(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Рӯдакӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба деҳаи Соҳибкорони Ҷамоати деҳоти Россия ташриф оварда, бо фаъолияти ибратбахши Хоҷагии деҳқонии «Содиқ-Сиддиқ» шинос шуданд.

Дар назди гармхонаи хоҷагӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст намоишгоҳи дастовардҳои соҳаи кишоварзии ноҳияро тамошо карданд. Дар ин гӯша маҳсули дасти деҳқонони ризқофар ба маърази тамошо гузошта шуда буд.

Сипас, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар гармхонаи Хоҷагии деҳқонии «Содиқ-Сиддиқ», ки роҳбараш соҳибкор Маҳмудҷон Сиддиқов мебошад, бо парвариши помидор дар гармхона шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки Хоҷагии деҳқонии «Содиқ-Сиддиқ» 25 нафар аъзо дорад. Масоҳати умумии заминҳои хоҷагӣ 5 гектар замини корами обиро ташкил дода, дар 2 гектари он гармхона бунёд шудааст. Инчунин ҳар сол дар масоҳати 1,5 гектар кишти зироати гуногун гузаронида мешавад. Мақсади аслии хоҷагидорон дар ҳамаи фаслҳо бо сабзавоти тару тоза таъмин кардани аҳолии шаҳри Душанбе мебошад.

Ба маълумоти хоҷагидорон, айни замон дар майдони 0,25 гектар ҳосили помидор пухта расида, дар масоҳати 0,30 гектар кишт оғоз гардидааст. Дар ҳамаи 12 гармхонаи хоҷагӣ ин шабу рӯз парвариши помидор, кӯчати бодирингу қаланфури булғорӣ ба роҳ монда шудааст.

Соҳибкор Маҳмудҷон Сиддиқов иттилоъ дод, ки гармхонадорӣ бахши сердаромади соҳаи аграрии мамлакат мебошад. Барои мисол, аз ду ҳосили соли 2018 93 тонна помидор ва бодиринг ба даст овардааст. Нишондоди мазкур 88 тонна дар соли 2016 ва 93 тонна дар соли 2017 помидор ташкил медод. Тавре маълум гардид, аҳли заҳмати хоҷагии мазкур қариб 10 сол боз ба парвариши помидору бодиринги барвақтӣ ва кӯчати ин навъи зироат машғул мебошанд.

Ҷиҳати гарм кардани гармхона аъзои хоҷагӣ аз ангишт истифода мебаранд ва талабот дар як сол ба ин намуди сӯзишворӣ аз 800 то 1300 тонна мебошад.

Саҳмдорон тасмим гирифтаанд, ки дар ояндаи наздик гармхонаи муосири дигарро дар асоси таҷрибаи кишоварзони Кореяи Ҷанубӣ фаъол созанд.

Ба маълумоти идораи кишоварзии ноҳияи Рӯдакӣ, айни замон дар ноҳия дар масоҳати 12 гектар гармхона амал карда, соли равон дар майдони 32 гектар кишти зери плёнка гузаронида шудааст.

Хоҷагии деҳқонии «Содиқ-Сиддиқ» ҳамчунин дорои иншооти ёрирасон ва молхонаҳои мавсимӣ буда, айни замон ба парвариши 30 сар чорвои калони шохдор ва 30 сар моли майда машғул аст. Давоми соли ҷорӣ ҳамагӣ зиёда аз 100 сар чорвои калон ва 150 сар чорвои майда парвариш карда, зиёда аз 20 тонна гӯшти гов ва беш аз 6 тонна гӯшти гӯсфанд ба фурӯш баровардааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ бо таҷрибаи кишоварзони Хоҷагии деҳқонии «Содиқ-Сиддиқ», ноҳияи Рӯдакиро пойгоҳи асосии таъмини сокинони пойтахт бо маҳсулоти кишоварзӣ арзёбӣ намуда, ба масъулон ҷиҳати афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти барвақтӣ дастуру ҳидоятҳо доданд.

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...