанд. Роқими ин сутур низ ҳангоми ширкат дар 31-умин давраи донишафзойи Донишгоҳи байналмилалии Қазвин (3-31августи 2014) ин мадраса ва масҷиди Хоҷа Садрро зиёрат кардаам.

Ҳоло баргардем сари мавзўи аслӣ. Бад-ин тартиб, бо омада- ни Абўбакри Хуҷандӣ ба Исфаҳон муҳоҷирати хонадони Хуҷандӣ ба ин шаҳр оғоз гардид, яъне аз асри Х1 ба баъд. Адабиётшиноси эронӣ Иброҳими Дебоҷӣ ҳам навиштааст, ки «бо ҳамин ҳиҷрат (яъне бо омадани Абўбакри Хуҷандӣ.- С.М.) пои Хуҷандиён ба ин ноҳия (яъне Исфаҳон.-С.М) боз гардид».

Ин хонадон пас аз он ки дар Исфаҳон сокин шуданд бо ин сарзамин ва мардумион,авзои сиёсӣ-иҷтимойӣ, мазҳабӣ ва фарҳангии он ҷо ошно гардида, дар ҳикмату ирфон, дин, сиёсат ва давлатдорӣ яке пас аз дигаре даст ёфтанд.Аксари онҳо мудар- рис буданд,бинобар ин, раёсати шофеиён ва сарпарастии Низо- мияи Исфаҳонро бар уҳда гирифтанд ,зимоми ҳукумат низ дар тассулути онҳо қарор дошт ва пеш аз ҳама ҳомии фазлу дониш буданд. Махсусан, Абўбакри Хуҷандӣ пас аз истиқомат дар шаҳри Исфаҳон зуд маъруф гардид ва ба маҷлиси дарсаш аз дуртарин кишварҳои исломӣ ҳозир мешуданд, ки дар натиҷа як зумра до- нишварони он замон дар ин мадраса таҳсил намуда, зери назари ў ба дараҷаи илмӣ расида будаанд, ба монанди:

1. Абўалӣ Ҳасан ибни Сулаймон (ваф. 525ҳ./1131м.), ки наз- ди Абўбакри Хуҷандӣ илми фиқҳ омўхт ва мансаби қазои Хузи- стон ва устоди Низомияи Бағдодро дарёфт.

2. Абўабдуллоҳ ибни Саъди Розӣ (мутаваффо 525ҳ./ 1131м.) яке аз муридони маъруфи Абўбакри Хуҷандӣ.

3. Аҳмад ибни Салома (мутаваффо 527ҳ./ 1133м.) дар мадра- саи Низомияи Исфаҳон аз Абўбакри Хуҷандӣ фиқҳ омўхтааст .

4. Абуалаббос ибни Ратбӣ аз шогирдони Абўбакри Хуҷандӣ будааст.

5. Садриддини Варовинӣ соҳиби китоби «Марзбоннома».

Бибояд гуфт, ки Исфаҳон бо ҳамаи густариш ва пешрафтҳое, ки дар замони Салҷуқиён дошт, аз назари иҷтимоӣ-сиёсӣ ором набуд. Асосан авзои онро ошўбҳо ва даргириҳои мазҳабӣ нобасо- мон месохт. Бештари мардуми Исфаҳон дар он рўзгор пайравони мазҳабҳои шофеӣ ва ҳанафӣ буданд ва ҳадди ақали онро шииён ташкил медоданд: «Салҷуқиён ҳанафимазҳаб буданд ва раёсати умури динӣ, фарҳангӣ ва маҳокими шаръии онон бо «Оли Соид» буд. Ва дар муқобил Хоҷа Низоми Тўсӣ ва дастнишондаҳои ў шофеимазҳаб буданд ва зимоми умури муҳими динӣ ва фарҳангии ононро «Оли Хуҷанд» бар уҳда доштанд. Пайравони «Оли Соид» бо «Оли Хуҷанд» ҳамвора бо ҳам задухўрд ва мухосима- ту мунозиат доштанд. Ин даргириҳо ва харобиҳо вайрониҳои ҷуброннопазиреро дар пай дошта будааст». Пас аз вафоти Маликшоҳи Салҷуқӣ, қатли Хоҷа Низомул- мулки Тўсӣ ва даргузашти Садриддини Хуҷандӣ ошўбҳои ис- моилиён ва дигар фирқаҳои зидди шофеиён авҷ гирифт. Дар ин даргириҳо мардуми бисёре ба қатл расид, аз ҷумла, соли 533ҳ./ 1129 м. Абдулатифи Хуҷандӣ – раиси шофеиёни Исфаҳон ҳам кушта шуд. Аз як тараф, моҷарои шофеиён ва ҳанафиёни Исфаҳон, аз тарафи дигар, фитнаҳои исмоилиён ва зиддияти фирқаҳои дохилӣ вазъро нобасомон ва зиндагии орому осударо аз мардум рабуд. Ҳамзамон бо ҳуҷуми муғул ба Эрон ва Исфаҳон ҳама ҷо ба хоку хун яксон шуда, аз маҳаллаи «Дардашт»-и шофе- инишини Оли Хуҷанд ва «Ҷўйбора»- и ҳанафинишини Оли Соид ҷўйҳои хун равона гардид.

Шоири маъруфи Исфаҳон, Камолиддин Исмоил, авзоъ ва аҳволи он замонро бо чашми сар мушоҳида карда, орзу мекунад подшоҳе хунхора биёяд ва ин авзоъро орому осуда намояд:

То Дардашт ҳасту Ҷўйбора

Нест аз кушишу кашиш чора.

Эй Худованди ҳафт Сайёра,

Подшоҳе фирист хунхора,

То ки Дардаштро чу дашт кунад.

Ҷўйи хун оварад зи Ҷўйбора.

Бо таваҷҷуҳ ба он чи гузашт метавон гуфт, ки дар натиҷаи мухолифатҳои мазҳабӣ,ошўбҳои дохилии Исфаҳон,фитнаҳои исмоилиён ва аз ҳама муҳимтар ҳуҷуми урдуи муғул(616ҳ./1219м.) ашхоси хонадони Хуҷандиро нобуд сохт ва «бозуҳури фарзонаи мудаббир ба номи Рашидаддини Фазлуллоҳ боз хуҷандиёни Исфаҳон таҷаллӣ намуданд ва ин бор бо номи «Туркаи Хуҷандӣ мартаба ва манзалати аз дастрафтаро боз ёфтанд».

Яъне аз ин мулоҳизаҳо ба чунин натиҷа метавон расид, ки ин ду хонавода фарзондони як дудмон будаанд ё ба сухани дигар Оли Туркаи Хуҷанди Исфаҳон ҳамон хонадони Хуҷандии Исфаҳон аст. Дар миёни ин хонадон расм будааст, ки як ном ё лақаб миёни падар ва ҷадди ў вуҷуд дошта, ба монанди Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Муҳаммад. Ҳамин амр сабаби иштибоҳоти зиёде дар китобҳои риҷолӣ ҳам шудааст. Чанд нафар ашхоси барўманди ин хонадон ҳам унвони ифтихории “Садруддин” до- штанд. Ё Афзалуддин, Зиёуддин ва Ҷамолиддин лақабҳое буданд роиҷ андар миёни хонадони Хуҷандӣ ва ин тарзи номгузорӣ аз соли 450ҳ./1058м. то 1050ҳ./1640м. яъне аз рўзгори Салоҷиқа то замони Сафавия идомат ёфтааст.

Бояд зикр кард, ки ҳоли ҳозир ҳам дар Исфаҳон Хуҷандиён сукунат доранд ва аксари онҳо низ ному алқоби Садруддин ва Ҷамолуддинро доранд. Бархеи онҳо мутаносиб ба замон номи фарзандонашонро Алӣ гузошта, дар ин маврид ҳам нисбаи хуҷандиро нигоҳ доштаанд, ҳамчун Алии Хуҷандӣ ва мисли ин. Матлаб ин аст, ки ин ду хонадон ба ҳамин тартиб номгузорӣ мешуданд ва ягонагии ному нишон, урфу одати хонаводагӣ, пайкорҳои илмӣ ва иҷтимоӣ, мақому мансаб, мазҳаб, маҳалли зист ва инчунин таълиму тасниф ҳамагӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки ин ду дудмон фарзандони як хонаводаанд. Танҳо чизе ки муҷиби ҷудоии ин хонадон гардида, як фосилаи замонӣ будааст. Ба қавли Иброҳими Дебоҷӣ табиӣ ва мантиқӣ нест, ки пас аз ҳуҷуми муғул ба Эрон ва он ҳама хунрезиҳо, ки овозааш ҷаҳонро гирифта буд, боз гурўҳе ба Эрон муҳоҷират намуда бошанд. Азбаски шуҳрати Хуҷандиён пеш аз ҳуҷуми муғулҳо ташвиқи мазҳаби шофеӣ ва ба ҳам омадани зиддиятҳои мазҳабиро менамуда будааст, «ин бор ин хонадон лақаби «Туркаи Хуҷанди»-ро баргузидааст. Илова бар ин, боз чанд авомили дигар дар ин замина мавҷуд аст, ки мо дар ин бобат бамаврид сухан гуфтаем.

