(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Андешаҳо пас аз муаррифии китоби Саломиддин Мирзораҳматов «Оинаи каҷи демократияи тоҷик»

Акнун фарзияи нави дубайтии маъруфи Шайх Саъдӣ дар мавриди дӯстони нонӣ,ҷонӣ ва забонӣ дар ҳикояти хирадманде чунин  расонаӣ шуд. Дӯстон 4 хел мешаванд. Авалан, дӯстон мисли ғизо ҳастанд. Одам ҳар рӯз ба он ниёз дорад. Дуюм, дӯстон мисли дору-дар мушкилӣ, беморӣ лозим мешаванд. Саввум, дӯстон чун дард-туро меҷуянд. Чорум, дӯстон чун ҳаво-ҳар рӯз намебинӣ, вале бе он зистан мушкил аст.

Саломиддин Мирзораҳматов дӯсти ман нест. Аммо барои дӯстон ӯ ҳамчу ҳаво зарур аст. Ба хусус дар чунин давре, ки фирориёни аз ақл фироркардаи тоҷик дар Аврупо алайҳи Тоҷикистон ҷанги сард эълон кардаанд.

Бо Саломиддин Мирзораҳматов бори охир соли 1999 дар шаҳри Хуҷанд вохӯрдам. Мо аз доираи мавзӯи дӯстдоштаамон –бузургии Ҷаббор Расулов, Отахон Латифӣ ва чанд тан журналистони “раисноманавис” гап задем. Фаҳмидам, ки дар баробари мутолиа ва омӯзиши ҳарруза ба тиҷорат низ  машғул аст. Он вақт хеле кам тоҷирони тоҷики беруна тиҷорати тоза мекарданд. Аз ин рӯ, барои идораҳои қудратии Ҷумуҳрии Қазоқистон ҳар соҳибкори тоҷик “наркобарон” менамуд. Саломиддин бо замину ғалла сару кор дошт.  Аз дӯстам-журналисти варзида Насибҷон Амонӣ, ки солҳо боз муқими Алмаато аст шунидам, ки дар асл ҳам тиҷорати хеле шаффоф ва ҳалоли  Саломиддин ба худи қазоқҳо низ маъқул буд. Аз тиҷорати нон нонреза мехӯрд. Баъдан нахустин «бомба»-и Саломиддин Мирзораҳматов дар матбуот таркид. Дар мавриди китобҳои ғафси Бури Карим баҳси домандорро ба амал овард. Аксари кулли аҳли баҳс мантиқи воқеӣ ва далелҳои оҳанини Саломиддинро писандиданд. Саломиддин ғайбат намекунад. Неку бади ҳамкасбон ва  мансабдоронро дар матбуот ошкоро мегӯяд.

Бори охир номаи чопнашудааш дар мавриди Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба ман расид. Воқеан Саломиддин узви Иттифоқи журналистони СССР буд. Тибқи Қарори Анҷумани  Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, ҳамаи аъзонёи Иттифоқи журналистони СССР ба узвияти Итифоқи журналистони Тоҷикистон пазируфта шуданд. Вале Саломиддин ҳоло  шаҳодатномаи намунаи навашро нагирифтааст. Журналист ва поягузори матбуоти дастаҷамъии хусусӣ Хуршеди Атовулло он вақт бо ҷаҳл гуфта буд.”Агар Саломиддин Мирзораҳматов журналист набошад, пас ман аробакаш ҳастам”.

Ба насли нави журналистон ёдрас мекунам, ки дар солҳои  ҳафтодуму ҳаштодуми қарни 20 мактаби журналистикаи «Коммунист  Таджикистана” пурқуваттарин лабороторияи эҷодӣ буд. Бахусус ин академияи журналистони русзабони маҳаллӣ маҳсуб меёфт. Навиштаҳои Рустам Абдуллоев, Назардод Ҷонбобоев, Саломиддин Мирзораҳматов, Ҳулкар Юсуповро барои журналистони рус мисол меоварданд. Дар ин ҷода аз хидмати Ғойиб Қаландаров, Картигина, Отахон Латифӣ, Михаил Талвик, Нур Табаров ва Леонид Маҳкамов чашм пӯшидан гуноҳ аст.

Пас аз силсила мақолаҳои Саломиддин Мирзораҳматов оид ба “Овчарка”-ҳои Ғарб ва дурӯғократҳои Аврупо дар баҳсҳои бидуни интишоротӣ Саломиддинро “Агент КГБ” ва фарди истихдомшуда эълон карданд. Аввалан, Саломиддин барои тамаллуқ ниёз надорад. Дуввум, имрӯз мӯд шудаст, ки касе дар мавриди дастовардҳои кишвар ва падидаҳои мусбати сиёсии Тоҷикистон аз берун сухан кунад, даррав “Ҷосуси КДАМ” эълон мекунанд. Мантиқан пас дар соли 2018- 220 нафар журналистони хориҷӣ ва тоҷикони бурунмарзӣ, ки сиёсати хориҷӣ ва дохилии Тоҷикистонро мусбат арзёбӣ карданд, ҳам “ҷосус”-и КДАМ будаанд? Аксари ин муаллифон ҳатто кормандони ин ниҳодро аз наздик надидаанд.

