(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Сомонаи «паём.нет», ки минбари ифротиҳост, изҳороти беасосро дар бораи манъ намудани ҳиҷоб ва рӯсарӣ паҳн намудааст. Аз номи ҷамъияте бо номи «Нур», ки хилофи номаш дар ҷомеа торикиву зулмотро ривоҷ медиҳад, дар байни мардум либоси бегонаро таблиғ мекунад, мавқеъгирии беасосро ҳамчун меъёрии калидии либоспӯшӣ, қарор додааст.

Аз рӯйи маълумоте ки мухбиронамон расонданд, ин ҷамъият мансуби хешутабори собиқ раҳбари ҳизби террористӣ мебошад, сабқатро барои раҳбарӣ бо авлоди фитнагари «ал-файзободӣ» бохта, «айби Исоро аз Мӯсо мегирад».

Агар сари матлабе ки «Нур» изҳорот додааст баргардем, занҳои бовиқори кӯҳистони тоҷик  ҳеҷ вақт сарулибоси бегонаро намепӯшиданд ва  ба парешонии фарҳанги миллӣ новобаста аз дур будан марказҳои маъмурӣ, қасдан  роҳ намедоданд.

Меросхӯрони ақидаи ифротият, ки Ғарбро макони фатво ва мавъизаҳои беасоси динӣ қарор додаанд, дар ҷойи тавсеаи донишу биниш миллӣ, ба густариши зоҳирпарастӣ ва уқдапароканӣ дар ҷомеаи ғарбӣ даст задаанд, ки ба ҳеҷ сурат қобили қабул нест. Ҷомеаи ғарбӣ дастикам 500 сол пеш аз панҷаи «мулло»-ҳои инкивазатории насронии худ раҳо гашт ва барои тавсеи улуми муосир роҳ кушод, саноатро инкишоф дод, аз ҳама асосаш ба инсон болу пари озодӣ овард, ки дар асари парвози андешаҳояш дунёро бо техникаву технология тасхир кард.

Ин муллоҳо ва авлоди аз дасти масъулият фирор кардаашон, ба зоҳири масъала ғӯта зада, тавсияи мавлоноро, ки «Мо бурунро нангарему қолро, Мо дарунро бингарему ҳолро» ба тоқи нусрати беандешагӣ гузошта, таблиғгари фарҳанги бадавӣ  гаштаанд. Он ҳам дар олами кӯхан, ки худ аз башараи ин кӯтаҳандешон безор аст ва ҳамчун сарбории буҷаи давлатиаш онҳоро то рӯзи мабодо нигоҳ медорад.  Ин резахӯрони хони мардуми бегона, бо як виқори бемислу монанд, ба мардуми тоҷик насиҳатгӯ ва маслиҳатгар шудаанд. Гуфтаи ҳакимони тоҷикро фаромӯш кардаанд, ки аз ғулому гадо маслиҳат намепурсанд, зеро онҳо дар фикри шиками гуруснаи худ, тавони андешидани ому томро надоранд. Ин меҳмонони нохондаи дари мардум, ба худ чуръат медиҳанд ва худро «нухбаи динӣ» медонанд, ба сарулибоси мардум часпидаанд.  Дар Тоҷикистон буданд, вусъати андешаи онҳо «кулӯх» ва «санг» ва «истинчоб» буд. Ҳоло ки гамбургерхӯр  шуданд ва миллионҳо доллари «Олами кӯдакон»-ро ба хориҷи кишвар интиқол доданд, сатрхоҳу ҳиҷобпӯш шудаанд.  Роҳи хоҷагони олами истеъморашонро дар кишвар мехоҳанд бо даъвоҳои беасоси  либоспӯшии занон рӯпӯш кунанд.  Ҳатто ин авлод мардумро гумроҳу галӯ меҳисобанд. Агар ин қадар ҳиҷобпӯшу сиёҳпӯш шудан мехостед, чаро аз кишвари охундӣ, ки саросар олами занҳоро ба ҷаҳаннам табдил додааст, онҳоро сиёҳпӯш кардаст  ба Ғарб сарозер шудед?  Ғарбе ки дар тасаввури маризи шумо «дор-ул-ҳарб» аст ва мардумаш гунаҳкору осӣ.    Барои чӣ он чӣ худ намеписандед, ба дигарон раво мебинед?

Чӣ тавре ки тарроҳ (дизайнер) Комрони Сулаймонов изҳор медорад: «Аввалунсури фарҳанги миллӣ зебоипарастист, меъмории зебо, либоси зебо, муҳити зебо ҳама дар маҷмуъ тасвири пурраи миллатро ба армуғон меорад. Душманони миллат муҳити зебои моро ба мотамкада табдил доданӣ ҳастанд. Ранги сиёҳ ранги ДОИШ аст, ранги сиёҳ ранги марсияҳои мотамист.  Гӯристон ранги сиёҳро талаб мекунад. Ҳаёт ранги нишоти зиндасози сафедро мепазирад. Рӯймол, рӯйсарӣ, соба, дока ва тоқиҳои занона, худ сатри аврат аст ва ҳеҷ ниёзи мубраме барои содир кардани либоси бадавӣ нест. Ҳиҷоб моли бегона аст, ки он «бегона»-ҳо ҳам аз пӯшидани он безоранд». Шумо фирориҳои ифротӣ, «…роҳгардии зоғро ёд мегирам гуфта, роҳгардии худро гум кардаед», ҳарфу сухани шумо дигар асар надорад, ё шумо аз ҷамъияти «нуред» ба ё бенур».

Умед аст, ки мақомоти кишвар бо огоҳии комил қарор ва қонунҳоеро ба тасвиб мерасонанд, ки бо фарҳанг, мазҳаб ва дину ойини миллат ва мардуми кишвари азизамон мутобиқат карда ва бароӣ пешрафти мардум, кишвар ва давлатамон мусоидат намояд. Либоси миллӣ беҳтарин ҷавоби дандоншикан ба фаъолияти зиддимардумии шумо тундароҳо мебошад.

 

Фирдавс Комронов, тарроҳи либос.

 

 

 

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...