(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Тафаккури созанда барои ҳар инсон ва ҳар қавму миллат муҳим ва сарнавиштсоз аст. Зеро дар таърихи рушди тафаккури башарӣ ва ҷомеаи инсонӣ ҳамеша ва дар ҳар давра тафаккури созанда ва бунёдкорӣ  мақоми хоса доштааст. Ҳамин аст, ки дар фарҳанги башарӣ ҷойгоҳи созандагиву бунёдкорӣ ниҳоятан муҳим ва сарнавиштсоз аст. Имрӯз дар тамаддуни ҷаҳонӣ танҳо халқҳо ва миллатҳое ҷойгоҳи арзанда ва босазо доранд, ки бо роҳи ақлу хирад ва шинохти воқеиву илмии олам тавонистаанд, мушкилоти хешро ҳал намоянд ва ҷомеаи худро аз назари дидгоҳҳои илмиву мантиқӣ дар партави ақли солим бунёд намоянд.

Воқеан, тафаккури созанда тавонистааст миллатҳо ва давлатҳоро ба қудратҳои минтақавию ҷаҳонӣ табдил созад. Башарият ҳамвора дар масири мавҷудияти хеш бо такия намудан ба донишу таҷриба ва шинохти воқеӣ аз табиат тавонистааст бо ҳамаи мушкилоти табиӣ ва хатароте, ки барои маҳви ӯ мавҷуд будаанд чораандешӣ намояд. Дар ин замина донишҳои илмӣ ниҳоятан нақши муасир ва босазо доштаанд.

Агар ба таърихи тамадуни башар назар афканем, кишварҳои аврупоӣ, ки имрӯз ба ҳайси қудратҳои муҳими ҷаҳонӣ қарор мегиранд дар 500 соли охир бо такя намудан ба донишҳои таҷрибашудву собитшуда тавонистаанд, ҷомеаи хешро то ба ин сатҳ оварда расонанд. Даст кашидан аз боварҳои мавҳуму хурофотӣ ва танҳо такя намудан ба хиради инсонӣ омили асосии пешрафти онҳо гардидааст.

Пас аз касби Истиқлол намудан ва махсусан баъд аз ба тасвиб расидани Созишномаи сулҳ ва ризояти миллӣ барои минбаъд ҳал кардани мушкилоти иҷтимоию сиёсӣ Ҳукумати кишвар ҳамаи нерӯҳои хешро баҳри боло бурдани сатҳи донишу тафаккури ҷомеа раҳнамун намуда, барои ҳалли ин гуна масоил аз шеваҳои ақлониву санҷидашуда ва илман асоснок истифода намуд. Ҳамин буд, ки дар раванди ба ҳам омадани миллат ва дурнамои рушди иҷтимоӣ он аз шеваҳои комилан илмиву мантиқӣ истифода намуда, бо назардошти таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ тафаккури созанда ва бунёдкорро ба ҳайси идялогияи давлат қарор дод. Натиҷаи ин иқдом таи зиёда аз бист соли ахир бунёди даҳҳо корхонаҳои хурду бузургро дар ҷумҳури ба миён овард, ки онҳо тавонистан дар маҷмуъ барои пешрафти иқтисоди миллӣ саҳмгузор бошанд.

