(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Додоҷони Атовулло дар “Ногуфтаҳоҳама гапро гуфт

Матлабе ки дар саҳифаи фейсбукии Додољони Атовулло рӯзноманигори саршиноси тољик бо унвонии «Ногуфтаҳо ё дар интизори аломати нуқта» ба нашр расидааст, агарчи хеле кўтоҳ аст, вале сахт такондиҳанда мебошад. Рўзноманигор дар ин матлаби кўтоҳ ва пурмаънои хеш, ки онро дар шакли хоҳиш баён намудааст, чанд нуктаро равшан намуда тавзеҳ медиҳад.

Дар банди аввал, ки «Миёнаравҳо»  ном дорад, Атовуллоев таъкид менамояд, ки 25-30 бор аст наздам меоянд ва ё телефон мекунанд, ки ба Кабири сулҳ кунам. Воќеан, дуруст ќайд мекунад, ки бо Кабири созиш кардан ва ба ў пайвастан хиёнат ба озоди, хиёнат ба мубориза, хиёнат ба миллат аст. Ин баҳои Атовуллоев дар нисбати Кабири воќеи ва мунсифона аст. Зеро Кабири лухтаки сохтаи дасти охундҳои шиамазҳаби эронист, ки дар он ҳељ гуна озоди вуљуд надорад. Эътимод намудан ба нафаре ки ба ҷуз аз манфиатҳои молиявии хеш арзиши дигареро дар сар намепарварад, хиёнат ба Ватан, Миллат  ва ҳамаи муќаддасоти инсонӣ аст. Дар хиёнаткории Кабири ва ҳаммаслакони вай, ки дар солҳои 90-уми ќарни гузашта тамоми ќувваҳои демократиро фиреб дода, дар нимароҳ ҳамаи онҳоро канор заданд ва онҳоро бадном намуданд, Додољон Атовуллоев шоҳиди бевосита буд.

Дар банди дуввуми ин навиштор, ки унвони «Насиҳатфармоён» ном дорад, рўзноманигор гуфтаҳои насиҳатгарони фиристодаи Кабириро меорад, ки  «бале, Кабири палид аст. Аммо баҳси Шумо бо ў ба суди Ҳукумат аст». Дар ин маврид Атовуллоев ба онҳо воќеан дурандешона ҷавоб медиҳад ва манфиатҳои миллиро аз ҳама боло мегузорад.  Ў хеле хирадмандона  љавоб медиҳад, ки «ҳукуматҳо меоянду мераванд, аммо барои ман давлати Тољикистоне муҳимтар аст».  Чунин навъ андешаро танҳо касе карда метавонад, ки барояш пас аз ҳазорон соли бедавлатиҳо соҳибдавлат шудани тоҷикон хело муҳим аст. Ҳамчунин ин андешаро нафаре баён мекунад, ки ӯ аз вазъи бархурдҳои геополитикии қудратҳои  ҷаҳон огоҳ аст ва хатари аз байн рафтани миллатҳо ва давлатҳоро эҳсос менамояд. Дар идомаи ин матлаб Атовуллоев қайд мекунад, ки “Роҳи Кабирӣ роҳ ба ҷазирист, роҳ ба асри миёна. Роҳ ба сўи толибони тоқипӯш ва галстуку шляпаву кепкапӯш аст”. Дар ин навиштаи кӯтоҳ рӯзноманигор воқеан дунявияти давлати Тоҷикистонро авлавият медиҳад ва идеологияи вопасгаро, ифротӣ ва асримиёнагии наҳзатиро, ки мисли гурӯҳҳои дигари террористӣ, аз қабили Ҳаракати Толибон, ДИИШ, Алқоида ва амсоли онҳост, бармало инъикос мекунад. Аз тарафи дигар онҳоро ҳамон террористоне ки зоҳири худро иваз намудаанд ва тоқиву галстук ва шляпаву кепка пўшидаанд, аммо ақоидаашон ҳамон ақидаҳои тахрибкоронаи асримиёнагист, арзёбӣ менамоянд. Ва аз “носеҳон” мехоҳад худро бошанд.

