(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ба ҳама маълум аст, ки Ҳизби наҳзати исломӣ баъди исбот гардидани амалҳои террористӣ ва ҷиноятҳояш бо қарори Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ ва террористӣ эълон гардидааст. Тибқи қонун тамоми роҳбарияту аъзоёни ин ташкилот террористанд. Мантиқан тамоми ташкилоту созмонҳо, аз ҷумла касоне ки бо ТТЭ ҲНИ ҳамкорӣ доранд ва ё онро таблиғ мекунанд, низ террористу ифротгаро ҳисобида мешаванд. Мирзои Салимпур мисле ки вақтҳои охир дида мешавад, ба роҳи дигари ислоҳотхоҳӣ дар навишти ҳодисаҳо қадам бардоштааст.
Чунончи, ин журналист дар сомонаи “Ахборком” ба ҳақиқат наздик шуда, чеҳраи наҳзат ва роҳбаронашонро, ки ифротию террористанд, ба таври ҳирфавӣ ифшо кардааст. Дар сурате, ки ба таври мунтазам пештар ТТЭ ҲНИ-ро таблиғ менамуд, масъулони ин сомона ба назар мерасад, ки меъёрҳои касбиро риоя карда истодаанд. Ба эҳтимоли зиёд Салимпур ба усули адолатхоҳӣ ва мунсифона бозгӯӣ кардани воқеаҳои вобаста ба наҳзат ва бозбинии нақши як ҳизби динӣ рӯй овардааст.
Чунончи, санаи 10.08.2019с. дар сомона матлаберо таҳти унвони “Сабти нодири видеоии маросими видоъ бо Нурӣ” нашр кардааст, ки ин амал бо мақсади бозтоби ҳақиқати таърихӣ ва нишон додани саҳми манфии ташкилоти террористии мазкур дар таърихи муосир анҷом дода шудааст. Ин пажӯҳиши ҷавонмардонаи Салимпур як амали мусбат буда, ҳамдастии ӯро бо қувваҳои ватандӯст исбот менамояд.
Масалан, дар ин матлаб Салимпур аз С.А.Нурӣ ёдовар шуда, менависад, ки “ ин раҳбари собиқи ТТЭ ҲНИ нақши боризе дар таърихи навини тоҷикон гузоштааст”. Аммо Нурӣ агар нақше дар таърихи навини тоҷикон дошта бошад, он ҳатман манфӣ мебошад. Зеро яке аз нафарони дар сар задани ҷанги шаҳрвандии солҳои навадуми Тоҷикистон дастдошта маҳз ҳамин Нурӣ аст, ки он замон сарвари ТТЭ ҲНИ буд. Маҳз ҳамин нафар бо ҳамроҳии чанд ҳаммаслаки дигари худ исломи сиёсиро ба кишвари мо оварданд, идеология ва мазҳаби бегонаро дар байни аҳолии Тоҷикистон паҳн карданд, бо дастури хоҷагони хориҷии худ вазъиятро ноором сохтанд ва боиси сар задани хунрезию харобиҳо дар Ватани мо гардиданд”. Дар зери ҳар ин ҳарфи М.Салимпур имзо кардан мумкин аст.
Салимпур дар қисмати дигаре аз мақола менависад, ки “падари Нурӣ бо вуҷуди корманди мақомоти давлатӣ буданаш, шахси тақводоре буд ва фарзанди худро таълими динӣ дода буд”. Лекин дар асл падари Нурӣ ба хотири манфиат дар мақомоти давлатии замони шӯравӣ фаъолият мекардааст, аммо дар ботин як нафар мазҳабии ифротӣ будааст. Писари худро низ аз хурдсолиаш чунин тарбия додааст.
