(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрӯз бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва раисони шаҳру навоҳии Истаравшан, Гулистон, Айнӣ намоишгоҳи маҳсулоти Ассотсиатсияи сохмончиён ва коркарди чӯбу тахтаи «Кедр» ифтитоҳ карда шуд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ бо ёдоварӣ аз Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз ҷумла қайд намуд,ки Президенти мамлакат дар Паёми навбатии худ зикр сохтанд, ки “Ислоҳоти иқтисодии тайи солҳои охир амалишуда ба беҳтар гардидани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ, аз ҷумла сармояи мустақим мусоидат карда истодааст. Ҳоло дар кишвар татбиқи 70 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 30 миллиард сомонӣ идома дорад. Дар 10 соли охир ба иқтисодиёти Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 33 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ворид гардидааст, ки қисми зиёди он ба рушди соҳаҳои энергетика, алоқа, сохтмон, истихроҷу коркарди канданиҳои фоиданок ва бунёди инфрасохтор равона шудааст. alt Мо барои ноил шудан ба ҳадафҳои гузошташуда ҳамкориро бо шарикони рушд минбаъд низ идома медиҳем ва сармояи мустақими ҷалбшударо ба ворид намудани техникаву технологияҳои муосири истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатноки ватанӣ равона мекунем.Вобаста ба ин, Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки фаъолияти худро доир ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ, ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ва муаррифии лоиҳаҳои сармоягузорӣ вусъат бахшад».

Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои хеш соҳибкоронро дар самти истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва воридотивазкунанда, тақвияти имконияти содиротии кишвар, инчунин таъсиси ҷойҳои нави корӣ ҳидоятҳо намуда, ҳам-замон даъват ба амал меоранд, ки вақти тавлиди маҳсулот пеш аз ҳама ба сифати он диққати асосӣ диҳанд ва манфиати худро аз солимии ҷомеа боло нагузоранд. Воқеан ҳам бо анҷоми ин амал онҳо метавонанд, дар бозори дохил ва хориҷи кишвар мизоҷони бештар пайдо намоянд. Зеро эътимоди харидор ба сифати маҳсулот яке аз талаботи асосӣ дар роҳи муваффақ шудани корхона ба ҳисоб меравад. Ассостсиатсияи сохмончиён ва коркарди чӯбу тахтаи «Кедр», ки алҳол мо дар намоиши молу маҳсулоти ин ширкати бонуфузи ватанӣ қарор дорем, аз ҷумлаи ширкатҳои муваффақ арзёбӣ гардида, асосан бо истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ машғул аст. Ҷоиз ба зикр аст, ки бо талоши ин ширкат барои амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат,Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда кӯшиш ба харҷ медиҳад. Дар корхонаҳои Ассотсиатсия маҳсулоти гуногуни сохтмонӣ, ба монанди дару тирезаҳо ва дигар масолеҳи чӯбин, рангубори ороишӣ, сарпӯшҳои биноҳо тахтасангҳо ва унсурҳои ороишии пенополистеролӣ ва ғайра истеҳсол гардида, барои таъмини бозорҳои сохмонии Тоҷи-кистон ва иваз намудани намунаҳои маводҳои сохтмонии хориҷӣ бо маҳсулоти ватанӣ аз марому мақсадҳои асосиаш мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи истеҳсолии «Арча» соли 2015 ба фаъолият шуруъ намуда, ҳоло аз тарафи мутахассисони пуртаҷрибаи корхонаи мазкур баҳри баланд бардоштани рақобатпазири маҳсулот корбарӣ шуда истодааст. Дар доираи татбиқи лоиҳаҳои давлатӣ аз ҳисоби буҷаи Тоҷикистон, инчунин кишварҳои ҳамкор барои рушд ва хазинаҳои байналмиллалии молиявии маблағгузор тибқи супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ Корхонаи «Арча» соли дуввум аст, ки барои иншоотҳои маъмуриву таъ-лимӣ, иҷтимоиву маданӣ ва шифохонаҳо дарҳои босифат таъмин менамояд. Бо мақсади пурру иваз намудани масолеҳи сохтмонии воридотӣ фақат соли 2016 коргоҳи мазкур ба 14 мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ дар минтақаҳои ҷануби ҷумҳурӣ, аз ҷумла, ноҳияҳои Ҷиликул, Шуробод, Восеъ, Данғара, Ёвон, Шуғнон, Панҷ, шаҳрҳои Кулобу Норак ва Душанбе, инчунин Бинои баландошёнаи Консулгарии Вазорати корҳои хориҷӣ, Донишгоҳи славянии Тоҷикис-тону Русия, Донишгоҳи давлатии Данғара дарҳои истеҳсоли худро васлу насб намуд. Ҳамчунин бо мақсади ба пуррагӣ иваз намудани маҳсулоти воридотӣ дар заминаи омӯзиши талаботи бозори дохилӣ, супоришҳои зиёди шаҳрвандони кишварро ба маҳсулоти чӯбӣ, аз ҷумла дарҳои байниҳуҷравӣ, тиреза-ҳои миллӣ ва стандарти аврупоӣ, фаршу дигар намуд-ҳои эҳтиёҷиро дар сатҳи стандартҳои ҷаҳонӣ қонеъ намуда истодааст. Корхонаи истеҳсоли рангу андоваҳои минералӣ, зардеворҳои моеъ ва омехтаҳои хушки сохтмонии «Силкоат бойя»-и ин Ширкат, ки даҳ сол мешавад дар Тоҷикистон бо сифати зебоии худ маъмул гардидааст. Дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ андоваҳои минералии «Стоун», «Рулосер», «Силкотеразит», «Травертино» ва зардеворҳои моеъи «Мармарито», «Палас», «Велветто» мавқеи устувор машғул намуда, сол то сол маҳсулоти нав ба нави ин корхона ба мизоҷон пешниҳод мешаванд. Корхонаи Силкоат дар ҷумҳурӣ мавқеи аввалро ишғол намуда, соле зиёда аз 28 намуди маҳсулоти рангиро ба миқдори 5000 тонна истеҳсол мекунад. Мутахассисони корхона барои мизоҷон 2500 ҷилоҳои гуногуни рангҳои дохилиҳуҷравӣ, зебу зиннати берунӣ ва дигар намудҳои масолеҳи сохтмониро пешкаш менамоянд. Хусусияти асосии маҳсулоти ширкат аз маводҳои кимёвии зарарнокорӣ буда, аз худ бӯи ғализ ва ё зараровар ҷудо намекунанд.

