(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Мардуми Тоҷикистон бо роҳбарии Сарвари давлат баъди меҳнату муборизаҳои тӯлонӣ тавонистанд, ки иншооти аср - НБО Роғунро дар таърихи 16 ноябри соли ҷорӣ ба кор дароранд. Бешубҳа ин рӯз дар Тоҷикистон ҷашни Бузурге буд ва мардуми мо ҳама хурсанду пирӯз ба назар мерасиданд. Ин як тантанаи беназир буд, зеро равшанӣ бар зулмот ғолиб омад ва иншооте ки минбаъд омили пешрафту тараққии Тоҷикистон ва кишварҳои дигари минтақа мегардад, ба истифода дода шуд

. Намояндагони кишварҳои дуру наздик, шумораи зиёди меҳмонони хориҷӣ ҳам дар ин ҷашнҳо ширкат доштанд ва дар хурсандии мардуми мо шарик буданд. Ҳама шукуҳу шаҳомат, азамату иқтидор ва маҳсули меҳнати тоҷикистониён будани НБО Роғунро бо чашми худ диданд ва аҳамияти онро дарк карданд.

Танҳо  як туда бадхоҳони миллат, ки аз роҳбарону фаъолони фирории наҳзатӣ ва дигар ҷинояткорони гирду пеши онҳо иборат аст, нотавонбинона ва ноҷавонмардона ба ин ҷашну хурсандии ватану миллати мо бархурд карданд. Онҳо бадгуию туҳматзанӣ ва дуруғпароканиашонро дар ин маврид ҳам қатъ накарданд. Мақолаи «Вазъият ва худнамоӣ: аз роғунсозии Кабирӣ то роғунсозии Раҳмон», ки дар сомонаҳои ифротии наҳзатӣ нашр шудааст, мисоли рушани гуфтаҳои болост ва бадхоҳию палидии ин гурӯҳи хоинро фош месозад.

Муаллифони гумноми наҳзатӣ аз ноилоҷӣ ва гапи дигар наёфтан навиштаанд, ки гӯё ба кор даровардани чархаи аввали НБО Роғун ҷанбаи намоишӣ ва таблиғӣ дошт. Аммо чунин набуд ва касе ҳам худро таблиғу худнамоӣ накардааст. Дар асл, наҳзатиҳо, ки бадхоҳу душман ҳастанд, бунёд ёфтани НБО Роғун ва қудратманд гардидани кишварамонро намехоҳанд. Зеро ҳар қадар давлату мардуми мо қавӣ шаванд, фаъолони ТТЭ ҲНИ ва дигар ҳаммаслаконашон ҳамон қадар заифтару нотавонтар мешаванд ва ба нестӣ мераванд. Аз ин сабаб, дар рӯзи ифтитоҳи НБО Роғун баръакси хурсандии тамоми мардуми кишвар ва давлатҳои ҳамсоя наҳзатиҳо мотам доштанд.

Террористони наҳзатӣ то дараҷае расидаанд, ки рӯйирост дар хусуси фаъолияти иншоотҳо ва корхонаҳои азими кишвар дуруғ мебофанду онро дар расонаҳои ифротии худ паҳн мекунанд, ба Роҳбарияти кишварамон беасосу беинсофона туҳмат мезананд. Ин тудаи худбохта аз он норозианд, ки мардуми мо ифтитоҳи НБО Роғунро ҷашн гирифтаанду ҳамдигарро табрик кардаанд. Албатта ин ниҳояти кинаварзию душманӣ ва разилию палидии наҳзатиҳо ва чанд мақоланависакҳои косалесашон (ба мисли Мирзои Салимпур, Сайидюнус, Муҳаммадиқболи Садриддин, Темур Варқӣ ва ғ.) мебошад.

Муаллифи наҳзатӣ дар ҳамин мақолаи туҳматномааш ҳатто кӯшидааст, ки яке аз қудратҳои ҷаҳонӣ ва кишвари ба мо дӯсти Покистонро ҳам туҳмат кунад. Сабаб он аст, ки Покистон террористию ифротӣ будани ТТЭ ҲНИ-ро фаҳмида ба фаъолони он бо вуҷуди кӯшишҳои зиёдашон кӯмаки молию маънавӣ накардааст. Италияро тавсиф карданашон ҳам эҳтимол аз он хотир аст, ки дасти гадоиашонро боз ҳам дарозтар карда, аз Берлин то Рим расонданианд.