Ҳамин тавр, Нурӣ ҳам мисли падараш тадриҷан ба як нафари ифротгаро табдил меёбад. Бо вуҷуди дар мактабу техникуми шӯравӣ таҳсил кардан ва ба сифати муҳандис кор кардан, вай дар ботинаш шахси дигар буд. Як нафаре бо андешаҳои зиддимилӣ ва вопасгароёна буд, ки мехост дар кишвар як низоми асримиёнагиро ҷорӣ намояд.
Ҷинояткорӣ, пинҳонкорӣ, фаъолияти зиддидавлатию зиддимардумӣ ҳануз аз хурдсолӣ ҳамсафари ҳаётии Нурӣ буданд. Дар давраи навҷавониаш вай ҳамроҳи Қаландари Садриддин, Одинабеки Абдусалом, Неъматуллоҳи Эшон дар мактаби пинҳонии Қорӣ Муҳаммадҷон Рустамов (Мавлавӣ Ҳиндустонӣ) таълимоти ғайрирасмии динӣ мегирифт. Албатта маълум аст, ки Мавлавии Ҳиндустонӣ як фарди ғайритоҷики дар мактабҳои махсуси хориҷӣ таълимдида буд ва ба шогирдон на исломи анъанавӣ, балки исломи сиёсиро таълим медод ва онҳоро ба амалҳои ҷинояткоронаи зиддидавлатӣ таҳрик медод.
Баъдтар маҳз ҳамин шогирдони мактаби пинҳонии Мавлавӣ Ҳиндустонӣ ташкилоти ифротгароёнаи “Наҳзати ҷавонони исломӣ”-ро созмон доданд, ки дар охири замони шӯравӣ ба ТТЭ ҲНИ табдил дода шуд. Ному насабҳои афғониву покистонӣ ва арабу ҳиндустонӣ дар таърихи наҳси ин ҳизби маргофар зиёд ба қайд гирифта шудааст. Мафтуншавии наҳзат аз ҳар он чи асли бегона ва насаби хориҷӣ дорад, дар ҳар риштаи фаъолияти он эҳсос мешавад. Чунончи, Салимпур барҳақ ҷанбаи хориҷӣ доштани ҳизби наҳзат ва даст доштани масъулони онро дар бозиҳои хатарноки сиёсӣ зикр намуда, илова мекунад:
“Мавлавии Ҳиндустонӣ баъди чанд даъваташ ба КГБ ва таҳдиди ҳабс аз Исломи сиёсӣ канор рафт, вале Саид Абдуллоҳи Нурӣ бо 4 шарикдарсаш –Қаландари Садриддин,Одинабеки Абдусалом, Неъматуллоҳи Эшон ва Қорӣ Муҳаммадҷондар соли 1973, баъди баста шудани мадрасаи пинҳонии Мавлавии Ҳиндустонӣ дар маҳаллаи Аэропорти кӯҳнаи Душанбе дар фикри ташкили ҳалқаҳои нави дарсӣ ба хотири таълими Ислом ба мардум шуданд. Раҳбарони ҳизби феълан мамнуъи наҳзати исломии Тоҷикистон таърихи фаъолияти худро аз нахустин ҷамъомади ҳамин 5 нафар ҳисоб мекунанд.
Дар соли 1974 дар заминаи ҳалқаҳои дарсии ташкилшуда, ки аксараш дар водии Вахш буд, тарафдорони Нурӣ ташкилоте сохтанд, ки пинҳонӣ амал мекард ва аъзояш байни худ онро "созмони ҷавонон” ва "наҳзати исломӣ” ном мебурданд. Замоне ки мардум дар фикри рифоҳу осоиштагӣ буд, доираҳои тангназари наҳзатӣ, нақшаи бесуботӣ ва таҳрик кардани бетартибиҳои ҷамъиятиро мекашиданд. Дар он давра ин омил метавонист тобиши фарогир касб намояд. Қонунгурез будани ҳалқаҳои ғайриқонуниро дар ниқоби дин сармуҳаррири “Ахбор” бо дарки масъулият ин тавр менигорад: «Соли 1986 мақомоти амниятии Шӯравӣ билохира фаъолияти ин гурӯҳи исломиро ошкор карданд ва Нурӣ бо ҳудуди 40 тарафдораш дар як ҷамъомад барои муддате дастгир шуд. Соли 1987 ӯро аз нав боздошт ва ин дафъа ба якуним соли зиндон маҳкум карданд. Нурӣ ҳукми зиндонашро дар Сибири Русия адо кард».
