(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Аҷиб аст, ки гоҳо нафароне, ки ҷиноят содир менамоянд ва манофеи миллиро дар хатар гузошта, тибқи дастури бегонагон зидди давлату мардум амал мекунанд ва ба осиёи бегонагон об мерезанд, нашармида ба ниҳодҳои давлатӣ ва аз чумла ба Академияи илмҳо ва ба шахси Президенти ин ниҳод тавсия ҳам пешниҳод менамоянд. Яке аз чунин нафарон Юнус Бурҳонов бо тахаллуси Кӯри Сайидюнуси Истаравшанӣ аст, ки гумоштаи кишварҳои хориҷӣ буда, дар пойгоҳи иттиллотиву хабарие, ки аз ҷониби хадамоти махсуси кишварҳои маълум сармоягузорӣ мешавад, дар 24-соати шабонарўзӣ ба таҳқири давлату миллат ва дурўғпароканиву мағзшуии ҷавонон дар роҳи савқ додани онҳо ба самти ифротгароиву хурофазадагӣ ва таблиғи афкори гумроҳкунандаву ғайриилмӣ  машғул аст. Ёдовар мешавем, ки ҳарчанд пайваста Сайидюнус хешро яке аз дифоъгарони ормонҳои миллӣ вонамуд месозад, вале чанд чеҳрагии он ва мушовиру аъзои раёсати ғайриалании ТТЭ ҲНИ буданаш аён аст. Зеро ҳамеша аз мавқеи ин гурўҳ ҳимоят мекунад ва то андозае онҳо аз як марказ дастур мегиранд ва амали якхеларо анҷом медиҳанд.

Чунин ба назар мерасад, ки пас аз чеҳракушоии Юнус Бурҳонов, бо тахаллуси Сайидюнуси Истаравшанӣ,  ки дар мақолоти иддае симои аслии он фош карда шуд ва ниқобҳояшро бадар намуданд, ба чунин натиҷа расида бошад, ки ароизеро ба раиси Академияи улум иброз дошта бошад. Вай  андеша менамояд, ки ҳамаи ин аз ҷониби Академияи улум таҳия шуда бошанд ва маҷмуи бахшҳои ин ниҳод ба ҷуз аз анҷом додани пажўҳишоти илмӣ ба “ҷанги нарм” бо мухолифин машғул буда бошанд.  Аммо ин андеша комилан ғалат ва ғайримантиқист ва посух ба саволҳои гузоштаи ў чунин аст:

  1. Академияи улум ҳамеша мояи ифтихор буд ва ҳаст, зеро ин ниҳод рисолати хешро аз бунёд то ба имрӯз, дар самти пажуҳишҳои илмӣ ҳам дар риштаи илмҳои табию риёзӣ ва ҳам дар самти пажуҳишу рушди илмҳои ҷомешиносӣ ба роҳ мондааст ва имрӯз низ меҳвари асосии Академияи илмҳоро пажуҳишҳои илмӣ ва тавсеаи тафаккури илмӣ дар ҷомеа ва боло бурдани нуфузу ҷойгоҳи илм дар ҷомеа ташкил медиҳад. Мусаллам аст, ки Академияи илмҳо ҷузъи ҷомеаи Тоҷикистон аст ва равандҳое, ки дар ҷомеа ба вуҷуд меоянд,  таҳлилу баррасӣ намудан, дурнамои рушди онҳоро муайян кардан ва ҷомеаро дар баробари равандҳои гуногуни сиёсию иҷтимоӣ огоҳ намудан ба салоҳияти олимони бахши ҷомеашиносии  ин ниҳод мутаалиқ аст.

Дар замони ҷанги шаҳвандии солҳои 90-ум яке аз роҳҳои асосие, ки мардумонро ба шур оварда, онҳоро ба ҳам даргир намуд, набудани ахбори дурусти илмӣ ва собитшудаву таҳлилёфта аз як тараф, ва аз ҷониби дигар дахолат накардани олимон ба ин равандҳо ва таҳлили дуруст наёфтани ин равандҳо боиси он гардид, ки ҳар кавдане худро аломае эълон намуд ва бо афкори хурофотию экстремистии хеш афкори мардумро масмун намуд. Бародарро бо бародар падарро бо писар маҳалро бо маҳал ба ҷангу хунрезӣ раҳнамун карда, миллатро дар ҳоли нобудӣ гузоштанд.

