(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Дар толори Мактаб- интернати давлатӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуди шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: Гулбаҳор Назирӣ, Насиба Содиқова, Абдуҳалим Ғаффоров, Гулбаҳор Ашӯрова, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодат Аминҷонова ва сардори шуъбаи пешгирии коррупсияи Раёсати агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Дилшод Зарифӣ вохўрӣ ҷиҳати таблиғу ташвиқи ҳадафҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд зимни баромади худ аз ҷумла таъкид дошт, ки Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, дарвоқеъ, фарогири ҳамаҷонибаи масоили иқти-содию иҷтимоӣ, фарҳангиву маданӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ ва амниятии кишвар буда, бо зикри наҷибтарин дастовардҳои таърихии соли 2018, аз ҷумла оғози расмии татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об - Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки бевоситаи Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об, 22-юми марти соли 2018; мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани чархаи аввали иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон НБО «Роғун» ва ҳалли масъалаҳои дар тӯли зиёда аз ду даҳсола бавуҷудомадаи сиёсиву иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон шурӯъ гардид.

Сипас, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: Гулбаҳор Назирӣ, Насиба Содиқова, Абдуҳалим Ғаффоров, Гулбаҳор Ашӯрова, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодат Аминҷонова ва сардори шуъбаи пешгирии коррупсияи Раёсати агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Дилшод Зарифӣ доир ба паҳлуҳои гуногуни Паёми Пешвои миллат баромад намуда, аз ҷумла зикр доштанд, ки Паёми имсолаи Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон далолат ба рушди минбаъдаи ҷомеаи имрӯзаи кишварамон мекунад. Дар ҳақиқат, имрӯз Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун як кишвари рушдкунанда ва пешсаф эътироф шудааст, ки боиси ифтихору сарфарозии мост.

Аз ҷониби дигар, Паёми имсолаи Пешвои миллат хусусияти инсонмеҳварӣ дорад. Дар он таъмин намудани шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар як тоҷикистонӣ дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор гирифтааст. Агар ба муҳтавои Паём эътибор диҳем, мебинем, ки дар он ба ҳар як бахши ҳаёти ҷомеа қисмате ҷудо гардида, муҳимтарин самтҳои фаъолияти бахш барои ояндаи наздик вазифагузорӣ шудаанд.

Аз самтҳои муҳими ҳаёти ҷомеа, ки дар Паём зикр гардид, рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ буд. Тавре Пешвои миллат зикр намуданд, давлату Ҳукумати Тоҷикистон пайваста ба соҳаҳои маорифу тандурустӣ эътиборӣ ҷиддӣ дода, бештари маблағҳои буҷа ба рушди ин соҳаҳо нигаронида мешаванд. Ҳамзамон Пешвои миллат таъкид намуданд, ки ба бунёди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ аҳамияти ҷиддӣ дода шуда, дар тамоми муассисаҳои таҳсилотии кишвар ба масъалаи кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот аҳамияти аввалиндараҷа дода шавад.

Вобаста ба соҳаи тандурустӣ Пешвои миллат аз паст будани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва муоширати табибон, инчунин камбудиҳо вобаста ба масъалаи расонидани кумаки аввалини тиббӣ изҳори нигаронӣ карда, ба масъулон ҷиҳати ислоҳи ҳарчи зудтари вазъ дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Вобаста ба ин масъала ҳар яки мо фаъолони ҷомеа масъулем, ки ҷавонону наврасонро ба илмомӯзӣ тарғиб карда, ҷиҳати бедор кардани тафаккури эҷодии онҳо ва ихтирооту навовариҳо чорабиниҳои илмӣ-маърифатӣ доир намоем, ҷомеаро ба ташкили шароити мусоид барои таълиму тарбияи фарзанд дар хона ва баланд бардоштани маърифати хонаводагӣ дар муомилаю муносибат ва рафтору гуфтор сафарбар созем, вобаста ба интихоби касби наврасону ҷавонон ва тақвият бахшидани омӯзиш мувофиқ ба касби интихобкардаашон чорабиниҳои маърифатӣ-зеҳнӣ ташкил кунем, эҳсоси рақобати илмиву эҷодӣ ва навовариро дар ҷомеа бо назардошти рушди илму технология дар самту соҳаҳои алоҳида бедор карда, ташаббусҳои созандаро дастгирӣ намоем. Инчунин тавассути вакилони халқ дар маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ сатҳи таълиму тарбияро дар муассисаҳои таълимӣ мавриди назорати доимӣ қарор диҳем, ба дарки падару модарон расонем, ки ба таври инфиродӣ сифати таълиму тарбияи фарзандаш ва сатҳи дониши сатҳу сифати дарси омӯзгоронро зери назорат гиранд ва ғайра.

Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...