(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар ҷамъомади идонаи идораи шабакаҳои барқии шаҳр, ки ба муносибати Рузи энергетикҳо баргузор гардид, иштирок намуда, барқчиёнро бо иди касбиашон табрик намуд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни баромади худ, аз ҷумла таъкид дошт, ки мо ҳамагон ҳанӯз ҳам зери тааасуроти амиқ ва нишотбахши бакорандозии агрегати нахустини неругоҳи барқи обии “Роғун” қарор дорем. Воқеан ин рӯйдод марҳалаи муҳим дар таърихи истиқлолияти энергетикӣ маҳсуб меёбад. Фараҳмандиву ифтихор, ватандӯстиву садоқати мардуми Хуҷандшаҳр бештар аён гардида истодааст, зеро бо талошҳои пайгиронаи абармарди дунёи сиёсат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мардумии кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин Кохи муҳташам бунёд гардид ва агрегати аввалини он ба истифода дода шуд. НБО «Роғун» на танҳо хонаҳои мардуми моро равшан месозад, балки чандин муаммои иқтисодии кишварро ҳал менамояд. Таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самараноки захираҳои гидроэнергетикии мо ва манбаъҳои таҷдидшавандаи он омили пуриқтидори рушди “иқтисоди сабз” ва аз лиҳози экологӣ тоза, пешрафти саноат, гарави таъмини амнияти энергетикӣ ва тараққиёти устувори иқтисодии ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ гардида истодааст. Рушди имрӯзу фардои тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ аз истифодаи боигарии асосии мамлакатамон, яъне захираҳои гидроэнергетикӣ вобастагии бузург дорад. Зеро ягон кишвари дунё бе рушди энергетика, инчунин коммуникатсияи ҳозиразамон тараққӣ карда наметавонад.

Маъруф Муҳаммадзода таъкид дошт, ки маҳз дар замони Истиқлолият бо ибтикорот ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти Шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд инкишоф ёфта, бори аввал дар Тоҷикистон низоми биллингӣ дар соҳаи энергетика роҳандозӣ карда шуд ва он бо муваққият анҷом ёфт. Ин лоиҳа имкон дод, ки тамоми таҷҳизоти барқрасонии шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд таҷдиду азнавсозӣ шуда, талафоти неруйи барқ паст ва шиддатнокии беҳтар карда шуд. Ин иқдом пеш аз ҳама аз ҷониби муштариён истиқболи гарм пайдо намуд ва истифодаю пардохти барқ низ оқилонаву мақсаднок амалӣ карда шуда истодааст. Ҷоиз ба таъкид аст, ки ин намунаи ибрат ва ҷойгоҳи мубодилаи таҷриба ба тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ шудааст. Соли ҷорӣ дар доираи нақша-чорабиниҳои 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷум-ҳурии Тоҷикистон бо дастгирӣ ва раҳнамоиҳои Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода санги асос ба сохтмони зеристгоҳи барқии”Темурмалик”, воқеъ дар кӯчаи ба номи Шариф Раҷабови маҳаллаи “Раззоқ”-и шаҳри Хуҷанд гузошта шуд. Бояд қайд намуд ки зеристгоҳи нави барқии шаҳри Хуҷанд бо номи «Темурмалик» бо харҷи 4 миллион доллари Бонки Аврупоии Рушд ва Таҷдид давоми 18 моҳ, яъне то ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳи сентябри соли 2019 сохта ба истифода дода мешавад. Дар ин зеристгоҳ 2 трансформаторҳо бо иқтидори 25 000 кВТ. Ампера бо шиддати 110/10 кВТ насб мегардад. Ин имкон медиҳад, ки кори 4 зеристгоҳи дигари шаҳрро камбор намуда, таъмини барқро муваффақона роҳандозӣ намояд. Ҳамчунин ин зеристгоҳ имкон дорад, ки талафот неруйи барқро аз аз 23 то 9 фисад кам намояд. Лоиҳаи мазкур барои системаи барқрасонии шаҳри Хуҷанд хеле муҳим аст, зеро зеристгоҳҳои мавҷудаи шаҳр дар ҳадди ниҳоии иқтидори худ фаъолият карда, бо назардошти афзудани муштариён, дигар имкони бардошти шиддати талаботи истифодабарандагони барқро надоштанд. Дар маҷмуъ зеристгоҳи барқии нав ба беш аз 25 000 муштариён, аз ҷумла ба зиёда аз 150000 аҳолии шаҳри Хуҷандро бо неруйи барқи хушсифат таъмин менамояд.

Раиси шаҳр ҳамчунин ба ҳозирин аз раванди корҳои бунёдкорӣ дар шаҳр ба муносибати 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ ахбороти муфассал манзур намуд.

Сипас, Озифхон Шарифзода мудири шуъбаи энергетика ва саноати Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд номаи табрикотии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонд.

Изҳори умедворӣ карда шуд, ки барқчиёни шаҳри Хуҷанд баҳри босифат расонидани нерӯйи барқ ба аҳолӣ фаъолиятро ҷоннок намуда, дар ғанӣ гардонидани буҷаи давлат ва рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри азизамон мусоидат хоҳанд намуд.

Сипас ба як қатор пешсафони соҳа Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...