Вазъияти солҳои охири мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ шароити мусоидро барои афзоиш ёфтани ҳаракати наҳзатиҳо ва бо таъсири онҳо дар кишвар паҳн гардидани ифротгароӣ фароҳам овард. Ҳамин буд, ки бо вуҷуди ифротгарою дорои “доғи судӣ” будани Нурӣ (солҳои 1987-1988 бо сабаби содир кардани ҷиноятҳои дар боло зикршуда дар маҳбас буд), ӯро ҳаммаслаки дигараш А.Тураҷонзода, ки он замон Қозии Тоҷикистон буд, дар соли 1988 ба вазифаи сардабири маҷаллаи “Минбари ислом” таъйин мекунад. Ин нақзи қонунгузории ҷумҳурӣ дар соҳаи кадрӣ буд, ки то ин замон маҳкумшудаҳо дар сохтори давлатӣ иҷозати кор надоштанд.
Дере нагузашта дар моҳи августи соли 1991 наҳзатиҳо аз вазъияти ноороми Иттиҳоди Шуравӣ суиистифода карда, дар шаҳри Душанбе гирдиҳамоии зиддидавлатӣ ташкил мекунанд. Ин амалҳоро маҳз Нурӣ ҳамчун раҳбари ТТЭ ҲНИ бо дастури хоҷагони хориҷиаш анҷом медод. Дар натиҷаи ин амалҳои фишороварандаи наҳзатиҳо Президенти ҳамонвақтаи Тоҷикистон Қ.Маҳкамов ба истеъфо рафт ва ТТЭ ҲНИ ба як ҳизби расмӣ табдил ёфт. Ин аввалин зарбаи наҳзатиҳо ба дунявият, демократия, ҳуқуқу озодиҳо ва хушбахтии мардум буд. Салимпур бо пойбандӣ ба масири миллисозӣ ва шинохти комил аз вазъият ин ҳолатро чунин тасвир мекунад:
“Моҳи августи соли 1991, баъди шикасти ГКЧП дар майдони Озодӣ дар маркази Душанбе бо талаби истеъфои раисиҷумҳур Қаҳҳор Маҳкамов гирдиҳамоии густардае доир шуд, ки бештари иштироккунандагонашро ҳизби наҳзати исломии Саид Абдуллоҳи Нурӣ ба майдон оварда буд. Ин гирдиҳамоӣ, истеъфои Маҳкамов ва сабти номи расмии ҳизби наҳзат дар поёни ҳамонс оли 1991 аз нахустин пирӯзиҳои ин ташаккули сиёсӣ буд.
Ҳизби наҳзати Нурӣ ҳамин тавр, дар гирдиҳамоиҳои тирамоҳи соли 1991 ва баҳори соли 1992 дар Душанбе нақши асосиро бозӣ мекард ва бо оғози даргириҳои мусаллаҳона дар соли 1992 ба яке аз тарафҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон табдил ёфт”. Ин санади раднашавандаи таърихӣ, нақши тахрибкоронаи наҳзатро дар таърихи муосир бараъло нишон медиҳад.
Яъне аз ҳамон вақт раванди аз байн рафтани сохти конститутсионӣ, фалаҷ гардидани сохторҳои давлатӣ ва таъсиру нуфузи зиёд пайдо кардани ТТЭ ҲНИ бо раҳбарии Нурӣ шуруъ шуд ва тадриҷан авҷ гирифт. Он замон ба “шарофати” наҳзатиҳо бадбахтиҳо яке аз паси дигар ба сари кишвари тозаистиқлоли мо меомаданд.
