18 Декабр 2018
Санаи 28-уми декабри соли ҷорӣ иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум баргузор мегардад.
Вакилон дар иҷлосия як қатор масоили муҳими сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиро баррасӣ хоҳанд кард. Аз ҷумла интизор меравад, ки дар иҷлосия ҳисоботи Раиси шаҳри Хуҷанд дар бораи фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар соли 2018, қабули буҷети шаҳри Хуҷанд барои соли 2019, ҳисоботи вакилони алоҳидаи иҷлосия, номгузории обектҳои физикию ҷуғрофӣва ғайраҳоро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.Ҳамзамон дар иҷлосия тасдиқи як қатор қарорҳои Раиси шаҳри Хуҷанд низ дар назар дошта шудааст.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд