(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Дар бораи асли воқеаи  13-уми январи соли ҷорӣ дар шаҳри Хоруғ, сокини ин шаҳр, ки нахост номаш ифшо шавад, гуфт:

 

- Соати 17:00 дар масири роҳи маҳаллаи УПД-и шаҳри Хоруғ (к.А.Аёмбеков), ронандаи мошини тамғаи «Кемри» - Худоёров Наврас Ифтихорович бо падараш Худоёров Ифтихор, истиқоматкунандагони м.Болнисени шаҳр дар ҳолати мастӣ, монеи ҳаракати қатори мошинҳои ҳарбӣ мешаванд. Ним соат онҳоро аз ҳаракат бозмедоранд. Новобаста, аз таъкидҳои такрории мардуми маҳаллӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ, ин ҷавони бадмаст дар ҳузури падараш роҳро барои ҳаракат холӣ намекунад.

Баъдан, Худоёров Наврас, аз ҷойи ҳодиса гурехта, дар дидбонгоҳи кӯчаи Тошмухамедови шаҳри Хоруғ аз ҷониби кормандони милиса барои дағалона вайрон кардани қоидаи роҳ, рондани мошин дар ҳолати мастӣ  ва дахолат кардан ба фаъолияти органҳои ҳифзи ҳуқуқ  дастгир мешавад.

Дар натиҷаи боздошт, Худоёров Наврас бо падараш Худоёров Ифтихор ба масъулони дидбонгоҳ  муқовимати гурӯҳӣ ва муташаккилона  нишон медиҳанд. Мардуми атрофро ба муқобилият таҳрик мекунанд. Падару писар, кормандони ОМОН-ро мезананд. Захмӣ мекунанд.

Ҳамчун амри ҷавобӣ ба муқовимати гурӯҳӣ, ҳангоми гурехтани Худоёровҳо (падару писар), корманди ОМОН тибқи санадҳои танзимкунандаи истифодаи силоҳ ба сӯи ҷинояткорон бо таппончаи травматикӣ тир мекушояд. Худоёров Наврас аз тири резинӣ захмӣ шуда,  барои табобат ба беморхонаи вилоятӣ интиқол дода мешавад. Толиб Аёмбеков, ки дар байни мардуми ҳамлагар ҳузур доштааст, низ як мушт мехӯрад.

Падари Наврас-Худоёров Ифтихор бошад, аз ҷониби кормандони милиса дастгир шуда, ба гуноҳаш иқрор мешавад. Тартибу низом дар шаҳр пурра ҳукмфармо мебошад, вале масъулияти падару модарон дар тарбияи ҷавонон мисли  пештара дар ш.Хоруғ масъалаи доғ ва мураккаб боқӣ мемонад.

Хулласи гап, ин ки ин як ҳодисаи оддист. Таъмин намудани риояи тартиботи ҷамъиятӣ, кори мусаллами органҳои ҳифзи ҳуқуқи вилоят мебошад, зеро онҳо ҳомии қонунанд.

Хотирнишон карда мешавад, ки аъзои ҳамин гурӯҳи ҷиноятӣ, духтари шаҳрванд Мазориев Хурсандро моҳе пеш зада дар роҳ захмӣ карданд, куштанд. Боз ҳам бо як ноҷавонмардӣ аз ҷойи ҳодиса гурехтанд. Ин дафъа ҷинояткорон ба даст афтоданд ва ба ҷазои амалашон тибқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Чӣ магар дар ин ҳолатҳо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ интизор меистанд, ки бадмастоне худро нофи замин пиндошта, тартиботро вайрон кунанд. Ҳаргиз!

 

Шерзодов Рафоат, сокини шаҳри Хоруғ

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...