26 Декабр 2018
М.Садриддин аз шариату дин сухан мегуяд ва мардумро ба хотири расидан ба ҳадафи шумаш тарс доданӣ мешавад. Лекин худаш аз дини падару бобоёнаш кайҳо хориҷ шудааст. Вай пайрави равияи “Салафӣ” буда, хуҷаинҳои хориҷиаш бо роҳбарони ДИИШ яканд. Аз ин рӯ, дар навиштаҳояш рӯҳониҳоро ба ҳамеша ба қатлу худкушӣ даъват мекунад. Ин ҷинояткори разил нашармида худро мубориз меҳисобад. Аммо кадом мубориза ва бар зидди кӣ? Бар зидди ватану миллати худ?
Ҳолати рӯҳии ин нафар дар натиҷаи хиёнатҳою ҷиноятҳои пай дар пайяш ниҳоят хароб гардида, тақрибан дар ҳолати ҷунунӣ қарор дорад. Вай эҳсос кардааст, ки дар фаъолияти ҷинояткоронааш торафт танҳо мемонад. Ҳатто бо ҳамин наҳзатиҳо ҳам ихтилофаш дар асоси ақидаашон (онҳо шиа ва ин салафӣ ҳастанд) торафт зиёд мегардад. Вай дар хусуси идома додани мубориза ва подоши амал менависад. Аммо подоши амали ӯ ва афроди мисли вай ҷавобгарӣ дар назди қонун ва мардум аст. Албатта он рӯз мерасад, ки ин ҷинояткорон дастгир ва муҷозот мешаванд. Зеро ин хиёнаткорон ба душмании халқ равонанд ва ба мардуму ватани худ бадӣ мехоҳанд.
Дар хусуси нафароне ки аз фаъолияти ҷинояткорона баргашта, зиндагию фаъолияти дурустро интихоб кардаанд, М.Садриддин туҳмат мекунад. Дар асл чунин аст:
- Онҳое ки аз роҳи хатои зидди ватану миллат баргаштаанд, ин корро бо азму иродаи худ анҷом додаанд. “Фишорҳо”-е ки ба гуфти М.Садриддин гӯё ба наздикони чунин нафарон оварда шуда бошанд, дар асл бофтаи хаёли уст.
- Дар ҳақиқат аксари аъзоёни ташкилоти террористии наҳзатӣ хатогии худро фаҳмида аз он тадриҷан хориҷ шудаанд. Ин гуна одамон дарк кардаанд, ки фаъолият дар сафи чунин ташкилот хиёнат ва ҷиноят аст. Албатта мақомот ҳолати мазкурро ба назар мегирад ва ба ин гуна шахсоне ки қаблан дар натиҷаи таблиғоти ифротии м.Садриддин баринҳо гумроҳ шуда буданду аз роҳи хато баргаштаанд, имконияти пайвастан ба ҳаёти осоиштаю созандагиро фароҳам меорад.
- Аксари ин нафарон бемаъно ва ҷиноят будани фаъолияти зиддимиллиашонро фаҳмиданд ва ба сиёсати созандаи Роҳбарияти кишварамон пайвастаанд.
- Агар як шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз сафи ташкилоти террористӣ хориҷ ва авф шудааст, барои ба роҳ мондани зиндагию фаъолияти минбаъдаи осоиштааш аз тарафи сохтори марбутаи Ҳукумат дастгирии моддию молӣ гирад, чӣ бадӣ дорад? Амо аз тарафи доираҳои бадхоҳи хориҷӣ пул гирифтану зидди ватани худ муборизаи ҷинояткорона бурдани М.Садриддин хиёнат аст.
- Албатта ҷинояткор вақте ки аз роҳи хатои худ барнамегардад ва оқибат дастгир карда мешавад, мувофиқи қонуну қоидаҳои муайяншуда, ба Тоҷикистон истирдод мегардад. Маъмулан, чунин нафарон баъди боздошт шудан бо мақомоти тафтишотӣ ҳамкорӣ мекунанд ва асрори ҷиноятҳои роҳбарону хоҷагони худро фош мекунанд. Ин як амали маъмулӣ дар муносибати байни кишварҳо мебошад. Масалан, агар М.Садриддин дар кишваре ки айни ҳол қарор дорад, дастгир карда шавад, ба Тоҷикистон интиқол дода хоҳад шуд.
- М.Садриддин, ки ба касалии рӯҳӣ гирифтор аст, шахсони аз фаъолияти ҷинояткорона пушаймоншударо “афроди аз қабл омодашудаи махсус” меномад, ки гӯё мақомот онҳоро барои парокандасозии ташкилоти ҷинояткорон тайёр карда бошад. Яъне барои М.Садриддин танҳо он нафароне худию содиқанд, ки аз роҳи ҷинояту хиёнат баранагарданд.
- М.Садридин менависад, ки гӯё дар нисбати аъзоёни ташкилоти террористии онҳо мақомот аз шантаж, масалан расонаӣ кардани ҷиноятҳояшон, истифода мебурда бошад. Аммо ба ҳама маълум аст, Ҳукумат ҷинояткоронро шантаж намекунад, балки онҳоро дастгир ва ба ҷавобгарӣ мекашад. Албатта амали онҳое ки аз роҳи ҷиноят бармегарданд, ба назар гирифта мешавад.
М.Садриддин вақте менависад, ки ниҳояти роҳаш пирӯзист, сахт иштибоҳ мекунад. Имрӯз пирӯз мардуми Тоҷикистон аст, ки дар атрофи сиёсати созандаи Пешвои миллат муттаҳид гардида, барои боз ҳам ободтару зеботар кардани ватани азизамон талош меварзад. Ҳукумат барномаҳои тараққию пешрафти кишварамонро зина ба зина амалӣ мекунад. Пирӯзӣ насиби мардуми Тоҷикистон аст, ки зери роҳбарии Сарвари давлат НБО Роғунро ба кор андохтааст, роҳҳою нақбҳо сохтааст, корхонаю боғҳо бунёд кардааст. Мардуми Тоҷикистон имрӯз дар фазои амну субот зиндагӣ доранд ва бо меҳнати худ ба суи зафарҳои нав ҳаракат доранд.
Диловари Хуршед