(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Имрўз мардуми Тоҷикистон бо дилҳои лабрез аз фараҳу шодӣ ифтитоҳи НБО Роғунро ҷашн мегиранд. Ҳама хушҳоланду ҳамдигарро табрик мегуянд. Ба ин хурсандии мардуми мо намояндагони кишварҳои дигар ҳам шариканд ва ҷиҳати иштирок дар тантанаҳо ба Тоҷикистон ташриф овардаанд.

Аммо ин ҳама ҷашну сурур бадхоҳони миллатро баръакс ғамгину сархам кардааст ва онҳо ба воҳима афтода чи кор карданашонро намедонанд. Яке аз чунин нафарон журналисти номуваффақ Ҳумайрои Бахтиёр аст, ки дар ғарибиҳо саргардон буда, имрўз беқарор шудааст ва матлаби пучу ҳарзаеро дар сомонаи ифротии Сайидюнуси ҳамдаму ҳамнафасаш ҷой додааст. Албатта ин амали нангинро Ҳумайро бо супориши хуҷаини террористаш Кабирӣ содир кардааст. Аз навиштаи Ҳумайро бармеояд, ки имрўз дили бадхоҳаш оташ гирифтааст ва месўзад. Тарс аз он дорем, ки боз сухта тамом нашавад.

Ҳумайро нороз гардидааст, ки дар кишвар амалҳои ободкоронаю созандаи Сарвари давлат ва Ҳукумат васф карда мешаванд. Наход дар як муддати кутоҳ, яъне баъди халос шудани кишвар аз ТТЭ ҲНИ Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас ноил гардаду симои шаҳрҳо ба куллӣ дигар шавад ва имрўз мо НБО Роғунро ба кор андозему чунин амалҳоро, ки бо сарварии Пешвои миллат анҷом меёбанд, васф накунем? Охир мардуми кишварамон ба фарқ аз шумо имрўз хурсанд ҳастанд.

Ҳумайро месўхтааст, ки гўё мардум ҳамдигарро мешикаста бошанд. Бовар кунед чунин нест. Дар ғурбат ин наҳзатиҳо ва афроди мисли шумо хизматгори онҳоянд, ки ҳамдигарро ба хотири кадом пули гадоие мешикананду мехоянд. Масалан, агар касе шуморо дар ғурбат азият медода бошад, уро мардум гуфта намешавад. Ба ватан баргардеду ба фаъолияти дурусту қонунӣ камар бандед. Он гоҳ касе камари шуморо шикаста наметавонад. Ба низоме ки ободкор асту дар фикри беҳдошти мардум аст, эътироз кардан шарт нест.

Дар Тоҷикистон равшанфикрону устодони донишгоҳ вазифаашонро иҷро мекунанд, яъне мардумро ба роҳи дуруст бо навиштаҳояшон ҳидоят мекунанд, то мисли шумо гумроҳ нагарданд. Ибораи «обсофкунак» ба худи шумо ва ҳаммаслакони наҳзатиатон дуруст меояд, ки матлабҳои иғвоангезона паҳн мекунед.

Тоҷикистони озод мавҷуд аст ва ин Ҷумҳурии Тоҷикистон ном дорад, ки дар он мардум озодона зиндагӣ доранд. Шумо худатон иқрор ҳастед, ки то дараҷаи фаҳмиши дурусти мавзўи даст задаатон нарасидаед. Пас, ором бошеду ба кору зиндагии худ машғул шавед, он гоҳ сўзиши дилатон ҳам камтар мегардад. Зеро дар Тоҷикистон баръакси навиштаи шумо ҳуқуқу озодиҳо таъминанд. Фақат ин масъаларо бо ТТЭ ҲНИ олуда насозед, зеро фаъолони ин ташкилот ҷинояткоранд ва бо ин сабаб ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

Баръакси пиндори шумо дар Тоҷикистон фасоди давлатӣ дар авҷ нест ва мардумро ҳам бо фасодкорӣ айбдор накунед, ки чунин амал, яъне туҳмат ҷавобгарӣ дорад.

Сохторҳои қудратии Тоҷикистон бар хилофи таълифоти шумо истибдодгар нестанд, балки амният ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро ҳифз мекунанд. Агар ҷинояткорону террористонро ба ҷавобгарӣ кашида бошанд, ин истибдод нест ва байни инҳо фарқ ҳаст.

Уламою удабо агар ҳарфи Ҳукумати худро, ки ба манфиати мардум аст, таблиғ накунанд, пас чӣ кор кунанд? Фармудаҳои ифротии шумо ва Кабирии хуҷаинатонро таблиғ кунанд?

Расонаҳоро бо дуруғнависӣ туҳмат накунед, охир инҳо ҳамкасбонатон ҳастанд. Пас, шумо ҳам дуруғ мегўеду менависед.

Ҳукуматро бо таҷовуз кардани шарафу номуси шаҳрвандон туҳмат накунед, ки ҷавобгарӣ дорад. Шояд шумо иштибоҳ кардаеду таҷовузгари мегуфтагитон дигар аст?

Бовар кунед сохторҳои марбута дар давоми муборизаи шадиду тулонӣ бо ТТЭ ҲНИ терроризму ифротгароиро хуб шинохтаанд. Ҳамаи ҷиноятҳои онҳо исбот шудааст. Беҳтараш худро аз онҳо дар гиред, ки ин маризи гузаранда аст. Пурсиши аъзои хонаводаи як террорист ва ё ҷинояткор амали маъмулиест, ки дар дилхоҳ кишвар доир карда мешавад. Ин як амали қоидавӣ ва зарурист ва аз шиканҷа фарқ дорад.

Ба шумо ёдрас мекунем, ки васфи корҳои бузург, масалан, ифтитоҳи НБО Роғун ғуломхўӣ нест, балки ин барои мардуми мо рўзи ҷашн асту тантана аст. Агар шумо дар ҳамин рўз ғамгин бошеду мотам гиред, ҳаммаслаки душманонед.

Агар мехоҳед манфиатҷўю худхоҳ набошед ва эҳтирому эътирофи дигаронро ба ҷо оред, чунин кунед. Аз душманони миллат ҷудо шавед, ҳарзагўию иғвоангезиро бас кунед, ба кори дуруст машғул шавед, он гоҳ ҳамааш хуб мешавад ва дунё дар назаратон рангин менамояд.

Ҳувайдулло П.коршиноси умури сиёсӣ


Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...