(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Бо натиҷагирӣ аз маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳ додан ба камбудию норасоиҳои ҷиддӣ дар соҳаи бонкдорӣ ва фаъолияти ҶСК “Тоҷик Эйр” раиси Бонки Давлатии Амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк” Руҳулло Ҳакимзода ва директори Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Тоҷик Эйр” Хайрулло Раҳимов аз вазифа озод карда шуданд.

Имрӯз дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як қатор кадрҳое, ки ба вазифаҳои роҳбарикунанда дар сохтору воҳидҳои Вазорати молия, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”, Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”, Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Тоҷик Эйр” ва дигар идораҳои давлатӣ таъин шуданд, суҳбат намуданд.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ ба вазифаи ректори муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Саидзода Иззатулло Ҳабибулло - директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҳмадшозода Фарҳод Абдураҳмон - муовини Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъин гардиданд.

Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалимзод Абдураҳмон Достӣ ва Гулмуродзода Карим Гулмурод ба вазифаи муовинони вазири молия таъин гардиданд.

Сарвари давлат ба мутахассисони ба ин вазифа таъиншуда дастур доданд, ки бо истифода аз сатҳи касбӣ ва таҷрибаи андӯхтаашон ба иҷрои содиқонаи вазифаҳо, ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо институтҳои молиявӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва дигар самтҳои фаъолияти соҳа, талош варзанд.

Ҳамчунин, бо Қарорҳои Ҳукумати мамлакат Икромӣ Сироҷиддин Салом - раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”, Нуралӣ Марҳабо Мир - муовини якум ва Сафарзода Бахтиёр - муовини Директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” ва Исматуллозода Дилшод Абдуғаффор - директори генералии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Тоҷик Эйр” таъин карда шуданд.

Дар асоси Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор кадрҳо ба вазифаҳои сардорони раёсатҳо, аз ҷумла, Қурбонзода Исоҷон Ятим - Сардори раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдухолиқзода Лутфия Абдухолиқ аз вазифаи ректори муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” озод ва ба вазифаи Сардори раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирзозода Сунатулло Сироҷиддин - Сардори раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Наимӣ Аъламхон Қодириён аз вазифаи мудири бахши Раёсати молия озод ва ба вазифаи Сардори раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Убайдуллоҳ Амирҷон Маҳмадсаид аз вазифаи муовини сардори раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва ба вазифаи Мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, таъин шуданд.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хол Ҳайдар аз вазифаи муовини якуми вазири саноат ва технологияҳои нав озод гардида, ба вазифаи муовини якуми Раиси вилояти Суғд таъин гардида, Шарипов Бахтиёр Маҳмудович муовини якуми вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат кадрҳои навтаъиншударо барои бо дасту дилу нияти пок баҳри волоияти қонун кор кардан, муносибати ҳамқадами замон аз дидгоҳи нав, мусоидат дар раванди созандагию бунёдкорӣ бо меҳнати садоқатмандонаву софдилона ва боло гузоштани манфиати давлату миллат аз манфиатҳои дигар ҳидоят намуданд.

Сарчашма: http://www.president.tj/node/19231

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...