(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt

…Дарки фалсафаи “сарсупурдагони роҳи Оллоҳ” танҳо хоси мардуми баргузида аст ва ё одамони одӣ низ ба фаҳми он қодиранд? Дар ин бора борҳо андеша кардаам ва бо чандин касоне, ки худро чунин меҳисобанд, ҳамсуҳбат ҳам шудаам. Аммо дар охир боз ҳам ба як хулоса меоям: онҳо ҳама “сарсупурдаанд” , аммо танҳо сарсупурдаи роҳи Оллоҳ не . Чаро? Аз суҳбати зер шумо сабаби инро хоҳед фаҳмид. Мусоҳибаи мазкур дар яке аз зиндонҳои шаҳри Душанбе  сурат гирифт.

-Номи шумо чист?

-Номи ман Салом. Соли 1978 дар деҳаи Андарбаки Ҷамоати деҳоти Язғулом, ноҳияи Ванҷи вилояти Бадахшон таваллуд шудаам. Сокини шаҳри Душанбе мебошам. Се фарзанд дорам. Хурдиаш  ҳамроҳи модараш дар Русия аст.

-Маълумотатон олӣ? Куҷоро хатм кардаед?

-Ҳамагӣ маълумоти синфи 4 дорам…

-Шуморо “комиссари ҳарбии Кузов” мегӯянд, ба чӣ кор машғул будед, ки чунин “унвони баланд”  насибатон гашт?

…(Забон мехояд) Рости гап, маро аз Русия ба ин ҷо оварданд. Ман дар он ҷо ҳамдиёронамро ба Эрон мефиристодам, то ки таълими ҳарбию динӣ гаранд. Дар Эрон маркази тайёрии ҳарбию динӣ мавҷуд аст, ки ҷавонони тоҷикро  ба воситаи Кузов барин фаъолони ҲНИТ ба он ҷо ҷалб карда, баъд ҳамчун муҷоҳид ба “Толибон” ё ягон гурӯҳи дигар ҳамроҳ мекунанд.Аз рӯи шунидам, баъдан  онҳо бояд дар Тоҷикистон нооромӣ ба вуҷуд оранд. Вазифаи ман таъмин намудани онҳое, ки ба Эрон мефиристам, бо чиптаи тайёра ва роҳнамоӣ кардани онҳо ба ин кишвар, ба назди Кузов буд. Бо Кузов, замоне ки якҷо дар баталони 25 хизмат мекардем, шинос шуда будам.

Маълумотномаи “Тоҷикистон”

Мирзокарим Кузов (Шоҳнаими Карим), 57 — сола, узви раёсати Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом. Айни замон дар Эрон қарор дорад. Дар рӯйхати Интерпол шомил аст.

-Чунин ҷавононро худатон меёфтед ё…?

-Не, онҳоро аввал дигарон, фарз кардем худи ҳамон Кузов аз хориҷ истода ба ин кор таҳрик мекард ва баъд ба ман супориш медод, ки фалониро бо чипта таъмин карда, ба назди мо фирист.

-Шумо аз маблағҳои дар Русия коркардаатон ба  онҳо чипта мехаридед?

-Не, албатта. Ба ман барои ин кор аз Эрон маблағ мефиристоданд. Бори аввал 5 ҳазор доллар ва баъд боз 300 ҳазори русӣ ва боз 2 ҳазор доллар фиристоданд.

-Ҳамаи маблағҳои фиристодаи Кузовро ба ҳамин кор истифода мебурдед?

-Не, барои хароҷоти зиндагии худ  аз ин маблағ мегирифтам, зеро ман дар Русия кори дигар надоштам.

-Яъне, “гӯр сӯзаду деги қаландар  ҷӯшад”?

-Намедонам, вале ман асосан барои он супоришҳои  Кузовро иҷро мекардам, ки он аз тарафи Шермаҳмад Сафаров, ки  “Шери Язғулом” мегуфтанд, содир мешуданд.

