(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Эшону мулло ҷорӯби дастархон мебошанд, гуфтаи ҳакимест, ки басо нишонрас хислати разилонаи шахси чалласавод ва ёғии собиқадори Маҳмадсаид Ризоиро бозгӯӣ мекунад. Даврони бесару сомонӣ М.Ризоӣ, ки  шуъбаи фарҳангро дар ҳизби мамнуи террористӣ иҷро мекард, сари минбар мебаромад ва аз иршоди исломӣ таблиғ мехонд. Мавъизаи бесару нӯг ва аз воқеият фарсахҳо дур буд ин минбарбароиҳо. Ҳаёро гум карда, бо кач кардани даҳон ба наҳваи лаҳҷаи теҳронӣ худро саводнок вонамуд карда, М.Ризоӣ музахрафотро ба забон меовард. Ризоӣ дар партави нусхабардорӣ аз васиятҳои нораво ва пойдарҳавои Саид Қутб ва дигар саркардаҳои «Ихвон-ул- муслимин» ҳарф мегуфт, талош дошт  ин маънавиёти ботилро бо он ҳам пучиву ҳамоқатнигорӣ (абсурдизм)дар шароити Тоҷикистон пиёда созад.  На аз иршод гапу сухан буд ва на  аз маърифати исломӣ бӯе. Ҳозирон чун ба гуфтаҳои ин наттоқ пай намебурданд ва ҳеҷ чизро намефаҳмиданд, ҳар маҳфил бо арбадаву  хархаша ба итмом мерасид.

Нафси кабираи Ризоӣ, ки ба сони охундҳо худро аз Ризоев ба Ризоӣ табдил ном кардааст, ҳама вақт бедор аст.  Ҳатто дар ҳалқаҳои наздик наволаро нахоида фурӯ бурдани ӯ вирди забонҳост. Дар пурхӯрӣ ва руфтани дастархон улгу ва намунаи ибрат аст. Мегӯяд, ки мулло аслан ғар мешавад, чун дар кучое набошад, болонишин аст, ва хонаш аз мағзу чағз пур. Аниқтараш хонаш аз моли рабудашудаи мардум пур.

Ҳоло падару писар  (Маҳмадсаид ва Нурмуҳаммад) ду ҳаракати ифротиро ба инҳисори қудрат гирифта, боз аз ҳама баланду пурсадотар дар бораи «режими худкома» ҳарф мезананд. Садқа шавам Худоро, Як бому ду ҳаворо. Маълумоти ҷолиби  диққат дар бораи ин ҷуфти ифротӣ ба даст омадааст ва инак мо онро барои огоҳсозии аҳли ҷомеа ифшо месозем. Ин бозиҳои хатарнок, ки падару писар рӯйи даст гирифтаанд, пайомади мудҳиш дорад. Инак асли қазия, худ бубинед ва қазоват кунед:

Аз доираҳои наздик ба роҳбарияти ҳизби мамнуъ дар яке аз шаҳрҳои Аврупо маълумот ворид шудааст, ки дар бораи аз азхудкунии маблағи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ аз сӯи М.Ризоӣ ҳикоят мекунад.  Ин маблағ ба баҳонаи кӯмак ба «мустазафин» таъин шуда, амалан ба чайби хонаводагии М.Ризоӣ сарозер шудааст. Гап дар сари он меравад, ки бинобар  қаробатҳои идеявӣ ва ғоявӣ байни аҳзоби исломии минтақа бо хадамоти махсуси охундӣ, М.Ризоӣ муваззаф мегардад, ки соли 2018  2 гурӯҳи террористи худкушро ба Тоҷикистон мефиристад. Аз масъулони СПИИ  23 ҳазор доллари ИМА-ро гирифта, дар шоҳидии яке аз аъзои аршади ҳизби наҳзат ваъда месупорад, ки вазифаи хоҷагони хориҷиро иҷро мекунад. Бо мурури 1 сол на аз пул нишоне асту на аз гурӯҳхои худкуш хабаре. М.Ризоӣ, ки худро дар барномаҳои телевизионӣ шахси бовиҷдон метарошад, маълум мешавад, ки ин фиреби назари ошкоро буда, ин ҳама «адолатхоҳӣ»-ву «ҳақпарварӣ»  барои рӯйпуш кардани пулситонӣ аз хориҷиҳо будааст.

Амалан, агар амиқ бингарӣ, кореро ки Ризоиҳо ҳамчун абзори ҳизби террористӣ дар се даҳсолаи охир анҷом доданд, иборат буд аз:  ба бероҳа кашонидани суботи ҷомеа; дар мадди сонӣ зарба ба  арзишҳои дини Ислом дар ҷомеа буд.

Ризоӣ бо сагбачааш дар замони ҳокимияти  Шӯро худро дар сатҳҳои поёнии ҷомеа айёрона ҷой карда, бо насиҳати таълимоти Саид Қутб ва Ҳасани Бано, раҳбарони ҳизби ифротии «Ихвон-ул-муслимин», ба ислоҳотҳои ба ақидаи худашон «созанда» даст заданд. Дине ки 1400 сол арзи вуҷуд дошт, ниёзу талаботи ин диндорони наҳзатиро бароварда намесохт. Онҳо корҳоеро дар чорчӯби дин анҷом медоданд, ки хилофи суннатҳои қадимии миллӣ арзёбӣ мешуданд ва ҳадаф аз ин качравиҳо ҳамоно, мубориза бар зидди асосҳои фарҳанги миллӣ буд. Ҳоло ин гумроҳон, ки ҷуфти болозикршуда ҷузъи онҳост, ин амалро дар шароити  хориҷа такрор мекунанд.

 

Чун бо тахт  минбар баробар шавад,

Ҳама ном Маҳмаду  Нурмаҳмад шавад.

Зафар Саронов, таҳлилгар, ш.Бонн

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...