(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altСубҳи имрӯз мардуми сарбаланди Хуҷанди бостонӣ бо як ҷаҳон фараҳу шодмонӣ ҷашни фархундаи Наврӯзи ҷаҳонӣ, ҷашни эҳёи табиат, ибтидои пешомадҳои нав, оғози ниятҳои баҳориро бо дастовардҳои шоён истиқбол намуданд.

Ба хурсандиву нишоти мардум муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода, муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва дигар ашхоси расмӣ шодишарик гардиданд.

Меҳмонон нахуст аз раставу хаймаҳои наврӯзӣ ки аз ҷониби идораву ташкилот ва муассисаҳои гуногуни шаҳр, ки ки зиёда аз 50 адад буданд, боздид намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки Наврўз ҷашнест, ки ҷавҳари онро ҳаёту покӣ, муҳаббату садоқат, ваҳдату некиву равшанӣ ташкил дода, суннатҳои наврўзӣ ифодагари ҳамоҳангии байни инсон, табиат ва кайҳон маҳсуб мешаванд. Истиқболи гарми ин ҷашни муқаддаси умумимиллӣ, ки рамзи худогоҳиву худшиносӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ҳуввият ва ифтихори миллии мардуми шарифи диёрамон мебошад, меҳри Модар ва Ватани азизро дар дили инсонҳо бедор месозад. Бо ин иқдом мо яке аз куҳантарин суннатҳои аҷдодӣ ва оинҳои давлатдории гузаштагонамонро эҳё менамоем. Таърих гувоҳ аст, ки Наврӯз ҳанӯз дар давраи давлатдории Ҷамшед аз ҷашнҳои бузурги ориёӣ маҳсуб ёфта, шаш рӯз таҷлил мегардид.

Суруду навоҳои сурурангези наврӯзӣ тавассути ҳунари ромишгари беҳамто Борбад ва шеъри Рӯдакӣ овозаи оламгир пайдо кардааст.

Сипас, муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода, муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ зимни ироаи номаи табрикотии Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Насим Олимзода ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода таъкид доштанд, ки мардуми шарафманди кишвар ифтихор аз он доранд, ки маҳз ташаббусҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ойину ҷашнҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангие, ки ваҳдату ягонагии маънавии мардумро таҳким мебахшанд, ба Феҳристи мероси Созмони Милали Муттаҳид ворид гардида, бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегарданд. Пазироии ҷашнҳои миллии мо, аз ҷумла Наврӯз, аз ҷониби ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ шаҳодати он аст, ки мардуми фарҳангофару бунёдкори мо ҳамеша дар саргаҳи тамаддуни башарӣ қарор дошт. Ин нукта дар Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат чунин зикр гардидааст: “Дар даврони истиқлолияти давлатӣ ойину ҷашнҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангие, ки дар давоми асрҳо ягонагии мардумро ҳифз мекарданд, аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада, Шашмақом, Фалак, атласу адрас, чакан ва монанди инҳо эҳё гардиданд. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани мероси таърихиву фарҳангии мо дар айни замон эътирофи тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангӣ мебошад.”

Иттилоъ дода шуд, ки Наврӯзи хуҷастапай муждаи аввалини баҳори хуррам аст, ки моро ба истиқрори сулҳу ваҳдат, якдигарфаҳмӣ, барафрохтани чароғи дӯстиву рафоқат, ба ҷо овардани амалҳои хайру савоб, худшиносиву худогоҳӣ ҳидоят менамояд. Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки ин мероси гаронбаҳоро ҳифз карда, барои эҳё ва барқарор сохтани арзишҳои олии маънавӣ саъю кӯшиш намоем ва онҳоро ҳамчун сабақи таърих ба наслҳои оянда мерос гузорем.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар паёми табрикотии худ бахшида ба Наврӯзи байналмилал аз ҷумла афзуд, ки Наврўзи ҷаҳонӣ, ки дар сарнавишти миллати мо ва тамоми меросбарони он нақши барҷаста дорад, ҳамчун падидаи нотакрори фарҳангӣ ва унсури тамаддуни миллии дар айни замон ҷаҳонишудаи аҷдодиамон дар масири таърих тамоми инсониятро ба созандагиву офарандагӣ, барои эҷод ва бунёди тарҳи нави зиндагӣ ва ташаббусу иқдомҳои тоза ҳидоят намудааст.Шоистаи зикр аст, ки Наврўз дар Тоҷикистон дар партави ғояҳои зиндагиафрўз ва нусратбахши истиқлолияти давлатӣ ба муҳимтарин ҷашни миллӣ ва мардумӣ табдил ёфта, имрўз истиқлолият ва Наврўз мафҳумҳои ба ҳамдигар наздик ва ифодагари марому ормонҳои беҳтарини халқи мо мебошанд.Ба андешаи Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Наврўз аз муборактарин ҷашнҳои миллии мо – тоҷикон ва дигар мардумони ҳавзаи Наврўз аст, ки аз замонҳои қадим то ба имрўз бо ғояҳои олии башардўстона - дўстиву ҳамкорӣ, созандагиву ободкорӣ, инсондўстиву хайрхоҳӣ ва шукргузорӣ аз зебоиву неъматҳои табиат мардумро гирди ҳам меорад».

Ба таъкиди Маъруф Муҳаммадзода миллати тоҷик дар зарфи ҳазорсолаҳо ин ҷашни меросии худро баробари забони модарӣ ҳифз кардааст. Ин аст, ки бо таваҷчўҳ ба вижагии ойину суннатҳои наврўзӣ ҳамеша мардумро ба ҳифзи арзишҳои он даъват мекунанд.Наврўз барои мардуми мо на танҳо хушнудиву шодмонӣ меорад, балки як восита ва айёми созандагиву ободкорӣ буда, ба пешрафту ободии ҳар як хонадон ва маҳалли зист мусоидат менамояд.Наврўз дорои сифатҳои инсонпарваронаи некиву накўкорӣ, бахшишу меҳрубонӣ ва созандагиву бунёдкорӣ мебошад.

Шаҳрдор зикр намуд, ки имрўзҳо, маҳз бо саъю кўшишҳои назарраси Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода мардуми шарифу шарафманди вилоятамон корҳои ободию созандагиро идома медиҳанд ва барои тозакории кўчаву хиёбон, хонаву кошона ва ниҳолшинониву кабудизоркунӣ саҳмгузорӣ менамоянд, то Наврўзи оламафрўзро бо дили саршор аз меҳру муҳаббат ва худогоҳию хештаншиносӣ таҷлил намоянд.

Изҳори умед карда шуд, ки қадами мубораки Наврўзи Аҷам ба ҳамагон тандурустиву саодатмандӣ, бахту иқболи нек ва рўзгори ободу осуда меорад. Бигзор Наврўзи ҳуҷастапай имсол низ бароямон шодию нишот ва хуррамию шодмонӣ оварад.

Барномаи театрикунонидашуда доир ба таърихи Наврӯз ва сурудҳои фараҳбахши устодони санъат бо рақсҳои мавзуни раққосаҳо табъи ҳозиринро болида намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...