Баръакси навиштаҳои бадхоҳонаи муаллифи наҳзатӣ, Сарвари давлат дар маросими ифтитоҳи НБО Роғун маҳз бо мардум ва кормандони иншооти мазкур акс гирифтанд ва ба онҳо самимона изҳори сипос намуданд. Пеш аз ин маросим ба шумораи зиёди коргарони НБО Роғун ҷоизаҳои давлатӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карданд, ки аз қадрдонӣ ва ҳамеша ҳамроҳи мардум будани Сарвари давлат шаҳодат медиҳанд.

НБО Роғун дар замони Шӯравӣ тарҳрезӣ шудааст, аммо бо сабабҳои дар аввали солҳои навадум барҳам хӯрдани ИҶШС,  аз тарафи ТТЭ ҲНИ роҳандозӣ гардидани ҷанги шаҳрвандӣ сохтмони ин иншоот қатъ гардида, тамоми таҷҳизоти он нобуд гардида буд. Маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ ва бо кӯшишу ташаббуси Сарвари давлат, ки ба халқи меҳнаткаш такя доштанд, бунёди НБО Роғун дубора ба роҳ монда шуд. Ин кӯшишҳою меҳнати фидокоронаи Пешвои миллат ва мардум имрӯз натиҷа дод ва НБО Роғун бунёд ёфт. Пас, Сарвари давлат воқеан бунёдгузори НБО Роғун мебошанд ва дар ин шубҳае буда наметавонад.

Аслан, барои Сарвари давлатамон фаъолияти НБО Роғун ва пешрафти кишвару беҳтар гардидани зиндагии аҳолӣ муҳим аст. Ин наҳзатиҳоянд, ки дар ҳар амале танҳо бадиро мебинанд ва бадӣ меҷӯянд. Кӯшиш мекунанд, ки дар байни давлату мардуми кишвар тафриқа андозанд. Ин ифротиҳо аз саҳмияҳо ва ҳисоботи молиявӣ сухан мегӯянд. Аммо мутмаин ҳастем, ки давлат манфиати тамоми саҳмдоронро ба назар гирифтааст ва ин як кори маъмулиесту ҳал мешавад. Аммо ҳисоботи асосӣ дар назди мардум ва ҷаҳониён ҳамин ба кор даромадани чархаи аввалини НБО Роғун мебошад. Яъне НБО Роғун афсона нест, балки имрӯз ҳақиқат аст ва ба мардум рушноию тараққиёт меорад.

Афсонаю хаёли пуч ҳамон ташкилоти ба ном «Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон» аст, ки наҳзатиҳо барои фиреби мардум ва худро доною тавоно нишон додан  таъсис дода буданд. Гӯё он замон дар барномаашон масъалаи таъмини истиқлолияти энергетикиро шомил кардаанд. Ҳол он ки худи ҳамин гурӯҳ истиқлолият надоранду ғуломи доираҳои манфиатхоҳ ва иртиҷоии хориҷӣ мебошанд. Вақте ки одам тафаккури мустақилу созанда надорад, чӣ тавр дар бораи истиқлолияти энергетикию роҳбарии кишваре ҳарф мезанад?

Муаллифи наҳзатӣ дар бораи суханронии роҳбари ТТЭ ҲНИ дар соли 2013 ва ба масъалаи сохтмони НБО Роғун дахл кардани вай ҳам афсонабофӣ карда, мехоҳад ӯро ҳамчун як нафари ояндабину дурандеш ва кордон нишон диҳад. Аммо дар чанд соли охир ба ҳама маълум гардид, ки Кабирӣ бештар аз як роҳбари ташкилоти террористӣ нест ва мақсадаш танҳо ғасби ҳокимияти сиёсӣ ва пиёда кардани манфиати хоҷаҳои хориҷиаш мебошад. Ҳатто аксарияти аъзоёни ҳизбаш аз вай рӯ тофтанду ба корҳои созандагию ҳаёти осоишта баргаштанд. Аз ин рӯ, ба Кабирӣ нисбат додани ҳар гуна амалу сухани ободкорона хандаовару манфур аст. Вай ба сохтмони НБО Роғун ғайр аз душманию монеа кори дигаре накардааст.

Бо терроризму экстремизм ва бадхоҳию палидии наҳзатӣ НБО сохта намешавад. НБО Роғун натиҷаи меҳнати шабонарӯзии ҷонфидоёна ва муборизаҳои Сарвари давлат ва мардуми кишварамон аст. Баръкаси пиндори бадхоҳонаи наҳзатиҳо ин иншооти муҳими аср ба тараққию инкишофи кишварамон ба таври назаррас таъсири мусбӣ хоҳад гузошт.

Парвизи Мирзо,

таҳлилгар

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...