2.Ҷаноби Сайидюнус ин ҳаммаслакони шумо буданд, ки ҳануз дар воқеоти сиёсии солҳои 90-уми асри гузашта аввалин ҳамлаи лафзиро бар алайҳи олиму муаллим намуданд ва руҳияи илмиро дар кишвар шикаста, ҷойгоҳи илму олимро беэътибор эълон доштанд. Махсусан бо мавзеаҳое, ки нони олиму муаллим ва духтур ҳаром, зани олиму муаллиму духтур талоқ ва ҷанозаи олиму муаллиму духтур нораво аз забони фаъолону ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ-и шумо садо дода буд. Зеро ҳаммаслакони шумо, ки ба тарғиби афкори пучу хурофотӣ ва зиддиилмиву зиддиинсонӣ машғуланд, ҳамеша аз он дар ҳаросанд, ки ақида, афкор ва масири онҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор бигирад. Ҳамин буд, ки ҳанӯз дар бомдоди ҳокимиятталабии хеш ин гурўҳҳои хурофазади илмҳарос чунин мавъизаҳоро ба роҳ андохтанд ва сабабгори марги ҳазорон ҳазор муаллиму олим ва духтур дар солҳои 90-уми асри гузашта гардиданд.

  1. Академияи илмҳо тибқи хоҳиши Сайидюнус боясти аз таҳлили ҳама гуна вазъиятҳо ва баррасии хабару мақолоти дар фазои иттилоотӣ пахшшаванда, даст бардорад. Аммо вай боре намеандешад, ки як бор дар солҳои 90-уми асри гузашта сари вақт таҳлилу барррасӣ нашудани афкори пучу бемояи шумобаринҳо ҷомеаро ба чӣ ҳол овард. Аз ҷониби дигар он нафарони бисёр “дилсузу миллатдуст”, ки гўё  дар ин ниҳод кор мекарда бошанд ва бисёр бо таассуф ба Сайидюнус “ахбори мувассақ” ирсол медошта бошанд, агар дар воқеъ бошанд, ҷуз нафарони гумроҳшудаи худбохтаву бо пулу чизи бегонагон мафтуншуда ва худро муттаҳами онҳо намудае нестанд. Даъвои Сайидюнус, ки ҳар ки бояд бо номи худ нависад на бо номи мустаор, талаби дуруст аст, аммо кушторҳои муттаадии олимон ва шахсиятҳои забардасти кишварро, ки солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳатто баъди он ҳам   роҳҳандозӣ намудед, ҳануз дар зеҳнҳо муассир аст. Аз ҷониби дигар чун шумо аз бунёд зидди илму олим қарор доред, агарчи аз назари зеҳнӣ дар баробари онҳо мағлуб мешавед, вале ҳамеша барои ҷисман аз байн бурданашон кўшиш ба харҷ медиҳед. Воқеият ин аст, ки чун ангезаи афкори шумо инсонбадбиниву террористӣ аст, муҷиби он шудааст, ки ҳар нафаре, ки ба Шумо матолиб менависад, новобаста ба он ки олим аст ё рўзноманигор ё фарди оддӣ бо шумо на ба исми воқеӣ балки ба исми мустаор ҷавоб медиҳад.
  2. Касе даъво накардааст, ки мухолифи сиёсӣ ва рӯзноманигори мунтақид шаҳрванди кишвар нест. Вале бояд барои ҳар шаҳрванд новобаста аз он ки ӯ мухолифи сиёсӣ аст ё тарафдори сиёсати феълан амалкунанда, манфиати миллӣ аз ҳама арзишҳои дигар болотар бошад. Гоҳе ки ин гуна нафарон манфиатҳои миллиро зери савол мебаранд, оромишу осоиши кишварро барҳам мезананд, манфиатҳои бегонагонро бар манфиати милли худ тарҷеҳ медиҳанд, амалҳое анҷом медиҳанд, ки мухолиф ба озодиву озодандешист,  онҳоро чӣ гуна метавон ном бурд, магар инҳо хоину ватанфурӯш нестанд? Ё барои ҷаноби Сайидюнус хоин, ватанфурӯш ва душмани миллат тарзи дигар арзёбӣ мешуда бошад?
  3. Ҷаноби Сайидюнус, ин шумо ва ҳаммаслакони аз илму мантиқ дуратон сабаб гаридидаед, то ба шумо ба ҳамин сатҳ ҷавоб гуфта шавад. Зеро дар тамоми матолибатон, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба нашр мерасанд, ҳеҷ гуна ҳарфе аз илму мантиқ вуҷуд надорад ва коратон ба ҷуз аз бадгуӣ ва ёваю чаранд чизи дигаре нест. Аз ҷониби дигар сатҳи пасти касбияти рӯзноманигорӣ ва таҳлилгарии шумо ва ҳаммаслаконатон муҷиб гардидааст, то бо шумо ба ин сатҳ бояд ҷавоб навишт.  Чун шумо ба ҳаммаслаконатон ғаразро канора намегузоред ва собит шудааст, ки муннақидони хешро ҳамеша ҷисман аз байн бурдаед ва афкори шумо аз инсонбадбинӣ сарчашма мегирад, аз ин рӯ:

