(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Ҳиҷобхоҳони бемаънӣ, ки ранги сиёҳро дар фарҳанги миллӣ пиёда карданӣ ҳастанд, бо муқобилати ҳавохоҳони масири миллӣ ва либоси асили  миллӣ ру ба рӯ шудаанд. Ин беимонҳо миллатро сиёҳпӯш ва Ватанро мотамсаро карданӣ ҳастанд, ки хокашон ба хок хӯрда, рӯз то рӯз бо диди васеъ ва дили васеъ, занону модарони тоҷик атласпӯшу адраспӯш шудаанд. Кӯчабоғҳои Душанбе ба гулзори либосҳои ранг ба рангу зебои миллӣ оростааст, касро аз дидани ҳама ин зебоиҳо фараҳ мебахшад.

Рисолати ҳунарварӣ ва зебопарастиии занону модарон сабабгор шуд, ки  номи чакан ҷаҳонӣ шавад ва ба феҳрасти ғайримоддии ЮНЕСКО  ворид гардад.  Ду тамоюли ба ҳам зидд дар муборизаанд: сиёҳи ва сафедӣ. Ҷонибдорони торику сафедӣ мисли тиннати сиёҳашон тақдири миллатро ба бероҳа мекашанд, фарҳанги биёбониро, ки хоси иқлиму ботини мо нест, ба зӯрӣ таҳмил карданӣ ҳастанд.  Тарафдорони масири сафеди зиндагӣ тоқиву рӯймолу рӯйсарии модари тоҷикро, ки ранги сафед дорад ва дар кӯхистон роиҷ аст, меёъру мелоки либоспӯшии занҳо медонанд.

М. Садруддин, он балвогари авлодӣ ва иғвоангези суннатӣ, дар сомонаи «ислоҳ.нет»ҳиҷобро меъёри либоспӯшӣ донистааст. Худ ва хонаводааш аз шарри ҳиҷобпӯш раҳо ва дар Аврупо паноҳанда шудаанд.  Бале, хонандаи гиромӣ, ҳамсараш дар Кувайт ва Қатар ба ҳиҷобпӯшӣ тоб наоварда ба ҷанҷолу хархаша кашидааст, ки ба Аврупо равему ҳавои озод кашем будааст… Ин маълумот аз доираҳои наздик ба М.Садруддин дастрас карда шуда, ба сиҳати он шубҳа нест.

Ҳамин бевиҷдонҳо, ки занҳояшон гапашонро дар либоспӯшӣ намегирад, дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳиҷобро дастак карда, тавсияҳои нораво медонанд.

Модари кӯҳистонӣ дар Рашту Кӯлоби Бадахшону Зарафшон ҳеҷ вақт фаранҷӣ напӯшидааст. Калимаи «фаранҷӣ» аз вожаи «фаранг» гирифта шуда, маънои Аврупо дорад. Шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки фирориҳои ғарбнишин ба беномусие ки ба онҳо хос аст, ба дигарон он чиро раво медонанд, ки худашон онро дар хонавода намеписанданд.

Аввалунсури фарҳанги миллӣ зебоипарастист, меъмории зебо, либоси зебо, муҳити зебо ҳама дар маҷмуъ тасвири пурраи миллатро ба армуғон меорад. Душманони миллат муҳити зебои моро ба мотамкада табдил доданӣ ҳастанд. Ранги сиёҳ ранги ДОИШ аст, ранги сиёҳ ранги марсияҳои мотамист.  Гӯристон ранги сиёҳро талаб мекунад. Ҳаёт ранги нишоти зиндасози сафедро мепазирад.

Чеҳраи гулфом ва нуқрасони занҳои точик ба ранги сафед базеб аст. Ифротиҳои таҳмилгари либоси бегона, мисли аслбохтаҳое ҳастанд, ки дар бадгумонӣ ва гуноҳҳои кабира ғута задаанд.

Рӯймол, рӯйсарӣ, соба, дока ва тоқиҳои занона, худ сатри аврат аст ва ҳеҷ ниёзи мубраме барои содир кардани либоси бадавӣ нест. Ҳиҷоб моли бегона аст, ки он «бегона»-ҳо ҳам аз пӯшидани он безоранд. Чаро оқил кунад коре ки бозорад пушаймонӣ?

Ба гуфти ҳакиме, «Одам бояд аз ҳама лиҳоз зебо бошад, ҳам ба либос ва ҳам ба ботин».

Комрони Сулаймонов, дизайнер


Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...