(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Кӯри Сайидюнус ислоҳпазир нест (Фейксозиҳои оппозитсияи фирорӣ)

 

Аҷабо, гоҳо нафароне, ки ҷиноят содир менамоянд ва манофеи миллиро дар хатар гузошта, ба осиёи бегонагон об мерезанд, нашармида ба ниҳодҳои давлатӣ ва аз чумла ба Академияи илмҳо ва ба шахси Президенти ин ниҳод тавсия ҳам пешниҳод менамоянд. Яке аз чунин нафарон Юнус Бурҳонов бо тахаллуси Кӯри Сайидюнуси Истаравшанӣ аст, ки дар пойгоҳи иттиллотиву хабарие, ки аз ҷониби аҷнабиҳо сармоягузорӣ мешавад, дар 24-соати шабонарўзӣ ба дурўғпароканиву мағзшуии ҷавонон дар роҳи савқ додани онҳо ба самти ифротгароиву хурофазадагӣ  машғул аст.

Ҷаноби олусу кӯр, Шумо агар кури маънавӣ нестед, дастоварди умумимиллӣ-Сохтмони аср-НБО Роғунро медидед. Ақалан, иқрор мешудед, ки созандагӣ ва илмдӯстӣ чӣ хел мешавад. Бо қудрати илм, кӯҳро шикофтан ва дар ихтиёри  мардум нур гузоштанро медидед. Бозсозии куллии ҷумҳуриро медидед. Сохтмони шоҳроҳҳо, мактабҳо, бунгоҳҳои тиббӣ ва аз бунбасти коммунакатсионӣ раҳо шудани Тоҷикистонро бо айнаки шикастаи каҷатон медидед. Сарҳади душмании шумо палидакҳои ифротӣ ва сарпарастонатон бо илм ва олим то ҳадест, ки аъзои  Академияи илмҳо, олимон ва нухбагони шинохтаи тоҷик: М.Осимӣ, М.Назаршоев, М.Ғуломов, Исҳоқиро бо хоку оғушта карда куштед. Миллатро бесоҳиб кардан мехостанд, ки нашуд.

Чунин ба назар мерасад, ки пас аз чеҳракушоии Юнус Бурҳонов, бо тахаллуси кӯри Сайидюнуси Истаравшанӣ,  ки дар мақолоти иддае симои аслии он фош карда шуд ва ниқобҳояшро бадар намуданд, ба чунин натиҷа расида бошад, ки ароизеро ба раиси Академияи улум иброз дошта бошад. Вай  андеша менамояд, ки ҳамаи ин аз ҷониби Академияи улум таҳия шуда бошанд ва маҷмуи бахшҳои ин ниҳод ба ҷуз аз анҷом додани пажўҳишоти илмӣ ба “ҷанги нарм” бо мухолифин машғул буда бошанд.  Аммо ин андеша комилан ғалат ва ғайримантиқист ва посух ба саволҳои гузоштаи ў чунин аст:

  1. Академияи улум ҳамеша мояи ифтихор буд ва ҳаст, зеро ин ниҳод рисолати хешро аз бунёд то ба имрӯз, дар самти пажуҳишҳои илмӣ ҳам дар риштаи илмҳои табию риёзӣ ва ҳам дар самти пажуҳишу рушди илмҳои ҷомешиносӣ ба роҳ мондааст ва имрӯз низ меҳвари асосии Академияи илмҳоро пажуҳишҳои илмӣ ва тавсеаи тафаккури илмӣ дар ҷомеа ва боло бурдани нуфузу ҷойгоҳи илм дар ҷомеа ташкил медиҳад. Мусаллам аст, ки Академияи илмҳо ҷузъи ҷомеаи Тоҷикистон аст ва равандҳое, ки дар ҷомеа ба вуҷуд меоянд,  таҳлилу баррасӣ намудан, дурнамои рушди онҳоро муайян кардан ва ҷомеаро дар баробари равандҳои гуногуни сиёсию иҷтимоӣ огоҳ намудан ба салоҳияти олимони бахши ҷомеашиносии  ин ниҳод мутаалиқ аст.

Дар замони ҷанги шаҳвандии солҳои 90-ум яке аз роҳҳои асосие, ки мардумонро ба шур оварда, онҳоро ба ҳам даргир намуд, набудани ахбори дурусти илмӣ ва собитшудаву таҳлилёфта аз як тараф, ва аз ҷониби дигар дахолат накардани олимон ба ин равандҳо ва таҳлили дуруст наёфтани ин равандҳо боиси он гардид, ки ҳар кавдане худро аломае эълон намуд ва бо афкори хурофотию экстремистии хеш афкори мардумро масмун намуд. Бародарро бо бародар падарро бо писар маҳалро бо маҳал ба ҷангу хунрезӣ раҳнамун карда, миллатро дар ҳоли нобудӣ гузоштанд.

2. Кури Сайидюнус ин ҳаммаслакони шумо буданд, ки ҳануз дар воқеоти сиёсии солҳои 90-уми асри гузашта аввалин ҳамлаи лафзиро бар алайҳи олиму муаллим намуданд ва руҳияи илмиро дар кишвар шикаста, ҷойгоҳи илму олимро беэътибор эълон доштанд. Махсусан бо мавзеаҳое, ки нони олиму муаллим ва духтур ҳаром, зани олиму муаллиму духтур талоқ ва ҷанозаи олиму муаллиму духтур нораво аз забони фаъолону ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ-и шумо садо дода буд.

3.Академияи илмҳо тибқи хоҳиши Сайидюнус боясти аз таҳлили ҳама гуна вазъиятҳо ва баррасии хабару мақолот, даст бардорад. Аз ҷониби дигар он нафарони бисёр “дилсузу миллатдуст”, ки гўё  дар ин ниҳод кор мекарда бошанд ва бисёр бо таассуф ба Сайидюнус “ахбори мувассақ” ирсол медошта бошанд, агар дар воқеъ бошанд, ҷуз нафарони гумроҳшудаи худбохтае нестанд.  Чун шумо ба ҳаммаслаконатон ғаразро канора намегузоред ва собит шудааст, ки мунақидони хешро ҳамеша ҷисман аз байн бурдаед ва афкори шумо аз инсонбадбинӣ сарчашма мегирад, аз ин рӯ:

Якум, инсонбадбинӣ, ифротгароӣ ва терроризмманишиатон боис гардидааст, ки мардум ба шумо на ба номи асл, балки ба номи мустаор ҷавоб менависанд.

Дуюм,  ҳамаи матолиби навишташудае, ки ба унвони шумо ва гурўҳҳои дигар ирсол мешавад, навиштаи олимон нестанд, балки бо сабаби барои аксари мутлақи сокинони кишвар аъмоли зишт зиддиинсонӣ ва ҷинояткоронаи шумо нафратангез будан,  ин матолиб аз ҷониби гурўҳҳои зиёди иҷтимоӣ таълиф меёбанд ва мутмаинем, ки минбаъд боз ҳам зиёд мегарданд;

Сеюм, касе ба куру кар будан ё чулоқу нобино будан айб нагирифтааст. Аммо бадтар аз ҳамаи ин айб куриест, ки бо дидаи бино ҷаҳонро дубин бинад. Ба хотири манфиатҳои гурўҳии хеш сафедро сиёҳ гўяд ва миллату ҷомеаи хешро бо пулу сармояи бегонагон ба савдо гузорад.

Ал-қисса, ин воқеан куриест, ки бадтар аз айб аст.

 

Эҳсони Илҳом, коршиноси умури сиёсӣ

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...