Қобили қайд аст, ки дар баъзе кишварҳо хурофатзадагиву нодонӣ ва коргирифтан аз ҷаҳлу таассуб тули ҳазорсолаҳост ин мардумонро монеи рушд гардида, ба кишварҳои дастнигару истеъмолӣ ва манбаи ашёи хом табдил додааст. Ҳамин аст, ки барои давлатҳои манфиатхоҳ нигоҳ доштани ин мардумон дар ҳоли ҷаҳлу таасуб ва ноданӣ  мавзӯи ҳамешагӣ ва мубрам ба ҳисоб меравад. Бо назардошти ҳамин масъала дар кишварҳои шарқӣ ва махсусан шарқи исломӣ бунёд намудани ҳизбу ҳаракатҳои мухталифи вопасгаро, ки акасри онҳо бар мабнои бовару эътиқод тарроҳӣ шудаанд, мисли замбуруғҳои пас аз борон ҳар рӯз зуҳур менамоянд. Ҳадафи ҳамаи онҳо барда гардонӣ ва дар ҳолати ҷаҳлу таасуб ва ҳолати рукуд нигоҳ доштани кишварҳо ва миллатҳо мебошад. Дар Тоҷикистон низ аз охири солҳои 80-уми асри гузашта таъсис додани ҳизбу ҳаракатҳои динӣ, махсусан ТТЭ ҲНИ ба мақсади дар ҳолати ҷаҳлу таасуб ва сарафкандагиву ғуломсифатӣ табдил додани мардуми ин кишвар таъсис дода шуд. Ин ташакулаи террористиву зидимиллӣ, ки дар тули мавҷудияташ ба ҷуз аз афкори тахрибгару вопасгаро, кори хуберо барои миллат анҷом надодааст, ҳамеша зидди манфиатҳои миллӣ амал намуда, сатҳи бинишу тафаккури миллиро ба самти хурофазадагиву дунё безор савқ додааст, ки зидди мафкураи миллист. Тоҷикон дар тули таърихи мавҷудияти хеш ҳамеша мардумони созандаву соҳибхирад ва андешаманду офаридгор будаанд, вале ҳамвора вуҷуди афкори таасубзадаву хурофотӣ нагузоштааст, ки ин мардум ба сатҳи муваффақият дар самтҳои гуногун ба меъёрҳои ҷаҳонӣ дастёбӣ намоянд.

Ҳукумати кишвар аз бомдоди расидан ба Истиқлолияти давлатӣ бунёдкориву созандагиро ҳадафи аслии хеш қарор дода, барои расидан ба як кишвари пешрафтаву рифоҳ аз донишу таҷрибаҳои илмӣ истифода намуда, садҳо корхонаҳои хурду бузургро ба истифода дода, имрӯз яке аз лоиҳаҳои бузургӣ энегетикӣ дар ҳоли амалӣ шудан аст, ки бо пурра ба истифода додани он Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба як кишвари пешрафта ва содиркунандаи нерӯи барқ дар минтақа табдил ёбад. Ин лоиҳаи НБО Роғун аст, ки имрӯз ба арсаи нангу номус ва ҳаёту мамоти Тоҷикистониён табдил ёфтааст.  Ба чархиш омадани чархаи аввали ин нерӯгоҳ барои миллати офаринандаи тоҷик ҷойи ифтихор ва сарбаландист, зеро бунёди ин нерӯгоҳ бори дигар собит менамояд, ки тоҷикон аз зумраи милатҳои созанда ва бунёдкореанд, ки бо такя намудан ба ақлу хирад метавонанд барои ҳалли мушкилоти худу дигарон истодагарӣ намоянд. Ҳамин аст, ки барои ҳамаи аҳли миллат ва ҳамаи онҳое, ки барояшон Тоҷикистони пешрафта ва ободиву созандагӣ мояи ифтихор аст, имрӯз рӯзи ҷашн аст- ҷашни адолати нур аз болои зулмот, пирӯзии ақл аз болои ҷаҳл ва пирӯзии илм аз болои хурофот аммо барои хиёнаткорони бе ҳувияти наҳзатӣ, ки ҳамеша дар муқобили манфиатҳои миллӣ қарор гирифта, фақат бар зиёни миллат ба мардуми Тоҷикистон танҳо ба хотири бароварда кардани хоҳиши хоҷагони хориҷии худ амал намудаанд, ин санаи тақдирсоз ва пирӯзӣ  рӯзи мотам аст. Зеро онҳо натавонистанд бо тамоми дуруғпароканиву афкори пучу хурофтии хеш миллати тоҷикро аз бунёдкорию созандагӣ боз доранд.


Эҳсони Илҳом

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...