Дар қисмати сеюми ин навишта ки унвонии “Коршиносон”ро дорад чунин матлаберо мавриди баҳс қарор медиҳад, ки нафароне, ки дар Россия ба доми Кабирӣ афтодаанд чунин гўишеро роҳандозӣ мекунанд: “Кабирӣ аз ислом даст кашида дигар номи ҲНИТ”-ро амр кардааст, ки ба забон наоваранд ва ӯро чун раиси Паймони миллӣ, лидери оппозитсияи тоҷик ном баранд”. Аммо посухи Атовуллоев чеҳраи воқеии Кабириро ошкор месозад: “Одаме, ки ба номи Худо карйера сохт, аз харсаворӣ ба мерседессаворӣ гузашт, имрӯз аз номи Худову динаш даст мекашад, магар метавонад мавриди эътиқод бошад”, дар ин ҷавоб Атовуллоев нишон медиҳад, ки Кабирӣ ҳама арзишҳоро мавриди сӯистифода қарор медиҳад ва барояш танҳо ҳадафҳои худаш, яъне ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ муҳим аст. Аз тарафи дигар бо ин роҳ Кабирӣ мехоҳад худро демократу озодандеш ва мудерн  вонамуд созад, то кулоҳбардори намуда, аз озодии инсону демократия шиор созад ва дўкони манфиатҳои хешро гардон намояд. Ҳарчанд бо иваз шудани ном ва зоҳир андешаҳои ботили асримиёнагии ин нафар ва сарпарастҳои охундҳои мазҳабиаш фарқе нахоҳанд кард. Дар идомаи ин матлаб Атовуллоев Кабириро шогирди Ал-Бағдодӣ меномад, ки дуруст аст. Амалҳои ин ду нафар, ки роҳбарони созмонҳои террористианд, хеле шабоҳат доранд.

Дар бахши чорум ки унвонии он “Ҳукумат” аст Атовуллоев ба ҳукуматиён муроҷиат мекунад ва мегӯяд:  “Ман аз шумо ҳеҷ гоҳ чизе нахостаам. Шумо маро хуш надоред, ман шуморо. Аммо имрӯз бо як дархост муроҷиат менамоям: илтимос, ҳамин мори дар остин парвардаатонро баргардонед, боз як бор бозори занашро ба ӯ баргардонед, вакил интихобаш кунед, ки нагузоштед, дар Ватан бошем, ҳадди ақал дар Аврупо ором нафас гирем”. Ин матлабро Атовулло аз худҳоҳиҳои Кабири ва аз чандчеҳрагии вай меовард, ки то замоне дар Тољикистон вакил буд ва соҳиби дороиҳои ҳанагуфт буд, рафтораш дигар буд, вале пас аз он ки дороиҳояшро аз даст дод ва даст ба кудатои сиёси заду ба Аврупо фирор намуд, кори аслиаш бадгўии давлату Ҳукумати Тољикистон шуд. Навишати Атовуллоев бозгӯкунандаи он аст, ки Кабирӣ палидтарин инсонест, ки бо ҳар шева ва бо ҳар роҳ мехоҳад ба мақсади бади худ расад.  Вай барои расидан ба хостаҳояш аз ҳама восита истифода намояд.

Дар бахши панҷум, ки унвони “Кабириро” дорад, Додоҷони Атовулло  Муҳиддин Кабириро ба баҳси як ба як даъват мекунад, то ҳақиқати ҳол равшан шавад. Атовуллоев ба ҳақ будани худ дар муқобили Кабирӣ боварии комил дорад ва барои фош сохтани амалҳои нангини ӯ омодааст.

Дар поёни ин навиштор ки унвонии “Мардум”-ро дорад, Атовуллоев ба мардум муроҷиат мекунад, ки оё Шумо тарафдори баҳси озоди руёруи фейсбукии ман бо Кабирӣ ҳастед? Яъне вай ҳаққи довариро дар ин баҳс ба мардум медиҳад.

Дар ин навиштаи кўтоҳи пурмаъно воќеияти ҳоли Муҳиддин Кабири ва афроди гумроҳ намудаи ўро Атовуллоев бисёр муассир ва танзомез инъикос кардааст. Вазъияти ҳозираи ТТЭ ҲНИ ва мақсади он дар ҳамин навиштаи Атовуллоев ба таври аниқ нишон дода шудааст.

 

Эҳсони Илҳом

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...