498
(0 овоз, миёна 0 аз 5)
13 Март 2014
Бо мақсади риоя намудани мӯҳлати ниҳоии нигоҳдории ҳуҷҷатҳо ва ба нигоҳдории давлатӣ ва байниидоравӣ супоридани ин ҳуҷҷатҳо Бахши бойгонии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҳуҷҷатҳои мӯҳлаьти ниҳоии нигоҳдориашон ба итмом расидаи солҳои 2002- 2009-ро ташхис намуд. То имрӯз зиёда аз панҷ ҳазор ҳуҷҷатҳо коркарда карда шуда, 192 парванда барои нигоҳдории доимӣ, 40 парванда ба бойгонии ҳайати шахсӣ ва 4859 ҳуҷҷат бошад барои нобудкунӣ фиристода шуд. Дар баробари ин дар ҳамкорӣ бо бойгонии вилоятӣ тибқи супориши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 11 апрели соли 2013 №34.2-75 (10) ҷиҳати омӯзиши вазъи кори нигоҳдории давлатии сарватҳои бойгонии миллӣ дар шаҳру ноҳияҳо, ҳуҷҷатҳои арзишноки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба шакли электронӣ гузаронида шуда истодааст.
То ҳол 2865 ҳуҷҷат ба шакли электронӣ гузаронида шуда, барои нигоҳдории доимӣ супорида шудааст.
Шарҳ додан