(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Гузоштани тахаллус ва ё кличка на танњо дар адабиёти бадеї, балки дар зиндагии рўзмарра њам маъмул аст. Бинобар ин, тавассути кличка ва ё тахаллус ошкор кардани њайсияти одамон осонтар аст. Аз ин љост, ки адибон, махсусан нависандагон дар асарњои бадеї ва публитсистї аз ин ин навъи приёми эљодї истифода мебаранд, то ки тору пуди персонажи онњо ба хонандагон аён гардад. Ва аммо дар њаёти сиёсї ва набардњои иттилоотї њам ин васила ба сифати абзори мафкуравї хидмат мекунад ва рўзноманигорон аз он васеъ истифода мебаранд. Манзури мо дар матлаб як «ќањрамон»-и бозињои сиёсї аст бо тахаллуси «Гоша». На, гумон накунед, ки мавриди назари мо њунарманди машњури синамои русї Гоша Гутсенко мебошад. Персонаже, ки мо мавриди тасвир ќарор дода, тахаллус-кличкаи «Гоша»-ро ба ў нисбат додаем, на њунарманди њирфаї, балки бозигари муќаррарї дар сањнањои сиёсї мебошад ва ба нохуни пойи синамогари русї намеарзад. Лаќаб ё кличкаи «Гоша» аз дохили матни фамилияи ў – Гадоев гирифта шудааст, ки бо гадоию гадописандї њамреша аст. Ќаблан аз хонандагон пўзиш мехоњам, ки чунин лаќабро ба ин марди сиёсинамо, вале дар асл, савдогару тољири бењувияту фурсатталаб сазовор донистам.

Шарофиддин Гадоев ба сифати як «тањлилгар»-и ба ном сиёсї ва рањбари яке аз гурўњњои ба нањзат наздик дар муњитњои расонаї маълум аст. Баъзан суњбату мусоњибањои бепояву бемояаш аз тариќи барномањои вижаи интернетї пахшу нашр мешавад. Дар шароити хориља камтарак забони муќаррарии ба тољикї суњбат карданро аз ёрони нањзатиаш, ки акнун гирдогирди ў мечарханд, омўхтааст ва дар заминаи омўхтањои сатњї ва гуфтугўйи сохта дар расонањо ва сомонањо худро реклама мекунад. Нуќтаи муњим ин аст, ки Гоша як бизнесмени тамомайёр мебошад. Таљрибаи бизнесменї ва тамомайёриро дар Тољикистон омўхта, минбаъд дар љараёни фирор нозукињои найрангу иѓвогарии сиёсиро ёд гирифта, имрўз дар сањнаи сиёсї аз бизнеси худ дифоъ мекунад. Гоша ба хотири молу коло ва афзудани савдою тиљорат дунболи гурўњњои ифротгароро гирифта, дар ин самт аз њар василае истифода мебарад.

Акнун дар Аврупо, ки дар баробари макони демокративу озодї будан, мутаассифона, минтаќаи тањия ва пањни инќилобњои иљтимої ва сиёсию идеологї ба шумор меравад, Гоша приёмњои нави бархўрдњои сиёсиро бо раќибонаш хеле хуб омўхтааст. Дар ин кор ўро гурўњу созмонњои дигари мухолиф кумак мекунанд, аз ин рў, Гошаи мо дигар он Шарофиддин Гадоеви сода нест, ки ин тарафу он тараф тохта, бо роњи фиребу найранг пули бедардимиён дароварад, балки нафарест, ки узвияти ба ном «Паймони зиддимиллии Тољикистон»-ро ба даст оварда, бо роњбари фирории нањзатї М. Кабирї њамтабаќ шудааст. Гоша њам мисли пири маънавиаш М.Кабирї бизнесмени тамомайёр аст, кўшиш мекунад њар вазъиятро ба нафъи молиявии худ њал намояд ва худро минњайси инсони хайрхоњ, покнињод, адолатпеша ва азхудгузашта ба љомеа вонамуд кунад. Ў аз њисоби сармояњои пуштибонони хориљї созмони нав – «Ҷунбиши ислоҳот ва рушд”-ро таъсис дода, онро бо номи худ тавъам намуда, пулу пайсаи онро ба манфиати шахсию инфиродї истифода мебарад (кореро, ки раиси фирории нањзат анљом медињад).        Пулу моле, ки барои барномаи ин тарњи сиёсии хориљї (созмони «Ислоњот ва рушд» дар назар аст) ироа мегарданд, Гоша барои рушди бизнеси худ истифода мебарад. Корфармоён ва тарроњони пружаи Гоша њам аз ин кор хабар меёбанд, вале барои онњо ин муњим нест, балки ангехтани низоъу даргирї шарти асосї мањсуб меёбад. Бинобар ин, Гошаи моро ба истилоњ, шерак карда, ба набардњои иттилоотї бо Њукумати Тољикистон омодааш менамоянд.

Ин навъ иѓвоњо бас набуд, ки Гоша дар солњои ахир тавассути суханронињо дар минбарњои нањзатї аз шахсиятњои раддаи аввали давлат бадгўйї мекунад ва сели иттињомотро сўйи онњо мерезад. Агар ба як намунаи суханронии «ќањрамонамон» таваљљуњ фармоем, ба хубї дарк мекунем, ки ў забони туњмату дурўѓро тунд карда, ба давлатмадорон мечаспад ва ќасди шикасти бизнеси худро аз онњо мегирад. Масалан, дар суханронии ќаблии Гоша (Ш. Гадоев), ки дар Њамоиши Дормунд иттифоќ афтода буд, њадаф бадномсозии давлату Њукумати Љумњурии Тољикистон буду халос.  Бад-ин минвол тамоми суханронињои ў ба ин нуќта тамаркуз мекунанд  ва аз зовияи нафрат ба Роњбарияти давлати миллї ироа мегарданд. Чунин шахсро чї гуна метавон солим унвон кард ва дар раъси созмоне назири «Ислоњот ва рушд» ќарор дод?

Њаросати сириштию зотии Гоша нисбат ба сармояи бедардимиён дар гузоришоти расонаии ў пардапўш мешавад. Ин марди тиљорат имрўз њам дар хориљ дар рифоњи молї зиндагї мекунад ва чи хеле ки ќаблан таъкид кардем, аз маблаѓњои њангуфте, ки барои идомаи фаъолияти сиёсї људо мегарданд, «самаранок» истифода мебарад. Илова бар ин, Гоша дар баробари фаъолиятњои ба ном сиёсї, дар хориљ бештар ба гадої ва аз ин њисоб пур кардани љайб машѓул аст ва дар пушти сиёсатбозию иддаоњои сиёсии ў љамъоварии сармояи гарон барои манофеи шахсї нињон аст.

Њамин тариќ, Гоша (Шарофиддин Гадоев) барои реклама кардани худ ва касби дороињои бо роњи ѓайриќонунї бадастовардааш аз тамоми дору мадораш  истифода мебарад. Гоша камтарин хидматро ба халќу давлат накардааст ва њуќуќи маънавии тањќири шахсиятњои миллатдўсту ватанпарастро надорад. Бар илова, банд ва заъфи асосї, балки мушкили асосї дар ќалби Гоша аст ва бояд сари ин тамаркуз кунад ва аз даруни дил кинаву адоват ва кудуратро бадар сохта, уќдањои равониашро бозшиносї намояд ва садди роњи пешравї ва тараќќиёти Ватан, миллат ва халќи тољик нагардад. Танњо дар ин сурат Гоша ба як симои муътадили ватанї табдил меёбад.

 

Шариф Алиев,тахлилгар

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...