(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДирӯз таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлиси ҳукумат нахуст доир ба ташкили корҳо дар самти таҳияи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2021-2022 гузориши вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода шунида шуд.

Сипас лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти озуқаворӣ» баррасӣ ва ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуданд.

Аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хамчунин масъалаҳои вобаста ба Барномаи корҳои оморӣ барои соли 2019, Низомномаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоён анҷом додаанд, Нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллиро баррасӣ намуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи кори маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакатро ҷиҳати таъмини иҷрои саривақтии дастуру супоришҳо вазифадор намуданд.

Дастуру супоришҳои дигар доир ба вусъати корҳои ободониву созандагӣ, бунёди мактабҳои кӯдаконаи мусиқӣ, боғҳои истироҳативу фарҳангӣ, майдончаҳои варзишӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳо, омодагӣ ба гузаронидани фасли зимистон, таъмини бемайлони аҳолӣ ва иншооти хоҷагии халқи мамлакат бо барқу гармӣ, захираи маводи кофии сӯхт, таъмини ҳаракати муназами нақлиёт дар тамоми роҳҳои қаламрави мамлакат ва пешгирӣ аз ҳолатҳои сар задани сӯхтор дар иншооти таъйиноти гуногун дода шуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарият, сохтмончиёни Неругоҳи барқи обии “Роғун” ва дар маҷмӯъ ба ҳамаи онҳое, ки дар бунёди ин иншооти бузурги аср саҳми ватандӯстонаи хешро гузоштаанд, аз номи худ ва Ҳукумати Тоҷикистон миннатдории самимӣ изҳор намуданд.

Баъд аз баррасии масъалаҳои маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани туҳфаҳо ба ғолибони озмуни беҳтарин мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилоти давлатӣ оид ба сохтмони майдончаҳои варзишӣ, бунёди боғу гулгаштҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз татбиқи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси он аз ҷониби 86 вазорату идора ва шахсони алоҳида дар шаҳри Душанбе 92 майдончаи варзишию бозии кӯдакон бунёд ва таҷдиду навсозии 12 боғу гулгашт дар сатҳи баланд амалӣ гардид, ёдовар шуда, аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазорату идораҳо ва шахсони алоҳидае, ки дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе чунин иншоот бунёд карда, дар ободу зебо гаштани он нақши худро гузоштаанд, изҳори миннатдорӣ баён намуданд

Ҳамин тавр имрӯз дар маҷлиси Ҳукумат бо натиҷагирӣ аз ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявӣ ва барои иҷрои сифатноки корҳои бунёду навсозии майдончаҳои варзишӣ ва боғу гулгаштҳо 41 ғолиби озмун ҳавасманд ва бо туҳфаҳо қадршиносӣ карда шуданд.

Дар охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тазаккур доданд, ки дар соли 2019, то ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Душанбе боз 8 гулгашт таҷдид гардида, 58 майдончаи варзишии нави замонавӣ бунёд мегардад.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...