(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Аҷаб. Зиндагӣ зидду нақиз аст. Ҳолатҳоеро ба мушоҳида мегирӣ, ки аслан интизорашро надоштӣ. Фарде чунон рафторро ба дигарон раво медонад, ки худаш дар ботину зоҳир ба ин кор мухолифи  шадид аст. Худаш дар Аврупо ҳай ҷунбон ҷунбон бо либоси  ғарбӣ, аъзои баданро метаконаду  мечунбонаду каҷ мегӯяд.

Худ миниюбкаро мепарастаду ба дигарон маҳдудкуниро дуо мекунад. Мардумро ба бероҳа мебарад. Аврупоро «дор-ул-ҳарб» мегуфтанд ва макони фасод, худ он ҷо ҷой гирифтанд,  бо либосҳои бараҳна мегарданду ба шариат пушти пой заданд. Ин ашхосро дар урфият мунофиқ гуфтандӣ. Мана мисоли зинда:

Тамоми хонумҳои ба ном «озодандеш», наҳзатӣ ва паймонаки зиддимиллӣ, занҳо ва мардоне ки шуҳрати шаттоҳӣ ва худнамоӣ  доранд, пояшон ба лаби гӯр расидааст ва касе то ҳол дар Ғарб ҳиҷобпӯшии онҳо ва авлодашро надидааст, қарорро дар бораи манъ кардани ҳиҷобпӯшон барои даромадан ба идораҳои давлатӣ дастак карда, дари насиҳатгӯйи нораворо боз кардаанд.

Чунин ҷеғ задаанд, ин бериёҳо: «Агар воқеъан ин тасмими давлат ҷиддӣ аст, пас чунин маҳдудкуниҳо дағалона вайрон кардани ҳуқуқи занон ба озодии интихоби либос ва озодии эътиқод ба хисоб меравад».

Эй мардон ва занони беақл, шумо мехоҳед мо дар ҳавову ҳаваси Афғонистону кишварҳои сиёҳпӯш қадам бардорем,  бачабозиро ривоҷ диҳем, к…….ро паҳн кунем,  ҷомеаро ба дӯзаху зулмот ва ҳамҷинсгароӣ табдил диҳем. Магар хичоби хамин Афгонистон барои шумо дарс нест, бинед холу ахволи онхоро. Шумо мардумро ба торики даъват доред, ба хурофоту ноороми. Барои мо дунявиҳо ин кишварҳо ва гапҳои фартути шумо меъёру мелок нестанд. Зеро онҳо «ҷахонро бори душанд» (Иқбол).

 

Мо бурунро нангарему қолро,

Мо дарунро бингарему ҳолро (Мавлоно)

 

Барои Тоҷики миёнаоморӣ, ки душмани хуруфоту ақибнишинӣ аст, кишварҳои пешрафта меъёр ҳастанд. Занҳоро шумо зиндабагӯр мекунед. Момаву модарони мо ҳеч вақт ба ин ҳиҷоби сарироҳӣ ва туфта, ки моли мардуми биёбон аст, арҷ нагузоштанд, бо як рӯйсарии одии сафед, зиндагӣ карданд, заҳмат кашиданд, виқори зани тоҷикро ҳифз карданд. Асолати фарҳанги точикро, ки дар либоспӯшӣ ифода меёбад нигоҳ доштанд. Гулдӯзиву чаканро мепӯшиданд, чун гулҳои баҳор бо таровату  тоза буданд.

Имрӯз чӣ? Ҳиҷобпӯшҳои имрӯза ин ҳамон пиёданизоми нахзатию ДОИШ ва аҷинаву толибанд, ки муди ҷангҷӯйиро дар ҷомеа амалӣ мекунанд.  Ин рамзсозии сунъӣ ба нафъи ҳалқаҳои торики минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ҳаст, ки мақсадаш дар чорчӯби либоспушии мардумро маҳдуд кардан ва баъдан дар таҳти ҳамин либос, ба нооромӣ даст задан аст. ДОИШ-ро бинед, аввал ба занҳо талқини либоси сиёҳ кардан, баъдан онро ба байрақи худ табдил доданд. Байрақи одамкушӣ. Ту мефаҳмӣ, беақл.

Аз ин ҳиҷобҳои имрӯза ҳазар, на иффату на исмат доранд. Ними тан баромада, қадамзаниҳо ҳам илҳомбахш ва диқкатҷалбкунанда.

Ба назар чунин мерасад, ки занҳои наҳзатӣ бекор мондаанд ва ба ҷойи кори судмандеро анҷом додан, ба ёвасароӣ ва беҳудагӣ даст задаанд.

Чун ин тоифа ба зарбулмасал шавқи беандоза дорад, ба онҳо муроҷиат карда, мегӯем: «Барои кӯр торику равшан яксон аст», «Зарфи дарунхолӣ, овози баланд дорад», «Ҳамаро бо як чашм бин»; «Чашми бе назар, кури маънавист» ва дар охир «Дари касро бо мушт макуб, ки дари туро бо лагад хоҳанд куфт» ва охири охир «Шуши накд беҳ аз дунбаи насия».

Нахзатихо «Ба боми кас санг маандоз, ки баргашта ба худат мезанад», монеи чорабиниҳои муҳим намешавед, иқдоми манъи ҳиҷобпӯшҳо ҳатмист ва пиёда хоҳад шуд. Шумо беҳаёҳо хоҳед ва ё нахоҳед. Ба шумо тавсия, миниюбка пушед, зеро ончое, ки шумо мардум шавқманди ин корҳоянд.

 

Фарҳод Пирмадов, таҳлилгар

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...