Якум, инсонбадбинӣ, ифротгароӣ ва терроризматон  боис гардидааст, ки мардум ба шумо на ба номи асл, балки ба номи мустаор ҷавоб менависанд;

Дуюм,  ҳамаи матолиби навишташудае, ки ба унвони шумо ва гурўҳҳои дигар ирсол мешавад, навиштаи олимон нестанд, балки бо сабаби барои аксари мутлақи сокинони кишвар аъмоли зишт зиддиинсонӣ ва ҷинояткоронаи шумо нафратангез будан,  ин матолиб аз ҷониби гурўҳҳои зиёди иҷтимоӣ таълиф меёбанд ва мутмаинем, ки минбаъд боз ҳам зиёд мегарданд;

Сеюм, аз ин ки даъво доред ҳеҷ нафаре вориди ҳарими хусусӣ ва шахсии мухолифину мунаққидон набошад, оё боре андешидаед, ки чаро шумо ва ҳаммаслаконатон вориди ҳарими хусусии дигарон мешавед. Пас ин нишонаи аҷзу нотавонии худи шумост?!

Чорум, касе ба куру кар будан ё чулоқу нобино будан айб нагирифтааст. Аммо бадтар аз ҳамаи ин айб куриест, ки бо дидаи бино ҷаҳонро дубин бинад. Ба хотири манфиатҳои гурўҳии хеш сафедро сиёҳ гўяд ва миллату ҷомеаи хешро бо пулу сармояи бегонагон ба савдо гузорад. Ин воқеан курриест, ки бадтар аз айб аст.

Панҷум, аз ин афсунгариҳои шумо бармеояд, ки ҳамоқати зиддиилмӣ ва зидди ақлу маориф, ки солҳои 90-ум доштед, дигар нашудааст. Пас аз гузашти ин ҳама сол аз ёди аҳли кишвар илмбадбинии шумо ва ҳамаслаконатон нарафтааст ва аз ҷониби дигар дар матолибатон  дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин ҳол бармалост. Шумо дар камтарин ҳолате ки қудрати сиёсиро ба даст гиред, аввалин коре ки анҷом хоҳед дод, куштори дастаҷамъонаи олиму муаллим ва озодандешон хоҳад буд. Ин ҳақиқати талхро таҷрибаи дар кишварҳои дигар анҷом додаи “Пирони шумо” собит намудааст, ки иддае дар зиндонҳо мурданд ва иддае дар Ғарб паноҳ бурданд. Ҷаноби Сайидюнус агар меҳоҳед дидгоҳи дигарҳоро дар баробари хеш тағйир диҳед, пас шуморо зарур аст саравал хешро тағйир диҳед.

 

Эҳсони Илҳом, таҳлилгар

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...