(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Худро ҳамвазн бо олимон донистан ва бо риёкории ҳамсони қурби коғазпораи сари роҳ ба номи боргоҳи илму маърифат - Академияи илмҳои Тоҷикистон муроҷиат кардан, нишонаи арши аълои бемаърифатии масъули сомонаи “Кимиёи саодат” мебошад.  Нафаре, ки љиноят содир менамояд ва ба осиёи бегонагон об мерезад, нашармида ба Академияи илмњо ва ба шахси Президенти ин нињод тавсия њам пешнињод менамояд. Ташхиси муаллифшиносӣ нишон медиҳад, ки муаллифи муроҷиатнома ба афсурдагии рӯҳӣ мубтало буда, сафедро аз сиёҳ ҷудо накарда, номи шахсиятҳои шарифро даҳон ношуста ба забон овардааст.

Муаллифи муроҷиатнома ба муаррифӣ ниёз надорад: Саидюнус Бурҳонов машҳур бо лақаби “кӯри Юнус”. Бо доштани чунин номи шубҳаангез ва ноқис, хурднамоӣ ва тавтиаҷӯйӣ мекунад, миёнарави ифротияти  мазҳабӣ мебошад. Бо дарки масъулияти олимона ба такя ба иттилооти дақиқ ин музахрафотро рад  мекунем:

  1. Кӯр асояшро як бор гум мекунад. Вале дар мавриди қиссаи нобиное, ки дар бораи изи хатоҳои нобахшиданиаш ин ҷо сухан меравад,  мафҳуми ин зарбулмасал  мутлақан сидқ намекунад.
  2. Дар илми равоншиносӣ исбот шудааст, ки афроди ноқисулақл, кинагир  ва дорои тинати камбинӣ, ба таври истисноӣ худшефта, мағрур барои худиву бегона “ҳомӣ ва мураббӣ” вонамуд мешаванд. Бемории бузургманишӣ дар мағзи сари “қаҳрамон”-и ин қитъаи насрӣ чунон асар кардааст, ки тавони нимнигоҳе ба сӯи дастовардҳои ноб ва мусбати Тоҷикистони азизро надорад. Изҳороту  муроҷиатномаҳои он каҷнамои дурӯғросткун сатҳӣ, бесару нӯг ва маҷозист ва ба ҳеч сурат воқеиятро баён намекунад.
  3. Намунаи олии костагии рӯҳӣ ва олудагии ахлоқӣ-Юнус Бурњонов бо лақаби “Кӯри Юнус” аст. Дар пойгоњи иттилоотие, ки аз љониби хадамоти махсуси хориҷиён, сармоягузорї ин яксӯбин  мешавад. Ин фарди ботилманиш 24-соати шабонарўзї ба дурўѓпароканиву маѓзшӯии љавонон ба сӯйи ифротгароиву хурофотзадагї машѓул аст.
  4. Эй ноҷаноби олус, Шумо агар кӯри маънавӣ нестед, дастоварди умумимиллӣ-Сохтмони аср-НБО Роғунро медидед. Агар бино мебудед, ақалан, иқрор мешудед, ки созандагӣ ва илмдӯстӣ чӣ гуна мешавад. Бо қудрати илм, кӯҳро шикофтан ва дар ихтиёри  мардум нур гузоштанро медидед. Бозсозии куллии ҷумҳуриро медидед. Сохтмони шоҳроҳҳо, мактабҳо, бунгоҳҳои тиббӣ ва аз бунбасти коммунакатсионӣ раҳо шудани Тоҷикистонро бо айнаки шикастаи каҷатон медидед.
  5. Душмании шумо ҳалқаҳои ифротӣ бо илм ва олим, решаҳои амиқи таърихӣ ва азалӣ дорад. Оштинопазир аст. Ин нотавонбинӣ то ҳадест, ки дар замони ҷанги шаҳрвандӣ аъзои  Академияи илмҳо ва нухбагони шинохтаи илми тољик: М.Осимӣ, М.Назаршоев, М.Ѓуломов, Исњоќиро бо хоку оњушта карда куштед. Миллатро бесоҳиб кардан мехостанд, ки тиратон ба хок хӯрд.
  6. Академияи улум ҳамеша мояи ифтихор буд ва њаст, зеро ин ниҳод рисолати хешро аз бунёд то ба имрӯз, дар самти пажуҳишҳои илмӣ ҳам дар риштаи илмҳои табию риёзӣ ва ҳам дар самти пажуҳишу рушди илмҳои ҷомешиносӣ ба роҳ мондааст ва имрӯз низ меҳвари асосии Академияи илмҳоро пажуҳишҳои илмӣ ва тавсеаи тафаккури илмӣ дар ҷомеа ва боло бурдани нуфузу ҷойгоҳи илм дар ҷомеа ташкил медињад.
  7. Кури Юнус ин ҳаммаслакони шумо буданд, ки ҳануз дар воқеоти сиёсии солҳои 90-уми асри гузашта аввалин ҳамлаи лафзиро бар алайҳи олиму муаллим намуданд ва руҳияи илмиро дар кишвар шикаста, ҷойгоҳи илму олимро беэътибор эълон доштанд. Махсусан бо мавзеаҳое, ки нони олиму муаллим ва духтур ҳаром, зани олиму муаллиму духтур талоқ ва ҷанозаи олиму муаллиму духтур нораво аз забони фаъолону ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ-и шумо садо дода буд. Чун шумо ба ҳаммаслаконатон ғаразро канора намегузоред ва собит шудааст, ки мунақидони хешро ҳамеша ҷисман аз байн бурдаед ва афкори шумо аз инсонбадбинӣ сарчашма мегирад, аз ин рӯ: Якум, инсонбадбинї, ифротгарої ва терроризмманишиатон  боис гардидааст, ки мардум ба шумо на ба номи асл, балки ба номи мустаор ҷавоб менависанд; Дуюм,  ҳамаи матолиби навишташудае, ки ба унвони шумо ва гурўҳҳои дигар ирсол мешавад, навиштаи олимон нестанд, балки бо сабаби барои аксари мутлаќи сокинони кишвар аъмоли зишт зиддиинсонӣ ва ҷинояткоронаи шумо нафратангез будан,  ин матолиб аз ҷониби гурўҳҳои зиёди иҷтимоӣ таълиф меёбанд ва мутмаинем, ки минбаъд боз њам зиёд мегарданд; сеюм, касе ба куру кар будан ё чулоқу нобино будан айб нагирифтааст.

Аммо бадтар аз ҳамаи ин айб куриест, ки бо дидаи бино ҷаҳонро дубин бинад. Ба хотири манфиатҳои гурўҳии хеш сафедро сиёҳ гўяд ва миллату ҷомеаи хешро бо пулу сармояи бегонагон ба савдо гузорад. Ал-қисса, ин воқеан куриест, ки бадтар аз айб аст.


Эњсони Илњом, коршиноси умури сиёсї

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...