Раиси шаҳри Хуҷанд дар анҷоми суханронии худ гуфт, ки чорабинии мазкур тибқи дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷуҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади иҷрои протоколи Маҷлиси Ҳукумати мамлакат аз 27 апрели соли 2017, №4 «Оид ба аз ҷониби ташкилотҳои буҷавӣ манъ намудани харид ва воридоти мебел аз хориҷи кишвар ва дастгирии давлатии бахши хусусӣ роҳандозӣ гардида, ин тадбир аз мо тақозо менамояд, ки бо Ассотсиатсияи сохмончиён ва коркарди чӯбу тахтаи «Кедр» ҳамкории мутақбилаи судмандро ба роҳ монем. Баргузории ин чорабинӣ барои мубодилаи афкор ва, баррасии имкониятҳои мавҷуда ва тавсеаи ҳамкориҳои судманди ин ширкати бонуфуз бо шаҳру навоҳии вилоят бисёр муҳим мебошад. Бо татбиқи чунин нақшаи амал мо метавонем ба баланд бардоштани саҳми бахши хусусӣ дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии вилоят, таъсиси ҷойҳои кори доимӣ ва боз ҳам беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ муваффақ гардем.

Сипас, роҳбари Ассотсиатсияи сохмончиён ва коркарди чӯбу тахтаи «Кедр» Дадохон Очилов баромад намуда, аз ҷумла қайд кард, ки зимни ифтитоҳи расмии Корхонаи коркарди чӯбу тахтаи «Арча» ҳанӯз 20-уми октябри соли 2015 Пешвои миллатамон ба муассиси коргоҳ дастур дода буданд, ки дар доираи барномаҳои давлатӣ оиди зиёд намудани номгӯи маҳсулоти воридотивазкунанда истеҳсоли мебелро, хусусан барои муассисаҳои таълимӣ ва тиббӣ ба роҳ монад. 26 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи нави муштараки Тоҷикистону Туркия “Арча - мебел” - ро дар заминаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арча” дар минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” ифтитоҳ карданд. Бояд қайд намуд, ки аллакай дар шаш моҳи фаъолияти ин коргоҳи навтаъсис мизу курсӣ ва дигар мебелҳо ба 3 адад муассисаҳои тиббӣ ва 3 адад қисмҳои низомӣ, 6 адад муассисаҳои фарҳангӣ ва 15 адад макотиби вилоят бо нархҳои дастрас ва сифатҳои баланд таъмин карда шуданд.

Сипас, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва раисони шаҳру навоҳии Истаравшан, Гулистон, Айнӣ анвои гуногуни маҳсулоти Ассотсиатсияи сохмончиён ва коркарди чӯбу тахтаи «Кедр» аз наздик ошноӣ пайдо намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...