(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altИстиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад.

Хушбахтона ба шарофати ин рӯйдоди бузурги таърихӣ халқи мо соҳиби рамзҳои давлатии худ - Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва Конститутсия шуд ва Тоҷикистони азизи мо аз ҷониби ҷомеаи башарӣ ҳамчун давлати мустақил эътироф гардид. Истиқлолияти давлатӣ, инчунин, ҳувияти миллии мардуми тоҷикро ба зинаи комилан нав бардошт ва барои тақвияту густариш пайдо кардани ваҳдати тамоми сокинони Тоҷикистон заминаи пойдор фароҳам овард.

Мақоми баланди ин муқаддасоти миллӣ ва тарбияи маънавии он ба ҳар як шаҳрванд аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равшан ва возеҳ ифода гардидааст: «Ҳар як фарди бонангу номус ва ватандўсту ватанпарвари тоҷик аз Парчами миллии худ ифтихор намуда, эҳтироми онро ҳамчун рамзи давлату давлатдорӣ, озодиву истиқлоли Ватан ва ҳамчун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ ба ҷо оварда, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба наслҳои имрўзу оянда талқин менамояд».

Метавон гуфт, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукнҳои асосии муқаддасоти миллӣ маҳсуб гардида, он ифодагари рамзи ҳаёти осоишта, меҳнатдӯстӣ, бахту иқболи сафед, умед ба ояндаи нек ва лоиқи эҳтироми пиру барнои кишвар гардидааст.

Дар радифи муқаддасоти дигар Парчам низ таърихи худро дорад ва он дар таърихи кишвардории мо дар мубориза бо душманони аҷнабӣ ифодагари қудрат ва матонати давлат будааст. Дар таърихи қадимаи рамзҳо Парчам ба рамзи пирўзӣ ва сипас ба рамзи давлатдорӣ табдил ёфта буд. Ҳар шахсе ба қудрат мерасид, соҳиби тахту салтанат мегашт, тоҷи шоҳӣ ба сар мениҳод ва Парчамро азизу муқаддас медонист ва онро баланд меафрохт. Дар «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ Шоҳ Фаридун парчами худро бо сангҳои қиматбаҳо ва тасвири ситораи чоргўшаи тиллоӣ ва шилшилаҳои (лентаҳои) сурх, зард ва бунафш оро дода, онро «Дирафши Ковиёнӣ» номид. "Дирафш" аз вожаи дирафшидан, дурахшидан, рӯшноӣ додан, партав афкандан ва тобидан сохта шудааст ва ба маънои Парчам, алам, аломату байрақ омадааст.

Воқеан дар ҳама давру замонҳо парчам чун рамзи давлат, салтанат, ғуруру ифтихор аз даст ба даст мегузашт. Зери парчам-чун нишони муттаҳидӣ, озодӣ ва истиқлол сипаҳсолорон лашкарро аз майдони ҳарбӣ мебурданд ва ғолиб мешуданд. Қиёмгарон, пешвоёни шўришҳои мардумӣ халқро зери парчам бар зидди зулму истибдоди дохилӣ ва аҷнабӣ ба мубориза даъват мекарданд ва парчами муборизаро меафрохтанд.

Пеш-пеши лашкар ва барои дар сафи пеши лашкар устувор доштан ва пеш бурдани лашкар сарбозони далеру шуҷоъ тануманду ҷасурро интихоб мекарданд, ки ўро маъмулан парчамдор, аламбардор, байрақбардор мегуфтанд. Ин вазифаи ифтихорӣ ва масъул буд, ки ба шахсони далеру ватандўст бовар карда мешуд. Ҳар як ҷузъу томи артиш, лашкар, қисми ҳарбӣ агар ба забони имрўза гўем (двизия, армия, фронт), Парчами худро дошт ва ҳоло низ ҳамин тавр аст.

Воқеан, Парчами давлатӣ ҳар фарди бонангу номусро ба ифтихор аз давлату ватандорӣ, ҳифзи истиқлолияту дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, саъю талоши пайваста ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ ҳидоят намуда, ҳангоми маъракаҳои расмии давлатӣ, чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ ва байналмилалӣ ҳамчун рамзи шоистаи ватандории тоҷикон барафрохта мешавад.

Ҳоло мардуми шарифи кишвар, бахусус насли ҷавону ояндасози мо сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакатро дастгирӣ намуда, хуб дарк намудаанд, ки эҳтироми Парчами давлатӣ маънои арҷгузориву ифтихор ба давлат, ба гузаштаву имрӯз ва фардои халқи азизамон буда, омили муҳимми таҳкими худшиносии миллӣ ва ифтихорӣ ватандорӣ ҳисобида мешавад.

Дар ҷаҳони муосир беш аз 200 давлатро маҳз тавассути Парчами онҳо эътироф мекунанд, зеро ин рамзи муқаддас муаррифгари давлатҳои мустақил, аз ҷумла халқи тоҷик ва давлатдории он дар арсаи олам маҳсуб мешавад.

Мо ифтихорманд аз он ҳастем, ки дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалии варзишӣ ба ифтихори азму талоши фарзандони бонангу номуси миллат, аз ҷумла ҷавонони ватандӯсти мо мунтазам Парчами давлатии Тоҷикистон афрохта мешавад.

Вақте ки дар ин ё он гӯшаи олам Парчами тоҷикон ба ифтихори дастовардҳои варзишиву фарҳангии фарзандони Ватанамон афрохта мегардад, сари мо – тоҷикон баланд мешавад ва обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам мустаҳкам мегардад.

Мо имрӯз бояд дар вуҷуду тинати кӯдакон парчамдорӣ ва парчамдӯстдориро тарбия намоем. Парчам василаи муҳими таҳкими худшиносии миллии мо шуда метавонад.

Бигзор Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамчун ливои бахту озодӣ ва нишонаи соҳибдавлатии тоҷикон дар фазои беғубори кишварамон то абад парафшон бошад!

Фарангис Исмоилова,
мудири к
ӯдакистони №5-и
ша
ҳри Хуҷанд

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...