(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва беш аз 40 нафар намояндагони расонаҳои хабарӣ аз Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил карда шуд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аҳли қаламро ба ифтихори Рўзи матбуоти тоҷик таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки воқеан ҳам матбуот ва воситаи ахбори омма ҷузъи асосии маънавият маҳсуб мешавад ва чун баёнгари афкори умум, воқеънигори зиндагӣ дар пешбурди ҳаёти ҷомеа, тарбияи маънавии инсонҳо ҳамеша хизмат мекунад. Рисолати аҳли қалам ва кормандони воситаҳои ахбори умум низ маҳз аз ҳақиқатнигорӣ, инъикоси воқеии ҳаводис ва баҳои ростин додан ба ҷараёни ҳаёти ҷамъиятӣ сарчашма мегирад. Қобили таваҷҷўҳ аст, ки кормандони воситаҳои ахбори умум ин рисолати касбиашонро сарбаландона ва муваффақона адо карда меоянд. Имрўз дар саросари кишвар даҳҳо рўзномаю маҷаллаҳо ба табъ мерасанд, радиою телевизионҳо фазои итилоотиро пур намуда, аҳли эҷод ва журналистон бо дарки масъулияти баланд ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавии мамлакатро дар раванди пешравиҳои беназир воқеъбинона ба қалам медиҳанд, дар тарғиби сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат, ғояҳои дурандешона ва ояндабинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Сарвари давлатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми муносиб мегузоранд ва бо истифода аз нерўи сухан мардумро ба созандагию бунёдкорӣ ҳидоят менамоянд.

Ба таъкиди Маъруф Муҳаммадзода дар як сол ду маротиба баргузор гардидани нишастҳои матбуотӣ, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вокуниши шахсони ман-сабдор ба маводи интиқодии Васоити ахбори омма» ва фароҳам овардани шароити мусоид барои тамоми намуди расонаҳои хабарӣ аз тадбирҳои муҳими Роҳбарияти давлату ҳукумат дар ин самт арзёбӣ мегардад. Таваҷҷуҳи хосса ва шинохту эътирофи рӯзноманигорон, баргузор намудани озмунҳои ҳавасмандӣ аз ҷониби Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода нишони волои арҷгузорӣ ба фаъолияти аҳли қалам арзёбӣ мегардад.

Шаҳрдор гуфт, ки дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд, ғайр аз шабакаҳои телевизиони давлатӣ, ҳамзамон ширкатҳои телевизион ва радиои мустақил, телевизионҳои ноқилӣ, оҷонсии иттилоотӣ фаъолият густурда дошта, дар пур кардани фазои иттилоотии шаҳр саҳмгузорӣ менамоянд.Ин худ гувоҳи он аст, ки дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ барои фаъолияти хуби васоити ахбори омма шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст ва ин яке аз нишондодҳои беҳтарин дар қаламрави мамлакат арзёбӣ мегардад.Таҷлили Рўзи матбуоти тоҷик ва дар ин замина рў овардан ба таърихи матбуот ин қабл аз ҳама эътирофи қадри сухан чун нерўи бузурги ҳидояткунандаи мардум, садоқат ба кору анъанаҳои поягузорони матбуоти тоҷик аст. Васоити ахбори омма ҷузъи таркибии рўзгори мост ва сухани созанда ҳамеша ҳамроҳу ҳамқадами мо хоҳад буд.

Журналистони варзида ва соҳибқалам Дадохони Эгамзод, Карими Шариф, Илҳом Ҳошимов ва дигарон аз равобити доимии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо расонаҳои хабарӣ тавсиф намуда, аз ҷумла таъкид доштанд, ки ин баҳри ободӣ ва рушду тараққиёти кишвари азизамон мусоидат хоҳад намуд.

Дар анҷоми чорабинӣ аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба як қатор рӯзноманигорони фаъол сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...