Ҳамаи мо хуб дар хотир дорем, ки чи гуна таблиғгарони наҳзатӣ дар шаҳру деҳоти Тоҷикистон фаъолияти пурзури зиддидавлатию зиддимардумӣ анҷом медоданд. Қишри зиёӣ, хусусан муаллимону олимон ва онҳоеро ки ба ақидаашон мухолиф буданд, таҳқир мекарданд, то ба ҷойи онҳо худашон дар ҷомеа таъсир дошта бошанд.
Баъдтар дастаҳои қотилони худро созмон доданд ва ба куштори дигарандешон, намояндагони мақомоти давлатӣ ва зиёиҳои асил шуруъ карданд. Моликияти мардум, ҷамъият ва давлатро ғорат мекарданд. Тадриҷан наҳзатиҳо дар кишвар пурра фазои тарсу ҳарос ва нооромию нобовариро ба миён оварданд ва оқибат ҷанги шаҳрвандиро роҳандозӣ карданд. Ҷанги хонумонсузи дохилӣ, ки маҳсули фаъолияти ТТЭ ҲНИ буд, боиси кушта шудани бештар аз саду панҷоҳ ҳазор ва овораю фирорӣ шудани садҳо ҳазор гардид. Ҳамаи амалҳои наҳзатиҳо, ки раҳбарашон Нурӣ буд, аз ҷониби доираҳои манфиатдори хориҷӣ раҳнамоӣ ва назорат мешуд.
Хушбахтона, аксарияти мардуми Тоҷикистон аз мақсадҳои нопоки наҳзатиҳо огоҳ шуданд ва ба мубориза бар зидди ин неруи аҳриманӣ бархостанд. Дар натиҷа наҳзатиҳо аз кишвар фирор карданд ва дар хориҷа зери таъсири бевоситаи сармоягузорони хориҷиашон аз он ҷо амалҳои тахриботии душманонаашонро бар зидди Тоҷикистон идома медоданд. Дар мавриди гароишҳои сулҳхоҳонаи ниҳодҳои ҳукуматӣ М.Салимпур одилона зикр мекунад, ки: “Ҳукумати Тоҷикистон баъди 5 соли ҷанг бо нерӯҳои ин Иттиҳод созишномаи сулҳ бо мухолифинро имзо кард”. Дарвоқеъ ин гуфта, ҳақиқати мутлақ аст, зеро давлат бо ҲНИ нею бо иттиҳоди нерӯҳои оппозитсионӣ сулҳ ба имзо расонид ва ин воқеа аз ҷониби чӣ коршиносони дохилӣ ва чӣ хориҷӣ собит шудааст.
Дар моҳи июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ байни Раҳбарияти кишвар ва раҳбарияти ИНОТ ба имзо расид. Албатта вазъияти онвақтаи ҳам дохили Тоҷикистон ва ҳам Афғонистон тавре буд, ки Нурӣ ҳамчун раҳбари ТТЭ ҲНИ ва ИНОТ ба ғайр аз имзо кардани Созишномаи сулҳ дигар илоҷ надошт. Аммо имзои ин созишнома аз тарафи раҳбарияти наҳзатӣ маънои аз роҳи терроризму ифротгароӣ баргаштани ТТЭ ҲНИ-ро надошт.
Солҳои баъдӣ исбот карданд, ки раҳбарони ТТЭ ҲНИ аз ягон ҳадафҳои зиддимиллиашон, аз ҷумла аз мақсади бо зурӣ ғасб кардани ҳокимияти сиёсӣ ва дар кишвар бунёд кардани давлати теократӣ даст накашидаанд. Ҷараёни воқеаҳо ва рӯйдодҳои солҳои охир комилан собит карданд, ки Нурӣ ва ҳизби ташкилкардаи вай – ТТЭ ҲНИ як абзори дасти қудратҳои минтақавӣ буда, барои татбиқи манфиатҳои геополитикии онҳо дар минтақа ва кишвари мо созмон дода шудааст.