Дар омади гап, солҳои охири 80-ум нахустин шаби назм дар ноҳияи Рӯшон бо иқдоми устод Ширин Бунёд (Ёдаш ба хайр) барпо гардид. Ман чун ҳаҷвнигор чанд ҳаҷвияи барои он давр сахт дағал қироат кардам. Баъди ду рӯз дар шаҳри Хоруғ ба идораи даҳшатафкани КГБ даъват шудам. Се гуноҳи ман- қироати ҳаҷвия ба забони шуғнонӣ, раиси комиҷроияро ба  Хирс ташбеҳ додан ва БХСС-ро дирижёри муш гуфтанро эълон карданд. Бино ба пешниҳоди ин корманд ин баромади ман ба бехатарии СССР таҳдид мекард. Баъди як ҳафта корманди ин идора- шодравон Зоҳиршо Муқаиршоев маро даъват карда, узр пурсид. Дар низоми оҳанин ва идеологияи пурқуввати Иттиҳоди Шӯравӣ ҳифзи маънавиёти мардуми Помир он вақт қаҳрамонӣ буд. Воқеан ба ҳамаи фейсбукчиёни дунё арз мекунам, ки дар таҷрибаи ҷаҳонии истихдоми хадамоти иктишофӣ ба журналистон кам таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд. Зеро мо журналистон табиатан дурӯғгӯ ва муболиғасоз ҳастем. Хадамотҳои махсус аз лағжонак будани мо низ огоҳ ҳастанд. Барои ин сирри давлатиро ба дурӯғнавис, муболиғасоз, калаванадаи ақида бовар кардан хатарнок аст.

Соҳибкор ва сарвари муҳоҷирони тоҷик дар вилояти Твери Федератсияи Русия Муқим Майбалиев боре ба мусоҳибаҳои Алим Шерзамон-фирорӣ дар Полша эътироз намуд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ  ӯро “Ҷосуси Душанбе” эълон карданд.

-Ман аққалан аз идораҳои қудратӣ як занги телефонӣ мешунидам, худро ба сафедкунӣ кӯшиш намекардам. Вале то он дам ман ҳатто намедонистам, ки ин туҳматҳо яъне чӣ-гуфт Муқим дар яке аз мусоҳибаҳояш.

Бо ибораи хеле маъмулии давр “Саломиддин, Муқим, Девид Трелингро фурухтан мумкин, аммо харидани онҳо имконопазир аст”.

Мақолаҳои дандоншикану нишонраси Саломииддин  Мирзораҳматов хеле содда, вале бо далелҳои муътамад навишта мешаванд. Ин мактаби журналистикаи Шӯравӣ буд. “Ҷаноб”-и Далел Рақам мифтоҳи асосӣ ва қиммати навиштаҳо буд. Саломиддин дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ низ “ду зарби ду чор” буданро кӯшиши 5 гуфтан намекард. Чи навъе, ки имрӯз  иддае аз ҳамкасбони мо дар Аврупо талош мекунанд, ки “ду зарби ду”- ро 5 гӯянд.

Саломиддин шояд барои тиҷораташ аз харидорон фармоиш гирад. Аммо ба  қаламаш  фармоиш гирифтан  барои ӯ баробари марг аст. Ман шоҳид будам, ки соли 2004 шахси шуҳратталаб аз Саломиддин дар ивази ҳамдастӣ дар тиҷорат навиштани китоби таърифиро хоҳиш кард. Аммо Саломиддин ин фармоишро рад карда буд. Муаррифии китоб иқдоми шахсии рӯзномаи “Минбари халқ” ба хусус бо кӯшиши сардабири он Бахтиёр Ҳамдамов бидуни ягон супориш тарҳрезӣ гардид. Метарсам боз ҳам иштирокчиёни маҳфилро дар шабакаҳои иҷтимоӣ “ҷосус” эълон накунанд.

Аврупои ноором ва пурмоҷаро имрӯз ба зиёиёни фирорӣ ниёз дорад. Зеро аврупоиён дар фирории тоҷик заррае нафрати зидди Русияро эҳсос мекунанд. Онҳо ба дуздони андеша ва хоинон эҳтиёҷ доранд. Барои ин ҳам дӯстро аз рӯйхати “Интерпол” интихоб мекунанд. Ба қавли Хайрандеш:

Дӯст он бошад, ки гирад дасти дузд...


Наҷмиддин Шоҳинбод

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...