(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ба ҷасорат ва ҷуръати шахсии Шарофиддин Гадоев, ки шарофатмандона ба Ватан баргаштааст, таъзим бояд кард, тан бояд дод.

Маълум аст, ки доираҳои наҳзатӣ ва журналистони вафодори каҷравиҳои ин ҳаракати хуношом аз шармандагиву беҳаёӣ, бозори ҳарзаву беҳудагӯйӣ сар дода, ҳар росту дурӯғро бар пойи ин ҷавони бовиқори Меҳан мерезанд.

Наҳзатиҳое, ки дар гудоли таърих  барои абад ғута задаанду хати сурхи муборизаро шикаста,  наворҳои кӯҳнаро ба таври сунъӣ дуруст карда, тавассути журналистони бевиҷдон пешкаши хонанда мекунанд, ки гӯё касе ӯро хилофи иродааш ба Тоҷикистон овардааст.  Ин доираҳои меҳанфурӯш ҳоло ҳар чиз мебофанду ҳарос аз он доранд, ки Шарофиддин онҳо мефурӯшад ва нақшаҳои зиддимиллии онҳоро рӯйи об мекунад.

Шарофиддин сидқан ва ихлосан аз кардааш пушаймон аст ва  дар назди миллат узрхоҳӣ кардааст, зеро дар давоми солиёни дароз зери таъсири мағзшӯйии ин ҳизби мутаассиб қарор дошт. Ӯ хоин нест, балки шумо наҳзатиҳо хоин ҳастед, ки ҷавононро гумроҳ мекунед ва бо як айёрии муллогӣ гуноҳи худро боз рӯпуш мекунед, ки ҳайфатон бод.

Бозгашти Шарофиддин як далели бебаҳс аст. Офтобро бо доман пӯшида намешавад. Ӯ на танҳо ба сомонаи «Спутник», РИА «Новости», мусоҳиба дод ва иқрор шуд, ки довталабона ва бо ихтиёри худ ба Ватан баргаштааст, балки ба чавонони сиёсатзади муҳчоир дар Ғарб дарвозаи умедро боз кард. Хосатан, суҳбати ошкорои Шарофиддин бо модараш ва хоҳараш дар сомонаи «Спутник», ҳама бофтаву тофтаҳои наҳзатиҳои аслбохтаро дар бораи бозгашташ барбод дод.

Гадоев ба Ватани худ баргаштааст, ҳамин ҳоло ки ин мақола таҳия мешавад, ӯ дар ноҳияи Фархор қарор дораду ба зиёрати хешутабор ва аъзои оилааш рафтааст. Сари қабри ҳазрати қиблагоҳаш дуову фотиҳа мехонаду садҳо лаънат ба нишонии наҳзатиҳо мефиристад, ки ӯро гумроҳ карда, водор кардаанд, ки 7 соли дароз бар зидди миллату давлат беҳуда қад алам карда буд. Ва табиист, ки ин гуноҳашро мехоҳад ислоҳ менамояд.

Чизе ки баъд аз гуфтаҳои Шарофиддин нашр мешавад, фиреби назар ва дурӯғи маҳз мебошад, зеро бо роҳандозӣ кардани кампанияи зидди Шарофиддин, наҳзатиҳо сиёсати тафриқаандозона ва душманонаи худро рӯпуш карданӣ ҳастанд.

Шарофиддин аз ин ба баъд дар чабҳаи дигар қарор дорад, дар чабҳаи созандагӣ, дар ҷабҳаи миллатсозӣ, ӯ дигар сар медиҳаду сангар не.Роҳи ӯ аз меҳанфурӯшони наҳзатӣ барои абад ҷудост.

Гадоев ба сарзамини худ, пеши модари худ ва хешутабори худ баргаштааст, мисле ки Сатторов Айёмиддин, Саид Иброҳими Назар, Баротов Раҳматулло ва даҳҳо нафари дигар бо изҳори пушаймонӣ аз роҳи интихобкардаашон дар назди наҳзат ба Ватан баргаштанд. Пас аз ин, албатта  Кабирӣ рӯз то рӯз заиф гардида, шикаст хоҳад хӯрд. Чун хори марғелон танҳо хоҳад монд.

 

Машав ёвари марди паймоншикан,

Ки паймоншикан кас наярзад кафан.

Фирдавсӣ

 

Салим Мусавиров, сокини н.Фархор, омӯзгор

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...