Баъд аз вафоти Нурӣ раҳбарии ТТЭ ҲНИ ба шахси аз он бадтар, яъне Кабирӣ расид. Кабирии манфиатҷӯ ва фурсатталаб, ки барои ба даст овардани манфиати худ аз ягон амали манфур худдорӣ намекунад, дар давраи раҳбариаш ҷиноятҳою хиёнатҳои мудҳиш содир кард. Аз ҷумла, силсилаи террорҳо ва кушиши табаддулоти низомӣ бо фармони вай амалӣ гардид, ки бар зидди Ватану миллат равона гардида буд.
Душманию бадхоҳии Кабирӣ то дараҷаест, ки ҳатто ҳангоми суханрониаш дар маросими ҷанозаи Нурӣ мақомоти қудратии кишварро туҳмат мезанад ва бадном карданӣ мешавад. Ҳамон фурсатро ҳам барои боло бурдани таъсири худ дар байни мардум истифода мекунад.
Имрӯз Салимпур бо мақсади роҳёбии масири миллатсозӣ парда аз рӯйи ҷиноятҳои собитшудаи наҳзат кушод ва барои решакан кардани имиҷи ТТЭ ҲНИ, раҳбарони гузаштаю ҳозираи онро, ки дар содир гардидани садҳо ҷинояту хиёнат даст доранд, фош сохт. Мардум дигар аз тамоми мақсадҳои ифлоси наҳзатиҳо огоҳанд ва ҳаргиз ба афсонаҳои бофтаи онҳо бовар намекунанд.

Мухаметов Ғафур,
профессор, декани факултети филологияи руси ДМТ

[media=

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин г...
Фирӯза Нуруллозода Фирӯза Нуруллозода Муовини Раиси шаҳрФирӯза Нуруллозода 9 феврали соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад...
Раҳматзода А.А. Раҳматзода А.А. Муовини Раиси шаҳрРаҳматзода Аюбҷон Алиҷон 7-уми августи соли 1974 шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1997  Д...
Абдуқаюмзода Ҷ. А. Абдуқаюмзода Ҷ. А. Муовини Раиси шаҳрҶамшед Абдуқаюмзода Алиҷонӣ 16 феврали соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омада, баъди хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи да...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Сол...

Роҳбарони сохторҳо

Алимов У.С. Алимов У.С. Алимов Усмон Собирҷонович 20-уми майи соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1979 Донишгоҳи да...
Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Миркамолов М. Н. Миркамолов М. Н. Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10-уми ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳ...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...
Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода Мӯъмин Муҳаммад. 15-уми июни соли 1958  дарр   шаҳри Хуҷанд   таваллуд ёфтааст. Соли 1981 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми  августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи пол...
Самадов С.А. Самадов С.А. Самадов Сӯҳробҷон Абдусамадович 29-уми декабри соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1998 филиали ...
Собитова М. А. Собитова М. А. Собитова Мунзифа Аҳмадовна 14-уми  сентябри соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 1982 Донишгоҳи д...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдуқаҳоровна 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи да...
Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев Музаффар Анварович 8 августи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи да...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева Муҳайё Ҳалимовна 28 сентябри соли 1967 дар оилаи хизматчц ба дунё омадааст. Соли 1990 Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душан...
Мухбира Дониёрова Мухбира Дониёрова Тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз 30-юми июли соли равон мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр Мухбира Дони...
Солизода Раҳим Солизода Раҳим Солизода Раҳим Рашидӣ бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз моҳи июли соли 2017 ба вазифаи мудири бахши нақлиёт ва алоқа таъин гардид. Солизода Р...

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1772
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта2768
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта16502
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта20328
mod_vvisit_counterҲамин моҳ72365
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта100548
mod_vvisit_counterҲамагӣ2119991