(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Дар сомонаҳои ифротӣ «эъломияи Кумитаи ба ном шаҳрвандии ба ном зиндониёни сиёсӣ» ба нашр расидааст, ки мардумро ба митинг даъват менамоянд. Корфармои ин ҳама нооромӣ, як қувваи заъиф ва хориҷибунёд аст: ТЭТ ҲНИ.

Мақсад аз роҳпаймоӣ чизи дигар аст. Дар ин роҳпаймоӣ наҳзатиёни ифротӣ нақша доранд, ба нооромӣ ва террор даст бизананд ва гуноҳи содиркардашонро ба ҷониби ҳукумат вогузор намоянд. Ба гуфти шоҳидони воқеа, наҳзатиҳо меҳоҳанд парвандаи муҳоҷириашонро дар мақоми паноҳандадиҳандаи Германия, бо ин роҳ такмил кунанд, зеро қонунгузории кишвари иқомат дар робита ба муҳоҷирон тақвият ёфта, ҳиҷрати бесару нуг дар шаҳрҳои асосӣ манъ карда мешавад.

Наҳзатиҳо мисли солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, мардумро боз тумаъ пиндошта, ҳамчун хаси сари роҳ истифода карданианд. Баҳонаҳои митинги оппозитсия рӯякӣ, сатҳӣ ва аз воқеият дуранд. Ин гуна масоилро бо як муроҷиат ба намояндагии дипломатӣ дар сатҳи кормандони одӣ метавон ҳаллу фасл кард. Инро тарзи ҳалли мутамадини масоил  мегӯянд, на мисли наҳзатиҳо, ки майлу рағбати беандоза ба митинг доранд. Фалсафаи митингбозии ин наҳзатихо аз он иборат аст, ки ҳар қадар тӯдаҳои гумроҳ дар атрофи онҳо ҷамъ шаванд ҳамон қадар онҳо худро боварманд меҳисобанд ва роҳи ботили худро бар дигарон таҳмил мекунанд. Ба гунаи нафаре ки дар оби лойолуд ба моҳигирӣ иштиёқманд аст, онҳо ҳам услубро истифода мекунанд.

Набуди ҷойдоди сиёсӣ ва дарки шинохти комил аз вазъият, раҳбарони гурезаву ифротии наҳзатро дучори парешонии ҳолу аҳвол ва гуфтору рафтор кардааст.  Роҳи пешниҳодшудаи «кабирӣ» барои митинг, ки мулкро бедарвоза пиндоштааст, майдони таблиғотии наҳзати ошӯбгарро тавсеа бахшиданӣ аст, аз чанд сӯ суст ва бепоя аст: а) манбаъҳои иттилоотии шаккок; б) фосилаи дурӣ аз Ватан ва надоштани дастрасӣ ба тасвири рӯйдодҳои сиёсӣ, таҳлилҳои каззобонаи «кабирӣ»-ро рӯй об меорад; в) душманковии авлодӣ. Бемориҳои бузургманишӣ ба сарони бесари бунёдгароии исломӣ иҷозат намедиҳанд, ки дастовардҳои ноб ва мусбати Точикистони азизро бубинанд. Яъне ба иборати  дигар, уқдаҳои он фирориҳои тундгаро сатҳӣ, бесару нуг ва маҷозист ва ба ҳеч сурат воқеиятро баён намекунад. Ботилманиш аст. Ин митингҳо танҳо роҳи вайрони ҳалли масъалаҳо ҳасту халос. Аз лиҳози ахлоқӣ ҳам ин даъватҳои пуррӯёнаи наҳзатиҳои мардумозор ва ақрабманиш, хиёнат ба давлат шинохта мешавад.

Бозҷӯйиҳои нав бар онанд, ки амволи Кабирӣ бамаротиб болотар аз он будааст, ки 3 млн.доллари ИМА+1,2млн.доллар барои ҳоҷӣ Ҳалим дар соли 2015  будааст. Ин бозёфтҳо нишон медиҳанд, ки ба ғайр аз бозору хонаву дар ва автомшинҳои мутаадид, танҳо дар хориҷа, арзиши хонаҳои истиқоматии ӯ ба 10 млн.доллар мерасад. Заминҳои нави лалмӣ ва обии ӯ ифшо шудаанд ва барои мусодираи онҳо иқдом сурат мегирад.  4 зани ғайриникоҳии ӯ ошкор шудааст ва маълум мешавад, ки амволи ин раҳбари нафсбедори наҳзатиро соҳибӣ мекардаанд (гӯш ба қимор бошед, дар телевизион нишон дода мешавад).  Парасторони хориҷии ӯ ба миқдори миллионҳо доллар барои ноором сохтани Тоҷикистон ба ӯ сармоя сарозер кардаанд, ки санадҳои интиқоли банкии ин амалиёт дар дасти мо қарор дорад.

Бад ин сабаб, аз шаҳрвандони муҳтарами ҷумҳурӣ, ки  муқими Германия мебошанд, даъват карда мешавад, ба таблиғоти оппозитсия фирефта нашаванд ва пойбанди арзишҳои миллӣ бошанд. Наҳзатихо абадан фирорӣ мемонанд, вале шаҳрвандони тоҷикистонӣ бояд ба Ватан рафтуомад кунанд.

 

Баҳодур Саидов, коршиноси умури сиёсӣ, ш.Берлин

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...