(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt16 ноябри соли 2018 дар саҳифаҳои таърихи давлатдории миллии мо бо хатти заррин навишта хоҳад шуд. Зеро дар ин рӯз ҳодисае ба вуқуъ пайваст, ки миллати тоҷик бо он садсолаҳо фахр менамояд ва аз ҳама муҳимаш ҷонфидоиву корнамоиҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди иншооти муҳими стратегии кишвар НБО «Роғун» ҳамчун қаҳрамони бемисл дар қалби наслҳои оянда боқӣ хоҳад монд.

Бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кор андохтани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии “Роғун” ба қалби миллионҳо мардуми Тоҷикистон ва минтақа шуълаи нав афрохт. Ба таъбири Пешвои миллат: «“Роғун” манбаи нури ҳар як хонадон, гармии қалби ҳар як фарди Ватан, сарчашмаи иқболу сарбаландии мардуми тоҷик, кафолати рушди босуботи Тоҷикистон ва нуфузу обрӯи давлати соҳибихтиёри тоҷикон мебошад!».

Мо низ аз он хушнуд ҳастем, ки маросими баистифодадиҳии агрегати якуми ин иншооти бузурги гидроэнергетикӣ, ки истиқлолияти энергетикии давлатҳои Осиёи Марказиро таъмин хоҳад кард, ваҳдати ҳамдилӣ ва ҳамраъйии мардумиро Тоҷикистонро бори дигар собит намуд.

Тоҷикон дар ҳама давру замон аз мардуми боғурур ва сарбаланд арзёбӣ мегаштанд ва имрӯз низ баландии сарбанди НБО «Роғун», ки ба 335 метр расида, аз сарбандҳои баландтарини мавҷудаи ҷаҳон — «Ҷинг Пинг И»-и Чин (305 метр) ва «Гувер»-и ИМА (221 метр) пеш хоҳад гузашт. Дар баробари ин бояд зикр намуд, ки ин неругоҳи нодиртарини ҷаҳон аст ва на ҳама қодиранд дар миёни кӯҳҳо чунин иншооти асрро бунёд кунанд. Муҳандисони бузург, бунёдкорони ин иншооти стратегии Тоҷикистон ҳама ҷасурона зери замин даромаданд, кӯҳро шикофтанд ва як тамаддуни азими зеризаминӣ сохтанд, то ин ки баъд аз он маҷрои нур берун ояду Тоҷикистонро, олами атрофро, тамоми зиндагии рӯи Заминро мунаввар созад. Воқеан ҳам ин неругоҳ – як ибодатгоҳи ба худ хос аст, ки дар он инсоният дар симои Тоҷикистон ва тоҷикон таманнои ояндаи худ мекунад, орзу менамояд, ки дар ин ҷо боғҳо шукуфанд, шаҳрҳо бунёд шаванд, одамон оилаҳо барпо кунанд, то ин ки дигар садои тиру туфанг баланд нагардад.

Гузашта аз ин «Роғун» майдони мардонагиву ҷасорат ва маркази тарбияи мутахассисони соҳаи барқу энергетикаи тоҷик ба шумор рафта, нишонаи иттиҳод ва сарҷамъии миллат аст ва пояҳои истиқрору ягонагиро бо нури поку мусаффои хеш дар қаламрави кишвар таҳким мебахшад.

Бояд гуфт, ки бунёди пурраи ин кохи нур роҳи асосии ба истиқлолияти комили энергетикӣ ноил шудани Тоҷикистон буда, омили муҳимтарини таконбахши иқтисодиёти миллӣ, афзоиш ёфтани иқтидори содиротии кишвар ва муҳимтар аз ҳама, сабаби таъмин намудани сатҳи шоистаи зиндагии сокинони мамлакат мегардад.

Корнамоиҳои майдони НБО «Роғун» аз мо кормандони сохторҳои давлатӣ ва ҳар нафари бонангу номус тақозо менамояд, ки дар самти ободониву бунёдкорӣ камари ҳиммат бандем.
Давоми 3 моҳи охир аҳли заҳмати Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд бо мақсади ҳиссагузорӣ ба ободии шаҳри бостонии Хуҷанд тадбирҳои зиёд андешид.

Аз ҷумла як қисми роҳи кӯчаи Сангинбой Полвонов ва ба азнавсозии роҳу пайроҳаҳои дохили майдони коргоҳро ба анҷом расониданд.

Воқеан ҳам имрӯзҳо дар қаламрави кишвар баҳри истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ вусъати тоза мегирад. Он дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарори Раиси вилояти Суғд «Дар бораи вусъат бахшидан ба корҳои созандагию бунёдкорӣ, ободию кабудизоркунии маҳали зист ва сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қарори Раиси шаҳри Хуҷанд «Дар бораи эълон намудани 1300 рӯзи ободонию созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» роҳандозӣ гаштааст. 
Баробари ба тасвиб расидани фармону қарорҳои дар боло зикршуда, роҳбарияти Маркази назорати давлатии сантию эпидемологии шаҳр нақша –чорабиниҳо тартиб дода, фаъолияти худро дар асоси он ба роҳ мондааст.

Аҳли ҷомеаи меҳнатӣ аз он хушнудӣ менамояд, ки воқеан ҳам дар як фосилаи кӯтоҳ Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд ободу зебо гардидааст. Кормандони Марказ баробари побел кардани майдонҳои ҳудуди идораю ташкилот ва муассисаи худ ба он гулҳои рангорангу буттаҳои ҳамешасабз ва дарахтони ороишӣ шинондаанд. Ҳамешагӣ шохи хушкидаи дарахтонро ба тартиб дароварда, танашро барои муҳофизат аз ҳашаротҳо сафед менамоянд. Ин ҳама фидокориҳо аз ҳисси баланди меҳанпарастӣ ва ифтихор аз ватандории шаҳрвандон шаҳодат медиҳад.

Мусаллам аст, ки ободии шаҳр, аз кӯчаву маҳал ва коргоҳҳо оғоз шуда, маҷмуъан ба ободии кулли он оварда мерасонад. Ва ин тадбири муҳими созандаи Марказ дар оянда низ идома хоҳад ёфт.

Имрӯз вақти он расидааст, ки ҳар як фарди ин мамлакат- роҳбару коргар, омӯзгору табиб, муҳандису сохтмончӣ, соҳибкору ҳунарманд, пиру ҷавон бо дарки вазъи имрӯзаи ҷаҳони муосир дар атрофи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яктану муттаҳид гардида, бо шукргузорӣ аз ваҳдату якпорчагии миллат, рӯзгори ободу осоишта, якдиливу якмаромӣ баҳри пойдории сулҳу субот дар ҷомеа, ободии сарзамини худ, пешрафти иқтисоди миллиамон ва амалӣ гардидани ҳамаи ҳадафҳои неки давлату ҳукумат бо азму талоши дучанд камари ҳиммат баста, меҳнати содиқонаву софдилона ба анҷом расонад.

Султон Раҳмонзода, 
сардори Маркази назорати давлатии 
санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд, 
Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...