(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Табиати инсонҳои  аъмолашон нопок ва гузаштаашон пурдоғ чунин аст, ки ҳамагуна вокуниш ва андешаронӣ дар ҷомеаро ба худ рабт дода, моҳиятан ба “девори намкаш” табдил меёбад. Ин “бузургон” ончунон ба ин “образ” медароянд, ки агар Худо накарда тавассути расонае, дар мавриди ҷинояту ҷинояткорон иттилое паҳн гардад, филфавр обсофкунакҳояшон фаъол мешаванд.

Дурустии ин гуфтаро дар “кор”- у “пайкор”-и наҳзатиҳои террорист ба хубӣ метавон мушоҳида кард.  Далел меорам: Чанд рӯз қабл яке аз расонаҳо бобати ошкор шудани дуздии муҳоҷири тоҷик дар Вилнюс, пойтахти Литва иттилоъ пахш кард. Ин хабар, ки қаҳрамони он муҳоҷири  тоҷик арзёбӣ шудааст,  он қадр арзандаи таваҷҷуҳ набуд ва имкон дошт мисли дигар иттилоъ, бе илова шудани шармандагии нав барои наҳзатиҳо моли таърих шавад. Вале осемасар ва аблаҳона вокуниш намудани онҳо боис гардид, ки худро бори дигар хандахариш кунанд. Ба мисли қаҳрамони яке аз саҳначаҳои “Лаҳзаҳои гуворо”, ки далелаш барои “пешдастӣ намудан” пешгирии  “аз дилаш нагузаронидан”-и нафари дигар аст.

Баъд аз чанд лаҳзаи расонаӣ шудани хабари мазкур сомонаи сафсатпарокани наҳзатиҳо - “Паём нет” дар матлабе бо “сароҳат” нигошт, ки “барои дӯздӣ боздошт шудани муҳоҷири тоҷик иштибоҳ буда, ин паноҳанда айни ҳол озод карда шудааст. Ӯ ҳоло ба бошгоҳи муҳоҷирон — Пабраде баргаштааст”.

Бино ба иттилои ин фоҳишасомона,  қазия на чуноне будааст, ки матбуоти Литва хабар додаанд. Гӯё муҳоҷири мавриди назар мастеро мебинад, ки телефонаш аз дасташ афтодааст. Муҳоҷири тоҷик телефони ӯро бардошта ба кисааш мегузорад ва ба ӯ кӯмак мекунад то бархезад. Маъмури пулис, ки ба кисааш гузоштани телефонро мушоҳида мекунад, бо гумони дуздӣ ӯро дастгир мекунад”. Иддаои аз ҳама хандаовари “Паём нет” ибораи зер аст: “Тибқи гуфтаи манбаъи Паём, телефони он маст ҳатто арзиши онро надорад, ки аз кӯча бардорӣ, чӣ расад ба дуздии он”. Дар ин маврид ба ҷуз ибораи “бидуни шарҳ” чизи дигаре ба зеҳн намеояд...

Ҳарчанд масъулини  фоҳишасомонаи зикршуда иброз дошта буданд, ки “ҷузъиёти ҳодиса ба зудӣ нашр мешавад”, вале бо гузашти чанд рӯз дар ин маврид “муҳри хомушӣ ба лаб задаанд”.

Минҳайси як тоҷик ба ҳеҷ ваҷҳ хоҳони он нестам, ки ба пойи ягон ҳамватани мо, хоса дар хориҷи кишвар  хоре халад. Вале бо амри виҷдон ва ҷиҳати иҷрои рисолати инсонӣ муваззафам махсус таъкид намоям, ки мақомоти зиддахле, ки дар он ба ном паноҳандагони сиёсӣ маскунанд, аз ҷумла Литва бояд дарк намоянд, ки  қисмати аъзами ба ном паноњљўён аслан љинояткору террористанд ва “њиљрат”-ашон рабте ба фаъолияти сиёсї надошту надорад. Иддаи дигар, ки онњо низ ба сиёсат њељ дахл надоранд бо истифода аз фурсати муносиб мехоњанд зери чатри паноњанда дар Аврупо маскун шаванд. Ба таъбири дигар, онњо барои кору зиндагӣ ба Аврупо мераванд, паноҳандаи сиёсӣ нестанд ва дар Тоҷикистон ҳам нисбат ба онҳо фишор ё парвандае нест.

Чанде ќабл низ расонањо иттилоъ дода буданд, ки  ба ном паноҳҷӯи тоҷики 22-сола дар минтаққаи Людвигсдорф дар марзи Олмон бо Полша бо 237,5 грамм афюн ва 1,3 грамм бангдона дастгир шудааст. Лозим ба ёдоварист, ки ин ҷавон моҳи август бо визаи Литва ба Олмон омада, паноҳандагӣ хоста буд. Тафсилоти ин њодисаро нашрияи олмонии "Sachsische Zeitung” шарњ дода, афзудааст, ки пулиси федеролии Олмон аз як автобуси роҳии Полша як паноҳҷӯи тоҷики 22-соларо дастгир кардаанд. Аз бағоҷи ӯ кормандони пулис 1,3 грамм бангдона ва 237,5 грамм афюн пайдо кардаанд. Љолиб он аст, ки ин љавони тоҷик ба кормандони пулиси Олмон дурӯғ гуфтааст, ки бо худ шиноснома надорад, вале ҳангоми кофтукоб шиносномаи ӯро аз бағоҷаш пайдо кардаанд. Дар ин маврид обсофкунакҳои наҳзатӣ чӣ назар дошта бошанд? Чунин далелҳо зиёданд ва мо аз оварданашон бо риояи назокатҳои инсонӣ худдорӣ мекунем...

Далелҳои зиёд мавҷуданд, ки зери ниқоби «паноњандаи сиёсї» аксар маврид нафарони љинояткор, амсоли  аъзои ТТЭ ЊНИ пинњон мешаванд. Мутаассифона, баъзе кишварњои аврупої, ки сиёсати духураро мењвар ќарор додаанд, чунин вонамуд мекунанд, ки гўё  намедонанд, ки теъдоди зиёди ба ном паноњљўён, ба мисли роњбарият ва аъзои ТТЭ ЊНИ љинояткору террористанд.

Далели бебаҳс аст, ки раванди мазкур баъди њаводиси чанд сол ќабл, ки боиси мамнўъ эълон гардидани њизби нањзати исломї гардид, тавсеа ёфт. Аз ин бармеояд, ки бо бардошта шудани парда аз чењраи манфури масъулин ва аъзои ТТЭ ЊНИ онњо «думро хода карда», зери ин ниќоб мехоњанд дар дили Аврупо фаъолияти муѓризонаи хешро идома дињанд.

Бо дарки масъулият метавон гуфт, ки нањзатињои террорист, сарфи назар аз он ки дар кадом гўшаи олам ќарор доранд, тарки одат карда наметавонанд. Ин ҳақиқатест, ки масъулини кишварҳои мавриди назар ва ташкилоту созмонҳои марбутаву ҳавасманд дарк намуданашон зарур ва ногузир аст!

Алиҷон Сафаров

таҳлилгари масоили сиёсӣ

 

 

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...