(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки зиёда аз 40 нафар рӯзноманигорони дохилию хориҷӣ нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2019 сурат гирифт.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳамадзода доир ба нишондиҳандаҳои фаъолияти хоҷагии халқи шаҳр давоми нимсолаи аввали соли 2019 иттилоъ дода, аз ҷумла афзуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти саноатикунонии босуръати кишвар, суръатбахшии истеҳсолот, пешбурди ҳамаи паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, равнақи созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ бахшида ба эълон гардидан солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои амалӣ андешида, давоми шаш моҳи соли ҷорӣ ба нишондиҳандаҳои мусбат ва устувор комёб гардид.

Дар натиҷаи фаъолияти пурсамари корхонаҳои саноатии шаҳр давоми шаш моҳи соли ҷорӣ ба миқдори 589 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 50,7 млн. сомонӣ ё 9,4 дар сад афзудааст. Дар корхонаҳои шаҳр 92 намуд маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда мешавад, ки аз онҳо ҳаҷми 41 намуд маҳсулотҳо нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 зиёда аз 100,0 фоиз таъмин карда шудааст. Аз тарафи 11 корхонаҳои саноатии шаҳр ба маблағи 93,3 млн. сомонӣ маҳсулот ба давлатҳои хориҷи дуру наздик содирот карда шуда, ҳиссаи он дар маҷмўи маҳсулоти саноатӣ 15,8 фоизро ташкил медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки қисми даромади буҷети маҳаллӣ ба маблағи 86296,0 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда, иҷроиши нақша амалан 91808,5 ҳазор сомонӣ ва ё 106,4 фоиз таъмин гардид, ки ин нисбати нақша ба маблағи 5512,5 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин марҳила даромади умумии буҷети шаҳри Хуҷанд ба маблағи 198599,7 ҳазор сомонӣ таъмин гардид, ки ин низ нисбати нақша 5813,7 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра барзиёд таъмин шудани нишондиҳандаҳои соҳаҳои истеҳсолӣ, таъсиси 13 адад корхонаҳои нави истеҳсолӣ, бунёди боз 44 адад иншооти нави иҷтимоию маданӣ, зиёд шудани шумораи соҳибкорони инфиродӣ ва баланд шудани музди миёнаи меҳнат баҳри ташаккули сарчашмаҳои иловагии буҷети маҳаллӣ замина хоҳад гузошт. Раванди босуръати сохтмонҳо дар шаҳри Хуҷанд аз он гувоҳӣ медиҳад, ки сатҳи зиндагии мардум баланд гардида, марҳила ба марҳила масъалаи эҳтиёҷмандии шаҳрвандон ба манзили зист ҳалли худро ёфта истодааст.

Таъкид гардид, ки дар қитъаҳои замини барои сохтмони биноҳои баландошёна ҷудо гардида 24,1 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ бо истифода аз унсурҳои инноватсионӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки он таъминотро ба ҳар як сари аҳолӣ 0,13 метри мураббаъ зиёд намудааст. Инчунин ҳоло дар ҳудуди шаҳр аз тарафи соҳибкорон зиёда аз 45 адад биноҳои истиқоматӣ сохта шуда истодааст. Ҳамчун тадбирҳои меҳварӣ ва муҳим ҷиҳати беҳдошти вазъи иҷтимоии аҳолӣ баҳри таъмин намудани марказҳои маъмурии шаҳр бо инфрасохтор дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар кўчаҳои “Аминҷон Шукўҳӣ”, “Себзор”, “Хуҷанд”, “Сирдарё”, майдони маҷмааи Шоҳ Исмоили Сомонӣ, майдони назди мақомотҳои иҷроияи вилоятию шаҳрӣ ва хиёбони Раҳмон Набиев 1432 адад чароғакҳою фурўзонакҳои муосир насбу васл карда шуданд.

Шаҳрдор гуфт, ки дар самти таъмини устувории экологӣ ҷиҳати кабудизоркунӣ дар кўчаю хиёбонҳо ва майдонҳои ҳудуди шаҳр чораҳои амалӣ андешида шуда, дар натиҷа 3108 адад дарахтони ороишии сояафкани ҳамешасабз ба монанди ардач, санавбар, сарви аризонӣ ва сарвинози шарқӣ шинонида шуданд. Илова бар ин, 757 ҳазор дона гулҳои ҳархелаи ороишию махаллӣ ба монанди буттагули садбарг, петуния, салвия, тагетс ва дигар шинонида шуда, таҳти нигоҳубин қарор дорад. Инчунин аз тарафи корхонаву ташкилотҳо, мактабу донишкадаҳо ва соҳибкорон дар маъракаҳои шанбегӣ 2385 адад дарахтони сояафкан, 9038 дона гулҳои ороишӣ ва 12,1 ҳазор дона қаламчаи гули садбарг шинонида шуданд. Соли ҷорӣ тибқи нақша бояд 35 км роҳҳои шаҳри Хуҷанд таъмиру азнавсозӣ гарданд. То имрӯз аллакай беш аз 20 километр роҳҳои ҳудуди шаҳр пурра мумфарш карда шуданд.

Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки бо мақсади амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ки аз 341 банд бо назардошти сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру таҷдиди беш аз 510 иншооти соҳаи хоҷагии халқ иборат мебошад, корҳои назаррас ба сомон расонида шуданд. Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар асоси 16 банди нақшаи чорабинии мазкур бо харҷи 102,8 миллион сомонӣ корҳо амалӣ шуда, 133 иншооти гуногуни иҷтимоию маишӣ ва савдою хизматрасонӣ бунёд шудааст. Аз ҷумла дар соҳаи маориф 4 иншоот, фарҳангию фароғатӣ 5 иншоот, 3 адад нуқтаҳои савдо ва хизаматрасонӣ, 8 адад бинои истиқоматии баландошёна ва 83 иншоотҳои ҳаётан муҳим сохта шудааст. Дар ин замина 164 адад ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудааст.

Таъкид гардид, ки соҳаи маориф яке аз самти афзалиятнок ба ҳисоб рафта, дар рушди сармояи инсонӣ аҳамияти муҳим дорад. Аз ин лиҳоз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба соҳаи мазкур таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Ин буд, ки дар олимпиадаи фаннии вилоятӣ 102 нафар хонандагони синфҳои 5-11 иштирок намуда, 18 нафар ҷойи якум, 29 нафар ҷойи дуюм ва 55 нафар сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Дар олимпиадаи фаннии ҷумҳуриявӣ бошад 23 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок намуда, 5 нафар ҷойи якум, 11 нафар ҷойи дуюм, 7 нафар ҷойи сеюм ва 2 нафар ба гирифтани Сипосномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор гардиданд. Боиси ифтихор аст, ки дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ маорифи шаҳри Хуҷанд аз рӯйи ҷамъбасти соли хониши 2018-2019 мақоми сеюмро ишғол намуд.

Раиси шаҳри Хуҷанд гуфт, ки тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳангоми ифтитоҳи бинои нави гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд ба номи Раҳим Ҷалил доир ба таъсис додани кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои таълимӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳр 58 кабинетҳои таълимӣ бо озмоишгоҳҳои фаннии химия, физика ва биология муҷаҳҳаз гардонида шуданд. Иттилоъ дода шуд, ки дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ дар шаҳр 84 чорабинии гуногуни фарҳангӣ доир гардида, дар онҳо 87 ҳазору 784 нафар тамошобинон иштирок намуданд. Дар шаҳр 36 ёдгориҳои таърихӣ, 5 ёдгориҳои археологӣ, 21 ёдгориҳои шаҳрсозиву меъморӣ ва санъат мавҷуд мебошад.Ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ дар шаҳр 7 муассисаҳои сайёҳӣ ба монанди ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “Спутник”, “Саёҳати олӣ”, “Олами саёҳат”, “Ҷаҳонгард”, “Алп Сомон-тур”, Ассотсиатсияи тараққиёти туризми “Зарафшон” ва муассисаи давлатии Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” фаъолият бурда истодаанд. Айни ҳол, дар шаҳр барои қабули сайёҳон 13 меҳмонхонаҳо бо теъдоди 680 адад ҷойи қабули меҳмонон фаъолият намуда истодаанд. Барои сайёҳон 14 адад нуқтаҳои фурўши маҳсулоти ороишӣ аз сангҳою металлҳои қимматбаҳо, тўҳфаҳои хотиравӣ, намунаҳои ҳунарҳои дастии ҳунармандон фаъолият менамояд. Дар давоми нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба шаҳри Хуҷанд аз рўи маълумоти пешакӣ 1902 нафар сайёҳони хориҷӣ ва 3461 нафар сайёҳони дохилӣ ташриф оварда, аз мавзеъҳои ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангию истироҳатӣ шиносоӣ пайдо намуданд.

Сипас, ба Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз ҷониби рӯзноманигорон, аз ҷумла: Ҷовиди Аштӣ (рӯзномаи “Ҷумҳурият”), Мирзоаъз