(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Ҳ.Абдусамадов: "Туристонро дар Майхӯраву Турсунзода ҳам ҷустуҷӯ кардем".

Ҳусейн Абдусамадов, ки ҳафтаи гузашта бо ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон ба ҳабси абад маҳкум шуд, бар асоси нӯҳ моддаи Кодекси ҷиноӣ гунаҳгор эътироф шуд.

Дар як навори видеоӣ, ки дастраси Радиои Озодӣ шуд, ин шаҳрванди 33-солаи Тоҷикистон дар бораи омодагиҳо ба ҳамлаи террористии тобистони имсол ва тарзи интихоби ҳадаф нақл кард.

Ҳамла ба гурӯҳи ҳафтнафарии туристони хориҷӣ 29 июл дар ҳудуди ноҳияи Данғара рух дод. Дар натиҷа, чор нафар – шаҳрвандони ИМА, Шветсия ва Ҳолланд кушта шуда, ду нафар маҷрӯҳ гардиданд. Масъулияти ин ҳамларо гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” ба дӯш гирифт.

Дар як сабти видеоие, ки охири ҳафтаи гузашта дастраси Радиои Озодӣ шуд, Ҳусейн Абдусамадов ба забони русӣ дар бораи шеваи анҷом додани ҳамла нақл мекунад.

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 21-уми ноябр Ҳусейн Абдусамадов, раҳбари гурӯҳи ҳамлаварон ба сайёҳони хориҷиро ба ҳабси абад маҳкум кард. Ду тан аз муттаҳамони дигар Кароматулло Ғаниев ва Беҳрӯз Сафоев ба 16-соли зиндон маҳкум шуданд.

Додгоҳ ҳамчунин 12 муттаҳами дигарро ба мӯҳлати аз як то якунимсолӣ аз озодӣ маҳрум намуд. Мӯҳлати адои ҷазои Баҳринисо Ҳайдарова, ягона зани муттаҳам дар ин парванда, бинобар доштани кӯдаки хурдсол, ба таъхир гузошта шудааст. Ӯ ба як соли зиндон маҳкум шуд.

Баҳринисо Ҳайдарова ва 11 нафари дигар - Беҳрӯзи Саймурод, Қурбонбек Ғанизода, Абдулмуъмин Давлатов, Фаррух Давлатов, Қиёмиддин Қурбонов, Бахтовар Салоҳидинов, Мансур Солеҳов, Саъдулло Холмуродзода, Шоҳин Юсуфзода, Фирдавсӣ Юсуфов ва Маҳмадулло Қаландаров барои хабар надодан ва ё пинҳон доштани ҷиноят, ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

Ба иттилои манобеи додгоҳӣ, Ҳусейн Абдусамадов аз рӯи 9 иттиҳом дар додгоҳ посух гуфтааст. Ӯ аз ҷумла ба ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, терроризм, ифротгароӣ, одамкушӣ, ҷалби шаҳрвандон ба амалиёти мусаллаҳонаи дигар давлатҳо, муттаҳам шуд.

Мақомоти Тоҷикистон Ҳусейн Абдусамадов, сокини 33-солаи шаҳри Душанберо раҳбари гурӯҳе медонанд, ки рӯзи 29-уми июл дар ҳудуди ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ҷаҳонгардони хориҷиро бо мошин пахш намуда, баъдан бо корду табар ба онҳо зарба заданд. Аз миёни панҷ ҳамлавар танҳо Абдусамадов зинда боздошт шуда, чаҳор узви дигари гурӯҳ дар ҷараёни амалиёти нерӯҳои интизомӣ кушта шуданд.

Ҳамла ба ҷаҳонгардони хориҷӣ рӯзи 29-уми июли имсол дар минтақаи Себистони Данғара рух дод. Дар пайи он чаҳор сайёҳи хориҷӣ – шаҳрвандони Амрико Остин Ҷей ва Геогҳеган Лаурен Анне Муноз, шаҳрванди Ҳолланд Воке Рене Виллемм ва шаҳрванди Швейтсария Хамел Маркус кушта шуданд. Ду нафари дигар – шаҳрвандони Швейтсария Дименд Мари Клер ва Постма Ким Ирис осеб диданд.

Масъулияти ҳамла ба сайёҳонро ҳарчанд гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ба ӯҳда гирифтаст, аммо ангушти иттиҳоми мақомоти Тоҷикистон ба сӯи ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ баланд гардид. Ҳизб даст доштани худ дар ин ҳамларо қотеона рад мекунад ва ин иттиҳомро як тӯҳмат ба хотири бадном кардани ҳизби сиёсӣ меномад.​

 

 

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...