Дар воқеъ, Оли Хуҷанди Исфаҳон яке аз маъруфтарин хонадонҳо дар таърихи Эрон ба ҳисоб меравад ва имрўз ҳам хи- ёбони “Оли Хуҷанд” дар Исфаҳон мавҷуд аст. Ҳамчунинин хо- надон дар Исфаҳон китобхонаи бузурге ҳам доштанд ва «бо ин ки дар соли 542ҳ.(1147м.-С.М) ба дастури Наҷмиддин Рашиди Усмонӣ китобхонаи эшон сўхт боз мебинем,ки баъд аз ин воқеа аз китобхонаи онон номе бурда мешавад ва донишмандон аз ку- туби он китобхона истифода кардаанд. Яке аз касоне, ки аз ку- туби китобхонаи Хуҷандиён зикре ба миён оварда, Абулшарафи Гулпойгонӣ дар тарҷимаи «Таърихи Яминӣ» аст…». Фиросату дироят ва заковати шахсиятҳои ин хонадон шоҳид бар он аст, ки кору пайкори онҳо дар хотираи таърих ба некномӣ ва саодатмандӣ сабт шудааст. Авсофи Хуҷандиёни Исфаҳон дар шеъри форсӣ-тоҷикӣ, махсусан, дар садаҳои шашум ва ҳафтуми ҳиҷрӣ аз зумраи мавзўоти писандидаи сухансароёни ҳамон давраи ашъори мадҳии форсӣ-тоҷикӣ маҳсуб мешавад. Ҳатто асомии баъзеи он ашхос ҳамчун образи некӣ ва наҷот пазируфта шудаанд, ҳамчунон ки Шайх Саъдӣ дар «Бўстон» ишора мекунад:

Яке хори пои ятиме биканд,

Ба хоб андараш дид Садри Хуҷанд.

Ҳамегуфту дар равзаҳо мечамид,

К-аз ин хор бар ман чӣ гулҳо дамид.

Ҳамин тариқ, дар такя ба сарчашмахои дасти аввал ба ху- лосае метавон омад, ки ин ду хонавода фарзандони як дудмон будаанд ё ба баёни дигар Оли Туркаи Хуҷанди Исфаҳон ҳамон хонадони Хуҷанди Исфаҳон мебошад. Ваҳдат дар ному нишон, корномаҳои илмию фарҳангӣ, манзалати иҷтимойӣ, мазҳаб ва маҳалли зист дар Исфаҳон ҳамагӣ гувоҳи онанд, ки ин ду хона- вода ба як реша пайванд доранд. Агарчи баъзе шахсиятҳои маъ- руфи хонадони Хуҷанди Исфаҳон ҳамчун Соинуддин ибни Алӣ эътироф кардаанд, ки: “фармуда буданд, ки аҷдоди бандагон аз Хуҷанд будаанд ва лақаби“ турка ”аз он ҷост”, аммо мушоҳида ва мулоҳизаҳои муаллифи ин сатрҳо муайян намуд, ки худи Соинуддин ягон асари туркӣ наофаридааст, дар ҳоле, ки таълифоти арабӣ ва форсӣ-тоҷикии вай шомили 70 китоб аст. Аф- роди дигари ин хонадон ҳам чизе ба забони туркӣ таълиф накар- даанд. Бинобар ин, танҳо чизе, ки сабабҳои парокандагии ин хо- надон гардида буд, нахуст маъруф будани Хуҷандиёни Исфаҳон ҳамчун сарчашмаи сар задани ошўбҳо ва ихтилофҳои мазҳабӣ дар Исфаҳони он рўзгор. Дигар ҳуҷуми урдуи муғул ба хоки Эрон, ки пас аз харобиҳои фитнаи муғул ва оромии нисбие, ки дар Исфаҳон барқарор гардид, боз Хуҷандиёни Исфаҳон таҷаллӣ намуданд, аммо ин навбат бо унвони «Туркаи Хуҷандӣ» мартабаи аз дастрафтаро боз ёфтанд.

Аз осори суханварони Хуҷандиёни Исфаҳон ва бар пояи маълумоте, ки дар даст ҳаст, метавон чунин мулоҳиза кард, ки зимоми ҳукумат ва раёсати мазҳабӣ, сиёсӣ ва фарҳангии Исфаҳон муддати 600 сол дар тасаллути ин хонадон қарор доштааст, яъне аз даврони Салоҷиқа то рўзгори Сафавия ва ашхоси барўманди он бо кору пайкори худ дар тарвиҷу интишори забону адаби форсӣ-тоҷикӣ ва ҳикмату фарҳанги мардуми эронитабор, инчунин дар раванди сиёсӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангии рўзгори хеш нақши носутурданӣ гузоштаанд, ки бидуни таваҷҷўҳ ба ҷойгоҳ ва манзалати ин хонадон баррасии таъриху фарҳанг ва адабиёти мардуми форсизабон комил нахоҳад буд.

Садриддин Мирзоев

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...