(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Пас аз шикасати пай дар пайи наҳзатиҳо ва амалҳои зиддимиллии онҳо дар соли 2018, ки яке аз асоситаринашон  созмон додани ба истилоҳ «Паймони зиддимиллӣ», аслан паймони наҳзатӣ буд, онҳо боз ҳам амалҳои душманонаашонро идома медиҳанд. Бо ин ташаккулаи дуруғин ва наҳзатмеҳварашон роҳбари наҳзатӣ мехост ба мисли хирс пусти хешро вобаста аз ҷави замон иваз намояд ва хешро ба ҳайси роҳбари ин паймон дар чеҳри дунявӣ  ба намоиш дароварад, ки дар он муваффақ нагардида, шармандаву беобрӯй гардид. Аммо барои баъзе аз инсончеҳраҳои ҳувиятбохта  мафҳумҳои зиёде, ки арзишҳои меҳварии инсониро ташкил медиҳанд, ба шумули шарм ва обрӯй аслан пашизе арзиш надоранд. Ҳамин аст, ки аз шармандагии қаблӣ заррае таҷриба нагирифта даст ба «иқдомҳои нав» мезананд. Ҳарчанд ин «Паймон» - паймони чанд ҷинояткори наҳзатмеҳвар беш нест, аммо  роҳбари наҳзатӣ, ки эҳсоси тамомиятхоҳӣ ва қудрату нуфузи сиёсиро дар сар мепарварад, мехоҳад ин онро «Паймони миллӣ» унвон кунад, то  нафси ноороми қудратхоҳии хешро тассалӣ бахшад ва аз тарафи дигар барои боз ҳами дасти талбандагӣ дароз намудан назди ҳоҷагони худ ва аз онҳо маблағи бидуни ранҷ ба даст овардан онро  ҳамчун муҳраи манфиат ба гардиш дарорад.

