(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо мақсади арҷ гузоштан ба заҳмату талошҳои ҷавонон, баланд бардоштани масъулияти онҳо дар таҳкими ваҳдату ягонагӣ бо иқдоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар остонаи Рӯзи парчами миллӣ ба 50 нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти касбии олӣ ва миёнаи махсус, хонандагони муассисаҳои тахсилоти миёнаи умумӣ идрорпулии яквақта дода шуд.

Дар расми тақдими идрорпулӣ Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар филояти Суғд, номзади илмҳои филологӣ Сарфароз Фаттоҳзода, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ, ректори ДДХ, доктори илмҳои таърих, профеесор Ҷамшед Ҷӯразода, муовинону масъулони яқ қатор муассисаҳои олии вилоят ширкат варзиданд.

Наим Маликисломӣ зимни ифтитоҳи чорабинии мазкур аз ҷумла зикр дошт, ки дар тамоми кишварҳои дунё ҷавонон ба ҳайси як нерӯи бузурги бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёт эътироф гардидаанд ва таҳкими нерӯи иқтисодиву сиёсӣ ва иҷтимоии мамлакатро бе иштироки фаъолони ҷавонон тасаввур намудан душвор аст, бешубҳа афзалиятҳои стратегӣ насиби он давлат ва ҷомеа мегардад, ки истифодаи самарабахши афкори пешрафта, пеш аз ҳама он нерӯи навоварро, ки густаришдиҳандаи асосии он ҷавонон мебошанд, аз худ менамоянд. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҳидояту роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои марбут ба ҷавонон яке аз омилҳои асосӣ ва афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Зеро дар ҳамаи марҳалаҳо давлат кӯшиш намуда истодааст, ки дар маърифати зеҳниву ақлонии насли ҷавон тарбияи ғоявӣ, миллӣ, сиёсиву ҳуқуқӣ, ахлоқиву ватандӯстӣ, инсондӯстӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, зебоипарастӣ, тарбияи меҳнатӣ, таҳаммул ва тоқатпазирӣ, масъулиятшиносӣ ва амсоли инҳо ҷой дошта бошад, то ҷавонони мо мутобиқи талаби замон ва ҳамчун мутахассисони баландихтисос ба воя расида, ба ҳаёти осоишта роҳёб гарданд. Таъсиси квотаи президентӣ барои ҷавонони шаҳру деҳоти дурдаст, роҳандозӣ шудани идрорпулӣ бо номи «Дурашандагон», ҷоизаҳои ба номи «Исмоили Сомонӣ» ва «Султон Умаров» нишонаи ғамхории давлат ва Ҳукумати кишвар нисбати ҷавонон маҳсуб меёбад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ аз оғози фаъолияти хеш ба ҷавонон назару таваҷҷуҳи хосса дошта, барои боз ҳам бештар равона намудани ин нерӯи солим баҳри ободии диёр, баланд бардоштани ифтихори миллӣ ташкилоти ҷамъиятии ҷавононро бо номи «Созандагони Ватан» таъсис дод, ки имрӯз фаъолияти бомаром дорад. Дар остонаи Рӯзи парчами миллии кишвар тақдиронидани ҷавонони фаъол бесабаб нест. Мо итминони комил дорем, ки ҷавонони мо минбаъд низ бо масъулияти бештар пайи бунёди қасри муҳташами Истиқлол кӯшиш варзида, дар баланд бардоштани сатҳ ва эътибори ин миллати фарҳангпаноҳ ва орому озод саҳм мегузоранд.

Аз номи гирандагони идрорпулӣ аъзои ташкилоти ибтидоии «Ливои зафар» Зайнаби Ғуфрон миннатдории худро ба кумиҷроияи шаҳрӣ расонида, шеъри ба тозагӣ эҷодкардаашро ба самъи ҳозирин расонид.

Раиси кумиҷроияи вилоятии ҳизб Сарфароз Фаттоҳзода дар ҳузури ҷавонони фаъол элон дошт, ки Кумиҷроияи вилоятӣ ҳамчун армуғон ва дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод сарпарасти нашри китоби ин шоираи навроҳ мегардад.

Бо ҳамин чорабинӣ хушу хотирмон ҷамъбаст гардид.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...