(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

ҚИСМИ 1

Ба мулоҳизаҳои сиёсӣ ва амнияти шахсӣ, муаллифи ин мақола, аз ифшои номаш ибо варзидааст. Бо ирсоли ин баёнот аз яке аз кишварҳои соҳили назди Балтика, зикр кардааст, ки «дарки ватандӯстӣ ва пешгирии  ҷиноятҳои ҳаракатҳои шариатмадор, ҷиноятпешаи ТТЭ ҲНИ ва қаноти ҷангии он «Ансорулло», ки дар талоши такрори ҳодисаҳои солҳои 90-уми асри гузашта  мебошанд, ӯро водор кардааст, бо таҳияи ин баёнот ба шакли  «маросими савгандёдкунӣ»-и фарогир дар байни аъзоёни қатории ин ҳизб, ки бо таблиғоти  роҳбарони он, Ватанро тарк кардаанд, доман бизанад.

Баёноти ин шахс аз 5 қисм иборат аст ва фаъолияти иттилоотӣ, таблиғотӣ, зиддиҳукуматӣ ва ба истилоҳ «ҳуқуқи инсон»-ро фаро мегирад, ки бо маслиҳати пешакӣ бо муаллиф, ба таври тадриҷӣ ва ба маҳзи таҳрири онҳо дар ВАО чоп мешаванд. Инак, фишурдаи қисми 1-уми баёноти Воҳидовро бо матни муқаддамотӣ ва бе таҳрир ба хонандагон баён медорем:

«Бо ба сари қудрат омадани доираҳои  ростгаро дар ниҳодҳои қудратӣ дар таркиби ҳукумати нави Германия, барои аъзоёни поёнии ТТЭ ҲНИ, вазъи гирифтани мақоми паноҳҷӯӣ дар кишварҳои Европа мушкил шудааст. Ҳоло «оппозитсионерҳои исломӣ» асосан дар Германия, Полша, Словакия, Варшава, Финляндия ва дигар кишварҳо ба қайд гирифта шудаанд, ки дар ҳолати аърофӣ қарор доранд, яъне хатари истирдод ва ё рондани онҳо бамаротиб афзудааст.

Дар ин ҳисоби бенавоҳо, хонаводаи Кабирӣ ва асҳоби ба ин оила ворид, шомил намешаванд. Онҳо дар ноҳияи «Старый град»-и Варшава 3 хонаи боҳашаматро харида, бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ онҳоро муҷаҳҳаз кардаанд. 2 мошини БМВ –Х6 низ дар ихтиёри онҳо мебошад.  Даромади паноҳҷӯёни наҳзатӣ ба ин хонаҳо қатъиян манъ буда, фазои нороҳаткунандаи равониро дар муҳити муҳоҷирон ба вуҷуд овардааст. Даъвоҳои аъзои қатории наҳзат дар бораи беадолатиҳои роҳбарияти ТТЭ ҲНИ ва ҳайфу майл кардани байтулмол бе ҷавоб мондааст. Дар ин замина, 6-уми ноябри соли равон, дар дарвозаи яке аз хонаҳо, задухӯрд бо истифодаи силоҳ сар задааст, ки 2 нафар захм бардоштаанд.

Аъзоёни  қатории оппозитсия, ки аз 40 нафар зиёд нестанд,   дар замини федералии Рейни Шимоли Вестфалия, аз ҷумла дар Дюсселдорф, Дортмунд, Кёлн, Вуппертал, Билфелд, Мюнстер, истиқомат доранд ва ба мушкилоти молӣ, афсурдагии рӯҳӣ-равонӣ бинобар омилҳои таъсиррасони ғурбатнишинӣ рӯ ба рӯянд. Аз кардаашон пушаймонанд, вале ҷуръат надоранд, аз нухвату ғурури козибонаи худ фуруд оянду ба Ватан баргарданд.

Аъзоёни фирории наҳзат аз низоми бераводид байни Украина ва Беларус истифода карда, бо ҳар роҳе набошад, худро ба сарҳади Полша мерасонанд ва аз минтақаи ҷанг ба таври ғайриқонунӣ тавассути қочоқбарони албанӣ убур менамоянд. Бо маҳзи расидан ба Полша, ҳуҷҷатҳоро сӯзонда, худро паноҳҷӯи сиёсӣ эълон менамоянд.

