(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Тоҷикистон дорои  захираҳои бузурги энергияи неруи обӣ  буда, он дар як сол ба 527 млрд.квт/соат мерасад. Дар нақши захираи энергетикаи барқи обии Тоҷикистон дурнамои хуби рушдро дошта он 317 млрд. квт/соатро дар сол ташкил медиҳад, ки 5% танҳо дар айни замон  истифода мешавад. Бо иқтидори энергетикаи барқии обӣ Тоҷикистон ҷои 8-умро пас аз Хитой, Россия, ИМА, Бразилия, Заир, Хиндустон ва Канада ишғол менамояд. Асоси энергетикаи Тоҷикистон бештар аз 95% энергияи барқи обӣ ташкил медиҳад.  Иқтидори энергияи обии Тоҷикистон беш аз 3 баробар зиёдтар назар ба талаботи энергияи барқи дар тамоми ҳавзаи баҳри Арал мебошад. Ҳангоми самаранок истифода бурдани ин захираҳо минтақаро метавон бо ин энергияи арзон ва аз лиҳози экологӣ тоза таъмин намуд. Захираҳои асосии энергияи барқии обӣ дар дарёҳои Панҷ, Вахш, Обихингоб, Сурхоб, Кофарниҳон, Зарафшон, Ғунд, Амударё ва Сирдарё ҷойгир аст.

Ҷустуҷў ва дарёфти роҳҳои гуногуни ба даст овардани истиқлолияти энергетикии кишвар ҳамоно бо вусъати азим, бо истифода аз тамоми имконоти дохилии мамлакат, бо ҷалби сармоя ва ширкатҳои хориҷӣ, бо такя ба қудрати бузурги халқ, ки муроҷиати пешвои худро дар мавриди ҳалли мушкилоти неруи барқ, хусусан бунёди неругоҳи барқии обии Роғун бо самимияти комил истиқбол намуданд, хамоно идома дорад. Давраи нав - давраи пайрезии шабакаи мустақили интиқоли он ба хориҷи кишвар оғоз ёфт, ки пешрафтҳои Тоҷикистонро дар самти иқтисодиёт ва неруҳои тавлидотии кишвар аз суръати бесобиқа бархурдор хоҳад кард.

НБО Роғун на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми минтақа ҳаётан муҳим буда, рушду инкишофи иқтисодиёт, беҳдошти рўзгори мардуми кишвари мо ба он сахт алоқаманд аст.

Сарвари давлат ба тамоми ҳамватанони азизамон, муроҷиат карда, бо итминони комил изҳор дошта буданд, ки «бо бунёди Роғун мо имрўзу фардои ободи Тоҷикистони азизамон ва зиндагии пурсаодати фарзандону набераҳоямонро месозем». Зеро Роғун манбаи ҳамешагии нур буда, он Тоҷикистонро дар оғўши Шарқи куҳан ба ахтари ҳамешатобон табдил хоҳад дод.

Роғун ободиву сарсабзии имрўзу фардои Тоҷикистон, тараққиёти бесобиқаи саноату кишоварзӣ ва муҳимтар аз ҳама, рўшноиву гармии шабонарўзии ҳар хонадони мардуми мо мебошад. Роғун воситаи муҳимтарини баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, омили таконбахши рушди маорифу тандурустӣ, илму фарҳанг ва фаъолияти пурсамару бардавоми бемористону ятимхонаҳо, хонаҳои пиронсолон ва дигар иншооти муҳими иҷтимоӣ мебошад.

Нерўгоҳи барқи обии Роғун дар силсилаи нерўгоҳхои руди Вахш аз боло нўҳум буда, 110 км дуртар аз шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Давраи тайёрии сохтмони нерўгоҳи Роғун ҳанўз соли 1976 оғоз ёфта буд. Иртифои лоиҳавии сади он 335 м. хоҳад буд ва дар замони ҳозира аз ҳама баландтарин сади маснўӣ ба ҳисоб меравад. Ҳаҷми пурраи обанбори нерўгоҳ 13,3 млрд. мукааб ва иқтидори он 3600 мвт буда, иборат аз 6 чарха аст, ки қудрати ҳар кадомаш 600 мвт. мебошад.

Баробари сохта ба истифода додани ҳарду нерўгоҳ дар заминаи қувваи барқи арзони истеҳсоли ватанӣ даҳҳо корхонаҳои дигари истеҳсолӣ пайдо мешаванд, ки онҳо метавонанд захираҳои ғании канданиҳои фоиданокро ба манфиати халқу кишвар ба истифода диҳанд.

Собиқ Дабири кулли СММ Пан Ги Мун чун раҳбари бонуфузтарин ниҳоди байналмилалии ҳамгироии мамолики ҷаҳон бо дарки аҳамияти тарҳҳои энергетикии Тоҷикистон аз сиёсати давлат дар ин бахш истиқбол намуда, омодагии ҷомеаи ҷаҳониро барои баррасии лоихаи ин иншооти бузурги аср изҳор дошта буд: «Мо аҳамияти бунёди неругоҳи Роғунро барои Тоҷикистон хуб мефаҳмем ва омода ҳастем, ки онро ба таври амиқ баррасӣ намоем, мардум бояд ба неруи барқ дастрасии кофӣ дошта бошанд».

Умуман, Роғун ҳамчун нерўгоҳи барқи обӣ на танҳо барои меҳани мо нуру зиё, балки баракату фаровонӣ, якдигарфахмӣ, эҳтироми миллат ва ҳамбастагиро ато фармуд. Бо оғози ин иншооти бузург миллати тоҷик боз аз соҳибтоҷӣ, бузургдилӣ, саховатмандӣ ва ҳунари волои ниёгони хеш ёдрас гардид. Ин кохи нур, ҳамчун маъхази гарон баробари ба анҷом расидану қад афрохтан кулли хушиҳои олам, ҳамчун эҳсон, нур, сафо ва шодиву нишоти пурбаракатро ҳувайдо мегардонад, зеро он аз иттиҳоди бузурги миллати баору номус ва аз саҳми хурду бузурги ин сарзамини офтобӣ ба авҷ сар кашидааст.

Имрўз, ки НБО-и Роғун ба фаъолият оғоз менамояд, тангназарону кўрдилоне, чун террористони наҳзатӣ ва пайравону дастнигарони онҳо аз рашку ҳасуд сўхта мемуранд ва нолаю оҳашон ба осмони ҳафтум мехезад. Чунки онҳо ҳеҷ гоҳ ин гуна рўзҳои некро барои мардуми Тоҷикистон дидан намехоҳанд.

Бо вуҷуди ин дар баробари мардуми Тоҷикистон мардумони дигари Осиёи Марказӣ ва Афғонистону Покистон ҳам шоду масруранд, зеро ин неругоҳ ва обанбор мушкилоти ононро ҳам осон менамояд. Вале намояндагони ТТЭ ҲНИ ва дигар душманону бадхоҳони давлату миллати мо рўзи гиряву мотам доранд.

 

Нодири ҚОДИР,

таҳлилгар

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...