(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Дар Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд ҷиҳати таблиғу ташвиқи муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурўҳи корӣ оид ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Насим Олимзода, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва фаъолони шаҳр мулоқот баргузор гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода мулоқотро оғоз намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омили муҳими мусоидаткунандаи рушди ҷомеа ва рӯйдоди сарнавиштсоз маҳсуб ёфта, дар назди кишрҳои ҷомеа вазифаҳои умдаи ҳалталаб мегузорад, ки иҷрои онҳо рушду тавсеаи кишвари моро дар соли равон ва ояндаи наздик таъмин менамояд. Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикосгари воқеии пешрафту шукуфоии Тоҷикистон ва барномаи мукаммали идомаи корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи сокинони мамлакат ба ҳисоб меравад. Муҳтавои Паёми имсола он аст, ки нақшаю барномаҳои давлатии роҳандозигардида натиҷаи нек ва боварибахш дода, иҷрои онҳо бо кӯшишҳои пайгирона ва ҳамешагии мардуми заҳматпешаамон амалан татбиқ шуда истодаанд. Тавассути Паёми имсола Сарвари давлат саҳифаҳои кору пайкори халқу миллати тоҷикро давоми солҳои охир варақгардон намуда, роҳҳои таҳкими минбаъдаи рушди устувори сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакатро муайян намуданд.

Сипас, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода Дар Паёми Пешвои миллат таъкид шуд, ки мо бояд ба ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷти-моӣ, аз ҷумла беҳтар гардо-нидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва тақвияти иқтидори истеҳсолии мамлакат диққати аввалиндараҷа диҳем. Ва барои беҳтар намудани некӯаҳволии мардум обу заминро самаранок истифода бурда, истеҳсоли маводи ғизоиро зиёд намоем.

Тавре, ки Шумо иттилоъ доред, аз моҳи сентябри соли 2018 маоши вазифавии корман-дони ташкилоту муассисаҳои соҳаҳои буҷетӣ, аз ҷумла илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоӣ ва кормандони дигар ташкилоту муассисаҳое, ки аз буҷети давлат маблағгузорӣ карда мешаванд, инчунин, нафақа ва стипендия то 15 фоиз баланд бардошта шуд. Аз ҷониби Ҳукумати мам-лакат барои амалӣ намудани ин иқдом дар соли 2019 1,2 миллиард сомонӣ равона мегар-дад. Роҳбари Давлат таъкид сохтанд, ки мо бояд тарзе заҳмат кашем, ки барои баланд бардоштани музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ ва нафақа дар солҳои минбаъда низ заминаҳои зарурӣ гузошта шаванд. Яъне мо бояд бо роҳи зиёд кардани қисми даромади буҷет солҳои дигар низ маошу нафақаро баланд бардорем.

Зикр гардид, ки қисми даромади буҷети давлатӣ аз 6,5 миллиард сомонии соли 2010 дар соли 2019 ба 24 миллиард сомонӣ расонида мешавад, ки афзоиши он қариб 4 баробар ва ҳиссаи хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ 43,7 фоизро ташкил медиҳад. Тибқи нақшаҳои тасдиқшуда дар соли 2019 афзоиши қисми даромади буҷети давлатӣ нисбат ба соли 2018 13 фоиз, суръати рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ беш аз 7 фоиз ва таваррум дар сатҳи на зиёда аз 7 фоиз таъмин гардида, даромади пулии аҳолӣ на кам аз 10 фоиз афзоиш меёбад. Амалишавии ин ҳадаф дар маҳалҳо низ собитона татбиқ гардида истодааст. Яъне агар буҷети шаҳри Хуҷанд дар соли 2010 ҳамагӣ 41, 8 миллион сомонӣ бошад, дар соли 2019 беш аз 419 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Насим Олимзода гуфт, ки вобаста ба рушди соҳаи маориф зикр гардид, ки мо, пеш аз ҳама, ба инкишофи зинаи таҳсилоти томактабӣ диққати ҷиддӣ дода, бояд шумораи муассисаҳои томактабиро бамаротиб зиёд намоем ва барои рушди қобилияти зеҳнии кӯдакон шароити мусоид фароҳам созем. Иттилоъ дода шуд, ки дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар.

Бинобар ин Пешвои миллат супориш доданд, ки ҳамаи кормандони соҳаи маориф, аз дастгоҳи вазорат ва сохторҳои маҳаллии он то устодону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликият, дар тамоми қаламрави кишвар ҳар се сол як маротиба аз аттестатсия гузаронида шаванд. Дар Паёми навбатии Роҳбари Давлат ба солимии ҷомеа ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ диққати махсус дода шуда, таъкид гардид, ки дар давоми се соли оянда дар кишвар беш аз 560 беморхонаву марказҳои саломатӣ ва дигар иншооти соҳаи тандурустӣ бунёд карда мешаванд.Бо вуҷуди пешравиҳо, ҳоло низ баъзе камбудиҳо, аз ҷумла дар масъалаи расонидани кумаки аввалияи тиббӣ, ки аз ҳисоби буҷет маблағгузорӣ мешавад, ба мушоҳида мерасанд. Аз арзу шикоятҳои сокинони мамлакат ба унвони Дастгоҳи иҷроияи Президент бармеояд, ки дар баъзе муассисаҳои тиббӣ ҳангоми расонидани кумаки аввалияи тиббӣ аз соҳибони шахсони бемору корафтода маблағ ва доруворӣ талаб карда мешавад, ки ин хилофи қонун мебошад. Яке аз масъалаҳое, ки бо вуҷуди таъкидҳои доимӣ ислоҳ нашуда истодааст, ҳоло ҳам паст будани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва муоширати табибон мебошад ва роҳбарони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадоранд, ки дар ин самт тадбирҳои муассир андешанд.

Соли 2018 бо мақсади пурзӯр намудани ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ барои ғайриқонунӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва ба муомилот баровардани дорувории бесифат ё муҳлати истифодааш гузашта ё истеҳсол кардани онҳо дар мамлакат, инчунин, дар натиҷаи фаъолияти тиббӣ ба бемориҳои сироятӣ гирифтор шудани мизоҷон ба қонунгузорӣ тағйирот ворид карда шуд.

Сипас аз тарафи иштирокчиёни ҷаласа доир ба самтҳои гуногуни Паёми Пешвои миллат суолу дархостҳо манзур карда, ҷавобҳо гирифта шуданд.

Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...