Аъзои ин ташкилоти террористӣ бо номи наҳзат дар қарогоҳҳои «Безврла» ва «Денбак» мақоми паноҳандагӣ мепурсанд. Айни замон, 40 нафар аъзоёни ТТЭ ҲНИ дар ин 2 қароргоҳ қарор доранд. Гирёву нолаву шеван, ҷузъи ҳаёти рӯзона ин паноҳҷӯёни ба ном «норозӣ» мебошад. Зодагони вилояти Суғд, Хатлон ва шаҳри Душанбе, ҳадди аксари  ин муҳоҷиронро ташкил медиҳанд.  Дӯғу пӯписа, даъвоҳои кӯҳнаву нав ба тасмимҳои норавои роҳбарияти ТТЭ ҲНИ, мазмуни суҳбатҳои  ҳаррӯзаи ин паноҳҷӯён мебошад.

Мушоҳидаҳои шахсии камина нишон медиҳад, ки ифротгароёни фирорӣ ва шариатмадори Тоҷикистон хилофи амалкарди табдили арзишҳои миқдорӣ ба иқтидори сифатӣ бо доман задан ба  зуҳуроти сунъии хурофотӣ, бо ангезахои хоми нимамаҳаллӣ ва васвасавӣ, ки дар кишварҳои ғарб бинобар “таҳаммулапазирӣ”-и бериёи ҳомиёни ба ном “ҳуқуқи башар”,  ҷойу макон ва луқма ноне аз қути лоямут пайдо кардаанд, ҷуръати хиёнатгунае барои такрори иштибоҳи таърихӣ –таъсиси “Паймони зиддимиллӣ” ба вуҷуд овардаанд.Ин иқдомҳои зиддимилӣ манро маҷубр ба иқрори гуноҳҳои кард. Ал-ҳазар аз ин яксӯябиниҳои ифротии “паймонаки зиддимилӣ”, ал-ҳазар.

Яке аз таҳқиқгарони аврупоӣ, ки дар ҳамсоягии мо дар Германия зиндагӣ мекунад,изҳор медорад, ки “ ...дар масъалаи “сиёсӣ шудани баҳси ҳуқуқӣ” инро бояд дар назар дошта бошем, ки ТТЭ ҲНИ тавонмандии сиёсӣ, хосатан дар хориҷи кишвар бингбар гаравишҳои танги маҳаллӣ барои сарҷамъии муҳоҷиронро надорад” ӯ меафзояд, ки “ин ташкилот аслан, субъекти сиёсӣ набуда, чун як ташкилоти террористиву экстремистӣ эътироф шудааст”. Бинобар ин, ба фикри ман, ба мавзӯъи мавҷудияти ТТЭ ҲНИ на чун як оппонент ё мухолифи сиёсӣ, балки бояд чун ташкилоти террористиву экстремистӣ бархӯрд карда шавад”.

Ин лағзишҳои рафтории муллоҳои сиёсатмаоби тоҷик дар иқдомҳои сатҳӣ ва хом ифода меёфт ва  худи шоҳидони воқеӣ-иштирокчиёни ҳодисаҳо ҷиҳати парҳез намудан аз каҷравиҳо бо пушаймонии бадтар аз гуноҳ онро борҳо бо гузашти айём иқрор шудаанд.  Аммо, бадбахтии кор он ҷо буд, ки назорати вазъиятро муллоҳо дар солҳои 90 аз даст доданд, ҷанги шаҳрвандиро таҳрик намуданд ва ҳамчун паёмади сатҳнигарӣ, худро фирорӣ дар  Эрону Афғонистон дарёфтанд.

Паёмадҳои шарикӣ бо ҲНИ бисёр хатарнок аст. Ҳақиқати ҳол баръакси он даъвоҳое буд, ки муллоҳои сиёсатзада ҳақбаҷонибона пешгӯӣ мекарданд ва «ҷомеаи адолатпарвар ва босубот»-ро ваъда медоданд. Ҳаргиз интизорашро надоштанд, ки  раванди инкишофи воқеаҳо чунон ғайриинтизор ва онҳоро ғофилгир мекунад. Якеро маҷбур ба тарки Ватан, дуюмиро дучори сактаи мағзӣ, сеюмиро водор чун зоҳидони сӯфимашраб ба гӯшанишинӣ менамояд.

Оғози ҷанги шаҳрвандӣ иштибоҳҳоеро рӯнамоӣ кард, ки намояндагони нухбаи тоҷик бинобар тафаккури ҳуҷрагӣ  ва фосила доштан аз зиндагии рӯзмарраи мардум, дар шинохт ва дарки маниши халқи тоҷик ноком ва ноуҳдабаро баромаданд.

Ал-ҳазар аз ин яксӯябиниҳои ифротии “паймонаки зиддимилӣ”, ал-ҳазар.

 

М.Воҳидов, аъзои пушаймоншудаи ТТЭ ҲНИ,

ш.Старогради  Варшава  

давом дорад

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...