-Чаро маҳз ба ҳамин хотир ин корро мекардед?

-Ман домоди Шер ҳастам…

Маълумотномаи “Тоҷикистон”

Шермаҳмад Сафаров,  48 сол дошт, бародари Назармуҳаммад Сафаров, полковники Вазорати мудофиаи Тоҷикистон буд, ки моҳи сентябри соли 2015 бо гумони даст доштан дар ошӯби гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) боздошт шуда буд. Баъд аз ин, Шермуҳаммад ба Афғонистон фирор намуда,  дар он ҷо қумондони ДИИШ  шуд. Ӯ соли гузашта дар натиҷаи як ҳуҷуми ҳавоии неруҳои амрикоӣ дар Афғонистон кушта шуд.

-То замони боздошт шуданатон чанд нафарро ба Эрон фиристодед?

-Тақрибан 13 нафарро.

-Онҳоро аз куҷо мефиристодед ва онҳо киҳо буданд?

-Бо тайёраҳои  Маскав — Теҳрон. Онҳо ҳамагӣ муҳоҷирони меҳнатӣ буданд, ки дар Русия кору зиндагӣ мекарданд. Аксарашон худашон ва ё  волидонашон зодагони Язғулом буданд…

-Падару модари эшон аз он, ки онҳо ба “облава”-и Кузов ва шумо афтода ба Эрон фиристода шудаанд, хабар доштанд?

-Не, албатта. Онҳо ҳама ихтиёрӣ рафтанд ва ман ба “вербовка” машғул набудам…

-Шумо боварӣ доред, ки онҳо зиндаю саломат мемонанд ва оё виҷдонатон азоб намедиҳад, ки чанд оиларо бе фарзанду чанд кӯдакро бе падар мекардед?

-(Сарашро хам мекунад)Ман аз кори кардаам ҳазорон бор  пушаймонам ва тавба мекунам…

-Намоз мехонед?

-Бале. Дар маҳбас ба ман имконияти намоз хондан медиҳанд ва панҷ вақт намозро адо мекунам…Дар намозҳоям аз кори кардаам изҳори пушаймонӣ мекунам. Он суханҳое, ки гӯё дар Тоҷикистон дин маҳдуд гардидааст ва имкони намозхонӣ нест,тамоман дурӯғ будаанд. Ман ҳатто дар зиндон чунин имкониятро дорам. Аммо ба мо таълим медоданд,ки дар Тоҷикистон ягон озодии динӣ нест ва мардуми мусулмон зери фишору шиканҷа қарор доранд.

-Чанд сол зиндонӣ шудед?

-Панҷ сол…

-Панҷ сол барои ба мактаби ҳарбӣ фиристодани 13 ҷавон ва барои тайёр кардани ифротиён…? Ҳамагӣ?

Мунтазири ҷавоби Салом нашуда, он маконро тарк кардам.Барои худ аз ин суҳбат танҳо як бардошт кардам: Ин “ сарсупурдагиҳо”  танҳо ба хотири манфиатҳои индунёии чунин ашхосанд. Воқеан ҳам, ҷазо барои ин ҷавон ба назарам сабук намуд. Албатта, ҳеҷ кас гирифтори якрӯза зиндон нашавад, вале чунин ҷазо дар таносуб бо он ҷазоҳое, ки нисбати дигар пайравони мазҳбҳои мамнӯъ, аз қабили салафиҳо ва онҳое,ки шояд аз нодонию камсаводӣ   ба таблиғи ин гурӯҳҳо дода шуда, зиёда аз даҳ сол ҳукм мегиранд,хеле сабуктар буд. Шояд судҳо  нисбати Салом дигар омилҳои сабуккунандаи гуноҳи ӯро ба назар гирифтаанд ва ё  ба “тавбаи гурба” бовар кардаанд, ки ин албатта, кори онҳо ва дар салоҳияти онҳост…

Абдумудассир Аҳмадзода,

“Тоҷикистон”

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...