(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар вилояти Суғд аз Муассисаи давлатии Боғи миллии “Ваҳдат”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид ба амал оварда, баъди шиносоӣ бо дастовардҳои коргарон токзори нав ва боғи суперинтенсивии дарахтони гелосу шафтолуро бунёд карданд.

Дар токзори нав, ки дар масоҳати 5 гектар бунёд гардид, ангури навъҳои “шоҳона”, “ҳусайнии сафеду сурх”, “кишмиши сиёҳ” ва “победа” шинонида шуд.

Тибқи маълумоти коргарони боғ, дар ин ҷо аз таҷрибаи бой ва ниҳолҳои боғдорони шинохтаи шаҳри Турсунзода истифода карда мешавад. Аз рӯйи нақша, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бояд дар майдони 30 гектар токзори чунин ангурҳо бунёд мегардид, вале имрӯз аллакай майдони он ба 47 гектар расонида шудааст./span>

Майдони умумии боғи миллии “Ваҳдат” 631 гектарро ташкил медиҳад, ки дар он, аз ҷумла дар 364 гектар зардолу, 48 гектар шафтолу, 35 гектар себ, 5 гектар гелос, 12 гектар олу ва дар 10 гектар ангур парвариш карда мешавад.

Акнун дар ин ҷо бо ҳидояти Сарвари давлат бунёди токзор васеъ ба роҳ монда мешавад ва ҳосил аз ин боғҳо ба содирот нигаронида шудааст.

Имрӯз ҳамчунин дар ҳудуди Боғи миллии “Ваҳдат” Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди боғи нави суперинтенсивӣ оғоз бахшиданд.

Дар майдони 1,3 гектар дарахтони гелос ва дар масоҳати 1,3 гектари дигар шафтолу шинониданд. Дар маҷмӯъ дар боғи нави суперинтенсивӣ 6 ҳазор дарахт шинонида шуд.

Ҳамаи ниҳолҳои дарахтон аз Полша ва Канада ба ҷумҳурӣ ворид карда шудаанд.

То имрӯз дар ҳудуди боғ бо ҳидояти Пешвои миллат гармхонаҳо барои парвариши помидору бодиринг, сардхона бо ғунҷоиши то 300 тонна маҳсулот, се ҳавзи парвариши моҳӣ ва дигар иншооти муҳим бунёд гардида буданд. Дар муассиса 80 нафар ба таври доимӣ ва 60 нафар ба таври мавсимӣ ба кор ҷалб карда шудаанд.

Баъди бунёди боғоти нав дар Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба коргарон барои истифодаи самараноки имкониятҳои мусоид дастуру супоришҳои муфид доданд.

Сомонаи расмии
Президенти ҶТ

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин г...
Фирӯза Нуруллозода Фирӯза Нуруллозода Муовини Раиси шаҳрФирӯза Нуруллозода 9 феврали соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад...
Раҳматзода А.А. Раҳматзода А.А. Муовини Раиси шаҳрРаҳматзода Аюбҷон Алиҷон 7-уми августи соли 1974 шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1997  Д...
Абдуқаюмзода Ҷ. А. Абдуқаюмзода Ҷ. А. Муовини Раиси шаҳрҶамшед Абдуқаюмзода Алиҷонӣ 16 феврали соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омада, баъди хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи да...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Сол...

Роҳбарони сохторҳо

Алимов У.С. Алимов У.С. Алимов Усмон Собирҷонович 20-уми майи соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1979 Донишгоҳи да...
Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Миркамолов М. Н. Миркамолов М. Н. Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10-уми ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳ...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...
Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода Мӯъмин Муҳаммад. 15-уми июни соли 1958  дарр   шаҳри Хуҷанд   таваллуд ёфтааст. Соли 1981 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми  августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи пол...
Самадов С.А. Самадов С.А. Самадов Сӯҳробҷон Абдусамадович 29-уми декабри соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1998 филиали ...
Собитова М. А. Собитова М. А. Собитова Мунзифа Аҳмадовна 14-уми  сентябри соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 1982 Донишгоҳи д...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдуқаҳоровна 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи да...
Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев Музаффар Анварович 8 августи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи да...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева Муҳайё Ҳалимовна 28 сентябри соли 1967 дар оилаи хизматчц ба дунё омадааст. Соли 1990 Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душан...
Мухбира Дониёрова Мухбира Дониёрова Тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз 30-юми июли соли равон мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр Мухбира Дони...
Солизода Раҳим Солизода Раҳим Солизода Раҳим Рашидӣ бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз моҳи июли соли 2017 ба вазифаи мудири бахши нақлиёт ва алоқа таъин гардид. Солизода Р...

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз670
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта3079
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта10032
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта20392
mod_vvisit_counterҲамин моҳ47156
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта80782
mod_vvisit_counterҲамагӣ2267772