Пойгоҳи итилоотии  “Кимиёи саодат”, ки мутааллиқ ба яке аз гумоштагони хадамоти махсуси кишварҳои хориҷӣ ва аъзои ғайриалании наҳзатӣ аст, ахиран дар сомонаи хеш иттилоъеро гузоштааст, ки раиси худхонди «Паймони миллӣ» (аслан зиддимиллӣ)  рӯзҳои наздик  конфронси матбуотӣ доир менамояд ва ҳар нафаре суоли хешро бо он пешниҳод намояд. Аввалан ҳеҷ ҷинояткоре, ки дар пайгарди қонунӣ қарор дорад, ҳаққи аз номи милллат баромад карданро надорад, зеро ӯ ҷиноят содир кардааст ва боястӣ дар назди қонунгузорӣ ҷавоб гӯяд. Дуввум, ҷинояткор чи салоҳият ва имконоте дорад, ки ба суолоти дигарон ҷавоб диҳад, магар ин маҳз аз шахсияти популистӣ ва худнамоӣ кардани роҳбари ҷиноятпешаи наҳзатӣ нест. Саввум ин тудаи ҷинояткор бо ҳар номе, бо ҳар ниқобе, ки худро вонамуд насозанд ҳамон ҷинояткоронеанд, ки тайи тамоми фаъолият зидди миллат ва мардуми хеш анҷом додаанд. Чаҳорум, берӯиву маккорӣ ва фитнагариву риёкорӣ то ҳаддест, ки дуздону авбошон ва ҷинояткорон, ки ҳама собиқаи ҷиноӣ доранд, нишасте ташкил мекунанд ва онро «Паймони миллӣ» низ ном мебаранд. Панҷум, аз таъйин намудани ин нишасти матбуотӣ пайдост, ки роҳбари фирории ҷиноятпешаи наҳзатӣ бо дастури муассисон ва сарпарастонаш мехоҳад дар ниқоби як шахсияти дунявӣ ва миллӣ аз худ чеҳранамоӣ кунад. Ҳамин аст, ки ин хабарро аввалин шуда, пойгоҳи иттилоотии  С.Истаравшанӣ пахш намуд. Зеро аз наҳзат ва роҳбарияти ҷиноятпешаи он улгӯ тарошидан, намуна сохтан, музахраф бофидан, афсона ва қиссаҳои дурӯғин пардохтан фаъолияти таҳлилӣ-иттилоотии С. Истаравшанӣ ва пойгоҳи ӯро ташкил медиҳад. Чунки бо наҳзатиҳо робитаи танготанги ақидатӣ, фикрӣ, мафкуравӣ, молиявӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ дорад ва ҳар ду аз як маркази тасмимгирӣ идора мешаванд. Ҳарчанд Истаравшанӣ дар навиштаҳояш ин амалро «вазифаи инсонӣ ва миҳанӣ»-и худ меҳисобад, вале як чиз мусаллам аст, ки барои ин «бандаи Худо» (ибораи дӯстоштаи С.И.) ҷуз тухми найрангу нифоқ коштан ва бо дурӯғу фиреб пур кардани домани мардум, онҳоро савқ додан ба самти беҳувиятиву худбохтагӣ  чизи дигаре нест. Ва  дигар ин ки «бандаи Худо» аслан меҳан надорад, меҳанро бар ивази мафкураи бегона кайҳо ба савдо зада, дар марзи беҳувиятӣ зиндагӣ карда истодааст. Агар чунин нест, бо кадом далели миллӣ ва инсонӣ ба ҳимояти ҳизбе, ки бар мабнои мафкураи бегона ва ҳувияти аҷнабӣ бунёд шуда, дар мағшуш сохтани зеҳни ҳазорон-ҳазор ҳаммеҳани мо нақши «муассир» доштааст, мебарояд ва онро «ҳизби мардумӣ» талаққӣ мекунед. Зиёда аз ин, барои ҳимоят аз ин мафкура аз тамоми имконот истифода мебарад. Маълум аст, ки ин «бандаи Худо» дар хидмати кадом мақомот қарор дорад ва бо истифода аз пойгоҳи махсуси иттилоотӣ ва мафкуравӣ ва персонали таҳлилӣ ба чӣ кор иштиғол меварзад. Гумроҳ кардани хонанда ва корбарони сомонаҳо ва расонаҳо, ба сӯйи беҳувиятӣ ва беасолатӣ кашидани онҳо ва саранҷом мазҳабӣ кардани ҷомеаи иттилоотӣ мароми ҷанобашон аст. Агар чунин нест, чаро дар баробари далоиле, ки алайҳи мафкураи бегона ва рӯҳи мазҳабзадагӣ баъзе доираҳои таҳлилӣ манзур месозанд, ҳатто як бор тафаккур намекунад ва аз рӯйи инсоф (на аз рӯйи ихлос) ва муҳимтар аз ин, инсонвор ба масоили динӣ-мазҳабӣ бархӯрд намекунад? Инашро ҳам мефаҳмем: ё хоҷагонаш иҷоза намедиҳанд ва ё худ ба дараҷае беҳувият шудааст, ки ҳатто дар ҳолати ба ҳаракат даромадани раги ҳувияти миллӣ онро аз беху бун бармеканад. Роҳи интихобнамудааш  тарғиби мафкураи мазҳабии бегона (на миллӣ) аст ва дар ин росто кӯшидан дигар шиору сарҳадафи зиндагии ин «бандаи Худо»-ст. Бояд дар ёд дошт, ки Истаравшанӣ мактаби мафкуравӣ, мазҳабӣ ва сиёсии хориҷиро гузашта, дарс-омӯзаҳои асосии муқобалату муқовамати равонӣ, фикрӣ, ахлоқӣ, мазҳабӣ ва идеологиро аз бар намуда, соҳиби «дипломи» муборизи сарсахти иттилоотӣ ва мафкуравӣ мебошад. Ҳамин аст, ки ҳамеша аз ҳизби зиддимиллӣ ва зидиинсонии ҷиноятпешае, ки дар тамоми раванди фаъолияти хеш танҳо куштору нобудӣ ва вопасгароиву таасубзадагиву хурофотро дар баданаҳои иҷтимоӣ тасаллут бахшидааст, аз он ҳимоят мекунад.  Матолиби ахири Истаравшанӣ дар ростои нишасти матбуотии роҳбари ҷиноятпешаи фарории наҳзат, ки бо «симмати нав»-и он эълон гардиддаст, бозгӯкунандаи он аст, ки ҷиноятпешагоне мехоҳанд, ба хотири «обрӯйи муфт» аз номи миллат баромад намоянд, ки хеле аҷиб ва хандаовар аст.

 Эҳсони Илҳом таҳлилгар

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...